Селектори функсияҳои ҶЭ Gnumeric

Ба дигарон равон намоед

Ҷадвали электронии Gnumeric дорои миқдори зиёди функ- сияҳои стандартӣ мебошад, ки тавассути онҳо ҳисоббарориҳои оморӣ, молиявӣ, муҳандисӣ ва математикиро анҷом додан мумкин аст. Яке аз афзорҳои муфиди интихоби функсияҳо — равзанаи робитавии Селектори функсияҳо (Селектор функций) ба ҳисоб меравад, ки вай бо пахши тугмаи ^х)-и лавҳаи афзорҳо ба экран ҷеғ зада мешавад.

ЭЗОҲ: Селектор — тақсимкунанда.

Дар қисми чапи равзана номгӯи категорияҳо ва рости он — рӯйхати мутааллиқ ба категорияи интихобшуда инъикос мегардад.

Ҳангоми интихоби функсияи мушаххас дар қисми поёнии равзана тасвир ва вазифаҳои вай пайдо мегардад. Пахши тугмаи I I равзанаи робитавии Селектори функсияҳоро мепӯшад ва равзанаи Ёвари формулаҳо (Помощник по формулам)-ро мекушояд. Бо ёрии ин равзана имконияти қимати аргументҳои функсияро дохил намудан пайдо мегардад. Пас аз пуркунии майдончаҳои равзана қимати онҳо ба таври худкор ба катаки мувофиқ ва сатри формулаҳо нусхабардорӣ мегардад.

Мисоли 1:

Ҳангоми ҳисобкунии қимати функсияи ада- ди тасодуфӣ равзанаи зерин пайдо мегардад ва пахши ҳардафъаинаи тугмаи F9 ба тавлиди қимати нави адади тасодуфӣ оварда мерасонад. Дар мавриди ба катакҳои гуногун нусхабардорӣ кардани ин формула ададҳои тасодуфӣи гуногун ҳосил мешаванд.

Мисоли 2:

Азбаски функсияҳои мантиқӣ ба шартгу- зориҳои гуногун во- бастаанд, бинобар ин татбиқи функсияи шартии IF-ро дида ме- бароем, ки вай инти- хобро вобаста ба ду- рустӣ ё нодурустии қи- мати ягон шарти гу- зошташуда амалй ме-

гардонад. Дар майдончаи Қимати 1 (Значение 1) — ифодаи мантиқӣ (шарт), Қимати 2 — натиҷаи дар катак ҳосилшавандаро ҳангоми иҷ- рошавии шарт ва Қимати 3 — натиҷаи дар катак ҳосилшавандаро ҳангоми иҷро нагардидани шарт дохил мекунанд.

Тавре қайд кардем, барномаи Gnumeric барои корбарӣ бо китобҳои кории чандварақа пешбинӣ шудааст. Формулаҳо дар ин барнома метавонанд ба иттилооти дигар ҷадвалҳои электронӣ истинод оваранд. Барои ин кифоя аст, ки тавассути майдончаи номи ҷадвалҳо ҷадвали заруриро интихоб намоем. Масалан, дар расми болоӣ формулаи ба дигар варақҳои корӣ истиноддошта оварда шудааст. Барои татбиқ кардани чунин формулаҳо, аввал дар катаки муайяни ҷадвал аломати баробарӣ дохил мекунанд. Баъд номи ҷадвали истинодиро интихоб карда, катаки зарурии онро пахш менамоянд. Сипас, амали пайваст- шавиро тавассути тугмаи й тасдиқ намуда, дохилкунии формуларо дар ҷадвали аввала давом медиҳанд.

Саволҳо:

  1. Бо ёрии функсияҳои стандартии ҶЭ Gnumeric ҳисоббарориҳои кадом соҳаҳои илмро анҷом додан мумкин аст?
  2. Интихоби функсияҳои стандартии Gnumeric тавассути кадом афзори он амалӣ карда мешавад?
  3. Вазифаи равзанаи робитавии Селектори функсияҳо дар чист? Намуди зоҳирии равзана ва ҷузъҳои онро тасвир намоед.
  4. Оё шумо тарзи бо ёрии формулаҳои барномаи Gnumeric ба иттилооти дигар ҶЭ истинод оварданро медонед?

Супориш:

1. Дар катаки В9-и ҷадвали зерин формулае истифода шудааст, ки мувофиқи он калимаи «Арзон» танҳо дар мавриди нархи харид аз 15 евро зиёд будан инъикос мегардад. Андозаи камкунии нархро 5% фарз карда, ба ҷадвал формулаҳои зеринро ҳамроҳ кунед:

Ҳангоми мавҷуд будани калимаи «Арзон», қимати катаки F9 бо пули евро ҳисоб карда шавад, ҳангоми набудан — катак холӣ гузошта шавад. Дар катаки F10 суммаи пардохт бо назардошти камкунии нарх ҷойгир карда шавад.

Маводҳои ҳамсон