Равзана ва абзори виростори графикии таълимӣ

Ба дигарон равон намоед

Ба сифати виростори графикии таълимӣ — виростори графикии «Paint»-po дида мебароем.

Барномаи Paint — виростори графикии одӣ (утилити махсуси функсионалӣ), барномаи стандартии СА MS Windows мебошад. Барномаи мазкурро MS Paint ё Microsoft Paint низ ном мебаранд. Бо ёрии Paint ҳам тасвирҳои графикии сода ва ҳам нисбатан мураккабро сохтан ва таҳрир кардан мумкин аст.

Гарчанде афзорҳои кории ин барнома имкониятҳои васеи сохтани расмҳои дараҷаи касбиро надошта бошанд ҳам, вале донистани тарзи истифодаи онҳо, метавонанд ҳамчун дониши пойгоҳии тасвирсозӣ, ҳангоми татбиқи виросторони графикии пуриқтидор, ба монанди Foto Shop, Corel Draw ва дигар барномаҳои графикӣ, аҳамияти калон пайдо намоянд. Барномаи Paint, тавре аллакай медонем, виростори таълимии графикаи растрӣ буда, барои коркарди тасвирҳои нуқтавии форматҳои «.jpg», «.gif» ё «.bmp» пешбинӣ шудааст.

Тасвирҳои бо ёрии Paint сохташударо дар намудҳои монохромӣ ё ранга дар парвандаҳои графикӣ нигоҳ медоранд, тавассути чопгар дар коғаз чоп мекунанд, дар дигар навъҳои санадҳо (масалан, санадҳои матнӣ) мегузоранд ва ҳатто ба сифати заминаи пойгоҳии мизи кории компютер истифода мебаранд.

Равзанаи виростори таълимии графикии Paint — воситаи асосии расмкашии барномаи мазкур ба ҳисоб меравад. Намуди умумии равзанаи виростор дар расми зерин оварда шудааст.

Тавре аз расм дида мешавад, дар равзанаи Paint ба мисли равзанаҳои барномаҳои матнии муҳити СА Windows ба ғайр аз майдони корӣ, лавҳаи ҳолатнамо ва тасмаҳои тобдиҳии уфуқию амудӣ боз ба сифати ҷузъҳои ҳатмии равзана — сатри сарлавҳа, сатри меню ва тасмаи абзори менюи барнома дида мешавад.

Сатри менюи барнома ҳамагӣ аз се банд — Парванда (Файл), Асосӣ (Главная) ва Намо (Вид) иборат аст. Вобаста ба банди фаъоли менюи барнома, тасмаи абзори графикии он шакл, миқдор ва мазмуни афзорҳои кории худро ба он мувофиқ мегардонад. Афзорҳои бандҳои меню вобаста ба характери кориашон дар блокҳои алоҳида гурӯҳбандӣ карда мешаванд.

Намуди равзанаи дар расми болоӣ овардашуда ҳангоми фаъол будани банди Асосӣ (Главная)-и менюи MS Paint аксбардорӣ гардидааст. Тасмаи абзор дар ин маврид аз 7 блок — Буфери мубодила (Буфер обмена), Тасвир (Изображение), Абзор (Инструменты), Мӯқаламҳо (Кисти), Шаклҳо (Фигуры), Ғафсӣ (Толщина) ва Рангҳо (Цвета) иборат аст. Дар ҳар як блок маҷмӯи муайяни афзорҳои зарурӣ барои сохтан, кор карда баромадан ва интиқол додани қисми тасвир ё кулли тасвир (объект, иттилоот)-и графикӣ гурӯҳбандӣ карда шудааст. Шакл ва таъйиноти афзорҳои асосии расмкашии барномаи Paint дар расми зерин оварда шудааст:

Афзорҳои блоки Буфери мубодилаи Paint айнан ба мисли ҳамин гуна блоки протсессори матнии MS Word кор мекунанд.

Афзорҳои блоки Тасвир барои ҷудо кардани соҳаи муайяни тасвир, тағйир додани андозаи он, таҳти ягон кунҷ тоб додани он, буридани қисми он ва дигар амалҳо пешбинӣ шудаанд.

