Равзанаҳои амрӣ. Сохтори фармонҳои Linux

Ба дигарон равон намоед

Ҷустуҷӯи парвандаҳо. Бо гузашти вақт баъзан номи парванда ё ҷузвдони онро дарбаргиранда фаромӯш мегардад. Дар чунин мавридҳо барои ёфтани он аз замимаи KFind истифода мебаранд: менюи KDE ► банди Ҷустуҷӯи парвандаҳо (Поиск файлов — Find File ). Дар натиҷа, равзанаи ҷустуҷӯи парвандаҳо ба экран бароварда мешавад. Ин равзана бо ёрии се тугмаи қабатии Ном/Роҳ (Имя/Путь), Фосилаи санаҳо (Диапазон дат) ва Барилова (Дополнительно) идора карда мешавад. Расми поёнӣ намуди равзанаро дар мавриди фаъол будани тугмаи қабатии фосилаи санаҳо инъикос намудааст. Ҳангоми фаъол будани тугмаҳои қабатии дигар намуди равзана тағйир меёбад.

Агар шумо ном ё ягон қисми номи парвандаро дар хотир дошта бошед, он гоҳ аз тугмаи замимавии Ном/Роҳ истифода баред ва дар майдончаи Ном (Название) онро дохил намоед.

Агар номи парвандаро умуман дар хотир надошта бошед, он гоҳ ба ёд оред, ки ин парванда тақрибан кай сохта шудааст ё бо вай дафъаи охирон кай кор бурдаед. Барои ҳалли ин мушкилот ин дафъа тугмаи қабатии Фосилаи санаҳо хизмат мерасонад.

Агар ин ду тугмаи қабатӣ ба шумо ёрӣ расонида натавонанд, он гоҳ тавассути тугмаи қабатии Барилова метавонед аз дигар имкониятҳои ҷустуҷӯии равзана истифода намоед. Ба таври пешфарз ҷустуҷӯ аз ҷузвдони решагӣ шурӯъ мешавад. Вале шумо имконият доред, ки ҷустуҷӯро аз ҷузвдони дилхоҳ оғоз намоед.

Ҳангоми ҷустуҷӯи парванда тамоми иттилооти маълумро истифода бурдан мумкин аст. Ҳар қадар доир ба парванда иттилоот зиёдтар бошад, ҳамон қадар ёфтани он осонтар мегардад. Барномаи KFind имконият медиҳад, ки ҷустуҷӯ аз рӯйи нишонаҳои гуногун, ба мисли муҳлати рӯзҳо ё моҳҳои гузашта аз вақти эҷод ё дигаргунсозии парванда, андоза ё навъи парванда (ҷузвдон), мазмун ё қисми матни парванда ва ғайра

гузаронида шавад.

Менюи зерматнӣ (контекс- тӣ). Ҳангоми дар ҷойи дилхоҳи мизи корӣ пахш кардани тугмаи рости муш дар экран росткунҷаи амрие пайдо мешавад, ки онро менюи зерматнӣ мегӯянд. Бо ёрии фармонҳои ин меню оид ба KDE маълумоти зарурӣ гирифтан, мизи кориро ба танзим овардан, рав- занаҳои кушодаро ҷобаҷо кардан, сеанси кориро ба охир расонидан, экранро муваққатан бастан ва

дигар амалҳоро иҷро кардан мумкин аст.

Сатри амрӣ. Дар СА Linux гурӯҳи калони фармонҳое мавҷу- данд, ки онҳоро дар идоракунӣ ва таҳрири парвандаҳо, робитасозӣ бо дигар корбарон ва иҷрои дигар амалҳо ба таври васеъ истифода мебаранд. Ин гуна фармонҳо, одатан, ба воситаи сатри амрӣ (командная строка) ба система ворид карда мешаванд. Ҳатто дар мавриди мавҷудияти интерфейси графикии пуриқтидори KDE низ аз сатри амрӣ зуд-зуд истифода мебаранд.

Ба ғайр аз афзору барномаҳои таркибии KDE, Linux боз дорои миқдори зиёди замимаҳо мебошад. Барои ба кор даровардани ин замимаҳо корбарон бештар аз ду имконият истифода мебаранд: сатри амрии фаврӣ ва терминал. Ҳангоми

дохилкунии фармонҳо бисёр эҳтиёткор будан лозим аст. Бояд дар хотир дошт, ки Linux системаи амалиётии нисбат ба тарзи навишти аломатҳо хеле ҳассос ба ҳисоб меравад. Масалан, калимаҳои Net cape, NET CAPE ва nEt cape се фармони гуногун ва ибораҳои my filE, my file, ва my FILE номи се парвандаи гуногунро ифода менамоянд.

