Рангуборкунӣ

Ба дигарон равон намоед

Вазифаи асосии виросторони графикӣ аз расмкашӣ ва бо рангҳои гуногун ороиш додани тасвирҳои графикӣ иборат мебошад. Бо афзорҳои тасвирсозӣ, шаклҳои тайёри геометрӣ ва технологияҳои расмкашӣ мо дар мавзӯъҳои гузашта шиносоӣ пайдо намуда будем. Ҳоло бо тарзҳои интихоб ва истифодаи рангҳои тайёри палитраи рангҳо, усулҳои рангҳамроқкунӣ ва рангсозиҳои хусусӣ шинос хоҳем шуд.

Мафҳуми рангубор яке аз мафҳумҳои асосии виросторони графикӣ ба ҳисоб меравад. Бо мафҳуми рангубор иҷрои амалҳои сохтани контурҳои рангаи объектҳои графикӣ, заминаҳои онҳо, рангпуркунии сатҳи объектҳо ё қисмҳои алоҳидаи онҳо ва инчунин дигар амалҳои вобаста ба истифодаи рангҳо алоқаманд мебошанд.

Рангуборкунии компютерӣ шабеҳи рангуборкунии воқеии рассомиро дорад. Дар ҳарду маврид низ барои офаридани ягон мусаввара аз афзорҳои расмкашӣ ва рангуборкунӣ — қалам, мӯқалам, хатпоккунак, палитраи (маҷмӯи) рангҳо ва дигар воситаҳои тасвирсозӣ истифода бурдан лозим меояд.

Афзорҳои рангуборкунии виростори графикии Paint дар блоки Рангҳо (Цвета)-и тасмаи абзори банди Асосии менюи ин барнома ҷой дода шудаанд. Бо ёрии абзори ин блок ранги асосии контур (Ранги 1 — Цвет 1) ва заминавии (Ранги 2 — Цвет 2) тасвир, палитраи Рангҳо (Цвета) ва «Рангсозиҳои хусусӣ» (Изменение цветов)-ро интихоб ва тағйир додан имконпазир мебошад.

Бо тарзҳои аз палитраи рангҳо интихоб намудани ранги зарурӣ, рангпуркунӣ ва рангтағйирдихди объектҳои графикии омодагардида ва дигар амалҳои вобаста ба истифодаи рангҳо, дар аснои сохтан ва таҳриркунии тасвирҳо, мо аллакай шинос шуда будем. Аз ин рӯ, ҳоло

диққати асосиро ба технологияи тағйирдиҳии палитраи рангҳои виростор равона месозем.

Ҳамин тариқ, тавре маълум шуд, истифодабарандаи компютер имконият дорад, ки барои эҷодкорона офаридани мусаввараи худ, бо роҳи омехтагардонии рангҳои асосии палитра соҳиби тамоман рангҳои дигар гардад. Барои ин, бояд аз воситаҳои зербанди «Рангсозҳои хусусӣ» (Изменение цветов)-и блоки Рангҳо (Цвета)-и тасмаи абзори менюи барномаи Paint истифода бурд. Ҳангоми интихоб ва пахши зербанди «Рангсозиҳои хусусӣ» дар экран равзанаи робитавии «Тағйири палигпра» (Изменение палитры) пайдо мешавад (расми поёнӣ, аз тарафи чап).

Аз расм дида мешавад, ки майдони кории равзанаи «Тағйири палитра» аз ду блоки рангзахиракунӣ — «Рангҳои асосӣ» (Основные цвета) ва «Рангҳои иловагӣ» (Дополнительные цвета), 6 зерблоки блоки рангсозӣ — Тобиш (Оттенок), «Ранги муцобш» (Контраст), Равшанӣ (Яркость), Сурх (Красный), Сабз (Зеленый), Кабуд (Синий) ва 3 тугмаи амрӣ — Ок, Лагв (Отмена) ва «Иловакунӣ ба маҷмӯъ» (Добавить в набор) иборат аст.

