Равандҳои иттилоотӣ

Ба дигарон равон намоед

Тавре аллакай қайд шуд, мафҳуми иттилоот бо амалиёти дарёфт, қабул, ғункунӣ, нигаҳдорӣ, захирасозӣ, табдил, сабт, ирсол ва истифода зич алоқаманд аст. Маҷмӯи ин амалҳоро равандҳои иттилоотӣ мегӯянд. Равандҳои иттилоотӣ дар

олами зинда, ҷомеа ва техника ба таври васеъ татбиқи худро ёфтаанд. Азбаски равандҳои иттилоотии гуногун метавонанд

таҷҳизот ва технологияҳои куллан мухталифро истифода намоянд, бинобар ин ҳангоми балоиҳагирии системаҳои иттилоотӣ ин равандҳоро аз ҳамдигар ҳатман ҷудо тасвир намудан лозим меояд.

Масалан, барои дарёфти иттилоот мо метавонем аз воситаҳои техникӣ (датчикҳо), ҳуҷҷатҳо, шаклҳои (формаҳои) экрании компютерӣ ва ғайра истифода барем. Барои коркарди компютерии иттилоот бошад, аз протсессорҳо истифода бурдан лозим меояд, ки миқдори онҳо дар компютерҳои фардии муосир аз 10-то ҳам зиёдтар буда метавонад: марказӣ, графикӣ, принтерӣ ва ғайра. Иттилоотро ҳам дар шакли коғазӣ (санадӣ) ва ҳам электронӣ — дар дискҳои магнитӣ, оптикӣ, флэш-кортҳо ва ғайра нигаҳ доштан мумкин аст. Барои интиқоли иттилоот барандагони номбурда ва шабакаҳои робитавӣ хизмат мерасонанд.

Фаъолияти иттилоотии инсон. Таҷрибаи рӯзгор ва дониши одамон нисбат ба табиат дар омехтагӣ бо азхудкунии иттилоот рушд ёфтааст. Маҳз ҳамин раванд ба ташаккул ёфтани инфосфера оварда расонидааст. Гарчанде мафҳуми коркарди иттилоот ба наздикӣ пайдо шуда бошад ҳам, вале усулҳои коркарди иттилоотро одамон ҳанӯз аз замонҳои қадим медонистанд ва онҳоро дар ҳолатҳои зарурӣ мавриди истифода қарор медоданд.

Дар ибтидо иттилоот аз насл ба насл бо таври шифоҳӣ интиқол дода мешуд. Масалан, бардошти малакаҳои касбӣ ва расонидани ин маълумот ба наслҳои нав, аз қабили тарзҳои шикор, коркарди ғаниматҳои бадастомада, усулҳои заминдорӣ ва ғайра мисолҳои иттилооти шифоҳӣ шуда метавонанд. Вале баъдтар инсонҳо тарзҳои бақайдгирии амсилаҳои (образҳои) графикии объектҳои муҳити атрофро азхуд намуданд. Аввалин расмҳои болосангии ҳайвоноту наботот ва одамон тақрибан 20­30 ҳазор сол қабл пайдо шудаанд.

Ҷустуҷӯ ва дарёфти усулҳои навбатии бақайдгирии иттилоот ба эҷоди хат оварда расонид. Дар Ҳиндустони қадим одамон дар баргҳои дарахти нахл, дар Бобулистон дар тахтаҳои сафолин, дар Осиё дар девори ғорҳо ва дар Руси куҳан дар пӯстлохи дарахти тӯс менавиштанд. Эҷоди хат қадами нави инсон дар соҳаи нигаҳдорӣ ва интиқоли иттилоот буд. Ҳодисаи нахустини инқилобӣ дар ин соҳа ихтирои таҷҳизоти чопӣ ба ҳисоб меравад. Таҷҳизоти чопӣ имкон дод, ки одамон дониши касбии худро тавассути барандаи моддии иттилоот — китоб паҳн кунанд. Вале китоб ҳамчун барандаи иттилоот воситаи мураккаб, нобоб, қимат ва хеле «суст» ба ҳисоб меравад. Ҳама паҳлуҳои мазмунии китоб ҳангоми варақзанӣ, мутолиа намудан ва дида баромадани он кушода мешавад. Вай бевосита ба раванди истеҳсолӣ таъсир расонида наметавонад. Сараввал одам бояд китоби заруриро дастрас кунад, баъд дониши дар он маҳфузбударо омӯзад ва сонӣ онро барои тараққӣ додани истеҳсолот истифода намояд. Бинобар ин имрӯз китоб ҳамчун барандаи иттилоот наметавонад ба суръати бемайлон болоравандаи азхудкунии табиат ягон таъсири назаррасе расонида тавонад.

Бо гузашти вақт ҳаҷми мубодилаи иттилооти байни одамон низ афзудааст. Барои ғункунӣ, коркард ва интиқоли иттилоот нашриёту типография — саноати иттилоотӣ тавлид гар- дидааст. Рӯзномаву маҷаллаҳо, ки бо теъдоди зиёд нашр мегардиданд, ба одамон ғайр аз иттилооти муфид боз як миқдор маълумоти нолозимро низ бор менамуданд.

