Системаи амалиётии Linux

Ба дигарон равон намоед

Linux — системаи амалиётии озодасоси кушодаи чандистифодабарандаи компю- терҳои фардӣ буда, бо системаи шабакавии графикӣ-равзанавии X Windows system му-

ҷаҳҳаз аст. СА Linux дорои вариантҳои (дистрибутивҳои) хеле зиёд — Debian, RedHat,  u E, Mandrake, Knoppix, ALT Linux, A PLinux ва ғайра мебошад ва дар КФ IBM PC ва компютерҳои шабакавӣ ҳамчун системаи амалиётии асосӣ мавриди истифода

қарор дорад.

СА Linux бо стандарти системаҳои кушода ва протоколҳои шабакаи Интернет кор карда метавонад ва бо системаҳои амалиётии Unix, MS DOS ва MS Windows  ҳамҷоя мебошад. Ҳамаи қисматҳои системаро (аз ҷумла, матни рамзҳояшро) дар асоси иҷозатнома (литсензия) озодона нусхабардорӣ, паҳн ва дар миқдори дилхоҳи компютерҳо гузоштан мумкин аст. Маҳз барои ҳамин ҳам ин СА-ро системаи озодасос мегӯянд.

Linux (Линукс) дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта аз тарафи донишҷӯи донишгоҳи Хелсинки (Финляндия) Линус Торвалд сохта шудааст. Системаи амалиётии Linux ҳамчун варианти СА Unix барои КФ эҷод шудааст. Unix солҳои дароз аст, ки дар мэйнфрейму миникомпютерҳо ва истгоҳҳои

(стансияҳои) корӣ ба сифати СА-и асосӣ хизмат мерасонад. Linux аз Unix суръат ва самаранокиро ба мерос гирифта, қариб ҳамаи вазифаҳои СА DO  ва Windows -ро иҷро карда метавонад. Ҳангоми кор бо муш ҳар се тугмаи он истифода мешаванд. Тугмаи мобайнии мушро барои гузоштани қисмҳои матн истифода бурдан мумкин аст.

Аз нуқтаи назари иқтисодӣ Linux боз як бартарии дигари ҷиддӣ дорад. Вай системаи амалиётии ройгон (бепул) аст. Тибқи иҷо- затномаи умумии (генералии) шакли кушода — GNU, Linux дар доираи бунёди (фонди)

нармафзори озодасос (Free  oftware Foundation) паҳн карда мешавад. Онро ҳар як хоҳишманд дастрас карда метавонад.

Аз Unix ба Linux боз ду хусусияти шоёни дигар — чандкорбарӣ ва чандмасъалаӣ гузаштааст. Чандмасъалаӣ маънои дар як вақт иҷро намудани якчанд масъаларо дорад. Чандкорбарӣ бошад, чунин маъно дорад, ки тавассути терминалҳои алоҳида дар система якбора якчанд истифодабаранда кор карда метавонанд.

Арзиши дигари Linux аз он иборат аст, ки онро якҷоя бо Windows  дар як компютер гузоштан мумкин аст. Linux метавонад комютери дилхоҳро ба истгоҳи корӣ табдил диҳад.

Дар ҳоли ҳозир Linux-ро ҳамчун СА дар соҳаҳои тиҷорат, маориф ва барномасозии фардӣ истифода мебаранд. Вай дар ташкил намудани шабакаҳои иттиҳодиявӣ (корпоративӣ), марказҳои Интернет ва Web-серверҳо системаи амалиётии ивазнашаванда аст.

Linux метавонад аз якчанд намудҳои интерфейси графикӣ — KDE (K De ktop Environment), GNOME (GNU Network Model Environment) ва ғайра истифода барад. Дар ҳар яке аз ин қабатҳои барномавӣ истифодабаранда имконият дорад, ки якбора бо якчанд мизи корӣ сару кор дошта бошад. Ин бартариро дар дигар СА вохӯрдан ғайриимкон аст.

Хусусиятҳои СА Linux. Вақте сухан дар бораи Linux ҳамчун система меравад, доимо ягонагию ҳамбастагии ядро, қабати амалиётӣ, сохтори парвандаӣ ва утилитҳои он дар назар дошта мешавад.

Ядро — ин дили система аст. Барномаҳои он бевосита барои идоракунии сахтафзори компютер пешбинӣ шудаанд.

Қабати амалиётӣ ( hell), ки онро қабати графикии барномавӣ низ мегӯянд, интерфейси матнии корбар аст. Вай фармонҳои истифодабарандаро қабул карда, онҳоро барои иҷро ба ядро интиқол медиҳад. Қабати амалиётиро аз рӯйи зарурат ба танзим овардан мумкин аст. Дар таркиби қабати амалиётӣ ҳатто забони барномасозии махсус мавҷуд аст, ки онро барои тартиб додани сенарияҳо (скриптҳо) истифода мебаранд.

