Санҷиши вақт

Ба дигарон равон намоед

Агар пурсанд: ”Чист он, ки биноҳои ободро хароб гардонад, кӯҳҳои сардарфалакро ба хок яксон кунад, шоҳони абарқудратро ба қаъри чоҳи таърих афканад?”, бигӯ, ки… Ку бигӯ, чист?

Агар пурсанд: “Чист он, ки шу­мо, навомӯзони аҷибтарин илм — физикаро рафта-рафта дунёбин ва оламфаҳм гардонад?”, бигӯ, ки… Чист?

Мо медонем, ки ту, хонандаи азиз, медонӣ, ки ин чист ва мегӯӣ:

Вақт аст ин, вақт, ки ободҳоро хароб мегардонад ва эҳё мекунад, нотавоноро абарқудрат мегардонад ва вожгун месозад, моро донову тавоно мегардонад, ба шарте, албатта, ки илмҳои табиатшиносиро аз сари сидқ биомӯзем, забону адаб биомӯзем, маънавияти худро ҳарчи ғанитар гардонем ”… Оре вақт аст он. Замон аст. Аммо чист вақт?

Олими амрикоӣ Р.Фейнман (1918-88), ки соҳиби баландтарин мукофоти илмӣ — ҷоизаи Нобел буд, гуфтааст:

“Напурсед маро, ки чист вақт. Ин ба дараҷае мушкилот дорад, ки дар борааш ҳатто фикр рондан душвор аст.”

Агар ба ин гуфтаҳову хулосаҳо бовар надошта бошед, ихтиёр доред. Аммо танбалӣ накарда, фикр давонед, ки вақт чист? Фикр ронед, андеша кунед. Он гоҳ хоҳед фаҳмид, ки вақт асроромезтарин падида аст. Вақт ба худии худ чун як чиз вучуд надорад ва берун аз чизҳову рӯйдодҳо, берун аз ҳаракату оромиши чизҳо эҳсос шуда наметавонад.

Оре, эҳсоси вақт дар шуури мо дар заминаи мушоҳидаи тағйироти олами атроф пайдо мешавад.

Оё шумо андеша кардаед, ки як мева хеле оҳиста мепазад ё меваи дигар боз ҳам дертар мерасад? Вале меваҳо дер ё зуд — яке пештар, дигаре дертар, дерпазтариншон то охири тирамоҳ мепазанд, лек додарчаи шумо бисёр оҳиста бузург мешавад, то ки шуморо аз ле-ле-пе-пе карданҳову бозӣ доронданҳои ҳаррӯза фориғ гардонад. Аз сӯйи дигар, падидаҳое рӯй медиҳанд — мисли барқ, ки муддати бисёр кӯтоҳ мепоянд. (Ибораи «барқвор гузашту рафт» аз ҳамин ҷост)…

Мегӯянд, ки ҷараёни вақт сӯйи оянда нигаронида шудааст. Ин аз маънии мафҳумҳои замони гузашта, замони ҳозира ва замони оянда бармеояд. Аммо, он сон ки вақт баргаштнопазир аст (ба он маънӣ, ки дар тири замон ақиб рафта, бо Ибни Сино сӯҳбат доштан ё ба хидмати Ҳаким Фирдавсӣ расидан илоҷ надорад), мисли ҳамин, замони ояндаро пас гардонидан, яъне, масалан, чавонӣ ёфтан имкон надорад.

Илоҷ надорад — на ба пулу мол, на бо ҷоҳу ҷалол (!)

Яъне вақт ақиб намегардад, онро ақиб гардонидан имкон надорад. Ин бо он алоқаманд аст, ки рӯйдодҳои физикӣ сӯйи ақиб чараён намегиранд, яъне баргаштнопазиранд.

Дар давраҳои гуногун барои ифода кардани вақту замон мафҳумҳои гуногун ба миён омадаанд — саргузашт, гоҳ, дер, лаҳза, замони гузашта, умр, аср, замони оянда, абадийят ва ғ., ки ҳар якеи онҳо маънӣ, мавқеъ ва дарозои ба худ хос дорад. Биёед, пеш аз ҳама бинем, ки ба сифати воҳиди вақт чӣ муддате пазируфта шудааст.

II

Воҳиди вақт. Бидонед, ки аз мафҳумҳои ҳазорсола, аср, сол, моҳ, ҳафта, рӯз, соат, дақиқа ва сония фосилаи кӯтоҳтарин сония аст (ки бо ҳарфи с ишорат мешавад): 1с, 2 с, 60 с ва ғ.

