Объектҳои муҳити кории системаи амалиётӣ

Ба дигарон равон намоед

Системаи амалиётии муосир (масалан, Microsoft Windows) — абзори марказии идоракунии компютери фардӣ (КФ) ба ҳисоб меравад. Барои истифодабарандаи КФ системаи амалиётӣ интерфейси графикии созгорро пешниҳод менамояд. Қариб тамоми амалиёти вобаста ба идоракунии кори компютер тавассути объектҳои графикии бо ёрии тугмаҳои муш ё комбинатсияи тугмаҳои сафҳакалид идорашаванда иҷро карда мешавад.

Интерфейси истифодабаранда усулҳо ва воситаҳои робитаи байни инсон ва сахтафзору нармафзори компютерӣ мебошад.

Барои осонии кор мо мафҳумҳои мавзӯъро дар мисоли системаи амалиётии MS Windows мефаҳмонем.

Худи номи СА — Windows аз он дарак медиҳад, ки ҷавҳари системаи мазкурро равзанаҳо ташкил медиҳанд. Равзанаҳо имконият фароҳам овардаанд, ки дар ин система реҷаи чандмасъалай, бо гузариши фаврии байни барномаҳо, параметрҳо ва танзимҳо, ҷорӣ карда шавад. Тамоми амалҳои идоракунй, танзим ва иҷро асосан бо объектҳои системаи амалиётӣ гузаронида мешаванд.

Зери мафҳуми объект дар Windows тамоми бузургиҳое фаҳмида мешавад, ки фаъолияти системаи амалиётӣ бо онҳо вобаста аст: барнома, дастаи барномаҳо, диск, ҷузвдон, парванда, санад, нишона, тамға, қисми матн, расм, тасвир ва ғайра. Ҳар як объект соҳиби нишонае мебошад, ки ба воситаи он на танҳо объектро шинохтан, балки бо он амалҳои зиёдеро

иҷро кардан мумкин аст. Нишонаҳо барандаи ном ва мазмуни объектҳои худ мебошанд.

Объектҳои системаи амалиётиро шартан дар намуди зерин гурӯҳбандӣ кардан мумкин аст:

  • интерфейси графикӣ — мизи корй, равзана, лавҳа, меню, нишона, тамға, калиди гузариш, тугма, рӯпӯши интерактивӣ (байни ҳам мутақобил) ва ғайра;
  • системаи парвандаӣ — сохтори ташаккулёбии парвандаҳо ва ҷузвдонҳо;
  • замимаҳо ва санадҳо — ҷузъҳо ва барномаҳои иҷрошаванда ё маҷмӯи муштараки онҳо ва инчунин, парвандаҳое, ки бо ёрии барномаҳои татбиқӣ сохта шудаанд.

Интерфейс. Аввалин манзарае, ки пас аз оғози кори

компютер истифодабаранда дар экрани монитор мебинад, инҳо Мизи кории системаи амалиётӣ ва Лавҳаи масъалаҳои он мебошанд. Дар ин объектҳои СА тугмаҳо, нишонаҳо, тамғаҳо ва дигар ҷузъҳои ёрирасон ҷогузорӣ шудаанд. Хосиятҳои ин объектҳои СА он гуна аст, ки бо ёрии онҳо амалан ба тамоми функсияҳо ва имкониятҳои системаи амалиётӣ дастрасӣ доштан имконпазир аст.

Мизи корӣ объекти системавӣ ва муҳити графикие мебошад, ки нақши сарэкрани СА «Windows»-po иҷро карда, барои инъикоси дигар объектҳо ва ҷузъҳои идории системаи амалиётӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ин нақша диққати махсус ба сартугмаи «Оғоз» дода шудааст, ки ҳангоми пахшкунии он менюи асосии ҳамномаш кушода мешавад. Ба воситаи менюи «Оғоз» ба тамоми барномаҳо ва параметрҳои танзимшавандаи ҷузъҳои СА дастрасӣ пайдо кардан мумкин аст. Замимаҳо ва ҷузъҳои СА ҷисман дар дигар ҷой (дискҳо) нигоҳ дошта шуда, дар менюи асосӣ онҳо танҳо бо ёрии тамғаҳояшон муаррифӣ гаштаанд.

Нишонаҳо ва тамгаҳои объектҳо низ, дар навбати худ, объектҳои системаи амалиётӣ ба ҳисоб рафта, тасвири графикии объектҳоро инъикос мекунанд.

Меню воситаи интихоби амалҳои истифодабаранда мебошад. Менюҳоро шартан ба менюҳои тасмаи абзордор ва менюҳои матнӣ тақсим мекунанд. Менюҳои тасмаи абзордор дар дохили объектҳое ташаккул меёбанд, ки онҳоро равзана мегӯянд. Аз ин рӯ менюро на танҳо ҳамчун объект, балки ҳамчун ҷузъи идорӣ низ қабул кардан мумкин аст.

