Пас аз нимаи дуюми солҳои 90-уми асри гузашта ҷойи СА MS DOS ва қабатҳои барномавии графикии он — Windows 3.1 ва Windows 3.11-ро муттасилан силсилаи сис- темаҳои амалиётии худмухтори M Windows —
Windows -95, Windows -98, Windows -NT, Windows -2000, Windows -Mu, Windows -XP, Windows -7 ва Windows -8 гирифтанд. Калимаи англисии «Windows » (виндовз) ба забони тоҷикӣ «тирезаҳо» ё «равзанаҳо» тарҷума мешавад. Барои чӣ ба ин система Windows ном гузоштанд? Барои он ки бо ёрии ин система дар экран ҳар як барнома дар дохили равзанаи худ тасвир карда мешавад. Бо ёрии ҷузъҳои равзанаҳо бошад, барномаҳо идора ва иҷро карда мешаванд.
Дар M Windows барои нигаҳдории парвандаҳо шакли мукаммалгаштаи системаи парвандаии NTF (New Technology File y tem — Технологияи нави системаи парвандаӣ) истифода мешавад. Номи парвандаву ҷузвдонҳо дар Windows то 256 аломат дошта метавонад. Ҳарфҳои хурду калони ном мутлақо аломатҳои гуногун ба ҳисоб мераванд.
Дар мавриди корбарӣ бо равзанаҳои СА Windows ва замимаҳои он аз манипулятори муш ба таври васеъ истифода мебаранд. Тугмаи чапи муш асосан дар ҷудокунии ҳиссаҳои матн ё объектҳои графикӣ, фаъол ё лағв намудани байрақчаҳои амрӣ, интихоби фармонҳои меню (рӯйхат, номгӯй) ё тугмаҳои тасмаи афзорҳо, корбарӣ бо ҷузъҳои идории равзанаҳои робитавӣ, ҷойгузини санадҳо ва объектҳои онҳо дар равзана ва ғайра мавриди истифода қарор дода мешавад. Тугмаи рости мушро бештар ҳангоми кушодани менюи зерматнӣ (кон- текстӣ) истифода мебаранд.
Тамғаҳои (ярликҳои) Windows барои аз қисмҳои гуногуни дискҳо бе нусхабардории муҳтавои парвандаҳо дастрас
намудани барномаву санадҳо хизмат мерасонанд. Дар мизи корӣ (равзанаи асосии Windows ) на танҳо нишонаи (пиктограммаи) замимаҳо ва санадҳои алоҳида, балки ҷузвдонҳо низ ҷойгир карда мешаванд.
Навоварии ҷиддие, ки СА Windows -95 нисбат ба системаҳои қаблӣ ворид намудааст, ин Лавҳаи масъалаҳои (Панель задач — Ta kbar) он дар мизи корӣ ба ҳисоб меравад. Гарчанде имкониятҳои функсионалии он чандон калон набошад ҳам, вале вай механизми чандсупориширо аёнӣ гардонида, раванди аз як замима ба замимаи дигар гузаштанро хеле тезонид. Ин навовариро намунаҳои баъдинаи Windows низ ба мерос қабул карданд.
Дар тарафи чапи лавҳаи масъалаҳо тугмаи Оғоз (Пуск — tart), дар тарафи рост — соати системавӣ ва дар мобайн — нишонаи замимаҳо ва санадҳои фаъол
ҷойгир шудаанд. Мизи кории Windows тавре оро дода шудааст, ки вай кори навомӯзро ниҳоят осон мегардонад. Корбари пуртаҷриба бошад, онро метавонад мувофиқи табъи худ ба танзим дароварад.
Windows имрӯз назар ба гунаҳои пешинаи худ хеле мукаммал гардонида шудааст. Ҳар як гунаи (варианти) баъдинаи Windows аз гунаҳои пештарааш имкониятҳои зиёдтар дорад. Рақами ин системаҳо соли пайдоиши онҳоро нишон медиҳад. Масалан, Windows -98 соли 1998 сохта шуда, ба ғайр аз иҷро карда тавонистани тамоми вазифаҳои системаҳои амалиётии MS DOS ва Windows -95 боз имконияти таъмин намудани алоқаи шабакавии компютериро дорост. Ҳоло вариантҳои нави ин система бо номҳои Windows -7 ва Windows — 8 рӯйи кор омадаанд, ки имкониятҳои онҳо боз ҳам фарохтар буда, муҳити корбарӣ боз ҳам осонтар гардидааст.
