Нуҷум дар замони қадим

Ба дигарон равон намоед

Нуҷум яке аз аввалин илҳои табиатшиносӣ буда, вобаста ба талаботи амалии инсон, дар асоси мушоҳидаи ситораҳо, ивазшавии шабу рузҳо ва фаслҳои сол пайдо шудааст. Таърихи илм доир ба ин соҳа маълумотҳои зиёдеро дорад. Давлатҳои Ғарби Қадим (Бобулистон, Искандария, Афина, Рим), Шарқи Қадим (Миср, Ҳиндустон, Осиёи Миёна) ва Чин дар замони худ марказҳои асосии нуҷумшиносӣ ҳисобида мешуданд.

Замоне, ки дар Мисри Қадим ҷамъияти ғуломдорӣ инкишоф меёфт, барои ҷустуҷӯ ва ошкор сохтани асрори ҳодисаҳои табиӣ зарурияти математика ва мушоҳидаҳои астрономӣ ба миён омад. Аз як тараф мисриёни қадим дар асоси мушоҳидаҳои чирмҳои осмонӣ, бо мақсади саривақт oғоз намудани мавсими кишту кор ва огоҳонидани мардум аз оқибатҳои нохуши лабрезшавии дарёи Нил, чораҳо меандешиданд.

Аз тарафи дигар, баъди марги Искандари Мақдунӣ, илму маданият дар давлатҳои империяи парокандаи ӯ ру ба сукунат ниҳода минбаъд дар таърихи дунёи кадим давраи нав (охирҳои асри IV — аввали асри III пеш аз милод) фаро мерасад, ки дар он давлатҳои нави эллинӣ — юнонӣ пайдо мешаванд ва дар рафти инкишофи онҳо эҳтиёҷ ба ченкунии вакқт ва дар асоси мушоҳидаҳои ситораҳо зарурияти тартиб додани тақвимҳо низ ба миён меояд. Ҳамин тавр, дар ҷараёни мушоҳидаҳои ҷирмҳои осмонӣ илми нуҷум (астрономия) дар ин минтақаҳо ба вуҷуд омада, тадриҷан инкишоф меёбад. Он дар назди худ масъалаҳоеро мегузошт, ки барои ҳалли онҳо усулҳои нави мушоҳидавӣ ва ченкуниҳои аниқ лозим буд. Дар ин ҷода, пай дар пай асбобҳои одитарин сохта шуда, усулҳои гуногуни мушоҳидавӣ истифода мешуданд. Барои шарҳи ҳаракати зоҳирии сайёраҳо, астрономҳои юнонӣ ба назарияи эпитсиклии Гиппарх (то асри II милодӣ) такя мекарданд, ки он баъдан поягузори бунёди системаи геомарказии нуҷумшиноси Юнон Клавдий Птоломей шуда буд.

Нуҷумшиносон ин системаро дар тули асрҳо мавриди корҳои тадқиқотии худ қарор дода буданд. Он замонҳо илму маданият дар Юнони Кадим хеле пеш рафта буд. Вале баъди аз тарафи Рим забт шудани Миср (асри I пеш аз милод) давраи нави таърихи илми юнони-римӣ cap мешавад, ки дар давоми он маданияти насронии римиён мавқеи маданияти юнониёнро мегирад. Насрониён бар зидди маданияти эллиниҳо муборизаи шадид бурда, китобҳои калонтарини китобхонаи Искандарияро нобуд карданд. Ситорашинос Гипати (бону) низ курбони ҳамин гуна бедодгариҳо гардида буд. Муборизаи идеологии руҳониёни насронӣ бар зидди илми нуҷум асрҳо идома ёфт. Дар натиҷаи он қисми зиёди осори илмии он замона нобуд карда шуд. Инкишофи илми нуҷум бошад тули асрҳо сукунат ёфт. Танҳо қисми ночизи (тираи) он то замони мо омада расидааст.

Маводҳои ҳамсон