Сафҳакалид — афзори асосии ҳарфчинӣ

Ба дигарон равон намоед

Гарчанде дастгоҳҳои иттилоотворидкунандаи (input devices) компютер хеле зиёд бошанд ҳам, сафҳакалид дар байни онҳо мавқеи хоссаро ишғол мекунад. Сафҳакалид (keyboard — клавиатура) асосан афзори воридкунии иттилооти намуди ҳарфй-рақамӣ мебошад. Ҳар як тугмаи сафҳакалид сарпӯшеро мемонад, ки зери он калиди бениҳоят хурди мембранавӣ ҷойгир шудааст. Микропротсессори махсус, ки дар дохили сафҳакалид васл гардидааст, вазъи ин калидҳоро ба ҳисоб гирифта, пас аз ҳар як пахшкунию раҳокунии онҳо ба компютер маълумоти заруриро интиқол медиҳад. Ин гуна маълумот тавассути системаи амалиётӣ коркард мегардад ва натиҷаи он дар экрани монитор инъикос меёбад.

Миқдори тугмаҳои саҳфакалидҳои стандартӣ 101-104-то шуда метавонад. Дар расми зерин яке аз намудҳои сафҳакалиди компютери фардӣ тасвир ёфтааст.

Тавре аз навиштаҷоти болотугмаҳои дар расм овардашуда аён аст, ҳар як тугмаи сафҳакалид ё барои дохил кардани ягон аломат (ҳарф, рақам, аломати китобат) ва ё идоракунии ягон раванди бо воридоти аломатҳо алоқамандбуда пешбинй

шудааст. Аслан навиштаҷоти болотугмаҳо чандон аҳамият надорад, чунки вазифаи ҳар як тугмаи сафҳакалидро дар дилхоҳ маврид аз нав муайян кардан имконпазир аст. Дар чунин ҳолатҳо кифоя аст, ки аввал вазифаи тугмаҳоро мушаххас гардонем ва баъд навиштаҷоти болои онҳоро иваз кунем. Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар сафҳакалидро афзори ҳамакор (универсал)-и ҳарфчинӣ мегӯянд. Сафҳакалид метавонад дар як лаҳза афзори ҳарфчинии тоҷикй, дар дигар лаҳза — русй, англисй, хитой, арабӣ ва ғайра бошад.

Барои тоҷикигардонии сафҳакалид зарур аст, ки паӣ дар паӣ силсилафармонҳои зеринро амалӣ гардонем: Старт — Огоз^-Панелъ управления — Лавҳаи идоракунӣ^-Часы, язык и регион — Соат, забон ва минтақа ► Язык (Добавление языка) — Забон (Иловакунии забон) ► Добавитъ язык — Забон илова карда ьиаваб^- Тоҷыкӣ (Раскладка клавиатуры: Таджикская) —

Тоцикӣ (Тарҳбандии сафҳакалид: Тоҷикй).

Дар натиҷа афзори ҳарфчинӣ ба сафҳа- калиди тоҷикӣ му- баддал гашта, дар рӯйхати алифбоҳои ҷории Лавҳаи масъа- лаҳои мизи кории компютер алифбои забони тоҷикӣ (ТОҶ) низ илова мегардад.

Акнун, барои аз як забон ба забони ди- гар гузаштан кифоя

аст, ки аз рӯйхати алифбоҳои ҷорӣ номи алифбои забони зарурӣ (РУС, ENG, ТОҶ ва ғайра) интихоб карда шавад.

Азбаски алифбои забони тоҷикӣ ба гурӯҳи алифбоҳои кириллиасос дохил мешавад, бинобар ин тарзи ҷойгиршавии

ҳарфҳои он, ба ғайр аз шаш ҳарфи махсуси алифбои забони тоҷикй, бо тарзи ҷойгиршавии ҳарфҳои алифбои русӣ якхела мебошад. Шаш ҳарфи хоссаи алифбои забони тоҷикӣ дар тугмаҳои сафҳакалид нисбат ба ҳарфҳои англисӣ (русй) чунин ҷойгир карда шудаанд: ҳарфи ҷ дар тугмаи s (ы), ҳарфи қ дар тугмаи w (ц), ҳарфи ҳ дар тугмаи о (щ), ҳарфи ӣ дар тугмаи m (ь), ҳарфи ғ дар тугмаи _ (-), ҳарфи ӯ дар тугмаи + (=). Барои ҳосил намудани сарҳарфҳо (ҳарфҳои калон — Й, Ҷ, Қ, Ҳ, F, Ӯ), кифоя аст, ки тугмаҳои зикршуда якҷоя бо тугмаи Shift пахш карда шаванд.

Саволҳо:

  1. Сафҳакалид чӣ гуна афзор аст? Оё тарзи кори онро медонед? Барои чӣ онро афзори ҳамакор мегӯянд?
  2. Чӣ тавр сафҳакалидро тоҷикӣ гардонидан мумкин аст?
  3. Шаш ҳарфи хоссаи алифбои забони тоҷикӣ дар тугмаҳои сафҳакалид нисбат ба ҳарфҳои англисӣ (русй) чӣ гуна ҷойгир карда шудаанд?

Супорши: 1. Таҳти назорати омӯзгор бо истифода аз силсилафармон- ҳои компютерии Оғоз^Лавҳаи идоракупӣ► Соат, забон ва минтака^- Забон (Иловакунии забон) ► Забон илова карда шавад^Тоҷикӣ (Тарҳбандии сафҳакалид: Тоҷикй) — сафҳакалидро ба алифбои забони тоҷикӣ мутобиқ гардонед.

Маводҳои ҳамсон