Системаи парвандаии Linux. Ҳуқуқҳои дастраскунӣ ва истифодаи парвандаву ҷузвдонҳо

Ба дигарон равон намоед

Сохтори системаи парвандаии Linux. Системаи парван- даии Linux ба мисли системаҳои парвандаии MS DOS ва Windows  дарахтшакл буда, решаи (root) он дар боло ва шохаҳояш дар поён ҷойгиранд. Шохаҳои дарахт — ҷузвдонҳо (директорияҳо) ва баргҳои вай парвандаҳоро ифода

менамоянд. Ҳар як ҷузвдон зерҷузвдонҳо ва парвандаҳои гуногунро истифодабаранда вай ҳамеша ба ҷузвдони хонагии худ дохил мешавад, ки тавассути он метавонад парвандаҳои нав созад, онҳоро нусхабардорӣ ва ҳазф намояд. Тарзи дастраскунии парвандаҳо дар Linux ба MS DOS хеле монанд аст.

Номе, ки ба ҷузвдон ё парванда ҳангоми сохта шуданаш дода мешавад, номи нопурра ҳисобида мешавад. Номи пурраи он хатсайраш ба ҳисоб меравад. Хатсайр гуфта, пайдарпайии номҳои ҷузвдонҳоеро меноманд, ки ибтидои онҳо ҷузвдони решавӣ (/слэш) буда, интиҳояшон ҷузвдони номи парвандаи заруриро дарбаргирифта мебошад. Номи ҷузвдонҳо аз ҳамдигар бо ёрии аломати / ҷудо карда мешаванд. Хатсайрҳо мутлақ ва нисбӣ мешаванд. Хатсайри мутлақ аз ҷузвдони решавӣ ва хатсайри нисбӣ аз ҷузвдони ҷорӣ оғоз меёбад.

Фармони cd (change directory) дар Linux имконият медиҳад, ки дар дарахти парвандаӣ сайр намоем ва ҷузвдони ҷориро ба

дигар ҷузвдон иваз кунем. Параметри ин фармон метавонад хатсайри мутлақ ё нисбӣ бошад. Фармони cd дар MS DOS имконият медод, ки ба зерҷузвдон (агар вуҷуд дошта бошад) ворид шавем.

Дар Linux ҳам ҳар як ҷузвдон, ба ғайр аз зерҷузвдони ҷузвдони решавӣ будан, боз метавонад ҷузвдони волидӣ дошта бошад. Пайдарпайии ду нуқта (..) ҳамчун аргументи фармони cd гузаштан (cd..) ба ҷузвдони волидиро ифода менамояд. Як нуқта бошад, ҳамчун ишорати ҷузвдони ҷорӣ (cd.) истифода мешавад. Фармони cd-и бе аргумент барои гузаштан ба ҷузвдони хонагии истифодабаранда хизмат мерасонад. Барои гузаштан ба ҷузвдони хонагии корбари дигар ба ҷойи хатсайри мутлақ аз аломати ~ ва номи воридотии ҷузвдони корбар (масалан, cd ~atoev) истифода мебаранд. Фармони pwd барои муайянкунии ҷузвдони ҷорӣ хизмат мерасонад.

Ҳуқуқҳои истифодабаранда. Дар СА Linux барои истифодаи парвандаву ҷузвдонҳо қоидаҳои мушаххаси истифодабарӣ ва дастрасӣ пешбинӣ шудааст. Бо ёрии ин қоидаҳо ба ҳар як истифодабаранда ҳуқуқҳои муайяни амалиётгузаронӣ бо парванда ё ҷузвдони ҷорӣ дода мешавад. Истифодабарандагон вобаста ба ҳуқуқҳояшон ба се категория тақсим мешаванд: соҳиб, гурӯҳ, боқимондаҳо.

