Системаи амалиётии MS DOS

Ба дигарон равон намоед

MS DOS — аввалин СА барои КФ ба ҳисоб меравад. MS DOS мухтасари (аббревиатураи) калимаҳои англисии Micro oft Di k Operating  y tem буда, ба забони тоҷикӣ — Системаи амалиётии дискии

Майкрософт тарҷума карда мешавад. Аввалин намунаи ин система соли 1981 аз тарафи ширкати амрикоии Майкрософт сохта шудааст, ки он барои идора кардани маҳз компютерҳои IBM PC пешбинӣ шуда буд.

Ҳамон солҳо дар қатори MS DOS инчунин системаҳои амалиётии аз тарафи дигар ширкатҳо истеҳсолшуда низ

пешкаши компютерҳои IBM PC гардонида мешуданд. Масалан, PC DO  — амсилаи ширкати IBM, DR DO  — ширкати Digital Re earch (Nowell DO ) ва ғайра аз қабили ҳамин гуна СА ба ҳисоб мераванд, ки аз MS DOS кам фарқ доранд. Бо пайдоиши системаҳои амалиётии муосири Window  ва Linux мавқеи СА MS DOS ва дигар СА хеле танг гашт. Вале дар баъзе мавридҳо (масалан, ҳангоми истифодаи техника ё таъминоти бар- номавии кӯҳна) MS DOS ягона воситаи кор бо компютер мемонад. Азбаски MS DOS системаи амалиётии матнӣ аст, бинобар ин дастурҳои истифодабаранда дар ин система тавассути сатри амрӣ амалӣ мегарданд. Ин раванд хеле дилгиркунанда ва мураккаб аст. Ба истифодабаранда лозим меояд, ки номи фармонҳои зиёдеро аз ёд донад.

Барои осон гардонидани кор якчанд барномаи миёнарави байни СА ва корбарон эҷод шудаанд, ки онҳоро қабатҳои барномавӣ мегӯянд. Яке аз чунин барномаҳоро Питер Нортон (Peter Norton) пешниҳод намудааст, ки вай бо номи «Нортон Командер» (Norton Commander — NC) машҳур аст. Қабати барномавии NC аз ду лавҳаи корӣ иборат буда, аз истифо- дабаранда маҷмӯи калони носозиҳоро пинҳон менамояд ва робитаи байни компютеру инсонро хеле осон мегардонад. Сода ва созгор будани чунин барномаҳо далели он аст, ки дар даврони мо низ аз онҳо — Qdo , PathMinder, XTree, Do  Navigator, Volkov Commander — ба таври васеъ истифода мебаранд.

Қабатҳои барномавии Window  3.1 ва Window  3.11 низ, ки маҳз барои осонии кор бо СА MS DOS эҷод шудаанд, аз қабати барномавии NC ва қабатҳои ба он монанд усулан фарқ мекунанд. Дар Window -қабатҳо нуқтаи назари «равзанавӣ» татбиқ карда шудааст, ки онҳоро кушодан, пӯшидан ва дар экран ҷойгузин кардан мумкин аст.

Дар MS DOS системаи парвандаии FAT (File Allocation Table — ҷадвали ҷогузории парвандаҳо) истифода мешавад. Яке аз камбудиҳои ин система гузоштани маҳдудияти қатъӣ дар

номгузории парвандаву ҷузвдонҳои он ба ҳисоб меравад. Номи парванда аз ду қисм — асосӣ ва иловагӣ иборат буда, аз ҳамдигар бо ёрии аломати нуқта ҷудо карда мешаванд. Қисми асосии ном аз 8 ва иловагӣ — аз 3 аломат зиёд буда наметавонад. Қисми иловагии ном ҳатмӣ набуда, ба кадом навъ тааллуқ доштан ва бо ёрии кадом барнома эҷод шудани парвандаро ифода менамояд. Дар ном ҳарфҳои калон ва хурди алифбои лотинӣ, аломатҳои — _$ # & @ ! %( ) { } ‘ л ва рақамҳо истифода мешаванд. DO  байни номҳои якхелаи бо ҳарфҳои калон ва хурд сохташуда фарқ намегузорад.

