Системаи амалиётӣ-маҷмӯи барномаҳои системавӣ

Ба дигарон равон намоед

Системаи амалиётӣ (СА) маҷмӯи барномаҳои систе- мавии ба ҳам алоқаманд мебошад. Онро нармабзори пойгоҳии компютер мегӯянд. СА ҳангоми пахши тугмаи (!) -и блоки системавии компютер дарҳол фаъолияти худро оғоз мекунад.

СА имконият медиҳад, ки:

  • дастуру супоришҳои корбар ба компютер дохил карда шаванд;
  • иттилоот дар шакли парванда дар хотираи компютер сабт карда шавад;
  • барномаҳои татбиқӣ ба кор омода сохта шаванд;
  • сахтабзори компютерӣ ва захираҳои иттилоотӣ идора карда шаванд;
  • робитаи байни корбару компютер барқарор карда шавад ва ғайра.

Дар кори СА се марҳала мавриди амал қарор дорад: воридоти иттилоот, коркарди он ва содироти натиҷаҳо. Вобаста ба ин марҳалаҳо СА иҷрои вазифаҳои зеринро ба уҳда дорад:

  • таъмини истифодаи стандартии қисмҳои воридотӣ ва содиротии иттилоот;
  • ба хотираи фаврии компютер нусхабардорӣ кардан ва ба кор омода сохтани барномаҳои татбиқӣ ва пас аз итмоми кор онҳоро аз хотираи фаврӣ лағв намудан;
  • ташкили кор ва идораи барномаҳои татбиқй, барқарор кардани робитаи байни истифодабаранда ва компютер.

Дар навъҳои гуногуни компютерҳо системаҳои амалиётии гуногун татбиқ карда мешаванд. Дар компютерҳои фардӣ одатан яке аз СА MS Windows, Linux, OS/2-Warp ва ғайра насб карда мешавад. Дилхоҳ СА ба компютер талаботи худро оид

ба зудкории протсессор, ҳаҷми хотираи фаври, ҳалкунандагии экран, ғунҷоиши диск ва ғайра мегузорад.

Системаи амалиётӣ маҷмӯи барномаҳои махсуси идоракунии сахтафзор, нармафзор ва дархостии истифодабарандаи компютер мебошад.

Яке аз аввалин системаҳои амалиётии компютерҳои фардӣ СА MS DOS (эм эс дос) ва СА Unix (юникс) ба ҳисоб мераванд. СА MS DOS матнӣ буда, бо пайдоиши системаи амалиётии графикии MS Windows (эм эс виндовз) аз байн рафтааст. Тақрибан дар як вақт бо СА MS Windows СА Linux (линукс) эҷод шудааст, ки он бар пояи СА Unix сохта шудааст.

Системаи амалиётӣ метавонад компютерро ба афзоре табдил диҳад, ки:

  • бо ёрии он якбора якчанд барномаи гуногун (чандмасъалай) иҷро карда шавад;
  • он ба шабакаҳои гуногуни компютерӣ пайваст карда шавад;
  • дар он якбора якчанд истифодабаранда (реҷаи чандкорбарй) кор карда тавонад;
  • захираҳои иттилоотии он ҳифз карда шаванд.

Системаи амалиётии Microsoft Windows пас аз нимаи дуюми солҳои 90-уми асри гузашта мутассилан бо номҳои зайл рӯйи кор омадааст: MS Windows 95, Windows 98, Windows NT, Windows 2000, Windows Mu, Windows XP, Windows 7, Windows 8, Windows 10. Калимаи «windows» (виндовз) маънои «тирезаҳо» ё «равзанаҳо»-ро дорад. Номи парвандаву ҷузвдонҳо дар MS Windows to 256 аломат дошта метавонад. Объектҳои Windows (барнома, парванда, ҷузвдон ва ғайра) дар экран дар шакли ягон нишона инъикос карда мешаванд.

Системаи амалиётии MS Windows:

  • байни компютер ва корбар интерфейси графикӣ таъмин менамояд;
  • нармафзори пойгоҳӣ ба ҳисоб меравад. Дар муҳити он виросторони матнӣ (масалан, MS Word), ҷадвалҳои электронӣ (масалан, MS Excel), пойгоҳи додаҳо (масалан, MS Access) ва дигар барномаҳои татбиқӣ кор карда метавонанд;
  • ҳангоми иҷрои амалҳои воридоту содироти иттилоот идоракунии хотираи компютерро ба уҳдаи худ мегирад;
  • барномаҳои махсуси хидматиро дар бар мегирад, ки онҳо доимо дурустии система, замимаҳои он, парвандаву ҷузвдонҳо ва дискҳоро месанҷанд.

Системаы амалиётии Linux — СА озодасос буда, дорои гунаҳои хеле зиёд — Debian, RedHat, SuSE, Mandrake, Knoppix, ALT Linux, ASPLinux мебошад. Linux (Линукс) аз тарафи донишҷӯйи донишгоҳи Хелсинки (Финландия) Линус Торвалд сохта шудааст. Дар компютерҳои шабакавӣ системаи амалиётии асосӣ ба ҳисоб меравад. Имкониятҳои СА Linux қариб ба мисли системаи амалиётии MS Windows мебошад.

Саволҳо:

  1. Системаи амалиётӣ чист?
  2. Вазифаҳои системаи амалиётӣ аз чӣ иборат аст?
  3. Оё се марҳалаи асосии кори системаи амалиётиро номбар карда метавонед?
  4. Кадом системаҳои амалиётиро медонед?
  5. Фарқи байни системаҳои амалиётии MS Windows ва Linux дар чист?

Супоришҳо:

  1. Мавзӯъро бодиққат хонед ва доир ба системаҳои амалиётӣ нақли хаттӣ нависед.

Вазифаҳо ва тарзи кори системаи амалиётии «MS Windows»-po дар шакли нақша тасвир кунед.

Маводҳои ҳамсон