Пахши комбинатсияи тугмаҳои Alt ва F2 дар сафҳакалид ба пайдошавии равзанаи начандон калони «Фармон иҷро карда шавад» (Выполнить команду) сабаб мегардад, ки вай сатри амрӣ ном дорад.

Бо ёрии сатри амрӣ ҳар гуна барномаро ба кор даровардан мумкин аст. Аммо, агар тавассути ин сатр барномаҳои дар равзанаҳои алоҳида инъикосшавандаро ба кор дарорем, беҳтар аст. Дар акси ҳол матни бо ёрии ин гуна барномаҳо чопшавандаро дар экран дидан душвор аст. Он замимаҳоеро низ, ки дохил ва хориҷкунии иттилоотро талаб наменамоянд, бо ёрии ин сатр ба кор даровардан самараи беҳтар медиҳад. Дар дигар мавридҳо истифодаи эмулятори терминал беҳтар аст.

Эмулятори терминал. Вазифаи асосии эмулятори тер- минал дар экран инъикос намудани матни барномаҳо мебошад. Барномаҳои xterm ва kon ole маъмултарин эмуляторони терминал ба ҳисоб мераванд.

Барои дар экран инъикос намудани равзанаи терминал кифоя аст, ки аз менюи асосии KDE категорияи Системавӣ ва банди Терминал интихоб карда шавад. Ин амалро бо ёрии нишонаи дуюми (Равзанаи терминал) лавҳаи замимаҳо боз ҳам зудтар иҷро намудан мумкин аст. Одатан ин нишона тасвири монитор ва пингвин (рамзи СА Linux) ё монитор ва садафи харчанги баҳриро ( hell — морская раковина) дорад.

Бо кушодашавии равзанаи терминал, ки онро равзанаи амрӣ ё қабати амалиётӣ ( hell) низ мегӯянд, дар майдони кории он даъватномаи  hell (одатан рамзи $) пайдо мегардад. Фармонҳо пас аз даъватнома дохил карда мешаванд. Барои иҷрои онҳо кардан лозим аст. Иҷрокунандаи интерпретатори)  hell тугмаи фармонҳо Enter-ро пахш тафсиргари (интерпретатори)  hell мебошад.

Натиҷаи иҷрои фармонҳо дар экрани терминал инъикос меёбад ва даъватномаи  hell аз нав интизори дохилкунии фармони навбатӣ мегардад.

Тафсиргари фармонҳо —  hell вазифаи интерфейси байни истифодабаранда ва системаи амалиётиро иҷро менамояд. Фармонҳое, ки бо ёрии сатри амрӣ (ё равзанаи терминал) дохил карда мешаванд, аз тарафи  hell қабул ва таҳлил шуда, ҳамчун дастур ба системаи амалиётӣ интиқол дода мешаванд.

Равзанаи терминалро танҳо ҳангоми фаъол буданаш барои дохил намудани фармонҳо истифода бурдан мумкин аст. Агар давоми матни фармони дохилшавандаро ягон зерматни

стандартӣ ташкил медода бошад, он гоҳ пахши тугмаи Tab ба амали дохилкунӣ ҳукми анҷом мебахшад. Пахши дукаратаи ин тугма ба пайдошавии рӯйхати «давомҳои» имконпазири фармон меоварад. Азбаски Linux системаи амалиётии чанд- масъалаӣ аст, бинобар ин равзанаи амриро нопӯшида низ, якчанд равзанаи дигари терминалиро кушодан ё дар реҷаи заминавӣ якчанд супоришро иҷро намудан мумкин аст. Барои дар реҷаи заминавӣ амалӣ намудани фармон зарур аст, ки пас аз номи фармон аломати & ҳамроҳ карда шавад.

Сохтори фармонҳо. Фармонҳои Linux сохтори муайян доранд. Намуди нисбатан умумии онҳо command key  param  аст, ки дар ин ҷо command — номи фармон, key  — калидҳо ва param  — параметрҳои фармонро ифода мекунанд. Номи фармон, калидҳо ва параметрҳо аз ҳамдигар ба воситаи мавқеи холӣ (пробел) ҷудо карда мешаванд. Фармон метавонад на калид ва на параметр дошта бошад, яъне вай танҳо аз номи фармон иборат бошад. Калидҳои фармон бо аломати «-» оғоз меёбанд. Пас аз ин аломат як ё якчанд ҳарф оварда мешавад.