Дар Манзумаи байналмилалии воҳидҳо (SI) ба сифати воҳиди вақт ҳамин сония (1с) қабул шудааст. 1с ба 9192631770 даври тобиш (даври нурафканӣ)-и мутобиқи гузариши байни ду ҳолати муайяни атоми сезий-133 баробар аст, яъне муддати ҳамчени 9192631770 ларзиши атоми сезий-133 баробари 1 с гирифта шудааст. Ин таъриф он гуна хубӣ дорад, ки ба тағйироти дарозии соли нуҷумӣ вобаста нест.

Маъмултарин ченакҳои вақт — сол, шабонарӯз ё худ шаборӯз (шр), соат (ст), дақиқа (дақ) ва сония (с) байни худ чунин бастагӣ доранд:

1сол = 365,25 шр (тақр.);

1шр = 24 ст;

1ст = 60 дақ;

1дақ = 60 с.

Аз ин ҷо бо ҳисобукитоби сода дидан осон аст, масалан, ки як сол чанд сония ё ин ки як шабонарӯз чанд дақиқа аст.

Шумо шояд бидонед, ки чаро 1 сол на ба адади томи рӯзҳо, балки ба 365 рӯзу боз чоряк рӯзи дигар баробар аст (шаборӯзро мухтасаран “рӯз” ҳам меноманд). Гап дар он аст, ки ҳанӯз дар ибтидои солшумории милодӣ сокинони қисмати чанубии Ироқ як солро (ба маънои як соли тақвимӣ) иборат аз 360 шр медонистанд, ки саҳеҳ набуд ва бино бар ин, мисриёни ҳамон давра бар он 360 рӯз боз 5 рӯзи дигар зам карданд. Аммо дар ин сурат адади рӯзҳои сол ба адади моҳҳо — 12 бе бақия тақсим намешавад. Ҳамин ва баъзе чиҳатҳои дигар буд, ки моҳҳоро 30 ё 31 рӯз, вале февралро 28 рӯз доданд.

Баъдтар равшан гашт, ки 365 рӯз ҳам барои ифода кардани дарозии соли тақвимӣ (ё ба гуфти Абурайҳони Берунӣ — соли  табии) дақиқ нест. Аз ин рӯ, зарур омад, ки як рӯзро чор тақсим карда, дарозии як соли томро ба ҳаракати солиёнаи Офтоб мутобиқ созанд. Абурайҳони Берунӣ дар асари машҳури худ “Китоб-ут-тафҳим” овардааст:

“Соли табиӣ иборат аст аз он муддат, ки андар ӯ як бор гардиши
гармо ва сармо ва кишту зеҳ ба тамомӣ бувад… Ва андозаи ӯ сесаду
шасту панҷ рӯз аст ва касрӣ аз чаҳоряки рӯз камтар”.

Миқдори рӯзҳои солро Берунӣ с.1016 дар Гурганҷ муъайян кардааст. Адади кунунии рӯзҳои соли табиӣ — 365,25 рӯз аз гуфти Берунӣ фарқ надорад. Аммо ҳозирҳо адади рӯзҳои сол, чунон ки мегӯянд, касрӣ нест: ҳамон чаҳорякрӯзиҳоро аз с.1584 ба ин сӯ ҳар соли чаҳорум (соле, ки ба 4 бе бақия тақсим шавад), дар шакли як шабонарӯзи том бар моҳи феврал зам мекунанд. Дар ин гуна сол моҳи феврал 29 рӯз мегирад — ин гуна солро соли кабиса ва тақвими дар заминаи он эҷодшударо тақвими григорӣ мегӯянд (ба исми бобои калисои католикии Рум Григории ХШ, ки с.1582 амр бар ислоҳи тақвим кардааст).

III

Соат (мутолиаи озод). Оё шумо аз дарсҳои табиатшиносӣ ва мавзӯъҳои то ин дам мутолиашудаи ин китоб медонед, ки сайёраи мо-Замин гирди Офтоб мегардад ва ин гардиш пас аз ҳар 365 шр 5 ст 48 дақ 46 с (ё дурусташ 31556926,9747с =        1 сол) такрор мешавад. Метавон гуфт, ки манзумаи иборат аз Офтобу Замин ва гирди Офтоб гардиш хӯрдани Замин як навъ соатест, ки аз рӯйи он шумори солҳои гузаштаро ба ҳисоб овардан мумкин аст.

