Парванда — воситаи асосии ҳифзи иттилоот

Ба дигарон равон намоед

Объекти асосие, ки компютер бо он кор мекунад, иттилоот мебошад. Компютер ҳам, ба мисли инсон, иттилооти навъҳои гуногун (матн, график, садо, видео ва ғайра)-ро кор карда баромада метавонад. Дар тасвири компютер иттилоот — ин пайдарпайии якҳо ва сифрҳо мебошад. Вале дар чунин шакл қабул ва ҳифз намудани иттилоот барои инсон бисёр душвор

аст. Аз ин рӯ барои нигаҳдории иттилоот мафҳуми парванда (file — файл) фикр карда баромада шудааст.

Вазифаи асосии парванда ҳифз (нигаҳдорй)-и иттилооти навъи муайян ба ҳисоб меравад. Парванда барои аз як барнома ба барномаи дигар ва аз як система ба системаи дигар ирсол намудани додаҳо низ истифода мешавад. Ба ибораи дигар, парванда — манбаъ (анбор)-и додаҳои устувор ва мутаҳаррик аст. Лекин он танҳо манбаи одии додаҳо нест. Парванда ончунон манбаест, ки соҳиби ном ва хосият (атрибут)-ҳо буда, вақти эҷод ва тағйирёбии мазмуни худро ба қайд гирифта метавонад.

Мафҳуми парванда бо гузашти айём маънии худро тағйир додааст. Системаҳои амалиётии компютерҳои аввалин парвандаро ҳамчун пойгоҳи додаҳо тасвир мекарданд.

Дар интиҳои солҳои 60-уми асри XX тамоюли содагардонии системаҳои амалиётӣ пеш омад. Амали мазкур инъикоси худро пеш аз ҳама дар СА Unix ёфт. Дар ин СА парванда ҳамчун пайдарпайии байтҳо тасвир шуда, нигаҳдории иттилоот дар диск низ осон гардид. Ин ғоя ба дигар системаҳои амалиётӣ низ ба зудӣ паҳн карда шуд.

____________________________________

Парванда пайдарпайии номдори байтҳо мебошад.

Тарзи ташаккули байтии додаҳоро формати парванда мегӯянд. Масалан, барои хондани парвандаи ҷадвали электронйро, зарур аст, ки тарзи тасвири байтии ададҳо, формулаҳо ва матнро дар катакҳои ҷадвал донем. Барои хондани парвандаи виростори матнӣ бошад, донистан зарур аст, ки кадом байтҳо барои тасвири аломатҳо, кадомашон — намуди ҳуруф, ҳошияҳо ва ё дигар маълумот вобастаанд.

Барнома иттилоотро дар парванда тавре ҳифз мекунад, ки барномасоз онро муайян намудааст. Вале айни ҳол талабот чунин аст, ки парвандаҳо бояд аз тарафи барномаҳои навъҳои гуногун истифода шуда тавонанд. Барои амалишавии ин

мақсад аллакаӣ қисми зиёди барномаҳои татбиқӣ форматҳои бештар паҳнгаштаро мавриди истифода қарор додаанд.

Ҳамаи парвандаҳоро шартан ба ду қисм — матнӣ ва дуӣ ҷудо мекунанд. Барои нигаҳдории ҳар як аломати парвандаи матнӣ як байт хотира ҷудо карда мешавад. Ба ҳар як аломат аз фосилаи 0-255 як адади муайян мувофиқ гузошта мешавад, ки онро рамзи аломат мегӯянд. Парвандаҳои матнӣ бо ёрии ҷадвалҳои махсус рамзбандӣ карда мешаванд. Парвандаҳое, ки барои рамзбандии онҳо танҳо 127 адади аввалаи ин фосила истифода мешаванд, SCII-парванда (American Standard Code for Information Interchange — Стандарти амрикоии рамзбандии иттилоот) ном гирифтаанд. Вале дар SCII-парвандаҳо танҳо ҳарфҳои алифбои лотиниро тасвир кардан мумкин аст.

Дар рамзбандии қисми зиёди алифбоҳои миллӣ бошад, аз ҷадвалҳои ҳаштбита истифода мебаранд. Масалан, барои алифбои русӣ бештар се ҷадвал — Koi8-R, Windows-1251 ва Alt-рамзбандӣ маъмул аст. Аммо баъзе забонҳо, масалан хитой, аз 256-то зиёдтар аломат доранд. Барои рамзбандии ин гуна забонҳо аз якчанд байт истифода бурдан лозим меояд. Дар чунин мавридҳо бештар аз стандарти Unicode истифода мебаранд, ки дар он барои рамзбандии аломатҳо фосилаи ададии 0-65536 хизмат мерасонад.

Қайд кардан зарур аст, ки ҳоло санадҳои матнӣ на танҳо ҳуруфи гуногун, балки расму диаграммаҳо ва ҳатхо иттилооти савту садоиро низ дар бар мегиранд. Дар натиҷа форматҳое пайдо шудаанд, ки онҳо махлут (комбинатсияи)-и гуногуни форматҳои ин намудҳои иттилоот мебошанд.