Баъзе қисмҳои иловагии номи парвандаҳо ҳамчун стандарти ҷаҳонӣ қабул шудаанд:

  .TXT — парвандаҳои матнӣ;

  .COM ё .EXE — парвандаҳои барномавӣ ё иҷроӣ;

  .BAT — парвандаҳои амрӣ;

  .BA  — парвандаҳои дар забони Бейсик тартибдодашуда;

  .PA  — парвандаҳои тавассути забони Паскал тартибдода- шуда;

  .A M — парвандаҳои дар забони Ассемблер тартибдода- шуда;

  .C — парвандаҳои тавассути забони Си тартибдодашуда;

  .BAK — нусхаи эҳтиётии дигар парванда (масалан, пар- вандаи Link.bak нусхаи эҳтиётии парвандаи Link.txt мебошад).

Барои аз ҷузвдонҳо ба осонӣ ёфтани парвандаҳо мафҳуми Хатсайри парванда-ро истифода мебаранд. Хатсайри парванда аз пайдарпайии номи ҷузвдонҳо ё аломати «..», ки аз ҳамдигар ба воситаи аломати «\» ҷудо карда шудаанд, иборат мебошад. Хатсайри парванда ба компютер дастур медиҳад, ки ҷустуҷӯи парванда ё зерҷузвдон аз кадом ҷузвдони диск сар мешавад ва дар куҷо ба охир мерасад. Агар дар ибтидои роҳ аломати «\» вохӯрад, он гоҳ ҷустуҷӯи парванда аз ҷузвдони асосии диск ва дар акси ҳол, аз ҷузвдони ҷорӣ сар мешавад.

Мисоли 1:

  1. \Format.exe — ҷустуҷӯи парвандаи Format.exe аз ҷузвдони асосии диск сар мешавад. Ин парванда бевосита дар ҷузвдони асосӣ ҷойгир аст.
  2. \Lex1\Lex1.txt — роҳ аз ҷузвдони асосӣ ба парвандаи Lex1.txt мебарад, ки он дар ҷузвдони Lex1 ҷойгир аст. Ҷузвдони Lex1 дар ҷузвдони асосӣ ба қайд гирифта шудааст.
  3. Window VWinwordVWr.com — роҳ аз ҷузвдони ҷории Window  ба парвандаи Wr.com мебарад, ки он дар ҷузвдони Winword ҷойгир шудааст. Ҷузвдони Winword бошад, зерҷузвдони ҷузвдони Window  аст.

Агар дар хатсайр номи ҷузвдон вохӯрад, вай воридшавиро аз ҷузвдони волидӣ ба ҷузвдони мазкур ифода менамояд. Ҳангоми вохӯрдани аломати «..» бошад, баръакс, ин аломати воридшавӣ аз зерҷузвдон ба ҷузвдони волидайнӣ аст.

Мисоли 2:

Lex1\..\..\Window \Win.txt — роҳ аз ҷузвдони ҷории Lex1 сар мешавад. Азбаски дар роҳ аломатҳои «..» вомехӯранд, ин маънии аввал ба ҷузвдони волидии Lexicon ва баъд ба ҷузвдони асосӣ ворид шуданро дорад. Пас аз он, роҳ ба ҷузвдони Window  мебарад ва аз он парвандаи Win.txt-ро меёбад.

Дар оғози кори компютер дар экран даъватномаи система дар намуди C:\> пайдо мегардад. Ин чунин маъно дорад, ки дискдони диски винчестер ҷорӣ буда, ҷузвдони асосии он — ҷузвдони ҷорӣ аст. Агар система аз диски чандирӣ дохил карда шавад, даъват дар намуди A:\ > пайдо мегардад.

Қисмҳои СА MS DOS:

  Оғозкунандаи кори DO . Вазифаи асосии ин барнома — ба хотираи фаврии компютер ҷеғ задани парвандаҳои Io. y  ва M do . y  мебошад.

