Равзана

Ба дигарон равон намоед

Равзана муҳимтарин чузъи системаи амалиётии Microsoft Windows ба ҳисоб меравад. Маҳз ба ифтихори ҳамин мафҳум номи системаи амалиётӣ — Windows гузошта шудааст.

Тамоми объектҳои асосии СА — ҷузвдонҳо, барномаҳо ва санадҳои компютерӣ дар шакли равзанаҳо кушода мешаванд. Ҳатто тугмаи одитарини СА низ як навъ равзана аст. Аз ин лиҳоз, равзанаи объектро ҳамчун нишонаи кушодаи объект тасаввур кардан мумкин аст.

Равзана соҳаи росткунҷаи экран мебошад. Дар баъзе ҳолатҳо равзанаҳои ғайриросткунҷа низ вомехӯранд. Дарунмояи дискҳо, ҷузвдонҳо, барномаҳои фаъол, санадҳои сохташаванда ва инчунин дархостҳо ва паёмҳои системаи амалиётӣ дар равзанаҳои худ кушода мешаванд. Афзорҳои равзанаҳо имконият медиҳанд, ки объекти кушодашуда идора карда шавад.

Дар системаи амалиётии Microsoft Windows якчанд намуди равзана мавриди истифода қарор доранд: мизи корй, диск, ҷузвдон, барнома, санад ва ғайра.

Равзанаи асоситарини СА равзанаи Мизи корӣ мебошад, ки мо аллакаӣ бо он шиносоӣ пайдо кардаем. Бо ёрии равзанаи Мизи корӣ тамоми корбурди компютерй, аз оғоз то анҷоми кор, амалӣ гардонида мешавад. Ба воситаи объектҳо ва ҷузъҳои идораии равзанаи Мизи корӣ тамоми дискҳои компютер, ҷузвдонҳо, барномаҳо ва санадҳои дар он маҳфузбуда дастрас ва идора карда мешаванд.

Равзанаҳои дискҳои компютерӣ ва ҷузвдощои онҳо барои инъикоси дарунмояи ин объектҳо хизмат мерасонанд. Равзанаҳои барномаҳо (замимаҳо) бошанд, раванди кори барномаҳоро инъикос менамоянд. Дар дохили равзанаҳои онҳо равзанаҳои санадҳои бо ёрии ин барномаҳо сохташуда кушода мешаванд.

Равзанаҳои санадҳо танҳо дарунмояи худи санадҳоро инъикос менамояд. Ин гуна равзанаҳо менюи хусусӣ надоранд. Азбаски равзанаи санадҳо дар дохили равзанаи барномаҳо кушода ва ҷойгир мешаванд, бинобар ин, барои идоракунии онҳо аз афзорҳои барномавӣ истифода мебаранд. Дарунмояи

ҳар як равзанаи санад дар парвандаи алоҳида ҳифз (нигаҳдорй) карда мешавад.

Тамоми равзанаҳои объектҳои Windows сохтори ягона дошта, бо сабки якхела ороиш дода шудаанд. Онҳо ҳамчунин дорои ҷузъҳои идории умумӣ буда, тарзи истифодаашон низ амалан якхела аст. Ҷузъҳои асосии равзанаҳои объектҳои системаи амалиётиро сатри сарлавҳа, сатри меню, тасмаи абзор, майдони корӣ, тасмаҳои тобдиҳӣ ва лавҳаи ҳолатнамо ташкил медиҳанд. Намуди умумии равзанаи объекти СА дар расми поёнӣ оварда шудааст.

Номи объект дар мобайни сатри сарлавҳаи равзанаи он дарҷ карда мешавад. Дар қисми рости сатри сарлавҳа се тугмаи амрие ҷойгиранд, ки барои ғункунӣ, паҳнкунӣ дар тамоми экран ва пӯшидани равзана хизмат мерасонанд. Равзанаҳои ғуншударо, ки дар лавҳаи масъалаҳои системаи амалиётӣ ба нишона табдил меёбанд, бо пахши муш аз нав дар экран намудор кардан мумкин аст.

Равзанаи ҳар як объекти СА дорои сатри менюи хусусӣ буда, вобаста ба хусусиятҳои объектҳо онҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Масалан, ҳеҷ гоҳ миқдори бандҳои менюи

равзанаҳои дискҳо, ҷузвдонҳо ва барномаҳои татбиқӣ амалан наметавонад баробар ва якхела бошад. Равзанаи санадҳо умуман сатри меню надорад. Вале сатри менюи объекти дилхоҳ дорои бандҳои умумитарини Парванда (Файл), Асосӣ (Главная) ва Намо (Вид) мебошад.

Тасмаи абзори равзана ба истифодабаранда имконият муҳайё месозад, ки суръати корашро тезонад. Дар тасмаи абзор одатан афзорҳое ҷой дода мешаванд, ки онҳо барои корбарӣ зуд-зуд истифода мегарданд. Афзорҳои тасмаи абзор шакли нишона дошта, вобаста ба фаъолияти банди мушаххаси меню рӯйи кор меоянд. Ҳангоми интихоби банди дигари меню мувофиқан тасмаи абзор низ дар экран иваз карда мешавад.

Аз номи майдони корӣ ҳувайдост, ки он барои корбарӣ пешбинӣ шудааст. Майдони корӣ қисми калонтарини равзанаи объектро ташкил медиҳад. Масалан, дар майдони кории ҷузвдон, маъмулан, нишонаҳои зерҷузвдонҳо ва парвандаҳои ҷузвдони мазкур ҷой дода мешаванд. Дар майдони кории барномаи (виростори) матнӣ бошад, варақи коғаз рӯйи кор меояд.