Рангҳои хусусӣ бо усули пахшкунӣ ба болои қатори (спектри) рангҳои тарафи рости майдони кории равзана ва интихоби тобиши мувофиқи рангҳо сохта мешаванд. Барои татбиқ намудани амали рангсозӣ, аввал дар блоки «Рангҳои иловагӣ» макони гузоштани ранги зарурӣ (яке аз катакҳои блок)-ро муайян карда, баъд аз қатори рангҳои тарафи рости майдони корӣ ранги мувофиқро интихоб менамоянд ва тугмаи амрии «Иловакунӣ ба маҷмӯъ»-ро пахш мекунанд. Дар натиҷа, ранги интихобшуда дар катаки муайянгардидаи

блоки «Рангҳои иловагӣ» намудор мешавад. Интихоби рангҳои дигар низ пай дар пай бо ҳамин тартиб амалӣ гардонида шуда (расми болоӣ, аз тарафи рост), катакҳои блок бо навбат пур карда мешаванд.

Ҳангоми интихобкунии ранги хусусии дилхоҳ дар зерблокҳои Тобиш, «Ранги муцобпл», Равшанӣ, Сурх, Сабз ва Кабуди блоки рангсозӣ ба таври худкор рамзҳои рақамии хосиятҳои ранги мазкури интихобшуда пайдо мешаванд.

Рангуборкунии тасвирҳо бо истифода аз блоки «Рангҳои иловагӣ» айнан ба мисли блоки «Рангҳои асосӣ» амалӣ гардонида мешавад. Пахши тугмаи амрии Ок ба амали рангсозӣ ҳусни анҷом бахшида, пахши тумаи Лагв бошад, ин амалро бекор мекунад.

Яке аз хосиятҳои тасвир — имконияти ҳалкунандагӣ ном дорад. Тасвирҳое, ки ба воситаи виросторҳои графикӣ сохта мешаванд ё бо истифода аз сканер аксбардорӣ мегарданд, бо ёрии миқдори нуқтаҳо дар як дюйм (dpi) чен карда мешаванд. Масалан, барои он ки тасвир дар экран инъикос ёбад, бояд имконияти ҳалкунандагии он на камтар аз 72 dpi бошад. Барои дар коғаз чоп кардан бошад, имконияти ҳалкунандагии тасвир набояд аз 300 dpi кам бошад. Бузургии ҳалкунандагии тасвир дар парвандаи он нигоҳ дошта мешавад.

Тобишҳои рангӣ. Ҳангоми тасвирсозӣ дар компютер, ба ғайр аз донистани андозаи тасвир, инчунин донистани миқдори рангҳои дар парванда рамзбандшуда бисёр мухим мебошад. Ранги ҳар як пиксели тасвир бо миқдори муайяни бипцо рамзбандӣ карда мешавад. Вобаста ба миқдори битқои рамзи ранги пиксел, тарзҳои гуногуни рамзбандиҳои рангӣ рӯйи кор омадаанд. Масалан, агар барои рамзбандии ранги пиксел як бит иттилоот ҷудо шавад, он гоҳ дар он танҳо ё ранги сафед (1) ё ранги сиёҳ (0)-ро ҷойгир намудан имконпазир аст. Ин гуна рамзбандиро – рамзбандии  монохромӣ мегӯянд.

Миқдори иттилоотеро, ки барои рамзбандии ранги нуқтаи тасвир истифода бурда мешавад, амиқии ранг меноманд.

Амиқии рангҳои тасвирҳои ранга бо ёрии 4, 8, 16 ё 24 бит чен карда мешаванд. Масалан, агар дар рамзбандии нуқтаи тасвир 4 бит иттилоот истифода шавад, он гоҳ бо ёрии комбинатсияи рақамҳои дуии 0000, 0001,.. .,1111 шонздаҳ (24= 16) ранги гуногунро рамзбандӣ кардан имконпазир мегардад. Дар мавриди истифодаи 8 бит — 28=256 (аз 00000000 то 11111111) ранги гуногунро рамзбандӣ кардан мумкин аст.

Айнан ҳамин тавр, ҳангоми ченкунии амиқии рангҳои тасвири рангаи 16-бита, имконияти рамзбандии 216=65536 ранг ва 24-бита — 224=16777216 ранг, тобиш ва сояҳои рангиро рамзбандӣ кардан муҳайё мегардад. Чунин иқтидорҳои рангӣ барои таъмин намудани олитарин фаъолияти касбии дилхоҳ рассоми моҳир басанда аст. Дар ин мавридҳо, рамзбандии 16-битаро рамзбандии рангҳои баланд (high colors) ва 24-битаро рамзбандии рангҳои асил (true colors) ном мебаранд.

