Оғоз ва анҷоми кори компютер

Ба дигарон равон намоед

Барои бо компютер дуруст кор карда тавонистан якчанд қоидаи маъмулро донистан лозим аст. Масалан, барои ба кори компютер оғоз бахшидан, шумо бояд таҳти назорати омӯзгори фан паӣ дар паӣ амалҳои зеринро иҷро кунед:

  1. Боварӣ ҳосил кунед, ки компютер бо қувваи ҷараёни барқ пайваст аст. Дар мавриди пайваст набудан, онро ҳатман пайваст кардан лозим аст.
  2. Дар блоки системавӣ тугмаи (!) (ё тугма бо навиштаҷоти «Power»)-po пахш кунед. Тугмаи мазкур маъмулан дар қисми пеши блоки системавӣ ҷойгир буда, «тугмаи оғози кор» ном дорад. Пахши ин тугма муҳаррики таҷҳизотро водор месозад, ки он ба кор шурӯъ кунад.
  3. Агар лампачаҳои блоки системавӣ фурӯзон гашта, садои кори механизм ба гӯш расад, пас шумо ба мақсад расидаед. Маъмулан ҳамин амал кифоя аст, ки компютер ба кор оғоз кунад.
  4.  Агар пас аз пахши тугмаи (!) блоки системавӣ садо набарорад ё садо барораду дар экрани монитор ягон тағйироти тасвирӣ рӯӣ надиҳад, пас ҳамин гуна тугмаҳои (!) -ро дар монитор ва манбаи барқтаъминкунанда (UPS) пахш кардан лозим аст.
  5. Агар компютери шумо бо чопгар, сканер, баландгӯяк ё дигар намуд таҷҳизот муҷаҳҳаз бошад, пас шояд пахш кардани ҳамин гуна тугма (!) -ҳои онҳо низ лозим ояд. Илова бар ин, бояд донист, ки тарзҳои дигари ба кор омода кардани компютер низ мавҷуданд. Дар ҳар ҳолат, муждадиҳандаи оғози кори компютер ин пайдошавии равзанаи ранга дар экран мебошад, ки онро одатан «Мизи корй»-и компютер меноманд. Вобаста ба маҷмӯи барномаҳои дар компютер татбиқшаванда мизҳои корӣ низ метавонанд намудҳои гуногун дошта бошанд.

Пас аз анҷоми кор бо компютер зарур аст, ки онро дуруст хомӯш кунед. Гарчанде дар назари аввал хомӯшкунии компютер кори хеле одӣ намояд ҳам, донистани тарзи дурусти хомӯшгардонии он бисёр муҳим мебошад. Баъзе истифода- барандагони компютер барои хомӯш гардонидани он якбора тугмаи (|) -и манбаи барқтаъминкунанда (UPS)-po пахш мекунанд. Албатта, дар ин маврид низ компютер хомӯш мегардад, вале ин амал метавонад ба садамаҳои барномавӣ биёрад. Аз ин рӯ шумо барои хомӯш кардани компютер бояд пайдарпайии амалҳои зеринро иҷро кунед:

1.Тамоми равзанаҳои барномаҳо, санадҳо ва ҷузвдонҳои фаъолро пӯшед (бандед). Амали мазкур бо пахши тугмаи амрии анҷом дода мешавад.

2. Агар системаи пойгоҳии компютери шумо системаи амалиётии Windows 10 бошад, он гоҳ дар «Лавҳаи масъалаҳо»-и мизи кории он тугмаи «S-po пахш кунед. Акнун дар равзанаи робитавии пайдошуда кифоя аст, ки тугмаи «Завершение работы» (Анҷоми кор)-ро пахш кунед ва то хомӯш гаштани компютер интизор шавед.

  1. Агар системаи пойгоҳии компютери шумо дигар бошад (масалан, Windows ХР), он гоҳ боке нест. Дар ин маврид низ дар «Лавҳаи масъалаҳо»-и мизи кории он аввал тугмаи «Пуск» (Оғоз), баъд дар равзанаи робитавии пайдошуда тугмаи «Выключение» (Хомӯшкунй)-ро пахш кунед ва то хомӯш гаштани компютер каме интизор шавед.

Саволҳо:

  1. Қоидаҳои маъмул ва дурусти оғози кори компютер кадомҳоянд?
  2. Кадом қоидаҳои маъмул ва дурусти анҷоми кори компютерро номбар карда метавонед?

Супоришҳо:

  1. Пайдарпайии қоидаҳои маъмул ва дурусти оғоз ва анҷоми кори компютерро дар дафтар қайд кунед.
  2. Дар синфхонаи компютерӣ аз рӯйи қоидаҳои азхуд- кардаатон якчанд маротиба ба кор омода намудан ва хомӯш кардани компютерро машқ кунед.

Маводҳои ҳамсон