  Парвандаҳои Io. y  ва M do . y . Дар ин парвандаҳо барномаҳои асосии MS DOS маҳфуз буда, онҳо дар ҷузвдони решавии диски системавӣ ҷой дода шудаанд.

  Барномаи Command.com. Ин барномаро протсессори амрӣ ё иҷрочии дастурҳои истифодабарандаи компютер мегӯянд.

  Утилитҳои система — барномаҳои махсус, ки барои иҷрои фармонҳои беруна пешбинӣ шудаанд.

  Драйверҳои қисмҳои компютер — барномаҳои махсус, ки фаъолияти ин ё он сахтафзорро идора менамоянд. Номи драйверҳо дар парвандаи Config. y  ба қайд гирифта мешаванд.

Драйверҳо ва барномаҳои резидентӣ имкониятҳои MS DOS- ро зиёд менамоянд. Ин барномаҳо корҳоеро ба сомон мерасонанд, ки система бевосита онҳоро иҷро карда наметавонад. Драйвер барои ба системаи компютерӣ ҳамроҳ намудани таҷҳизоти нав ё истифодаи ғайристандартии таҷҳизоти мавҷуда хизмат мерасонад. Масалан, драйвери himem. y  барои хотираи фаврии компютерро пурратар истифода бурдан ва keybrd2. y  — барои аз сафҳакалид дохил кардани ҳарфҳои алифбои русӣ хизмат мерасонанд. Барномаи резидентӣ барномаест, ки пас аз итмоми кораш низ қисман ё пурра дар хотираи фаврӣ боқӣ мемонад. Масалан, қабати

барномавии Norton Commander барномаи резиденти ба ҳисоб меравад.

Тартиби кори MS DOS:

  1. Агар система аз диски чандири дохил карда шавад, он гоҳ онро бояд ба дискдони якум (A:) гузорем ва тугмаи Power- и блоки системавии компютерро пахш намоем.
  2. Агар система аз винчестер дохил карда шавад, он гоҳ

танҳо пахши тугмаи Power кифоя аст.

Пас аз пахши тугмаи Power BIO  дараҷаи ба кор омода

будани қисмҳои компютерро месанҷад. Баъд вай ба диски системавӣ муроҷиат намуда, барномаи оғозкунандаи кори DO — ро меёбад ва идораи кори компютерро ба он месупорад. Барномаи мазкур парвандаҳои Io. y  ва M do . y -ро ёфта, онҳоро ба хотираи компютер дохил менамояд. Ин парвандаҳо метавонанд номҳои дигар низ дошта бошанд. Масалан, дар PC DO  онҳо мувофиқан Ibmbio.com ва Ibmdo .com ном доранд. Парвандаи Io. y  BIO -ро пурра мегардонад ва M do . y  амалиётҳои сатҳи баланди СА-ро иҷро менамояд.

Баъд, аз ҷузвдони решавӣ парвандаи Config. y  хонда мешавад ва фармонҳои (номи драйверҳо) дар он нишондодашуда иҷро мегарданд. Масалан, бо ёрии драйвери ramdrive. y  имконияти кор бо «диски электронӣ» — як қисми хотираи фаврии компютер, пайдо мегардад. Дар мавриди мавҷуд набудан ё пурра иҷро гардидани фармонҳои парвандаи Config. y  аз ҷузвдони решавИ барномаи Command.com ба хотира дохил карда шуда, идоракунии компютер ба он супорида мешавад. Command.com ба парвандаи Autoexec.bat муроҷиат намуда, фармонҳои онро бо навбат иҷро мекунад. Пас аз он дар сатри амрии MS DOS даъватномаи система пайдо мегардад. Пайдоиши даъватнома аз он далолат мекунад, ки система барои қабули фармонҳои истифодабарандаи компютер омода аст.