ЭЗОҲ: Барои ишорати маълумоти нолозим аз мафҳуми махсуси мағали (ғубори) иттилоотӣ истифода мебаранд.

Ба ғайр аз маҳсулоти чопӣ оҳиста-оҳиста дигар воситаҳои иттилоотии оммавӣ — радио ва телевизион низ арзи вуҷуд намуданд. Ва имрӯз агар дар хусуси интиқоли иттилооте сухан равад, одатан дар назар аст, ки вай тавассути радио ё

телевизион пахш гардидааст ва ё дар маҷалла, ё рӯзномае нашр шудааст.

Дар баробари шаклҳои номбаршуда шакли дигари фаъолияти иттилоотии инсон мунтазам тараққӣ кардааст. Давлатҳои алоҳида ба хотири васеъгардонии ҳудудҳояшон нисбат ба ҳамсоягони худ сиёсати бадбинонаро (агрессивиро) пеш мебурданд. Гузаронидани амалиёти ҷангӣ бошад, дар ихтиёр доштани як миқдор иттилоотро дар хусуси иқтидори (потенсиали) ҳарбии рақиб талаб менамуд. Ин гуна иттилоотро тавассути таҳқиқ (разведка) дастрас намудан мумкин буд. Барои аз душман эмин нигоҳ доштани иттилооти дастрасшуда масъалаи ёфтани тарзи ҳифзкунии иттилоот пеш омад. Ана ҳамин тавр усулҳои рамзбандӣ ва интиқоли зуд ва бехатари иттилоот низ тавлид шуданд.

Воситаҳои техникии нигаҳдории иттилоот. Бояд қайд намуд, ки иттилооти дар ягон баранда маҳфузбуда ҳатман дар он осори (пайи, асари, нақши) худро мегузорад. Намуди баранда аҳаммият надорад. Вай метавонад санг, дарахт, девор, пӯст, коғаз, фитта, диски магнитӣ, оптикӣ, флэш-корт ё фотонавор бошад. Агар осори иттилоот дар шакли ягон аломат дар рӯйи санг, танаи дарахт ё коғаз гузошта шуда бошад, он гоҳ гуфтан метавон, ки вай бо ёрии дасти инсон ва ягон асбоб — искана, қалам ё мӯқалам иҷро шудааст. Чунин осорро бо чашми одӣ низ дидан мумкин аст. Вале агар ба сифати барандаи иттилоот фотонавор, фиттаи магнитӣ ё диски нурӣ (лазерӣ) истифода шавад, он гоҳ барои дар онҳо нигоҳ доштани иттилоот таҷҳизоти махсус — табдилгарони иттилоот лозиманд. Масалан, барои сабти иттилоот дар фотонавор (фотоплёнка) фотоаппарат ва дар фиттаи (лентаи) магнитӣ — магнитофон заруранд. Хусусияти фарқкунандаи ин навъи барандагон дар он аст, ки ҳам барои сабти иттилоот дар онҳо ва ҳам хондани иттилоот аз онҳо воситаҳои махсуси техникӣ заруранд. Ин дар навбати худ, новобаста ба иштироки инсон имконияти

механикони ва худкорсозии раванди хондану навиштани иттилоотро фароҳам меоварад.

Имрӯз мукаммалгардонии компютер ҳамчун воситаи ҳамакори (универсалии) коркарди иттилоот ба ихтирои як қатор таҷҳизоте сабаб гаштааст, ки онҳо барои дар шакли махсуси электронИ нигоҳ доштани иттилоот хизмат мерасонанд. Гарчанде фотонавор ва фиттаи магнитИ бисёр эҳтиёҷоти инсонро қонеъ гардонанд ҳам, онҳо аз камбудиҳо орИ нестанд. Масалан, бо гузашти вақт расмҳо тира мешаванд. Ҳангоми такрор ба такрор гӯш кардани қартаҳои граммофон (грампластинкаҳо) сабтҳои магнитИ сифати худро гум мекунанд ва ғайра.

Умуман, дар даврони мо сабти магнитӣ тарзи аз ҳама паҳнгашта ба ҳисоб меравад. Масалан, барои нигаҳдории миқдори начандон калони иттилоот аз дискҳои магнитии қайиш (floppy di k ) истифода мебаранд. Ин дискҳоро аллакай Zip-дискҳо қариб ба пуррагИ иваз намудаанд. Барои нигаҳдории миқдори зиёди иттилоот бошад, аз дискҳои «сахт» (hard di k ) истифода мебаранд, ки онҳоро винчестерҳо низ мегӯянд. Вале бояд ҳамеша дар хотир дошт, ки тамоми дискҳои магнитИ дар зери таъсири оҳанрабо ё гармИ зуд вайрон мешаванд.