Ҷузъҳои блокҳои Абзор ва Мӯқаламҳо асосан барои иҷрои амалҳои расмкашӣ хизмат мекунанд. Афзорҳои ин блокҳо — қалам, мӯқаламҳо бо андозаҳои гуногун, хатпоккунак, миқёсгир, матнгузор, рангпуркунак ва ғайра мебошанд.

Андоза ва дараҷаи ғафсии ҷузъҳои объекти графикиро тавассути афзорҳои блоки Ғафсӣ тағйир додан мумкин аст. Ҷузъҳои маҷмааи рангӣ дар блоки Рангҳо муттаҳид гардонида шуда, барои интихоб намудани ранги пойгоҳӣ (асосӣ) ва ранги заминаи тасвир хизмат мерасонанд.

Афзорҳои блоки Шакҳо барои дар тасвирсозӣ татбиқ намудани шаклҳои тайёри геометрӣ, рангпуркунӣ ва тағйирдиҳди хатҳои ҳудудии онҳо истифода бурда мешаванд.

Банди Парванда (Файл)-и менюи барномаи Paint барои кушодан, бастан, сохтан, нигоҳ доштан, чоп кардан ва дигар амалиёти вобаста ба корбурди парвандаҳои графикӣ пешбинӣ шудааст. Тарзи корбарӣ бо афзорҳои банди Парвандаи барномаи графикии MS Paint бо тарзи кори афзорҳои банди Парвандаи барномаи матнии MS WordPad қариб якхела аст.

Ҳангоми фаъол будани банди Намо (Вид)-и менюи барномаи Paint тасмаи абзори меню шакли зеринро қабул мекунад.

Афзорҳои тасма, дар ин маврид, барои тағйир додани миқёси равзана, намудор ва ноаён гардонидани хаткашҳои равзана, тӯри хатӣ, сатри ҳолатнамо ва дигар амалҳои вобаста ба тағйир додани намуди зоҳирии равзанаи барнома хизмат мерасонанд.

Пеш аз оғози кор бо афзорҳои Paint мо бояд андозаи тақрибии расми сохташавандаро муайян кунем. Андозаи расм бо ёрии майдончаҳои Бар (Ширина) ва Баландии (Высота) равзанаи робитавии Хосиягҳои тасвир (Свойства изображения) муайян карда мешавад, ки он тавассути зербанди Хосияпцои (Свойства) банди Парвандаи менюи барнома кушода мешавад.

Вохдди ченаки андоза метавонад дюйм, сантиметр ё нуқта бошад. Ҳангоми коркарди экрании тасвир мо бояд ба ҳайси ченаки тасвир — нуқта ва ҳангоми чопи расм дар коғаз — сантиметрро интихоб намоем.

Тамоми амалҳои марбут ба расмкашӣ дар дохили андозаи интихобшудаи майдони кории равзанаи барнома анҷом дода мешавад.

Саволҳо:

  1. Виростори графикии Paint чӣ гуна барнома аст? Барои чӣ онро виростори таълимӣ қисобидан мумкин аст?
  2. Вазифаҳои виростори Paint аз чӣ иборат аст?
  3. Равзанаи Paint кадом вазифаҳоро иҷро мекунад?
  4. Ҷузъҳои ҳатмии равзанаи Paint чӣ ном доранд?
  5. Сатри менюи барномаи Paint аз чанд банд иборат аст? Онҳо чӣ ном доранд ва барои иҷрои кадом амалҳо пешбинӣ шудаанд?
  6. Блокҳои тасмаи абзори банди Асосии менюи Paint чӣ ном ва чӣ вазифа доранд?
  7. Андозаи тасвирро дар равзанаи Paint чӣ тавр муайян ва тағйир додан мумкин аст?

Супоришҳо:

  1. Равзанаи барномаи графикии «Paint»-po кушоед ва онро бодиққат муоина намоед.
  2. Бандҳои сатри менюи «Paint»-po бо навбат фаъол гардонед ва афзорҳои онҳоро пай дар пай пахш намуда, таъйиноти вазифавии онҳоро ба хотир гиред.
  3. Андозаи тасвири компютериро муайян кунед ва бо истифода аз афзорҳои кории Paint ягон расми дилхоҳи худро кашед.
  4. Ба расми худ ягон ном интихоб кунед ва онро дар шакли парвандаи графикӣ дар хотираи компютер нигоҳ доред.

Маводҳои ҳамсон