Барномаҳои (дастурҳои) стандартии системаи Linux-ро одатан утилитҳо мегӯянд. Бо мафҳуми сохтори парвандаӣ бошад, мо пештар шинос шуда будем. Ин сохтор дарахти ҷузвдонҳоро мемонад, ки дар навдаҳои он парвандаҳо ва зерҷузвдонҳои дигар ҷойгир шудаанд. Дарозии номи парвандаҳои Linux то 256 аломат шуда метавонад. Чун қоида номи парванда набояд бо нуқта сар шавад ва аломатҳои / * ?-ро дар бар гирад.

Истифодабаранда (корбар) — шахсест, ки бо СА кор мекунад. Барномаҳои татбиқии мавриди истифода қароргирифтаро равандҳо мегӯянд. Барои истифодабарандаи система шудан зарур аст, ки маъмури системавӣ номи дохилшавӣ (login) ва рамзи (pa  word) махфии шуморо ба қайд гирад. Номи дохилшавӣ — барои ба система ворид гаштани истифодабаранда ва рамзи махфӣ — барои ҳифз намудани номи дохилшавӣ аз истифодаи шахсони тасодуфӣ хизмат мерасонанд. Ҳангоми дохилкунии рамзи махфӣ вай дар экран инъикос намеёбад. Дарозии рамз бояд аз 6 аломат кам набошад ва 4-тои онро ҳатман ҳарфҳо ташкил диҳанд. Рамзи махфӣ бояд тавре

интихоб карда шавад, ки бахотиргирии он осон буда, дар таркибаш калимаҳои маъмули англисӣ вонахӯранд.

Барои ҳифзи мутлақи парвандаҳо, пас аз итмоми кор сеанси кориро пӯшидан лозим аст. Барои ин дар лавҳаи KDE-и қабати графикии KDE — пахши тугмаи •1 ё дар KDE2 — пахши тугмаи зарур аст. Ин амалро бо пахши сатри беууншави (Выйти) дар лавҳаи дар менюи асосии KDE (ё пахши тугмаи замимаҳо) низ ба сомон расонидан мумкин аст.

Муҳити графикии KDE. Барномаи қабатии KDE интерфейси пурра ва функсионалии истифодабарандаро муҳайё сохта, ӯро бо равзанаҳо ва меню, ки барои идораи парвандаҳо ва иҷрои барномаҳо заруранд, таъмин менамояд. KDE қабати стандартии дастуриро иваз наменамояд, вай танҳо истифодаи Linux-ро осон мегардонад. Дар асл KDE — ин лоиҳаи озод ва аз якдигар новобастаи садҳо лоиҳакаши дунё ба ҳисоб рафта, баҳри эҷоди мизҳои кории муосири танзимшаванда ва устувор, ки асосашонро архитектураи шабакавии компонентӣ ва шаффоф ташкил медиҳад, равона шудааст.

Варианти KDE 2.1 — муҳити кории пуриқтидори бо Интернет омезишёфтаи Linux мебошад. Дар ин варианти KDE ду барномаи нав — Konqueror ва KDevelop ҳамроҳ карда шудааст. Барномаи Konqueror — WWW-браузер ва менеҷери парвандаӣ мебошад. Барномаи KDevelop бошад, муҳити барномасозии такмилёфтаи KDE ба ҳисоб меравад. Ин вариант бо 33 забони ҷаҳон тарҷума шуда, зиёда аз 100 дастаи барномаҳои гуногунро дар бар мегирад.

Фармонҳоро, одатан, бо ёрии меню ё нишонаҳо дохил мекунанд. Агар онҳоро бо ёрии интерфейси сатри амрӣ дохил кардан лозим бошад, он гоҳ аз равзанаи қабати амалиётӣ ( hell) истифода мебаранд. Аз равзанаи  hell қабати барномавии Midnight Commander-ро низ ба кор даровардан мумкин аст, ки намуди зоҳирӣ ва тарзи кори он ба Norton Commander хеле шабоҳат дорад. Набояд фикр кард, ки кор бо парвандаҳо ва системаи парвандаии Linux танҳо тавассути сатри амрӣ амалӣ

гардонида мешавад. Менеҷери парвандаии Konqueror имконият медиҳад, ки аз воситаҳои замонавии кор бо парвандаҳо истифода бурда шавад. Вале донистани фармонҳо ба истифодабаранда имконият медиҳад, ки тамоми нозукиҳои СА Linux ба таври самарабахш азхуд карда шавад.

Саволҳо:

  1. Linux чӣ гуна СА аст? Вай аз тарафи кӣ ва кай эҷод шудааст?
  2. Кадом намунаҳои системаи амалиётии Linux-ро медонед?
  3. Linux аз Unix кадом хусусиятҳоро қабул кардааст?
  4. СА Linux аз Windows  ва MS DOS чӣ фарқ ва бартарӣ дорад?
  5. Кадом интерфейсҳои графикии Linux-ро медонед?
  6. Konqueror ва KDevelop чӣ гуна барномаҳоянд?

Супориш:

  1. Матни мавзӯъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Вазифаҳои СА Linux-ро мухтасар дар дафтар нависед ва бартариҳои онро дар муқоиса бо СА Windows  ва MS DOS номбар кунед.

Маводҳои ҳамсон