Системаҳои амалиётӣ

Ба дигарон равон намоед

Системаи амалиётӣ — маҷмӯи барномаҳои ба ҳам алоқаманд буда, ҳангоми бакордарории компютер фаъолияти худро оғоз менамояд. Системаи амалиётӣ (СА) имконият медиҳад, ки ба воситаи сафҳакалид ё муш фармонҳо ба компютер дохил карда шаванд, матни санадҳо, графику расмҳо ва дигар намуд иттилоот бо номҳои муайян дар диск сабт карда шаванд, барномаҳои амалӣ аз винчестер, дискҳо ё дигар воситаҳо ба хотира ҷеғ зада, ба кор омода сохта шаванд. Маҳз ба воситаи СА ҳамаи қисмҳои компютер ва захираҳои он (хотираи фаврӣ, миқдори ҷой дар дискҳо) идора карда мешаванд. СА робитаи байни компютеру инсонро барқарор менамояд, барои истифодабаранда, барномаҳои татбиқӣ ва қисмҳои гуногуни компютер муҳити созгори корӣ (интерфейс) муҳайё месозад.

Дар компютерҳо системаҳои амалиётии гуногун истифода бурда мешаванд. Таркиби барномаҳои системавии ҳар як СА-ро созандагони онҳо муайян мекунанд. Дар кори СА низ, ба мисли дигар барномаи дилхоҳ, се марҳаларо ҷудо намудан мумкин аст: дохилкунӣ ва коркарди иттилоот, хориҷкунии натиҷаҳо. Иттилоот бо ёрии сафҳакалид ё муш дохил карда мешавад. Коркарди иттилоотро протсессор ба уҳда мегирад. Ҳангоми хориҷкунии натиҷаҳо бошад, экран, чопгар, диск ё дигар таҷҳизот хизмат мерасонад.

Вазифаи якуми СА — таъмини истифодаи якхела ва стандартии қисмҳои дохилкунӣ-хориҷкунии иттилоот барои

барномаи дилхоҳ ба ҳисоб меравад. Ҳангоми гузаронидани амалиёти дохилкунӣ ва хориҷкунии иттилоот СА тавассути протсессори компютер садҳо ва ҳатто ҳазорҳо амали одитаринро иҷро менамояд. Вале он аз истифодабаранда ин тафсилоти мураккаб ва нозарурро пинҳон дошта, барои фаъолияти пурсамари вай интерфейси мувофиқро пешкаш менамояд.

Вазифаи дигари СА — ба хотираи фаврии компютер ҷеғ задан ва ба кор омода сохтани барномаҳои татбиқӣ ба ҳисоб меравад. Пас аз компютерро ба кор омода сохтан СА ҳамаи барномаҳои заруриро бо навбат ба хотираи фаврӣ ҷеғ мезанад, баъд аз оғози корашон низоми идораро ба онҳо месупорад, мувофиқи дархости барномаҳо ин ё он амалро иҷро мекунад ва пас аз итмоми корашон онҳоро аз хотираи фаврӣ лағв (озод) менамояд.

Ҳангоми иҷро ва анҷоми кори барномаҳо байни компютер ва истифодабаранда робита барқарор карда мешавад, ки онро вазифаи сеюми СА номидан мумкин аст. Дар баъзе СА якбора якчанд барнома дар алоҳидагӣ ё алоқамандӣ кор карда метавонанд. Ташкили кор ва идораи ин барномаҳоро низ СА ба уҳда дорад, ки онро вазифаи чоруми вай гуфтан мумкин аст. Хулоса, тамоми раванди кори компютерро СА таъмин ва идора мекунад.

Дар компютерҳои фардӣ мувофиқи хоҳиши соҳибонашон яке аз системаҳои амалиётӣ, масалан Window , Linux, O /2-Warp ва ғайра насб карда мешавад. Ҳар кадоми ин системаҳо намунаҳои (вариантҳои) зиёди дар вақтҳои гуногун эҷодшударо дар бар мегиранд. Дилхоҳ намунаи системаи амалиётӣ ба компютер талаботи худро оид ба зудкории протсессор, ҳаҷми хотираи фаврӣ, ҳалкунандагии экран, ғунҷоиши диск ва ғайра мегузорад.