Кор дар ҳар гуна варианти Windows аз системаи амалиётии MS DOS дида осонтар ва созгортар аст. Чаро? Аввалан, барои ба воситаи DO идора намудани компютер бо ёрии сафҳакалид
фармонҳои зиёди англисиро ба хотираи он дохил намудан зарур аст. Худи ин фармонҳо, вазифаҳо, параметрҳои онҳо ва ғайраро аз ёд донистан лозим аст. Вагарна барои иҷро намудани ягон амалиёт ҳуҷҷатҳои техникии зиёдро доимо мутолиа намудан ва дар назди худ нигоҳ доштан лозим меояд. Баъдан, ҳар як барномаи DO дар экран намуди зоҳирии ба худ хос ва маҷмӯи фармонҳои махсуси худро дорад, ки онҳо аз фармонҳои барномаҳои дигар ба куллӣ фарқ мекунанд. Масалан, амалҳои якхелаи нусхабардорӣ ё ҳазфи қисми матни санад ва ё гирифтани маълумот оид ба ин ё он ҷабҳаи амалиёт, ки қариб барои ҳамаи замимаҳо хос мебошанд, дар ҳар як барнома ба воситаи фармонҳои гуногун иҷро карда мешаванд. Бинобар ин лозим меояд, ки омӯзиши ҳар як барномаи DO аз сифр сар карда шавад.
Чунин норасоӣ ва камбудиҳо дар системаи амалиётии графикии Windows ҳалли худро ёфтаанд. Windows барои ҳамаи замимаҳои худ муҳити ягонаи корӣ (интерфейс) таъмин намудааст. Яъне амалҳои якхела дар ҳамаи замимаҳо бо ёрии фармонҳои якранг иҷро карда мешаванд. Ҳатто фармонҳои
Windows низ аз фармонҳои DO ба куллӣ фарқ доранд. Дар Windows ҳар як фармон аз рӯйхати махсуси меню номидашаванда бо ёрии муш интихоб ва иҷро карда мешавад ва ҳамин тариқ, зарурати он фармонро аз ёд донистан аз байн меравад.
Аз тарафи дигар, ҳар як объекти Windows (барнома, санад, ҷузвдон ва ғайра) дар экран дар шакли ягон нишонае инъикос карда мешавад ва барои онҳоро ба кор даровардан кифоя аст, ки ба нишонаи зарурӣ таъсир расонида шавад. Азбаски нишонаҳо доимо дар экран намудоранд ё онҳоро дар вақти дилхоҳ намудор кардан мумкин аст, бинобар ин номи объектҳоро аз ёд донистан ягон зарурате надорад.
Бартарии дигари системаи амалиётии Windows аз DO дар он аст, ки дар ин ҷо якбора бо якчанд барнома кор кардан мумкин аст. Илова бар ин, иттилооти як барномаро дар барномаҳои дигар низ истифода бурдан мумкин аст.
Ҳамин тариқ, системаи амалиётии Windows :
байни компютер ва корбар интерфейси графикӣ таъмин менамояд;
нармафзори пойгоҳӣ ба ҳисоб меравад. Дар муҳити он таҳриргарони матнӣ (масалан, M Word), ҷадвалҳои электронӣ (масалан, M Excel), пойгоҳи додаҳо (масалан, M Acce ) ва дигар барномаҳои татбиқӣ кор карда метавонанд;
ҳангоми амалиёти дохилкунӣ ва хориҷкунии иттилоот идоракунии хотираи компютерро ба уҳдаи худ мегирад;
барномаҳои махсуси хидматиро дар бар мегирад, ки онҳо доимо дурустии система, замимаҳои он, парвандаҳо, ҷузвдонҳо ва дискҳоро месанҷанд ва ба онҳо хизмат мерасонанд.
- Windows чӣ гуна системаи амалиётӣ аст?
- Кадом вариантҳои СА Windows -ро медонед?
- Системаи амалиётии Windows аз MS DOS чӣ бартарӣ дорад?
- Матни мавзӯъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
Мухтасар вазифаҳои СА Windows -ро дар дафтар нависед ва бартариҳои онро дар муқоиса бо СА MS DOS номбар кунед.