Предмети фанни технологияи иттилоотӣ

Ба дигарон равон намоед

Асосҳои информатика. Ҷавҳари омӯзиши фанни Технологияи иттилоотӣ ба фанни Информатика сахт алоқаманд аст. Мафҳуми информатика бо маҷмӯи илмҳое вобастагӣ дорад, ки онҳо ба омӯзиши хосиятҳо ва тарзҳои ғункунӣ, тасвир, коркард ва ирсоли иттилоот тавассути воситаҳои техникӣ сару кор доранд. Дар мамлакатҳои ғарб, махсусан мамлакатҳои англис- забон, ба ҷойи мафҳуми «информатика» мафҳуми «computer  cience» — илми компютерӣ мавриди истифода қарор гириф- тааст.

Асосҳои назариявии информатикаро гурӯҳи илмҳои бунёдӣ (фундаменталӣ) ташкил менамоянд, ки онҳоро дар як сатҳ ҳам ба математика ва ҳам ба кибернетика мансуб донистан мумкин аст: назарияи иттилоот, назарияи алгоритмҳо, мантиқи математикӣ, назарияи забонҳои шаклӣ ва грамматикӣ, таҳлили комбинаторӣ ва ғайра. Ба ғайр аз ин, фанни информатика ба омӯзиши архитектураи компютер, системаҳои амалиётӣ, назарияи пойгоҳи додаҳо, технологияи барномарезӣ ва дигар самтҳои технологияҳои иттилоотӣ машғул аст.

Бояд қайд намуд, ки дар муддати начандон зиёди таърихӣ информатика аз як фанни техникӣ дар бораи усулҳо ва воситаҳои коркарди маълумоти додашуда бо ёрии мошинҳои электронии ҳисоббарор ба илми бунёдӣ дар бораи иттилоот ва равандҳои иттилоотии на танҳо системаҳои техникӣ, балки табиат ва ҷомеа табдил ёфта тавонист. Сабаби асосии ба чунин

музаффариятҳо ноил гаштани илми информатика ба раванди бебозгашти саросар иттилоотонӣ гаштани ҷомеа вобаста аст, ки он як шакли зуҳуроти қонуни умумии инкишофи башарият аст. Иттилоотонии ҷомеа бо худ таҳаввулоти илмию техникӣ ва иқтисодию иҷтимоиро меоварад, ки он дар навбати худ ҳаёту фаъолият ва тафаккуру арзишҳои инсониро дигаргун месозад. Муттасилот ва суръати ин дигаргуншавӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки асри XXI асри информатика, технология ва ҷомеаи иттилоотӣ хоҳад буд.

Информатика илмест, ки доир ба хосиятҳои иттилоот ва қонуниятҳои равандҳои иттилоотӣ баҳс менамояд.

Технологияи иттилоотӣ (ТИ). ТИ маҷмӯи мушаххаси воситаҳои техникӣ ва таъминоти барномавӣ буда, барои гузаронидани амалиёти гуногуни коркарди иттилоот дар самтҳои мухталифи фаъолияти инсон пешбинӣ шудааст. Технологияи иттилоотиро технологияи компютерӣ ё информатикаи татбиқӣ низ мегӯянд. ТИ-ро чунин таъриф додан мумкин аст:

Технологияи иттилоотӣ яке аз соҳаҳои тафаккури илмӣ буда, ба воситаи низоми таҳлилии ҳодисаҳои муҳити атроф равандҳои иттилоотии бо суръати баланд вусъатёбандаро меомӯзад ва усулу воситаҳои худкори ғункунӣ, қабулкунӣ, нигаҳдорӣ, табдил, ирсол, сабт ва истифодаи иттилоотро

тавассути техникаи компютерӣ мавриди омӯзиш ва коркард

қарор медиҳад.