Вақтҳои охир бо афзудани ҳаҷми иттилооти қабул ва интиқолшаванда шакли нави барандагони он — дискҳои нурӣ пайдо шудаанд. Диски нурИ (лазерИ) — диски сеқабатаест, ки аз шиша ё пластмассаи мустаҳкам сохта шудааст. Дар байни ду қабати тунуки пластмассИ ё шишагини ҳифзкунанда қабати сеюми бениҳоят тунуки фолгаи металлии аз нуқра ё тилло сохташуда ҷойгир аст. Дар чунин диск иттилоот бо ёрии нури лазер сабт карда мешавад. Вале, мутаассифона, дар дискҳои нурИ иттилоотро ҳамагИ як маротиба сабт намудан мумкин аст. Ин камбудии дискҳои нурИ дар навъи дигари дискҳо — дискҳои магнитооптикӣ бартараф карда шудааст. Онҳо дар худ ҳам арзишҳои барандагони магнитИ ва ҳам нуриро доранд. Дискҳои

магнитооптикӣ дискҳои калонҳаҷм ба ҳисоб рафта, дорои хосиятҳои компактӣ (зичӣ, ҷафсӣ), мобайлӣ (зудҳаракатӣ, мутаҳаррикӣ) ва азнавсабткунии иттилоот мебошанд.

Компютер — воситаи пуриқтидори дарёфт, табдил ва ирсоли иттилоот. Ихтирооти инқилобии асри XX — эҷоди компютер ба ҳисоб меравад. Компютер ҳам барандаи иттилоот ва ҳам воситаи дастрасии он ба истифодабарандагон аст. Компютер метавонад таҳти идораи барномавӣ, бе иштироки бевоситаи инсон, тавассути хатҳои алоқаи телефонӣ, радиоӣ, нурӣ, кайҳонӣ, шабакавӣ ва ғайра бо истифода аз уқёнуси бепоёни иттилоотӣ ба кори таҷҳизоти дилхоҳи истеҳсолӣ таъсир расонад.

Дар ҳақиқат компютер, ки мувофиқи вазифаҳои ибтидоиаш онро мошини электронии ҳисоббарор (МЭҲ) низ ном мебаранд, яке аз дастовардҳои бузургтарини илму техника ба ҳисоб меравад. Маънои калимаи компютер (computer) дар забони тоҷикӣ ҳисоббарор аст.

Компютер таҷҳизотест, ки тавассути иҷрои пайдарпайии

дастурҳои барояш фаҳмо иттилоотро ба таври худкор аз як шакл ба шакли дигар табдил медиҳад.

Қариб ҳар сол нақша ва сохти ин мошинҳо такмил ёфта, соҳаҳои татбиқи онҳо васеъ мегарданд. Ба ҳисоби миёна қариб ҳар ду сол дар технологияи истеҳсол, сохт (конструксия) ва усулҳои истифодаи компютерҳои фардӣ тағйиротҳое ба вуҷуд меоянд, ки бешубҳа, дар бораи пайдошавии насли нави онҳо сухан рондан лозим меояд.

Имрӯз компютер, ки аслан барои ҳалли масъалаҳои риёзиёти ҳисоббарорӣ сохта шудааст, татбиқи худро дар идоракунии равандҳои истеҳсолӣ, ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, нигаҳдорӣ ва коркарди маълумоти оморӣ ёфтааст. Вай ҳамчун манбаи пуриқтидори маълумотдиҳанда дар тарҳрезии равандҳои табиӣ

ва рушди минбаъдаи фаъолияти зеҳнии инсон саҳми беназир дорад.

Гуфтан мумкин аст, ки офариниши компютер бо олитарин комёбиҳои инсон, аз қабили кашфи оташ, ихтирои чарх, бунёди механизмҳои буғӣ, азхудкунии қувваи барқ, истифодаи энергияи ҳастаӣ ва ғайра дар як поя қарор гирифтааст. Тамоми ин ихтироот дар рушди истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва болоравии тафаккури инсон нақши бағоят муҳиме бозидаанд. Ба туфайли онҳо шароит ва сатҳи зиндагӣ боло рафта, қувваҳои истеҳсолӣ ба куллӣ тағйир ёфтаанд. Агар мошинҳои муқаррарӣ имкониятҳои ҷисмонии одамро васеъ гардонида бошанд, пас компютер нерӯи ақлонию зеҳнии ӯро зиёд кардааст. Вусъати минбаъдаи техникаи электронӣ боиси он мегардад, ки компютер дар бисёр соҳаҳои фаъолияти зеҳнию ҷисмонии инсон ба ёрдамчии тавоно ва беғарази ӯ табдил меёбад.

Саволҳо:

  1. Кадом амалҳо равандҳои иттилоотиро ташкил медиҳанд?
  2. Кадом барандагони иттилоотро медонед?
  3. Барои дарёфти иттилоот аз кадом баранда истифода бурдан беҳтар аст? Барои захира, ирсол чӣ?
  4. Калимаи компютер чӣ маъно дорад? Саҳми вай дар татбиқи равандҳои иттилоотӣ аз чӣ иборат аст?
  5. Ихтирои компютерро бо кадом дастовардҳои инсоният муқоиса кардан мумкин аст?

Супориш:

  1. Мавзӯъро бодиққат хонед ва доир ба фаъолияти иттилоотии инсон нақл ё ҳикоя нависед.

Доир ба воситаҳои техникии нигаҳдории иттилоот маълумот диҳед.

Маводҳои ҳамсон