Барои истифодабарии парвандаву ҷузвдонҳо намудҳои зерини рамзҳои ҳуқуқӣ муайян карда шудаанд: аломати r (read) — рамзи ҳуқуқи хондан, аломати w (write) — рамзи ҳуқуқи сабт кардан, аломати x (execute) — рамзи ҳуқуқи иҷро кардан (барои ҷузвдон — ба он дохил шудан) ва рамзи «-» (дефис) — нишонаи якто ё дуто ва ё кулли ҳуқуқҳои номбаршударо надоштан. Ин се намуд рамзи ҳуқуқии ҳар се категорияи корбарон ҳамеша маҷмӯи иборат аз нуҳ рамзро ташкил медиҳанд, ки онҳо тамоми ҳуқуқҳои дастрасиро муайян месозанд.

Масалан, дар навиштаҷоти (пайдарпайии 9 рамз) rwxrwxr-x се рамзи аввала ба соҳиби парванда (ҷузвдон), се рамзи мобайнӣ ба гурӯҳи истифодабарандагони махсус ва се рамзи охирон ба ҳамаи корбарони боқимонда тааллуқ доранд. Соҳиби

парванда (ҷузвдон) ва гурӯҳ ҳамаи ҳуқуқҳои пешбинишуда (хондан, сабт ва иҷро кардан)-ро доранд, вале корбарони боқимонда бошанд, аз ҳуқуқи сабт кардан маҳруманд.

Соҳиби парвандае, ки рамзи дастрасиаш rwxr-xr— аст, бо парвандаи мазкур амалиёти дилхоҳро гузаронида метавонад, вале гурӯҳ ҳуқуқи онро сабт кардан надорад, истифода- барандагони боқимонда бошанд, онро на сабт ва на иҷро карда метавонанд.

Ҳуқуқҳо ба таври худкор ҳангоми сохтани парванда ё ҷузвдон мақаррар карда мешаванд. Соҳиби парванда мувофиқи салоҳият ва хоҳиши худ метавонад онҳоро дар вақти дилхоҳ тағйир диҳад. Барои ҳазфи парванда истифодабаранда бояд ҳуқуқи дар ҷузвдон сабт кардани онро дошта бошад. Фармони l  -l доир ба парвандаи додашуда дар экран иттилооти мукаммал (аз ҷумла, ҳуқуқҳои дастрасии онро) инъикос менамояд.

Тағйирдиҳии ҳуқуқи истифодаи парвандаҳо. Барои тағйир додани ҳуқуқҳои истифодаи (дастрасии) парвандаву ҷузвдонҳо фармони chmod (change mode) хизмат мерасонад. Вале ин ҳуқуқҳоро танҳо соҳиби аслии парвандаву ҷузвдонҳо тағйир дода метавонад. Дилхоҳ ҳуқуқи дастрасбударо бекор (рамзи -) ва ҳуқуқи ҷойнадоштаро илова (рамзи +) кардан мумкин аст. Масалан, фармони chmod +x-w prog ба ҳама категорияҳои истифодабарандагон ҳуқуқи иҷрои парвандаи prog-ро илова менамояд (медиҳад), вале ҳуқуқи сабти онро аз онҳо мегирад.

Фармони chmod имконият медиҳад, ки ҳуқуқҳои истифодабарандагони категорияҳояшон гуногун ҳар хел тағйир дода шавад. Категорияҳо бо ёрии рамзҳои u (u er) — соҳиб, g (group) — гурӯҳ ва o (other) — боқимондаҳо ишорат карда мешаванд. Барои ишорати яклухти ҳамаи категорияҳо рамзи a (all) хизмат мерасонад. Масалан, фармони chmod o+r-wx my  cript ҳуқуқи хондани (+r) парвандаи my  cript-ро танҳо ба корбарони боқимонда (ба ғайр аз соҳиби парванда ва гурӯҳ) медиҳад, вале ҳуқуқҳои сабт ва иҷрои онро (-wx) аз ҳамаи истифодабарандагон мегирад.

Ҳуқуқ ба иҷрои парванда (х) ба он далолат мекунад, ки парвандаи мазкур ягон фармонеро дар бар гирифтааст, ки он бевосита аз тарафи система иҷро карда мешавад. Ин гуна ҳуқуқ бештар ба парвандаҳое дода мешавад, ки онҳо дар таркиби худ фармони  hell-ро дошта бошанд.