Равзана объекти асосии системаи амалиётӣ мебошад. Маҳз дар равзана майдони (фазои) кории объект муайян карда шудааст, ки тавассути он иттилоот инъикос ва коркарда мешавад. Бо равзанаҳои объектҳо амалҳои андозагирй, ғункунй, паҳнкунй, бастан, миқёсгирӣ ва ғайраро анҷом додан имконпазир аст. Равзанаҳои системаи амалиётиро ба равзанаҳои объектӣ ва робитавӣ тақсим мекунанд. Равзанаҳои робитавӣ байни барнома ва истифодабаранда робита барқарор мекунанд.

Ҷузъҳои идорӣ. Ҷузъи асосии идории системаи амалиётӣ курсор ба ҳисоб меравад. Бо ёрии курсор (мавқеъмуайян- кунанда) аз рӯйи тамоми интерфейси система хатсайрҳо ташкил кардан мукин аст. Курсор — ҷузъи экрание мебошад, ки бе иштироки он ягон амалро иҷро ё ягон объектро идора кардан ғайриимкон аст. Курсор дар экран ба воситаи муш ё сафҳакалид идора карда мешавад. Вобаста ба мавқеи экрании иҷрои амал ё навъи барномаи татбиқӣ курсор метавонад шакли худро тағйир диҳад. Ҳатто танҳо аз рӯйи шакли курсор муайян кардан мумкин аст, ки бо объект кадом амал иҷро карда мешавад ё система дар кадом вазъ қарор дорад.

Яке аз ҷузъҳои идории дигари СА сафҳакалиди экранӣ маҳсуб меёбад. Сафҳакалиди экранӣ бештар дар планшетҳо ва смартфонҳо татбиқи худро ёфтааст, чунки дар ин навъҳои воситаҳои электронӣ сафҳакалиди «оҳанин» пешбинӣ нагардидааст. Дар ноутбукҳо низ дар қатори сафҳакалиди маъмулӣ аз сафҳакалиди экранӣ истифода бурдан мумкин аст.

Парвандаҳо ва ҷузвдонҳо. Ҷузвдонҳо ва парвандаҳои компютерӣ синфи аз ҳама бузурги объектҳои системаи амалиётиро ташкил медиҳанд. Ин синф дар маҷмӯъ сохтори ягонаро ташкил додааст, ки он бо номи системаи парвандаӣ маъруф гаштааст.

Аз нуқтаи назари системаи компютерӣ парвандаҳо ва цузвдонҳо аз ҳамдигар ягон фарқе надоранд. Ҷузвдонҳо низ дар асл парвандаанд, танҳо номи онҳо қисми иловагӣ надорад. Ҳам ҷузвдон ва ҳам парванда дар диски компютерӣ ягон ҷойи (фазои) муайянро ишғол карда, дар он ҷой нигаҳдорӣ мешаванд.

Аз нуқтаи назари ҷисмӣ (физикй) бошад, новобаста ба он ки гӯё парванда дар дохили ягон ҷузвдони мушаххас ҷойгир шуда бошад ҳам, дар асл ваӣ метавонад дар қисми тамоман дигари диски винчестери компютер нигаҳдорӣ шуда бошад. Хосиятҳои объектҳои навъи мазкури системаи амалиётӣ дар навбати аввал, аз рӯйи андоза (ишғоли сатҳи диск), мавқеи ишғолнамудаи он дар системаи парвандай, навъи объект ва ғайра муайян карда мешавад.

Ба амалҳои асосии ин навъи объектҳои системаи амалиётӣ амалҳои нусхабардорй, ҳазф, номивазкунй, ҷойгузин, таҳрир, кушодан, бастан ва ғайра дохил мешаванд.

Дар системаҳои амалиётии дигар низ асосан ҳамин объектҳо объектҳои асосиро ташкил медиҳанд.

Саволҳо:

  1. Барои чӣ системаи амалиётиро абзори марказии идоракунии компютер мегӯянд?
  2. Сахтафзорҳои асосии идоракунандаи кори компютер кадомҳоянд?
  3. Интерфейси истифодабаранда чист?
  4. Равзанаи объект чист? Худи объект чист? Кадом объектҳои системаи амалиётиро медонед? Ҷузъҳои идориро чй?
  5. Оё шумо мафҳумҳои интерфейси графикй, системаи парвандаӣ, замима ва санадро шарҳ дода метавонед?

Супотшҳо:

  1. Матни мавзӯъро бодиққат мутолиа кунед ва дар мавзӯи «Объектҳои муҳити кории системаи амалиётй» нақли хаттӣ нависед.

Объектҳо ва ҷузъҳои идории системаи амалиётиро гурӯҳбандӣ кунед ва дар шакли нақша тасвир намоед.

Маводҳои ҳамсон