Моҳ низ аз ҷиҳати нишон додани гузашти замон ва шумориши соли қамарӣ, ба гуфти Шамси Табрезӣ, паймонаи умр аст. Ногуфта ҳам фаҳмост, ки ин “соатҳо” барои баён кардани давраҳои таърихӣ, даврони салтанати подшоҳон, замони зисти одамон, синну сол ва м.ин. хеле созгоранд, вале барои ифода кардани муддати вақти хӯру хоб, кор ва м.ин. муносиб нестанд. Дар ин мавридҳо на сол, балки рӯзу соату дақиқа мувофиқтаранд.

Аз ин рӯ, асбобе сохтан лозим омад, ки асосан соатшумор ва дақиқашумор бошад — ин гуна асбоб соат ном гирифт. Нахустин соатҳо соатҳои офтобӣ буданд. Ду навъи онҳо дар рас. 1.35 тасвир ёфтааст. Аз рӯйи ин сурат “кори” ҳам соатҳои офтобӣ ва ҳам соатҳои обиву регборро бе шарҳ фаҳмидан осон аст.

Ҳамчунин, бояд фаҳмо бошад, ки ҳамаи ин соатҳо чандон дақиқ нестанд — онҳо вақту соатро ба дурустии то чанд дақиқа нишон медиҳанду бас. Муддати кори онҳо низ маҳдуд аст. Аз ин нигоҳ дурустии соатҳое зиёд аст, ки дузъи асосии гашти онҳо дар рас. 1.36 тасвир шудааст. Дар ин гуна соат гашти чархи дандонадор чархи дангро амали якҷояи санги 3 ва ованги 2 низом медиҳад: санг дар чархи данг овезон аст ва онро ҳамеша сӯйи поён кашида медорад. Дар лаҳзаи аввали ба кор даровардани соат овангро андак такон додан зарур аст. Он гоҳ ованг меҷунбад ва лангари бо худ ҳамбастаи 4-ро низ ҷунб медиҳад он гоҳ чархи данг муддати кӯтоҳе аз “чанголи” лангар озод шуда, аз кашиши санги соат қадре гардиш мехӯрад — он гоҳ чархи данг дандони лангар ва якҷо бо он овангро данг (такон) медиҳад (номи чархи данг аз ҳамин дост).

Сипас, дандони дигари лангар рӯрӯйи сатҳи ду дандонаи чархи данг латзида, дар назди нӯки он дармемонад; он гоҳ ованг ақиб мегардад ва лангар лаҳзаи кӯтоҳе қарор гирифта, аз чархи данг зарб мехӯрад — дар натиҷа лангар аз “чанголи” чархи данг раҳо мешавад ва соат “Тик!” мегӯяд. Аз лаҳзаи ақиб гаштани ованг сар карда, ҳамаи ин амалҳо такрор мешаванд ва соат боз “Тик!” мегӯяд. Фосилаи ду “Тик”-и соъат муддати як дунби овангро ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, тиктики соат шумори вақт аст.

Масъала. Муддати байни тиктикҳо (ё як даври лаппиш)-и соати ованги 0,5 с аст. Ованги ин гуна соат дар 3 дақ чанд лаппиш мехӯрад?

Ҳал. Азбаски 3 дақ баробари 180 с аст, пас, ованг дар ин муддат 180с 5с = 360 бор лаппиш мехӯрад. (Поёни ҳал).

Акнун бори дигар вазифаи санги соати овангиро пеши рӯ оварда, гӯед, ки оё ин гуна соат дар шаройити бевазнӣ, масалан, андаруни киштии кайҳоние, ки гирди Замин гардон аст, кор карда метавонад?

Масъалаи дигар. Чи гуна соат сохтан мебояд, ки дар шаройити бевазнӣ вақтро дуруст нишон диҳад?

Ҳал. Соати овангӣ дар шаройити бевазнӣ “кор намекунад”. Сабаб ин аст, ки дар шаройити бевазнӣ санги соъат низ мисли чизҳои дигар бевазн мешавад ва чархи данги соъати овангдорро дар ҳоли кашида (сӯйи поён) нигоҳ дошта наметавонад. Чора чист? Илоҷ ку?

image38Фикр кунед. Ба ҷойи санги соат олатеро ба кор бурдан мебояд, ки вазифаи сангро ба ҷо биёрад, яъне чархи дангро дар ҳоли кашида нигоҳ дорад, мисли он, ки камон зеҳи худро кашида медорад. Камон кор медиҳад, аммо имкони кам дорад. Илоҷи дигар истифодаи фанар (пружин)-и пӯлодини печида аст, ки ба меҳвари қуттии махсус дар ҳоли кашида печонида шудааст ва вазифаи борсанги 3-и рас. 1.36-ро адо мекунад. Аз ин ҳисоб “раққосак” ном олати соат (рас. 1.37) гоҳ як сӯ ва гоҳ сӯйи дигар тоб хӯрда, гашти соъатро низом медиҳад.