Тарзи ба компонентҳои асосӣ тақсим намудани рангҳоро амсилаи рангӣ меноманд. Дар графиксозии компютерӣ се амсилаи рангӣ — RGB, CMYK ва HSB истифода бурда мешавад.

Амсилаи рангии RGB — усули аз ҳама маъмули рамзбандии рангҳо мебошад. Дар ин амсила дилхоҳ ранг бо ёрии комбинатсияи тобишҳо ва ҷилои се ранги асосӣ — сурх (red), сабз (green) ва кабуд (blue) сохта мешавад. Қимати тобиши ҳар яке аз ин се ранг як байт (ададе аз фосилаи 0 то 255) ғунҷойиш дорад. Аз амсилаи RGB бештар дар рангсозии экрани мониторҳо ва телевизорҳои хонагӣ истифода мебаранд.

Аз амсилаи рангии CMYK вақте истифода мебаранд, ки агар тасвирро дар коғаз чоп кардан (рангсозиҳои типографӣ) лозим бошад. Рангҳои таркибии (асосии) амсилаи CMYK — рангҳои осмонӣ (cyan), гулобӣ (magenta), зард (yellow) ва сиёҳ (black) ба ҳисоб мераванд. Ин рангҳо дар натиҷаи аз ранги сафед кам намудани тобиши рангҳои таркибии амсилаи RGB ҳосил мешаванд.

Амсилаи рангии HSB. Агар амсилаҳои RGB ва CMYK тамоюли техникӣ дошта бошанд, пас амсилаи рангии HSB

тамоюли зеҳнӣ дорад, яъне он барои рушди истеъдод равона гардидааст. Ин амсила дорои се компонент мебошад:

  • тобиш (hue — тон) — шакли мушаххаси зуҳури ранг;
  • пуррагӣ (saturation — насыщенность) — шиддати серии тобиши ранг;
  • дурахши ранг (brightness of the colour — яркость цвета) — дараҷаи баландии ҷилои ранг.

Дар амсилаи рангии HSB қимати ранг ҳамчун векторе, ки аз маркази доира ибтидо мегирад, интихоб карда мешавад. Нуқтаи марказии доира ранги сафед ва нуқтаҳои сарҳадии он рангҳои шаффоф доранд. Равиши вектор тобишҳои рангиро муайян сохта, бо дараҷаҳои кунҷӣ ифода карда мешавад. Дарозии вектор пуррагии рангро ифода менамояд. Дурахши ранг бо ёрии тири алоҳида тасвир карда мешавад.

Рассом асари бадеии худро аввал бо ёрии амсилаи HSB эҷод карда, баъд вобаста ба он ки онро дар экран ба намоиш мегузорад ё дар коғаз (матоъ) чоп менамояд, бо ёрии яке аз амсилаҳои RGB ё CMYK онро ба ҳадаф мутобиқ мегардонад.

Саволҳо:

  1. Шумо мафҳуми рангуборро чӣ гуна шарҳ дода метавонед?
  2. Рангуборкунии компютерӣ аз рангуборкунии воқеӣ чӣ фарқ дорад?
  3. Афзорҳои рангуборкунии виростори графикии Paint дар кадом қисми тасмаи абзори барнома ҷойгир шудаанд?
  4. Палитраи рангҳо гуфта, чиро мефаҳмед?
  5. Оё палитраи рангҳои виростори графикиро тағйир додан мумкин аст? Чӣ тавр? Тарзи ҳосил намудани рангҳои хусусии виросторро тавзеҳ диҳед.
  6. Имконияти ҳалкунандагии тасвир чист? Тобиши рангӣ чй? Амиқии ранг чй?
  7. Кадом амсилаҳои рангиро номбар карда метавонед? Онҳо аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?

Супоришҳо:

  1. Равзанаи «Paint»-po кушода, бо афзорҳои рангуборкунии объектҳои графикӣ аз наздик шинос шавед.

Парвандаи «Расмҳои шашуми ман дар Paint»-po фаъол гардонед ва бо истифода аз афзорҳои рангуборкунии дар мавзӯъ овардашуда тасвирҳои онро бо рангҳои гуногун ороиш диҳед ва натиҷаҳоро бо номи «Расмҳои ҳафтуми ман дар Paint» аз нав сабт намоед.

Маводҳои ҳамсон