Оё ҳаво вазн дорад?

Ба дигарон равон намоед

Мисли он ки моҳиён дар об зиндагӣ мекунанд, одамон ва набототу ҳайвоноти рӯи заминро ҳаво иҳота кардааст ва мо гӯё дар ҳаво ғӯтавар мебошем. Мо мавҷуд будани ҳаворо, ки дар шакли газ ҳаҷм ва вазн дорад, ҳис мекунем. Дар фазои болои мо тақрибан то баландии 60 км ҳаво вуҷуд дорад. Вазни ҳавои рӯи Замин дар 1 метри мукааб 1,2 кг аст.

Ҳамин тариқ, агар тамоми ҳавои атмосфера дар рӯи Замин баробар паҳн шавад, он гоҳ дар ҳар як метри мураббаи рӯи Замин аз поён то боло як сутуни 10-тоннагии ҳаво, ё худ сутуни 10 000 кг вазндоштаи ҳаворо тасаввур кардан мумкин аст, ки дар муқоиса бо вазни фил хеле зиёд мебошад.

Маводҳои ҳамсон