Сипас, соъатҳое сохта шудаанд, ки дар онҳо ба сифати манбаъи такондиҳанда батареҷа ё ҷараёни барқ истифода мешавад. Лек соатҳои механикии раққосакдор он гуна бартарӣ доранд, ки бо девор, бо санги овезон ё бо манбаъи барқ «побанд» нестанд ва дар таги дарёву тори ҳаво тиктики худро кардан мегиранд.

Сониясанҷ. Ин ҳам асбоби санҷиши вақт аст. Шумо онро дар лабораторияи физика ё дар дасти муъаллими варзиш дидаед. Сониясанди одитарин дар рас. 1.38 тасвир шудааст. Ин гуна олат, маъмулан, барои чен кардани фосилаҳои замонии баробар ба 30 дақ (ва) ё 60 дақ сохта мешавад ва вақтро бо сонияҳо ва ҳиссаҳои сония менамояд.

IV

Дурустии санҷиши вақт (мутолиаи озод). Ба рас. 1.35 зеҳн монед. Кадом соъат хубтар аст — соъати обӣ, регбор ё ягон соъати офтобӣ? Кадом навъи соъат вақтро дақиқтар нишон медиҳад?

Посух ба он вобаста аст, ки мо дар кадом вақти шабу рӯз кадом навъи соатро ба кор мебарем ва чӣ гуна фосилаҳои вақтро чен кардан мебояд. Фосилаҳои чанддақиқаинаи вақтро бо соъати регбор рӯзу шаб санҷидан мумкин аст, ҳол он ки соъатҳои офтобӣ шабонгаҳ ва рӯзҳои беофтоб кор намеоянд. Соъати обӣ шабу рӯз кор карда метавонад, вале оби истифодашудаи онро дам ба дам боло бароварда, ба махзани аввал рехтан зарур аст — ин амалҳо дараҷаи дурустии вақтсанҷиро кам мекунанд. Аз ин рӯ, соъати овангӣ хубтар аст.

Замоне ки соъатҳои раққосакдор пайдо шуданд, имкон фароҳам омад, ки вақтро ба дурустии то даҳяки сония чен кунанд. Аммо ин дарадаи дурустӣ (0,1 с) ҷавобгӯйи талаботи имрӯз нест. Ин ҷо мисоле овардан кофист: Дар мусобиқаи давандагӣ доваронро гоҳо зарур меояд, ки варзишгари пирӯзро аз рӯйи натиҷаҳои ба ҳам хеле наздик муайян кунанд. Чунончи, дар мавриди бо натиҷаҳои паймуда шудани фосилаи 100 м доварон, ҳарчанд чашми тез дошта бошанд ҳам, ғалат карда метавонанд, зеро чашми инсон фосилаҳои вақтеро, ки аз якдигар ба қадри камтар аз 0,04с фарқ доранд, ҷудо-ҷудо дида (ташхис карда) наметавонад.

Дар ин мавридҳо соате даркор аст, ки ҳиссаҳои ҳазоряки сония (0,001 с)-ро ҷудо карда тавонад.

Хушбахтона, ин гуна имкони физикӣ вудуд дорад: соатҳое сохта шудаанд бо номи соатҳои электронӣ, кварсӣ ва атомӣ, ки дар онҳо ба ҷойи ҷунбишҳои раққосак ё ованг ларзишҳои андаркварсӣ (ларзишҳои даруникварсӣ) ё ларзишҳои атомӣ истифода мешавад. Бо соати атомӣ фосилаҳои вақтро ба дурустии то даҳтриллионяки сония (10-13 с) ва бо соъати кварсӣ ба дурустии то даҳмиллиардяки сония (10-10 с) чен кардан муяссар мегардад. Ин гуна соатҳо дар муддати садҳо ва ҳазорҳо сол ба қадри на бештар аз 1с «ғалат мекунанд». Ба гуфти дигар, соъати кварсӣ дар 1000 сол танҳо 1с пеш меравад ё ақиб мемонад. Соати атомӣ бошад, садҳо бори дигар дақиқтар “кор мекунад”.