Тасмаҳои тобдҳии уфуқӣ ва амудӣ ҷузъҳои мунтазам намоёни равзанаи объект нестанд. Онҳо ба таври худкор, вақте дар равзана пайдо мешаванд, ки агар иттилооти дарунмояи объект аз бар ё баландии майдони кории равзанаи он берун монад.

Лавҳаи ҳолатнамои равзанаи объект дар қисми поёнии равзана ҷой дода мешавад. Ин ҷузъи равзана доир ба вазъи объект иттилооти хидматӣ инъикос менамояд.

Бо равзанаҳои барномаҳо мо дар мавзӯъҳои минбаъда шинос хоҳем шуд. Ин ҷо доир ба сохтор ва ҷузъҳои идории равзанаи ҷузвдонҳо суҳбати худро идома медиҳем.

Равзанаи ҷузвдонҳо. Ҳамаи масъалаҳои вобаста ба истифодаи замимаҳо, хориҷкунии иттилоот, дастраскунии

руихати парвандаҳо ва ғаира ҳалли худро дар дохили ин е он равзанаи ҷузвдонҳо меёбанд.

Дар расми поёнӣ тасвири равзанаҳои ду ҷузвдон дар СА Windows 10 оварда шудааст. Ҷузвдони якум — ҷузвдони системавии «Program Files (х86)» буда, ҷузвдони дуюм — ҷузвдони хусусии «Информатика барои МО (2017)» мебошад.

Тавре аз расм дида мешавад, равзанаи ҷузвдон аз якчанд қисм иборат мебошад. Ҳар кадоми ин қисмҳо барои иҷрои ин ё он амали бо объектҳои равзанаи ҷузвдон алоқамандбуда пешбинӣ шудааст. Объектҳои асосии равзанаи ҷузвдонро одатан нишонаҳои зерҷузвдонҳо, парвандаҳои алоҳида ва тамғаҳои ҷузвдонҳову парвандаҳо ташкил медиҳанд.

Чорчӯбаи равзана барои тағйирдиҳии андозаи он хизмат мерасонад. Барои калон ё хурд кардани андоза мушнаморо ба яке аз канорҳои равзана чунон гузоштан лозим аст, ки он шакли       -ро гирад. Масалан, агар мушнаморо ба канори

поёнии равзана чунон гузорем, ки он шакли |ft~|-po гирад, он гоҳ тугмаи чапро пахшкунон худи мушро ба самти боло ё поён мелағжонем. Дар ин маврид андозаи равзана низ, мувофиқан, ба самти амудӣ хурд ё калон мешавад. Барои мутаносибан тағйир додани андоза бошад, мушнаморо ба яке аз кунҷҳои

равзана чунон бояд гузошт, ки он шакли \J ё / ]-ро гирад. Тағйирдиҳии андозаи равзана ё кушодану пӯшидани онро бо ёрии тугмаҳо низ анҷом додан мумкин аст.

Дар як вақт якбора якчанд равзанаро кушодан мумкин аст, вале дар ҳар як лаҳзаи вақт танҳо бо яке аз онҳо ягон амалро иҷро кардан имконпазир мебошад.

Намуди дигари равзанаҳои бештар мавриди истифода қароргирифтаи системаи амалиётӣ равзанаҳои робитавӣ (диалогӣ — dialog box) ном доранд.

Ин намуди равзанаҳо барои барқароркунии робитаҳои навъи «компютер-истифодабаранда», содир кардани ҳар гуна иттилооти зарурӣ ва қабул кардани ҷавоб аз истифодабарандаи компютер пешбинӣ шудаанд. Зарурати истифодаи равзанаҳои робитавии СА Microsoft Windows ҳангоми кор бо барномаҳои татбиқӣ ва худи системаи амалиётӣ пайдо шуда метавонад. Маъмулан онҳо барои танзимкунй, интихоби тарзи амалиётгузаронӣ ё тасдиқоти ягон дархости барномавӣ истифода мешаванд. Ба равзанаҳои робитавӣ равзанаҳои паёмии системаи амалиётиро низ дохил кардан мумкин аст.

Саволҳо:

  1. Равзана чист?
  2. Шакли геометрии равзанаҳо чӣ гуна аст? Барои чй?
  3. Равзана бо нишона чӣ алоқамандӣ дорад?
  4. Чанд намуди равзанаи системаи амалиётиро номбар карда метавонед?
  5. Барои чӣ мизи кории системаи амалиётиро равзанаи асоситарин меноманд?
  6. Вазифаи равзанаҳои дискҳои компютерӣ ва ҷузвдонҳо аз чӣ иборат аст?
  7. Равзанаи барнома аз равзани ҷузвдон чӣ фарқ дорад? Аз равзанаи санад чй?
  8. Оё ҷузъҳои идории равзанаҳои объектҳоро номбар карда метавонед? Вазифаҳояшонро чй?
  9. Оё андозаи равзанаи объектро тағйир додан мумкин аст? Чӣ тавр?
  10. Равзанаи робитавӣ аз равзанаи объект чӣ фарқ дорад?

Супоришҳо:

  1. Дар мавзӯъҳои «Равзанаҳои системаи амалиётй» ва «Ҷузъҳои идории равзанаҳои СА» ду нақли хаттӣ нависед.

Равзанаи ҷузвдони хусусии худро бодиққат омӯзед ва объектҳои дохили онро бо ёрии ҷузъҳои идории равзана ва менюи матнӣ ба танзим оред.

Маводҳои ҳамсон