Молекулаҳо

Ба дигарон равон намоед

Гуфти нахустин д.б. он ки моддаҳо аз атомҳо таркиб ёфтаанд (боби 1), ба хирадманди Юнони қадим Демокрит мансуб аст. Ба гуфти ӯ ҳама чизҳои олам ва, аз думла, чаҳор унсур — хок, об, ҳаво, оташ аз атомҳо таркиб ёфтаанд.

Агар пораи бӯр, санг ё ягон чизи дигарро рӯйи сандон гузошта, бо зарби путк бишканем ва резаҳои онро шикастан гирем, дар охир зарраҳое ҳосил мекунем, ки онҳоро дигар бо ин тарз шикастан намешавад, яъне ин гуна зарраҳо тақсимнопазир хоҳанд буд. Демокрит маҳз ҳамин зарраҳои “дигар тақсимношуданӣ”-ро атом ном додааст. Вожаи юнонии atomos маънои тақсимнопазир (яъне дигар тақсимнашаванда) дорад.

Ақидаи Демокрит то охирҳои а.Х1Х як навъ дастури амал буд. Баъд ошкор гашт, ки моддаҳо дар ҳақиқат аз атомҳо иборатанд, яъне гуфти Демокрит д.б. аз атомҳо таркиб ёфтани моддаҳо тасдиқ шуд. Аммо ин атомҳо акнун на он гуна буданд, ки Демокрит мепиндошт.

Мафҳуми атом ҳоло на ба маънои зарраи тақсимНОпазир, балки ба маънои зарраи мураккаб фаҳмида мешавад, яъне атом зарраи сода набуда, аз ҷузъиёти назар ба худ хурдтар иборат аст. Хусусиятҳои атомҳо ба миқдор ва хосиятҳои ҳамин зарраҳо вобаста аст.

Ду ва ё зиёда атом бо ҳам пайваст шуда, молекула ном заррае ба вуҷуд меоранд, ки он хусусиятҳои кимиёии моддаи иборат аз ин гуна зарраҳоро дар худ таҷассум мекунад. Вожаи юнонии molecula маънои массаи хурд дорад. Ду атоми ҳидроген бо ҳам пайваст шуда, як молекулаи ҳидроген ба вуҷуд меоваранд, яъне молекулаи ҳидроген дуатома аст. Моддаи ҳидроген аз ҳамин гуна молекулаҳои дуатома таркиб меёбад. Молекулаи намаки ош аз як атоми натрий ва як атоми хлор иборат аст. Молекулаи об аз як атоми оксиген ва ду атоми ҳидроген ташкил меёбад ва ғ.

Дар рас.2.1 сохти молекулаҳои ҳидроген, оксиген, об ва намаки хӯрданӣ тасвир шудааст. Ин ҷо Н атоми ҳидроген асту О — атоми оксиген, Na атоми натрий асту Cl — атоми хлор.

Молекулаҳоро ба атомҳои таркибдиҳандаи онҳо тақсим кардан (ҷузъ-ҷузъ кардан) мумкин аст. Ҳаво аз молекулаҳои дуатомаи нитроген  (тақр. 78%), оксиген  (21%), атомҳои аргон  (0,9%) ва баъзе газҳои дигар таркиб ёфтааст.

Атомҳо ва молекулаҳо зарраҳои хурдандозаанд. Молекула назар ба атом ду, се ё чанд бор бузургтар буда метавонад.

Атомҳо андозае доранд тақр. баробари 0,00000001см. Хурд будани андозаи атомҳоро аз он ҷо тасаввур кардан мумкин аст, ки дар ҳаҷми 1см3-и об (ки массаи 1г дорад) 20 000 000 000 000 000 000 000 молекулаи об мавҷуд аст. Ин адад хеле бузург аст ва агар мо ин миқдор донаи, масалан, регро дар як ҷо ҷамъ оварем, кӯҳе пайдо мешавад ҳамчени бинои бузурге.

Барои равшанӣ андохтан ба масъалаи андозаи молекулаҳо ду мисоли дигарро бинем:

Чакраи равғани дар рӯйи оби ором паҳншуда шакли пардае мегирад, ки гафсии он назар ба мӯйи одам қариб 40 000 бор кам аст. Вале ғафсии пардаи равған (даҳмиллионяки мм) чени андозаи чанд молекулаи рӯйиҳам чидашуда аст (рас. 2.2).

Чанд боре, ки як себ аз кураи Замин хурд бошад, молекула ҳам аз себ ҳамон қадар бор хурд аст.

Молекулаҳои ҳамон як модда якхелаанд. Ҳар гуна моддаи холис аз молекулаҳои якхелаи хоси ҳамон модда таркиб меёбад. Оби аз шарбати ягон мева ҷудошуда аз оби покиза фарқе надорад, яъне онҳо аз ҳамон як навъи молекулаҳо иборатанд. Вале молекулаҳои моддаҳои гуногун аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

  1. Зарраҳое, ки моддаҳо аз онҳо таркиб ёфтаанд, чи ном доранд?
  2. Молекула чист?
  3. Молекулаи об чанд атом дорад? моддаҳои дигар чӣ?
  4. Шумо д.б. молекулаи намаки хӯрданӣ (намаки ош) чӣ медонед?
  5. Д.б. андозаи молекулаҳо чӣ гуфтан мумкин аст?

Маводҳои ҳамсон