Равзанаи виростори матнии таълимӣ

Ба дигарон равон намоед

Абзор ва имкониятҳои равзанаи виростори матнии таълимиро дар мисоли виростори матнии WordPad (вордпад) дида мебароем. Виростори матнии WordPad ҳам замимаи стандартии СА MS Windows буда, гунаи содатари виростори матнии пуриқтидори MS Word ба ҳисоб меравад. Ин виростор низ барои сохтану таҳрир кардани санадҳои матнӣ пешбинӣ шудааст.

Фарқи WordPad аз NotePad дар он аст, ки санадҳои бо ёрии он сохташударо бо тарзҳои гуногун форматбандӣ кардан ва ба онҳо объектҳои графикиро илова намудан мумкин аст. Тавассути тугмаҳои амрии равзанаи WordPad имконияти иҷро кардани амалиёти асосии корбарӣ бо санадҳои матнӣ пайдо мегардад: сохтани санади нав, кушодани санади мавҷуда, сабти санад, чопи санад, пешдиди санад, тағйир додани ҳошияҳои саҳифаи санад, бастани (пӯшидани) санад ва ғайра. Тавассути виростори WordPad санадҳои матниро дар

форматҳои *.txt, *.rtf, *.docx, *.odt (Open Document Text) сабт кардан ва кушодан мумкин аст.

Оғози кори виростори матнии WordPad дар экран пайдошавии равзанаи он аст. Намуди зоҳирии равзанаи WordPad-po дар вақти дилхоҳ тағйир додан имконпазир аст. Равзанаи WordPad дорои сатри сарлавҳа, сатри меню, тасмаи абзор, хаткашҳои идорй, майдони корӣ, тасмаҳои тобдиҳӣ ва лавҳаи ҳолатнамо мебошад.

Яке аз намудҳои сатри сарлавҳаи равзанаи MS WordPad чунин аст:

Вазифаи афзорҳои тарафи чапи ин сатр:

равзана (барқароркунй, ҷойгузини экранй,

— корбари бо андозасозй,

ғункуни, паҳнкуни, пушидан); — сабткуни дар диск; — лағв (бекор) кардани амали иҷрошуда; — бозгардони амали лағвшуда; 0 — танзими лавҳаи дастрасии фаври.

Вазифаи афзорҳои (тугмаҳои амрии) тарафи рост: ғункунии равзана дар шакли тугма ва гузоштани он дар лавҳаи масъалаҳои MS Windows;ғункунии равзана дар шакли аз экран хурдтар; х — беруншави аз WordPad, яъне бастани равзана. Ҳангоми пахши тугмаи 01 андозаи равзанаро ба таври дилхоҳ тағйир додан мумкин аст. Азбаски андозаи он аз андозаи экран хурдтар мегардад, бинобар Ьн дар ин маврид вайро дар экран ҷойгузин кардан мусоид аст. Шакли худи ин тугма ба таври худкор тағйир ёфта, намуди П-ро мегирад ва пас аз пахш ваӣ ба шакли пештарааш баргашта, андозаи равзана низ аз нав бо андозаи экран баробар мегардад.

Дар қисми мобайнии сарлавҳа номи санади матнӣ ва номи

барнома, яъне ДокумемтvVordPad оварда мешаванд. Ҳангоми хурд будани андозаи равзана бо истифода аз тарзи лағжониш маҳз бо ёрии ҳамин қисми сатр равзанаро дар экран ҷойгузин кардан мумкин аст. Номи стандартии санади матнӣ «Документ»-ро бо ягон номи дилхоҳ, масалан «Азиз», «Синфи 5», «Диктанти 1» ва ғайра иваз кардан мумкин аст.

Ҷузъи дигари равзана сатри менюи WordPad ба шумор меравад:

Меню аз 3 банд — Парванда (Файл), Асоси (Главная), Намо (Вид) ва 2 тугмаи амрӣ                                    (Тасмагундор) ва (Маълумотномаи WordPad) иборат аст. Ба вазифаҳои бандҳои меню баъдтар бармегардем.

Дар мобайни равзанаи WordPad тасвири варақи коғаз намудор аст. Он майдони кории виростори матнӣ мебошад. Воридкунӣ ва таҳриркунии матни санад маҳз дар майдони корӣ амалӣ гардонида мешавад. Дар қисми болоӣ ва тарафи чапи майдони корӣ метавонанд хаткашҳои идорӣ ҷойгир шаванд, ки вазифаи онҳо аз муайян кардани андозаи ҳақиқии матни санад (дар варақи коғаз) иборат аст.

Ҷузъи дигари равзана тасмаи тобдиҳи мебошад. Он барои намоиши он қисми матни санад хизмат мерасонад, ки айни ҳол дар экран намудор нест. Тасмаҳои тобдиҳӣ ба мисли хаткашҳои идорӣ амудӣ ва уфуқӣ мешаванд. Онҳо ҳангоми зарурат ба таври худкор дар экран намудор мешаванд.

Лавҳаи ҳолатнамои равзанаи виростори матни барои нисбат ба экрани компютер миқёс гирифтани вазъи кунунии андозаи майдони кории барнома пешбинӣ шудааст. Ба воситаи амали пахшкунии аломатҳои © ва © андозаи майдони кории барномаро дар экран хурд ё калон гардонидан мумкин аст.

Барои корро бо барномаи WordPad ба охир расонидан кифоя аст, ки дар сатри сарлавҳаи барнома тугмаи амрии х пахш карда шавад. Ҳамчунин бо истифода аз фармони Парванда>Берутиавӣ (Файл^Выход) ё пахши якҷояи тугмаҳои Alt 1-и сафҳакалид низ ин корро анҷом додан мумкин аст. Агар шумо тағйироти охирини парвандаи санадро пешакӣ дар диск сабт накарда бошед, он гоҳ барномаи WordPad ба воситаи равзанаи робитавии махсус шуморо дар ин хусус огоҳ месозад.

Барои сабткунӣ шумо бояд тугмаи амрии Нигаҳдорӣ (Сохранить), барои сабт накардани санад — тугмаи Пигоҳ надоштан (He сохранять) ва барои бозгашт ба майдони кории барномаи WordPad — тугмаи Лагв (Отмена)-ро пахш кунед.

Саволҳо:

  1. Виростори матнии WordPad чӣ гуна барнома аст? Ваӣ аз виростори матнии NotePad чӣ фарқ дорад?
  2. Оё ҷузъҳои идории равзанаи виростори матнии WordPad- ро номбар карда метавонед?
  3. Вазифаи ҷузъҳои идории равзанаи виростори матнии WordPad аз чӣ иборат аст?
  4. Менюи равзанаи WordPad аз кадом бандҳо иборат аст? Тугмаҳои амрии меню чӣ ном доранд?
  5. Лавҳаи ҳолатнамои равзанаи виростори матнӣ чӣ вазифа дорад?
  6. Чанд тарзи беруншавӣ аз барномаи WordPad-po медонед? Тавзеҳ диҳед.

Супориш:

  1. Виростори матнии WordPad-po ба кор омода созед ва тамоми амалҳоеро, ки бо объектҳо ва ҷузъҳои идории равзанаи виростори матнии NotePad анҷом дода будед, барои виростори мазкур низ такрор кунед. Он навигарй, бартарӣ ва тағйиротеро, ки дар равзанаи WordPad мушоҳида намудаед, дар дафтар қайд кунед.

Маводҳои ҳамсон