Ба таъкид мегӯем, ки нишондоди соъат ба худии худ маъно надорад ва дар сурате маъно мегирад, ки лаҳзаи аввали ҳисоби вақт маълум бошад, яъне, танҳо фарқи ду нишондоди соъат маънии муъайян дорад ва замони байни ду рӯйдод дараёии вақтро ифода мекунад.

Вақт бузургии физикии якчена аст, яъне барои ифода кардани он як тири координатӣ кофист. Вақт аз замони гузашта сӯйи замони оянда ҷараён дорад — инро мо дар шакли рас. 1.39 ифода кардаем.

Дар кори ҳама навъҳои соат ду ҷиҳат муҳим аст:

ба таври даврӣ такрор шудани ҷунбиши ованг ё ин ки раққосак, ларзиши атомҳо ва м. ин. ва низоми муъайян доштани он рӯйдодҳо.

1. Оё шумо медонед, ки 1 сол чанд сония дорад?

  • Шумо медонед, ки шаб чисту рӯз чист. Аммо оё медонед, ки шабонарӯз (шаборӯз) чист?
  • Моҳ гирди Замин дар 29,5 шр як бор давр мезанад — ин муддат як моҳ ном дорад.

Пас, чарост, ки 30 рӯзро ҳам 1 моҳ мегӯянду 31 ё 28 ва 29 рӯзро ҳам?

  • Соъатҳои офтобй, обй ва регбор чандон дакик нестанд. Сабаб чист?
  • Оё соъати овангй дар шаройити бевазнй (чун даруни киштии кайҳоние, ки гирди Замин гардон аст) кор медиҳад?
  • Ин гуфтаи Абдураҳмони Ҷомӣ чӣ маънӣ дорад:

Гузашта чу мургест цаста зи дом,

Аз ӯ нест дар дасти ту гайри ном;

ин гуфтаи Низомии Ганҷавй чй: “Дору паси марг кай кунад суд?”

  • Оё шумо вакти ҳаррӯзаи худ, яъне ҳамон 24 соъатеро, ки ҳар шабонарӯз дар ихтиёр доред, дуруст истифода карда метавонед?

Оё шумо саҳархезй мекунед?

  • Ба тасвири соъати деворие зеҳн монед, ки дар саҳ. 67 омадааст.

Оё шумо метавонед бигӯед, ки он тасвир чй камиву костагй дорад?

  •  

Машк

Кори соъатро ба хубӣ фаҳм кунед, зеро ин до фикрати бисёр донишва- рон ва чандин кашфиёти илмӣ истифода шудааст. Шумо бояд

а)      бифаҳмед, ки бори овезон, яъне ҳамон санги соъат аз як такони ан- дак чанд муддат дунбиш мехӯрад. (Инро худи шумо сандида метавонед — барои ин бореро дар сари ресмони овезон баста, андак такон диҳед ва дунбишашро мушоҳида кунед);

б)      бифаҳмед, ки ин дунбиш ба дарадаи такон ва инчунин ба вазни бори сари ресмон бастагӣ надорад;

в) ва агар тавонед, дарк бикунед, ки муддати як лаппиши пурра кар- дани бори соъат бузургии собит аст (кашфи Г.Галилей, с.1583);

г)       дарк бикунед, ки барои дойиман «кор кардани» соъат ованги онро ҳамвора данг (такон) додан зарур аст ва асбобе, ки барои сандиши вақт сохта мешавад, бояд «ӯҳдадори» ҳамин данг доданҳо бошад;

ғ) аз рӯйи ин гуфтаҳо ба хулосае бирасед, ки падидаи дунбиши ованг- ро барои муъайян кардани муддати рӯйдодҳо, яъне барои сандидани вақт ба кор бурдан имконпазир аст.

Тасаввур кунед, ки вақтро ақиб гардондан имкон медошт. Он гоҳ шумо метавонистед, ки замони Сомониёнро бо чашми худ бубинед ва поягузо- рии давлати ононро (ҳеч набошад) наззора кунед;

ё ки бо қаҳрамони «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ Сиёвуши далер хокбозиву асптозӣ кунед;

ё ин ки аз алломаҳои Машриқзамин Абурайҳони Беруниву Абуъалӣ Сино китоб дустан ва илм андӯхтан биомӯзед;

аммо вақт, замон баргаштНОпазир ва такрорНОпазир аст.

Оё шумо наметавонед, ки дар заминаи баррасии ин «сайри таърихӣ» омӯзиши бунёди илмҳои мактабиро дар солҳои ояндаи талабагии худ тавре ба роҳ монед, ки дар охири давраи мактабхонӣ «соз нахондам» гуфта пушаймон нашавед?

Маводҳои ҳамсон