Фармонҳои тавассути сафҳакалид дохилшуда дар сатри амрӣ пайдо мешаванд ва пас аз пахши тугмаи Enter иҷро мегарданд. Баъзе фармонҳои истифодабарандаро — type, dir ё copy протсессори амрӣ бевосита иҷро менамояд. Ин гуна фармонҳоро фармонҳои дохилӣ мегӯянд.

Барои иҷрои фармонҳои берунаи истифодабаранда бошад, протсессори амрӣ дар диск барномаҳои номашон бо номи фармонҳо якхеларо ҷустуҷӯ менамояд. Дар мавриди дарёфт онҳоро ба хотира ҷеғ зада, идоракуниро ба онҳо медиҳад. Пас аз итмоми кор протсессор онҳоро аз хотираи фаврӣ бозхонд менамояд ва интизори қабули фармони навбатӣ мешавад. Фармонҳои беруна — барномаҳоеанд, ки бо ҳамроҳии СА дар шакли парвандаҳои алоҳида пешкаш карда мешаванд. Онҳо асосан муттасили хидматӣ доранд. Масалан, фармони format.com — барои форматсозии диски чандирӣ ва  candi k.exe — барои санҷиши вазъи дискҳо хизмат мерасонанд.

ЭЗОҲ:

  1. Дар ҳолати дар ҷузвдони асосии диск мавҷуд набудани парвандаи Autoexec.bat барномаи Command.com аз истифодабаранда дохилкунии таърихи рӯз ва вақти ҷориро талаб менамояд.
  2. Дар ибтидои раванди дохилкунии система ба экран иттилооти « tarting MS DOS» бароварда мешавад. Агар дар ин маврид дарҳол тугмаи |Ғ5| пахш карда шавад, он гоҳ парвандаҳои Autoexec.bat ва Config. y  иҷро намегарданд ва барномаи Command.com дохилкунии таърихи рӯз ва вақтро талаб менамояд. Пас аз дохилкунии ин маълумотҳо дар экран даъватномаи система пайдо мешавад.
  3. Агар дар ҳолати пайдошавии иттилооти « tarting M -DO » тугмаи Ғ8 пахш карда шавад, он гоҳ парвандаҳои Autoexec.bat ва Config. y  қадам ба қадам иҷро мешаванд.

Дар СА MS DOS ба ҳар як қисми компютер номи шартие муайян карда шудааст:

  A: — дискдони якуми дискҳои чандирӣ.

  B: — дискдони дуюми дискҳои чандирӣ. Ҳангоми дар компютер вуҷуд надоштани дискдони дуюм B: — номи дуюми дискдони якум ҳисоб карда мешавад.

  C: — дискдони диски винчестер.

  D: — дискдон барои компакт-дискҳо (CD-ROM).

  Con — номи сафҳакалид, дар вақти дохилкунии иттилоот ва номи экран, ҳангоми хориҷкунии иттилоот (Con — консол).

  Prn — номи чопгар (принтер).

Саволҳо:

  1. Системаи амалиётии MS DOS аз чанд қисм иборат аст?
  2. Вазифаҳои BIO  кадомҳоянд?
  3. Драйвер гуфта чиро мефаҳмед?
  4. Барои чӣ баъзе барномаҳоро барномаҳои резидентӣ мегӯянд?
  5. Диски системавӣ гуфта кадом дискро мегӯянд?
  6. MS DOS чӣ тавр кори худро оғоз мекунад? Тартиби иҷрои қисмҳои MS DOS чӣ гуна аст?
  7. Сатри амрии MS DOS чӣ вазифа дорад?
  8. Парвандаҳо дар MS DOS чӣ гуна номгузорӣ карда мешаванд?
  9. Вазифаи қисми иловагии номи парванда аз чӣ иборат аст?

Супориш:

  1. Матни мавзӯъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Номи қисмҳои MS DOS, вазифаҳо ва тартиби корашонро мухтасар дар дафтар нависед.
  3. Номҳои шартии қисмҳои компютерро ба қайд гиред.

Маводҳои ҳамсон