Наслҳои МЭҲ. Компютер ва саломатӣ

Ба дигарон равон намоед

Дар баробари бо суръати бениҳоят баланд афзудани миқдори компютерҳо мукаммалгардонии сохти онҳо низ зуд вусъат меёфт. Дар ин муддат мошинҳои электронии ҳисоббарори хеле гуногун рӯйи кор омаданд. Онҳоро вобаста ба ҷузъи пойгоҳӣ, зудкорӣ, ҳаҷми хотира, маҷмӯи фармонҳо ва сабки сохташон ба наслҳо ҷудо мекунанд. Ба наслҳо ҷудо кардани мошинҳои электронии ҳисоббарор амали хеле шартӣ аст. Масалан, компютер метавонад аз рӯйи ҷузъҳои пойгоҳиаш ба як наслу аз рӯйи хосиятҳои сохторӣ ва имкониятҳояш ба дигар насл дахл дошта бошад.

Ба тавсифҳои аз ҳама асосии МЭҲ зудкорӣ ва ҳаҷми хотираи фаврии онҳо дохил мешаванд. Зудкорӣ бо миқдори миёнаи амалҳои мошинии дар як сония иҷрошаванда баҳо дода мешавад. Ҳаҷми хотираи фаврӣ бо миқдори калимаҳои мошинӣ (аз 8 то 32 разряди дуӣ) чен карда мешавад.

Компютерҳои то солҳои 90-уми асри ХХ истеҳсолшударо шартан ба чор насл ҷудо мекунанд:

 насли якум (солҳои 40-50). Ҷузъи пойгоҳӣ — лампаҳои электронӣ; зудкорӣ — тақрибан 100 амал/сония; ҳаҷми хотираи фаврӣ — тақрибан 100 калима; реҷаи истифода — монополӣ (захираҳои мошинӣ — хотира, сахтафзор, нармафзор ва идораи он дар ихтиёри як нафар); барномасозӣ — забони мошинӣ (рамзи дуӣ).

 насли дуюм (солҳои 50-60). Ҷузъи пойгоҳӣ — тран- зисторҳо; зудкорӣ — тақрибан 10000 амал/сония; ҳаҷми хотираи фаврӣ — тақрибан 10000 калима; ҳаҷми хотираи беруна (дискҳо ва фиттаҳои магнитӣ) — тақрибан 10 млн. калима; реҷаи истифода — коркарди дастаӣ (пакетӣ); барномасозӣ — забонҳои алгоритмӣ.

 насли сеюм (солҳои 60-70). Ҷузъи пойгоҳӣ — накшаҳои (схемаҳои) интегралии калон; зудкорӣ — тақрибан 10 млн. амал/сония; ҳаҷми хотираи фаврӣ — тақрибан 10 млн. калима; ҳаҷми хотираи берунӣ — тақрибан 10 млрд. калима; реҷаи истифода — вақти тақсимшуда бо коркарди дастаӣ.

ЭЗОҲ: Реҷаи вақти тақсимшуда шакли корбариест, ки тибқи он компютер аз рӯйи ҳиссаҳои хурди вақт (порсияҳо) якбора якчанд масъаларо ҳал менамояд.

насли чорум (солҳои 70-ум). Ҷузъи пойгоҳӣ — накшаҳои интегралии аз ҳад калон. Хусусияти фарқкунандаи мошинҳои ин насл — мавҷудияти миқдори зиёди таҷҳизоти коркарди параллелии иттилоот ва истифодаи ҷузъҳои архитектураи нави МЭҲ мебошад. Дар се насли аввала архитектураи Фон Нейман истифода шудааст. Дар сохтори компютерҳои насли чорум робитаи зичи сахтафзор ва нармафзор ба роҳ монда шуд. Зудкорӣ — тақрибан як млрд. амал/сония, ҳаҷми хотираи фаврӣ — тақрибан 10 млрд. калима. Реҷаи кор — истифодаи шабакаҳои компютерӣ ва компютерҳои алоҳида.