Фарқи парвандаҳои дуӣ аз парвандаҳои матнӣ дар он аст, ки дар парвандаҳои дуӣ тамоми иттилоот танҳо ба воситаи рақамҳои дуӣ рамзбандӣ карда мешавад. Мисоли чунин парвандаҳо парвандаҳои махсуси иҷроишӣ ва графикӣ шуда метавонанд.

Ҳар як парванда ном ва андоза дорад. Номи парванда бо ёрии ҳарфҳои калон ва хурди алифбоҳои лотинӣ ва миллй,

рақамҳо ва дигар аломатҳои китобат сохта мешавад. Дар номи парванда истифодаи аломатҳои \ /:,*?«»<>|[]{} иҷозат дода намешавад. Номи парванда аз ду қисм — асосӣ ва иловагӣ иборат аст. Миқдори умумии аломатҳои номи парванда, бо назардошти мавқеъҳои холӣ ва қисмҳои асосиву иловагии ном, аз 255-то зиёдтар шуда наметавонад.

Қисми асосии номи парванда пайдарпайии то 250 аломати ихтиёрии аз маҷмӯи аломатҳои муайяншуда гирифташуда ва аломати нуқта мебошад. Масалан, «Китоби 1-ум.», «Китоби технологияи иттилоотӣ.», «Avesto.», «uragan55.», «F1R2H304D5.», «farhod( 12345).» метавонанд ба сифати номҳои парвандаҳо хизмат расонанд. Ба воситаи қисми асосии номи парванда худи парвандаро аз байни парвандаҳои дар дискҳо ва дигар барандагони иттилооти компютер маҳфузбуда ҷустуҷӯ кардан ва ёфтан мумкин аст.

Қисми иловагии номи парванда пайдарпайии то 4 аломати қабулшудаи махсусе мебошад, ки онҳо аз қисми асосии ном ба воситаи аломати нуқта (.) ҷудо карда шудаанд. Қисми иловагии номи парванда барандаи навъи иттилооти дарунмояи парванда мебошад. Масалан, агар қисми иловагии ном «.txt» бошад, он гоҳ навъи иттилооти парванда матнӣ буда, дар мавридҳои «.png», «.jpg» ё «.bmp» — графикй, «.mp3» ё «.wav» — мусиқй, «.avi» ё «.vob» — видеоӣ ва ғайра мебошад.

Аз рӯйи қисми иловагии номи парванда компютер пешакӣ муайян мекунд, ки барои коркарди парвандаи мазкур кадом барномаро ба кор омода сохтан зарур аст. Масалан, агар барои кушодани парвандаи «Дарси_ 10.txt» компютер барномаи «Блокнот»-ро ба кор омода созад, он гоҳ барои кушодани парвандаи «Дарси ЗОДосх», барномаи «Microsoft Word» ва барои «Расмҳои ман-png» барномаи «Paint»-po ба кор омода месозад. Аз ин рӯ парвандаро ин гуна таъриф низ додан мумкин аст:

Парванда — ин соҳаи номдори барандаи компютерии иттилоот мебошад, ки дар он ягон миқдор иттилооти навъи муайян ҳифз (сабт) гардидааст.

Парвандаи навъи муайянро танҳо бо ёрии виростори (барномаи) мушаххас, ки он барои сохтани ҳамон навъи парвандаҳо қодир аст, сохтан мумкин аст. Парвандаҳои компютериро вобаста ба навъи иттилооти дар онҳо маҳфузбуда ба навъҳои матнӣ, графикӣ, садоӣ, видеоӣ, барномавӣ (дуй), чандрасонаӣ ва ғайра тақсим мекунанд.

Саволҳо:

  1. Парвандаи компютерӣ чист? Вазифаи асосии он аз чӣ иборат аст?
  2. Парвандаҳоро ба чанд гурӯҳ тақсим мекунанд? Онҳо аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
  3. Барои нигаҳдории ҳар як аломати парвандаи матнӣ дар хотираи компютер чӣ қадар ҷой ҷудо карда мешавад?
  4. Номи парванда чӣ тавр сохта мешавад? Вазифаи қисмҳои асосӣ ва иловагии номи парванда аз чӣ иборат аст?
  5. Оё аз рӯйи навъи парванда муайян кардан мумкин аст, ки он бо ёрии кадом барномаи татбиқӣ сохта шудааст? Чӣ тавр?

Супоришҳо:

  1. Матни мавзӯъро бодиққат мутолиа кунед ва дар мавзӯи «Парванда — воситаи асосии нигаҳдории иттилоот» нақли хаттӣ нависед.
  2. Бо ёрии омӯзгор дар майдони кории мизи кории системаи амалиётӣ се парвандаи навъҳои гуногун созед ва ба онҳо номҳои мувофиқ гузоред.
  3. Бо истифода аз зерфармонҳои фармони Намои менюи матнии равзанаи мизи корӣ намуди зоҳиршавии нишонаҳои объектҳои майдони кориро тағйир диҳед.

Маводҳои ҳамсон