Мақсади омӯзиши фанни ТИ. Соҳаи таълимии фанни технологияи иттилоотӣ дар ду ҷанба мавриди омӯзиш қарор мегирад. Ҷанбаи аввал ба омӯзиши системаи иттилоотии тасвири олам ва қонуниятҳои иттилоотии умумии сохт ва тарзи кори системаҳои худидора — биологӣ, ҷамъиятӣ ва худкори техникӣ бахшида шудааст. Ин гуна системаҳо дорои хосияти

иҷрои мақсадноки амалиёт буда, рафторашон тавассути узвҳои қабулкунанда, табдилдиҳанда ва татбиқкунандаи иттило- отиашон идора карда мешавад. Ҷанбаи мазкур, ки қариб фарогири ҳама соҳаҳои умумитаълимӣ мебошад, доираи ҳамбастагии фанҳои Технологияи иттилоотӣ, Информатика ва Кибернетика-ро ташкил медиҳад.

ЭЗОҲ: Кибернетика — илм дар бораи хосиятҳои умумии равандҳои идоракунӣ дар системаҳои зинда ва ғайризинда мебошад.

Ҷанбаи дуюми соҳаи таълимии фанни ТИ ба омӯзиши усулҳо ва воситаҳои техникии дарёфт, ғункунӣ, захира, табдил, ирсол ва истифодаи иттилоот бо ёрии компютер ва дигар воситаҳои электронии муосир бахшида шудааст. Ин ҷанба пеш аз ҳама ба татбиқи маводи таълимӣ дар ҳаёт ва ба фаъолияти эҷодӣ омода сохтани хонандагон алоқаманд мебошад.

Соҳаи таълимии фанни ТИ характери комплексӣ дорад. Ҳар як қисми он дар иҷрои вазифаи алоҳида ва мушаххаси соҳаи таълим мақоми хосса дорад ва баҳри амалӣ гаштани ҳадафҳои зерин равона шудааст:

  1.  парвариши малакаҳои истифодаи моҳирона ва пурсамари компютер дар раванди омӯзиш ва фаъолияти ҳамарӯзаи хонандагон;
  2. омодагӣ ба ҳаёти пурарзишу фаъоли ҷомеаи иттилоотӣ;
  3. баланд бардоштани фарҳанги иттилоотии хонандагон;
  4. технологияҳои нави иттилоотӣ дар муассисаҳои таълимӣ;
  5.  таъмини фарогирии устувори техника ва технологияи компютерӣ дар ҳамаи самтҳои ҳаёт;
  6. равшан гардонидани моҳияти равандҳои иттилоотӣ дар ҷаҳонбинии илмӣ ва нақши ТИ дар ҷомеаи навин.

Вазифаҳо ва пайванду вобастагиҳои ТИ бо илмҳои дигар.

Ҳангоми дар омӯзиши ҳама фанҳои таълимӣ ҷорӣ намудани

компютер малакаҳои ба ном «саводнокии компютерии хонандагон» характери умумитаълимӣ мегирад. Ташаккули муносибати нав ба фаҳмиши мақсадҳои омӯзишии фанни ТИ пеш аз ҳама ба вазифаҳои умумитаълимии ин фан ва имкониятҳои потенсиалии он дар ҳалли масъалаҳои муҳим- тарини таълим, тарбия ва рушди зеҳнии мактаббачагон алоқаманд аст.

Унсурҳои алоҳидаи таҳлили кибернетикии ҳодисаҳои муҳити атроф инъикоси худро дар курсҳои таълимии биология, физика, таърих, ҷамъиятшиносӣ, таълими меҳнат ва ғайра меёбанд. Фанни ТИ бошад, дар системаи фанҳои таълимӣ нақши пешбарандаро бозида, баҳри дарёфти тасаввуроти ягонаи олами воқеӣ ва эҳсоси умумияти асосҳои иттилоотии раванди идораи табиати зинда, ҷомеа ва техника шароити мусоид фароҳам меорад.