Пас аз солҳои 90-уми асри ХХ ва махсусан ибтидои асри XXI тадқиқотҳо доир ба офариниши компютерҳои наслҳои панҷум ва шашум шурӯъ шуданд. Ҳоло барои сохтани компютерҳои насли панҷум корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд.

 НАСЛИ панҷум. Лоиҳаҳои мошинҳои ин насл аллакай амалӣ шуда истодаанд. Дониши андӯхтаи соҳаҳои гуногуни фаъолияти инсон дар шакли пойгоҳи додаҳо ва донишҳо дар ин компютерҳо нигоҳ дошта мешаванд. Нусхаҳои таҷрибавии компютерҳои ин насл аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар ин ҷо амали зудкорӣ бо хулосаҳои мантиқӣ омезиш ёфтаанд. Реҷаи истифода — робитаи садоии байни корбар ва компютер бо забони табиӣ мебошад. Барои истифода бурда тавонистани компютер умуман донистани илми барномасозӣ ҳатмӣ нест. Саҳми коғаз ҳамчун барандаи иттилоот тамоман коҳиш меёбад.

Тасвири наслҳои компютерҳоро ба поён расонида, хотиррасон менамоем, ки тараққиёти пуршиддати техникаи компютериро синфи масъалаҳое муайян месозанд, ки онҳоро илми муосир пешниҳод намудааст. Компютер низ, дар навбати худ, ба соҳаҳои татбиқи худ таъсири бевосита мерасонад. Идоракунии техникаи кайҳонӣ, энергетикаи ҳастаӣ, лоиҳакашии объектҳои мукаммал, сохтани пойгоҳи додаҳо ва донишҳоро бе истифодаи компютер тасаввур кардан номумкин

аст. Амалан майдони татбиқи компютер тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон буда, вай пайваста такмил ва фарох мегардад.

Қоидаҳои синфхонаи компютерӣ, техникаи бехатарӣ. Истифодабарандагони компютер баъзан соатҳои дуру дароз дар назди монитор нишаста кор

мекунанд. Махсусан, кӯдакон ва наврасон бо бозиҳои дӯстдоштаи компютерии худ машғул шуда, нафаҳмида мемонанд, ки онҳо аз меъёри зарурӣ дида зиёдтар дар назди компютер нишастаанд. Дар натиҷа, аксар вақт онҳо дар бораи дарди сар, мондашавии чашмон ва хастагӣ шикоят мекунанд. Ин бесабаб нест. Тасвирҳои экрании монитори компютер бо ёрии нурҳои электронӣ сохта мешаванд. Барои ҳамин ҳам нурфишонии монитор амри зарурист. Гарчанде мониторҳои ҳозира бо воситаҳои махсуси ҳимоя аз нурфишониҳо муҷаҳҳаз гардонида шуда бошанд ҳам, вале онҳо на ҳамеша сатҳи безарарии нурфишониҳои электромагнитиро таъмин карда метавонанд.

Лоиҳакашон ва истеҳсолкунандагони компютерҳо доимо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки таъсири номусоиди компютер ба саломатии инсон ҳар чӣ камтар бошад. Онҳо дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас низ ноил гаштаанд. Вале новобаста ба ин, шахсоне, ки компютерро зиёд истифода мебаранд, бештар аз шиддати биниши чашм, хастагии умумӣ, дарди мушакҳо ва ғайра шикоят мекунанд. Бо боварии том гуфтан мумкин аст, ки ин падидаҳо аз рӯйи надонистани қоидаҳои асосии санитарӣ- гигиенӣ рӯй медиҳанд. Агар реҷаи корӣ дуруст тартиб дода шавад ва иттилооти зарурӣ оид ба таъсири компютер ба саломатии инсон дастраси истифодабарандагон гардонида шавад, он гоҳ на танҳо корро дар назди компютер безарар гардонидан, балки онро ҳаловатнок низ ташкил намудан мумкин аст.