Пас аз дохил намудани матни фармон ва пахши тугмаи Enter  hell онро мехонад ва бо чунин ном вуҷуд доштан ё надоштани фармонҳоро месанҷад. Дар мавриди дар рӯйхат мавҷуд набудани ин гуна фармон  hell оид ба ғалат будани ин навиштаҷот иттилоъ медиҳад. То пахши тугмаи Enter, бо

истифода аз тугмаҳои Back pace дохилшавандаро таҳрир кардан мумкин аст. Комбинатсияи тугмаҳои Ctrl ва  имконият медиҳад, ки фармон (сатр) ҳазф ё аз нав дохил карда шавад. Барои фавран боздоштани иҷрои фармони нодуруст дохилкардашуда аз комбинатсияи тугмаҳои Ctrl ва 10 истифода бурдан лозим аст. Агар дар як сатр якчанд

фармонро дохил кардан зарур бошад, он гоҳ онҳоро бо ёрии аломати ; (нуқта-вергул) ҷудо мекунанд. Масалан, фармонҳои date; cal ба экран аввал санаи рӯз ва баъд тақвими моҳи ҷориро мебароранд.

Мисол:

Фармони l  (аз калимаи англисии li t) барои ба экран баровардани рӯйхати парвандаву зерҷузвдонҳои ҷузвдони ҷорӣ хизмат ме- намояд. Фармони l  -l рӯйхати парвандаҳоро бо иттилооти иловагӣ ба экран мебарорад. Ба сифати параметрҳои ин фармон номи парвандаву ҷузвдонҳо истифода шуда метавонанд. Масалан, дар фармони l  -l /home/ tud/g5312/ l  — фармон, -l — калид ва /home/ tud/g5312 — параметр аст.

Агар мо ҳангоми дохил намудани қисми фармон — l  -l / t тугмаи Tab-ро пахш кунем, он гоҳ дар экран l  -l / tud/ пайдо мешавад. Пахши дукаратаи Tab бошад, ба экран вариантҳои имконпазири давоми фармонро инъикос менамояд.

Суроғаивазкунӣ. Тавре қайд кардем, дар СА Linux ҳамаи парвандаҳо сохтори ягона доранд, яъне аз пайдарпайии байтҳо иборатанд. Аз ин рӯ, парвандаи дилхоҳро озодона нусхабардорӣ ва ё ба дигар парванда пайваст (ҳамроҳ) намудан мумкин аст. Чунин тарзи ташаккулдиҳии парвандаҳо дар амалиёти ворид ва содир намудани додаҳо низ татбиқи худро ёфтааст. Аслан дар СА Linux додаҳо ва тамоми қисмҳои берунаи компютер низ парванда ҳисобида мешаванд.

Ҳар гуна маълумоти тавассути сафҳакалид воридшаванда ва бо ёрии ягон фармон ё барнома хориҷшаванда аз ягон миқдори муайяни пайдарпайии байтҳо иборат аст. Маҷмӯи маълумоти дохилшаванда дар СА Linux воридоти стандартӣ ва хориҷшаванда — содироти стандартӣ ном доранд.

Дар СА Linux суроғаивазкунӣ ба таври васеъ татбиқ карда мешавад. Масалан, содироти стандартиро тавре ташкил кардан мумкин аст, ки иттилоот дар экран инъикос наёфта, танҳо дар парванда сабт карда шавад. Барои суроғаи амали хориҷкуниро тағйир додан аломати > (калон) хизмат мерасонад. Пас аз ин аломат номи парвандае, ки содирот ба вай равона карда шудааст, нишон дода мешавад.

Мисол: l  >li t_dir

Амали суроғаивазкунии содирот ҳамеша ба эҷоди парвандаи нав ё азнавсабткунии парвандаи мавҷуда меорад. Агар содиротро бо ягон парвандаи маълум пайвастан зарур бошад, он гоҳ аз оператори >> истифода мебаранд. Дар ин маврид маълумот ба охири парванда ҳамроҳ карда мешавад.

Барои иттилооти дохилшавандаро на аз сафҳакалид, балки аз парванда хондан суроғаивазкунии воридоти стандартиро ба ҷо овардан лозим аст. Оператори суроғаивазкунии воридоти стандартӣ намуди аломати < (хурд)-ро дорад. Амалҳои суроғаивазкунии воридот ва содироти стандартиро якҷоя истифода бурдан мумкин аст.

Саволҳо:

  1. Кадом замимаи Linux барои ҷустуҷӯи парвандаҳо хизмат мерасонад?
  2. Вазифаи менюи зерматнӣ аз чӣ иборат аст?
  3. Дар кадом мавридҳо истифодаи сатри амрӣ аз эмулятори терминал самараи беҳтар мебахшад?
  4. Тафсиргари фармонҳо —  hell кадом вазифаро иҷро мекунад?
  5. Сохтори фармонҳои Linux чӣ гуна аст?

Супориш:

  1. Тарзи истифодаи замимаи KFind-ро бо мисоли мушаххас фаҳ- монед.
  2. Бо навбат равзанаҳои сатри амрӣ ва эмулятори терминалро дар экран инъикос намоед ва бартарию камбудии онҳоро номбар кунед.
  3. Намуди умумии фармонҳои Linux-ро нависед ва онро маънидод кунед.

Маводҳои ҳамсон