Ҳамин тариқ, вазифаи асосии фанни ТИ аз таъмин намудани фарогирии дониши мустаҳкам ва бошууронаи хонандагон доир ба раванди табдил, ирсол ва истифодаи иттилоот иборат буда, дар ҳалли масъалаҳои маълумоти умумиинсонӣ саҳми арзанда дорад:

  1. Дар ташаккули асосҳои ҷаҳонбинии илмӣ:

тасаввуроти хонандагон оид ба иттилоот ҳамчун ба яке аз се мафҳуми бунёдии тасвири илмии олам — модда, энергия, иттилоот ташаккул дода мешавад;

фаҳмиши хонандагон доир ба принсипҳои якхела ва ягонаи сохти системаҳои худидораи гуногунҷабҳа ташаккул дода мешавад ва мавқеи технологияҳои нави иттилоотӣ дар тараққиёти ҷомеа ва дигаргуншавии мазмуну характери фаъолияти инсон муайян карда мешавад.

  • Дар тараққӣ додани сатҳи тафаккури хонандагон:

илми равоншиносии муосир (психология) аҳаммияти ТИ- ро дар рушди тафаккури назариявӣ ва эҷодии хонандагон

таҳлил намуда, ташаккули шакли нави тафаккур — тафаккури амалиётиро ба қайд гирифтааст;

 як қатор тадқиқотҳои равоншиносӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳангоми истифодаи компютер дар хонан- дагон услуби самараноки модулию рефлексии фикрронӣ ташаккул меёбад.

  • Дар омодасозии хонандагон ба фаъолияти амалию меҳнатӣ:

  нақши ТИ дар ташаккули фарҳанги иттилоотии хонан- дагон ва компонентҳои омодагиашон ба тарзи нави ҳаётгузаронӣ дар ҷомеаи иттилоотӣ бағоят бузург аст;

  истифодаи усулу воситаҳои компютерӣ хонандагонро ба давомдиҳии таҳсил дар мактабҳои касбӣ ҳидоят менамояд.

Ба объектҳои асосии фанни ТИ — иттилоот, захираҳои иттилоотӣ, равандҳои иттилоотии системаҳои табиатан гуногун, воситаҳои иттилоотонӣ ва технологияи иттилоотӣ дохил мешаванд. Фанни ТИ ҳамчун илми мустақил на танҳо соҳаи тадқиқотӣ, балки усулҳои хоси тадқиқотии худро дорост. Истифодаи ин усулҳо имконият медиҳанд, ки хосият ва қонунҳои умумии ҳодисаҳои муҳити атроф ва ҷомеаро ошкор созем, тадқиқ ва татбиқ намоем. Дар барномаи таълими фанни ТИ чаҳор ҷиҳати парвариши тафаккури хонандагон пешбинӣ шудааст:

  1.  ҷаҳонбинӣ — ташаккули тасвири системавию итти- лоотии олам, умумияти равандҳои идоракунӣ дар табиати зинда, ҷомеа ва техника;
  2. технологӣ — ташаккули тасаввурот дар бораи компютер ҳамчун воситаи ҳамакори (универсалии) иттилоотӣ, рушди саводи компютерӣ ва фарҳанги иттилоотии хонандагон, омодасозии онҳо ба фаъолияти меҳнатӣ ва идома додани таҳсили касбӣ;
  3.  алгоритмӣ — инкишофи тафаккури хонандагон доир ба алгоритм;
  4. тадқиқотӣ — парвариши эҷодкорӣ ва таҳлилнамоӣ.

Саволҳо:

  1. Информатика чӣ гуна илм аст? ТИ чӣ?
  2. Мақсад ва вазифаҳои фанни ТИ аз чӣ иборат аст?
  3. Объектҳои асосии фанни ТИ кадомҳоянд?

Супориш:

  1. Мавзӯъро бодиққат хонед ва предмети фанни ТИ-ро нақл кунед.
  2. Доир ба вазифаҳо ва пайванду вобастагиҳои ТИ бо илмҳои дигар ҳикоя нависед.

Маводҳои ҳамсон