Қоидаҳои асосии истифодаи компютер:

  1. Ҳуҷрае, ки дар он компютер гузошта мешавад, бояд фарох ва равшан бошад. Агар рӯшноӣ табиӣ бошад, вазъ боз ҳам беҳтар мегардад. Вале агар аз рӯшноии сунъӣ истифода бурдан зарур бошад, он гоҳ барои кор лампаҳои лю- минессентӣ хубтаранд.
  2. Ҷойи кор бояд аз миз (барои гузоштани монитор, сафҳакалид ва муш), ҷевончаи ҳуҷҷатгузорӣ, курсии махсуси нишаст ва поймонак иборат бошад.
  3. Андозаи мизи корӣ вобаста ба андозаҳои монитору

сафҳакалид муайян карда мешавад, лекин агар тақрибан дарозии он ба 160 см ва бараш ба 90 см баробар бошад, он гоҳ он барои кори муътадил кифоя аст. Баландии миз бояд ба баландии қади корбар мувофиқат кунад. Дар ҳолати акс аз поймонакҳои мувофиқ истифода бурдан зарур аст, то ки пойҳо овезон набошанд.

  • Барои кори бофароғат аз роҳаткурсии махсуси

ҳаракаткунанда истифода бурдан лозим аст, ки ҳама қисмҳояш танзимшаванда бошад: баландӣ, хамии

пуштмонак, масофаи байни пуштмонак то нишастгоҳ, такягоҳи дастҳо ва ғайра.

  • Экрани монитор бояд аз чашмон дар масофаи на кам аз 65-70 см ҷойгир бошад. Ба экран аз боло ба поён таҳти кунҷи 15-20° нигоҳ кардан лозим аст. Агар ин амал ғайриимкон бошад, он гоҳ мониторро ба мизи иловагии дуюм гузоштан зарур аст, ки баландии он аз баландии мизи асосӣ пасттар бошад.
  • Агар дар ҳуҷра ба ғайр аз шумо дигар корбарон низ фаъолият дошта бошанд, он гоҳ ҷойи нишасти онҳо бояд ба паси монитор мувофиқ наояд. Нурфишонии монитор ҳамеша дар қисми муқобили экранбудаи он зиёдтар аст.

Эҳтиёт намудани чашмон, истеъмоли витаминҳо. Пас аз

дуруст ташкил намудани ҷойи кор, барои кам кардани шиддатҳои фикрӣ ва ҷисмӣ реҷаи зеринро риоя бояд намуд:

  пас аз ҳар як соати корӣ 5-10 дақиқа ё пас аз ду соати корӣ 15-20 дақиқа танаффус намудан;

  вақти танаффусро барои истироҳати фаъол ва варзиши чашмон истифода бурдан — аз курсӣ нахеста пуштмонакро

 ба шакли амудӣ овардан; чашмонро калон кушодан; ба пеш нигоҳ кардан;

  аз ҷой хестан ва варзиши чашмонро давом додан: ба тарафҳои гуногун зуд-зуд нигоҳ кардан, чашмонро ҳаракати даврашакл додан; пӯшидан, чашмак задан, молиши сабук кардан.

Агар ҳангоми иҷрои кор ҳис кунед, ки чашмонатон сахт дард мекунанд ва дар оина бинед, ки онҳо сурх шудаанд, он гоҳ як қатра аз доруи чашм — «Vi ine» истифода баред. Барои бартараф кардани хастагӣ машқҳои муқаррарии ҷисмониро иҷро кунед. Хоҳед, ки ин қоидаҳо натиҷаи дилхоҳ диҳанд, дар вақти муайяншуда хӯрок истеъмол намоед. Организми шахси дар назди компютер доимо коркунанда ба витаминҳо ва микроэлементҳо бештар эҳтиёҷ дорад. Дар бораи баъзе витаминҳо маълумот медиҳем:

  Витамини А (ретинол) ба барқароршавии функсияҳои чашмон мусоидат намуда, қобилияти биниши рангҳоро зиёдтар мекунанд. Ин витамин дар маҳсулоти аз ҳайвоноту парандагон истеҳсолшуда хеле зиёд аст. Ҷигари ҳайвоноту моҳиҳои баҳрӣ, тухм, шир, равғани маска ва панир дар худ ба миқдори зиёд витамини А доранд. Дар маҳсулоти аз растаниҳо тайёршуда витамини А дар шакли каротин вуҷуд дорад. Истеъмоли сабзӣ, зардолу, карам, лубиёи сабз ва ғайра ба қабули витамини А сабаб мегарданд. Агар ба ҷойи маҳсулоти витаминдор нимвитаминҳои тайёр истеъмол карда шавад, он гоҳ меъёри шабонарӯзӣ 1,5 мг аст.

  Витамини В2 (рибофлавин) низ ба биниши чашмон таъсири мусбат расонида, дар синтези гемоглобин иштирок менамояд. Ҳангоми нарасидани ин витамин чашмон зуд монда ва сурх мешаванд ва аз онҳо ғайриихтиёр ашк мерезад. Витамини В2 дар хамиртуруш, чормағз, гӯшт ва маҳсулоти ғалладонагиву лӯбиёгӣ хеле зиёд аст. Меъёри истеъмоли витамини В2 ба 2,5 мг баробар аст.

  Витамини С (кислотаи аскорбин) дар раванди мубодилаи моддаҳои организм, карбогидратҳо, барқароршавии ҳу- ҷайраҳо ва ғайра иштирок менамояд. Нарасидани витамини С организмро беқувват гардонида, онро ба омилҳои номусоиди муҳити атроф хеле ҳасос мегардонад. Витамини С дар марминҷони сиёҳ, хуч ва ҷаъфарӣ (петрушка) хеле зиёд аст. Меъёри шабонарӯзии истеъмоли ин витамин 70-100 мг аст.

Хонандагони азиз! Хотиррасон менамоем, ки дар истифодаи витамин ва нимвитаминҳо эҳтиёткор бошед. Меъёри истеъмол ва реҷаи қабулкунии онҳоро қатъиян риоя намоед!

Саволҳо:

  1. Компютерҳоро аз рӯйи кадом аломатҳо ба наслҳо ҷудо мекунанд? Чанд насли компютерҳоро медонед?
  2. Фарқи реҷаи истифодаи компютерҳои насли дуюм аз якум дар чист?
  3. Хусусияти фарқкунандаи компютерҳои насли чорум аз дигар наслҳо дар чист?
  4. Оё насли панҷуми компютерҳо вуҷуд дорад ё на? Компютерҳои ин насл чӣ гунаанд?
  5. Кадом қисми компютер метавонад ба саломатии инсон таъсири манфӣ расонад?
  6. Зимни кор бо компютер кадом қоидаҳо ва меъёрҳоро риоя намудан шарт аст?
  7. Нурфишонии монитор аз пеш зиёд аст ё аз қафо?
  8. Пас аз як соати кории назди экран чӣ қадар бояд истироҳат кард? Пас аз ду соат-чӣ?
  9. Варзиши чашм гуфта чиро мефаҳмед?
  10. Организмро бо витамини А чӣ тавр таъмин кардан мумкин аст? Бо витаминҳои В2 ва С чӣ?

Супориш:

  1. Тавсифномаи умумии наслҳои компютерҳоро дар шакли ҷадвал тасвир намоед.
  2. Қоидаҳои дурусти кор бо компютерро дар дафтаратон нависед.
  3. Хосиятҳои витаминҳои А, В2 ва С-ро номбар кунед. Ин витаминҳо дар таркиби кадом маҳсулот зиёданд?

Маводҳои ҳамсон