Сабткунии тасвир ва коркарди минбаъдаи он

Ба дигарон равон намоед

Тасвири бо ёрии виростори графикӣ омодашавандаро пас аз лаҳзаҳои муайяни вақт мунтазам дар хотираи компютер нигоҳ доштан лозим аст. Сабаби мунтазам сабт кардани марҳалаҳои гуногуни тасвирсозӣ, танҳо барои пешгирӣ намудани нобудшавии тасодуфии қисмати кори анҷомёфта

зарур мебошад.

Мусаввара (иттилооти графикӣ)-ро дар хотираи компютер дар шакли парвандаи графикӣ нигоҳ доштан мумкин аст. Барои дар шакли парванда сабт кардани мусаввара зербандҳои «Нигаҳдорӣ»

(Сохранить) ва «Нигаҳдорӣ ҳамчун»

(Сохрашггь как)-и банди Парванда (Файл)-и тасмаи абзори менюи барномаи Paint

хизмат мерасонанд. Барои дафъаи аввал сабт намудани мусаввара, тамоман фарқ надорад, ки аз кадомин афзор — «Нигаҳдорӣ» ё «Нигаҳдорӣ ҳамчун» истифода бурда мешавад. Дар ҳарду ҳолат ҳам равзанаи робитавии «Нигаҳдорӣ» (Сохранение) рӯйи кор меояд (расми поёнӣ).

Вазифаи равзанаи робитавии «Нигаҳдорӣ» аз муайян кардани ҷузвдон (макони нигаҳдорӣ)-и фарогирандаи тасвир, ном ва навъи (формати) парванда иборат мебошад. Ҷузвдони зарурӣ ё ба воситаи пай дар пай кушодани ҷузвдонҳои волидӣ (дискҳо) дастрас карда мешавад ё бевосита дар дохили ягон ҷузвдон, ҷадидан, сохта мешавад.

Дар ҳар сурат, пас аз интихоб намудани ҷузвдони зарурӣ дарунмояи он дар майдони кории равзанаи «Нигаҳдорӣ» намудор мегардад. Ин амал ифодагари он аст, ки парвандаи ҷорӣ маҳз дар дохили ҳамин ҷузвдон нигоҳ дошта хоҳад шуд. Вале, амалҳои номбурда танҳо пас аз пахши тугмаи амрии «Сабт карда шавад» (Сохранить)-и равзана татбиқ мегарданд. Пахши тугмаи амрии Лагв (Отмена) бошад, иҷроиши амали сабткуниро бекор мекунад.

Номи парвандаи сабтшаванда дар ҷузвдони кушодашуда бо ёрии майдончаи «Номи парванда» (Имя файла) ва

формати он бо ёрии майдончаи «Навъи парванда» (Тип файла)-и равзанаи «Нигаҳдорӣ» ба қайд гирифта мешаванд. Ҳамин ки парвандаи графикӣ соҳиби ном ва навъ гашт, сабтҳои минбаъдаи он танҳо тавассути афзори У — Нигаҳдорӣ (дар банди Парвандаи меню ё Сатри сарлавҳаи равзана) амалӣ гардонида мешаванд.

Аз зербанди «Нигаҳдорӣ ҳамчун»-я банди Парванда бошад, минбаъд вақте истифода мебаранд, ки агар парвандаи мазкурро ё бо номи нав ё бо навъи (формати) дигар дар ҳамон ҷузвдон ё ҷузвдони

тамоман дигар нигоҳ доштан лозим бошад (расми болоӣ). Зербанди мазкур ҳамеша ба истифодабаранда имконият муҳайё месозад, ки ӯ парвандаро дар форматҳои графикӣ (PNG, JPEG, BMP, GIF) ё форматҳои дигар (расми тарафи рост) нигоҳ дорад. Тавре аз иттилооти дохили расм бармеояд, барномаи Paint ба истифода-барандаи компютер форматҳои гуногуни корбарии нигоҳ доштани парвандаи графикиро пешкаш менамудааст.

Парвандаи графикии сабтшударо бо тарзҳои гуногун аз нав кушодан мумкин аст. Усули маъмули кушодани парвандаи графикӣ — истифодаи зербанди «Кушода шавад»

Монохроыный рисунок [*.bmp;*.dib] 16-цветныӣ рисунок [*.bmp;*.dib] 256-цветный рисунок [*.bmp;*.dib]

24-разрддный рисунок (*.bmp;*.dib]

 (Открыть)-и банди Парвандаи тасмаи абзори менюи барномаи Paint мебошад. Пас аз пахши зербанди мазкур дар экран равзанаи робитавии Кушодан (Открытие) пайдо мешавад, ки тарзи истифодаи он айнан ба мисли равзанаи

«Нигаҳдорӣ» мебошад.

Парвандаи бо ёрии виростори графикии Paint омодагардидаро натанҳо таҳрир кардан ва тағйир додан, балки бо истифода аз зербандҳои дигари банди Парвандаи тасмаи абзори менюи барнома дар коғаз чоп намудан, бо почтаи электронӣ интиқол

додан ва ба заминаи мизи кории системаи амалиётӣ табдил додан имконпазир мебошад. Иҷрои амалҳои мазкур кори

чандон душвор нест.

Масалан, ҳангоми интихоби зербанди «Ба заминаи мизи корӣ табдш дода шавад»

(Сделать фоном рабочего стола) барнома се тарзи ҷойгиркунии тасвири парвандаиро дар экран

пешкаш менамояд: фаро гирифтани тасвир ба паҳнои экран, пур кардани экран бо нусхаҳои тасвир ва инъикос намудани тасвир дар маркази экран. Натиҷаҳои татбиқи тарзҳои мазкури ҷойгиркунии мусаввара дар мизи корӣ, мувофиқан, дар расми зерин оварда шудаанд.

Саволҳо:

  1. Барои чӣ тасвирҳои омодашавандаро мунтазам дар хотираи компютер сабт кардан лозим аст?
  2. Кадом воситаҳо ва афзорҳори дар хотираи компютер нигаҳдории иттилооти графикиро медонед? Тавзеҳ диҳед.
  3. Парвандаи графикиро чӣ тавр кушодан мумкин аст?

Супоришҳо:

  1. Равзанаи барномаи «Paint»-po кушоед ва бо тамоми зербандҳои банди Парвандаи тасмаи абзор шинос шавед.
  2. Зербандҳои «Нигаҳдорӣ» ва «Нигаҳдорӣ ҳамчун»-к банди Парвандаро бо навбат фаъол гардонед ва фарқи онҳоро шарҳ диҳед.
  3. Тасвирҳои дар расми тарафи рост овардашударо бо истифода аз афзорҳои графикӣ кашед, рангубор кунед, бо номи «Расмҳои нуҳуми ман дар Paint» дар хотираи компютер сабт кунед ва ҳарду мусаввараи рангуборшударо ҳамчун замина ба мизи корӣ гузоред.

Маводҳои ҳамсон