Резина чаро меёзад (дароз мешавад)?

Ба дигарон равон намоед

Резина чизест, ки аз латекс ном масолеҳ тайёр карда шудааст. Латекс шираи як навъи рустаниҳост, ки пас аз кашидан, фишурдан ва қат кардан ҳам хусусияти боз ба ҳолати аввала баргаштанро дорад. Ин чиз хусусияти эластикӣ (чандирӣ) ё ёзандагӣ дорад. Резина ёзанда аст, бинобар ин, метавонад ҳангоми кашидан канда нашавад ва шаклаш низ тағйир наёбад. Ёзандагӣ хусусияти масолеҳи муайян буда, бо ҳамин аз ашёи дигар фарқ мекунад. Зеро қисме аз ашё шакли аввалаи худро барқарор карда наметавонанд ва онҳоро ашёи сахт меноманд.

Маводҳои ҳамсон