Муш-ёрдамчии компютер.

Ба дигарон равон намоед

Ҳар нафаре, ки бори аввал бо компютер рӯ ба рӯ шуда, мехоҳад онро азхуд намояд, ҳатман омӯзишро аз тарзи истифодаи муш ва сафҳа- калид оғоз мекунад. Муши компю- териро ёвари беҳамтои истифода- барандаи компютери фардӣ мегӯянд.

    \[\frac {a+b}{c+d}\]

:

Албатта ин бесабаб нест. Имрӯз муш ба қисми ҷудонашавандаи компютери фардӣ табдил ёфта, воридкунии иттилоот ва идоракунии барномаҳоро ба ухдаи худ гирифтааст. Муш чист? Муш (mouse) таҷҳизотест, ки зери

 кафи дасти инсон баҳузур меғунҷад, дар болои қолинчаи махсус ё миз ба ҳаракат дароварда мешавад. Ҳаракати мушро дар экрани монитор аломати махсус «мушнамо» такрор мекунад.

Муши компютерӣ манипуляторест, ки ҳаракати механикиро дар экрани монитор ба ҳаракати мушнамо табдил медиҳад.

Рушди технологияи мушсозӣ бо суръати баланд пеш меравад. Ин таҷҳизот роҳи худро аз муши механикии симин cap карда, то муши лазерии бесим таӣ кардааст. Мушҳоро аз рӯйи сохт ва технологияи тайёркуниашон ба мушҳои механики, нурӣ, лазерӣ, сенсорӣ ва ғайра тақсим мекунанд.

Мушҳо     Муши сенсори       Муши лазери

Новобаста ба намуди худ, мушҳо қариб вазифаҳои якхеларо иҷро мекунанд. Ин вазифаҳо асосан аз ҷудокунй, интихобкунӣ ва ҷойивазкунии объектҳо дар экран ва инчунин кушодани парвандаву ҷузвдонҳо иборат аст. Иҷрои ин вазифаҳо бо ёрии тугмаҳои муш амалӣ гардонида мешаванд.

Мушҳои гуногуни компютерӣ метавонанд микдори гуногуни тугмаҳоро доро бошанд. Вале аксарияти он бо ду тугмаи асосӣ ва чархак муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Агар чархаки мушро пахш намоем, ваӣ метавонад ба сифати тугмаи сеюм хизмат кунад.

Тугмаи чапи муш барои иҷрои амалҳои интихоби объектҳо ва ҷойгузини онҳо дар экран, интихоби сатри меню, лавҳаҳои абзор ва кушодани парвандаву ҷузвдонҳо пешбинӣ шудааст. Аз тугмаи рости муш асосан ҳангоми кушодани менюи матнии объектҳо истифода мебаранд. Чархаки муш бештар барои тобдиҳии дарунмояи санадҳо ва сомонаҳои интернетӣ хизмат мерасонад.

Агар ҳангоми ҳаракат кардан муш ба канорҳои ҳамворӣ наздик шавад, он гоҳ кифоя аст, ки онро бардошта ба ҷойи мувофиқтаре гузорем ва корро давом диҳем.

Тугмаи асосии муш тугмаи чапи он ба ҳисоб меравад. Бо роҳи танзим вазифаи тугмаҳои чапу ростро (масалан, барои шахсони чапдаст) иваз кардан мумкин аст.

Тарзи иҷрои амалҳо бо ёрии муш:

  1. Интихоби объект — мушнаморо ба болои нишонаи объект гузоштан ва тугмаи чапро зуд пахш (click) карда cap додан. Ранги нишонаи объекти интихобшуда равшантар мегардад.
  2. Ҷойгузини объектҳо — мушнаморо ба болои нишонаи объект гузоштан, тугмаи чапро пахшкунон нишонаро ба мавқеи нави экран кӯчонидан (drag), тугмаро cap додан.
  3. Кушодани парванда ё ҷузвдон — мушнаморо ба болои нишонаи объект гузоштан ва тугмаи чапро зуд-зуд ду маротиба пахш (double click) карда cap додан.

Аз муш тамоми барномаҳои муосир истифода мебаранд. Гарчанде муш барои воридкунии иттилооти намудҳои матнй ва рақамӣ начандон мувофиқ бошад ҳам, вале он дар дохил кардан ва тағйир додани иттилооти графикӣ афзори беҳамтост.

Ҳоло дар баробари муш афзорҳои дигар — трекбол, трекпойнт, лавҳаи сенсорӣ ва ғайра рӯйи кор омадаанд, ки онҳо аслан ивазкунандаи баъзе вазифаҳои муш ба ҳисоб мераванд.

Луғат:

Манипулятор — афзори зуд ҳаракаткунанда Мушнамо (mouse pointer) — аломати махсус ^ дар экран.

Саволҳо:

  1. Муш чӣ гуна таҷҳизот аст? Мушнамо чист?
  2. Бо ёрии муш кадом амалҳоро иҷро кардан мумкин аст?
  3. Дар бораи вазифаҳои тугмаҳои муш чӣ гуфта метавонед?
  4. Мушҳоро аз рӯйи сохт ва технологияи тайёркуниашон ба кадом намудҳо ҷудо мекунанд?
  5. Трекбол, трекпойнт ва лавҳаи сенсорӣ аз муш чӣ фарқ доранд?

Супоришҳо:

  1. Вазифаҳо ва тарзи кори мушро дар дафтар нависед.
  2. Тарзи истифодаи тугмаҳои чап ва рости мушро машқ кунед.
  3. Бо ёрии муш тарзи интихоби объект, ҷойгузини он ва кушодани парвандаву ҷузвдонҳоро якчанд маротиба иҷро кунед.

Маводҳои ҳамсон