Ҳуқуқҳои дастрасӣ ба ҷузвдонҳо ба таври ба худ хос татбиқ мешаванд. Масалан, ҳуқуқи хондан — маънои имконияти гирифтани номгӯи парвандаҳои ҷузвдон, ҳуқуқи иҷро — маънои имконияти гузаштан ба ин ҷузвдон ва ҳуқуқи сабт — маънои имконияти сохтан ё ҳазф кардани парвандаҳои ҷузвдони мазкурро дорад.

Дар аксар мавридҳо қисми зиёди корбарони компютер ба ҷойи рамзҳои махсуси иҷозатӣ аз усули мутлақ истифода мебаранд. Тавассути ин усул тамоми ҳуқуқҳои дастрасиро якбора тағйир додан мумкин аст. Усули мазкур истифода аз ниқоби дуии ҳуқуқҳои дастрасӣ мебошад. Мувофиқи он ба ҳар як категорияи корбарон ниқоби дуии ҳуқуқҳо (рамзбандӣ бо ёрии адади серақамаи дуӣ) вобаста карда мешавад. Мавҷудияти ҳуқуқ, мувофиқан, бо ёрии рақами 1 ва набудани он бо ёрии рақами 0 ишорат карда мешавад. Баъд, ададҳои ҳосилшудаи системаи ҳисоби дуӣ ба ададҳои мувофиқи системаи ҳисоби ҳаштӣ баргардонида мешаванд. Дар натиҷа се рақами ҳаштӣ ҳосил мешавад, ки онҳо дар фармони chmod ҳамчун аргумент истифода мешаванд. Тарзи амалишавии ин раванд дар ҷадвали зерин оварда шудааст:

Тавре аз ҷадвал дида мешавад, масалан, ниқоби дуии ба рамзи rwx мувофиқбуда ба 1112=78 ва ниқоби рамзи r-x (набудани ҳуқуқи сабт) ба 1012 = 58 баробар аст. Ин ададҳоро дар фармони chmod барои парвандаи my_ cript чунин истифода бурдан мумкин аст: chmod 755 my  cript — яъне ба соҳиби

парванда ҳуқуқҳои хондан, сабт кардан ва иҷро намудани парванда дода шудааст, вале гурӯҳ ва боқимондаҳо бошанд, парвандаро танҳо хонда, иҷро намуда, аммо сабт карда наметавонанд.

Саволҳо:

  1. Оё сохтори системаи парвандаии Linux аз системаҳои парвандаии MS DOS ва Windows  ягон фарқи ҷиддие дорад?
  2. Вазифаи фармонҳои cd ва pwd аз чӣ иборат аст?
  3. Барои дастрасӣ ва истифодаи парвандаву ҷузвдонҳои Linux истифодабарандагонро ба чанд категория тақсим мекунанд? Онҳо чӣ ном доранд?
  4. Рамзҳои ҳуқуқии истифодабарии парвандаву ҷузвдонҳои Linux кадомҳоянд?
  5. Навиштаҷоти rwxrwxr-x чӣ маъно дорад?
  6. Барои тағйирдиҳии ҳуқуқҳои истифодаи парвандаву ҷузвдонҳо кадом фармон хизмат мерасонад?
  7. Ғояи усули ниқоби дуӣ аз чӣ иборат аст?

Супориш:

  1. Сохтори системаи парвандаии Linux-ро бо ёрии мисолҳо фаҳмонед.
  2. Рамзи rwxrwxrwx-ро ба се категорияи истифодабарандагон ҷудо кунед. Дар рамз мавқеи соҳиби парванда (ҷузвдон), гурӯҳи истифодабарандагони махсус ва истифодабарандагони боқимон- даро нишон диҳед. Дар мисоли рамзи rwxr-xr- ҳуқуқҳои категорияҳои истифодабарандагонро фаҳмонед.
  3. Ҷадвали ниқоби дуии ҳуқуқҳоро дар дафтар кашед ва ғояи рамзбандии онро фаҳмонед.

Фармони chmod 765 marta-ро маънидод кунед.

Маводҳои ҳамсон