Системаи амалиётӣ маҷмӯи барномаҳои махсуси идоракунии сахтафзор, нармафзор ва дархостҳои истифодабарандаи компютер мебошад.

Технологияҳои кӯҳна ва нав. Яке аз аввалин системаҳои амалиётии компютерҳои фардӣ СА M  DO  (эм эс дос) ба ҳисоб меравад. Системаи амалиётии матнии M  DO , ки имкониятҳои хеле маҳдуд дошт, бо пайдоиши системаи амалиётии графикии M  Window  (эм эс виндовз) аз байн рафт. То муддати муайян M  Window  аввал ҳамчун қабати барномавии графикӣ барои СА M  DO  ва баъд ҳамчун системаи амалиётии худмухтор қариб тамоми маҷмӯи компютерҳои фардиро фаро гирифт.

Тақрибан дар як вақт бо СА M  Window  СА Linux (линукс) эҷод шудааст. Ин СА, ки дар пояи СА Unix (юникс) сохта шудааст, аз вай ҳамчун мерос ғояи сатри амриро қабул намудааст. Бо гузашти солҳо ва зери таъсири истифо- дабарандагон Linux худро бо интерфейси графикӣ бой намудааст, ки имкониятҳои он аз системаи равзанагии Window  якчанд маротиба зиёдтар аст. Солҳои охир теъдоди зиёди корбарони компютерҳои фардӣ (КФ) маҳз ба ҳамин СА рӯй оварда истодаанд.

Системаи амалиётӣ метавонад компютерро ба асбобе табдил диҳад, ки:

  бо ёрии он якбора якчанд барномаи гуногун (чандмасъа- лавӣ) иҷро карда шаванд;

  вай ба шабакаҳои гуногуни компютерӣ пайваст карда шавад;

  дар он якбора якчанд истифодабаранда (реҷаи чанд- корбарӣ) кор карда тавонанд;

  иқтидори он бо иқтидорҳои дигар компютерҳо муттаҳид карда шуда, якҷоя истифода бурда (кластеризатсия) шавад;

  захираҳои иттилоотии он ҳифз карда шаванд.

Барои таъмини кори компютер ба ғайр аз СА боз ҷузъҳои (компонентҳои) дигар низ заруранд. Яке аз муҳимтарин ҷузъ BIO  (Ba ic input-output  y tem — Системаи пойгоҳии дохилкунӣ- хориҷкунӣ) ном дорад, ки вай дар хотираи доимии компютер — ROM (Read Only Memory — Хотира барои танҳо хондани иттилоот) аз тарафи ширкати истеҳсолкунанда сабт карда мешавад. Иттилооти дар ин хотира маҳфузбударо имконияти бо ягон роҳ тағйир додан вуҷуд надорад. Онро танҳо хондан мумкин аст. BIO  (биос) барои иҷрои амалиёти махсуси зерин масъул аст:

  санҷиши дараҷаи омодагии тамоми қисмҳои компютер ба кор (тестгузаронӣ);

  иҷрои амалҳои одитарини вобаста ба дохилкунӣ ва хориҷкунии иттилоот аз қисмҳои берунаи компютер (сафҳакалид, муш, диск, экран, чопгар ва ғайра);

  ҷеғзании барномаи оғозкунандаи кори СА ба хотираи фаврӣ.

Оғозкунандаи кори СА — барномаи махсусест, ки дар сектори якуми диски системавӣ ё винчестер ҷой дода шудааст. Вазифаи ин барнома ба хотираи фаврии компютер — RAM (Random Acce   Memory — Хотираи ҳамеша дастрас) дастрас намудани дигар парвандаҳои СА мебошад.

Саволҳо:

  1. Системаи амалиётӣ чист?
  2. Вазифаҳои асосии системаи амалиётӣ кадомҳоянд?
  3. Дар кори системаи амалиётӣ чанд марҳаларо ҷудо намудан мумкин аст? Ин марҳалаҳо чӣ ном доранд?
  4. Кадом системаҳои амалиётиро медонед?

Супориш:

1. Доир ба системаҳои амалиётӣ, вазифаҳои онҳо ва тарзи корашон фикратонро дар дафтар нависед.

Маводҳои ҳамсон