Системаҳои компютерӣ: сахтафзор ва нармафзор

Ба дигарон равон намоед

Барномаҳои компютерӣ. Тарзи кори ком- пютер ба тарзи кори майнаи инсон хеле шабоҳат дорад. Дар ҳар ду маврид ҳам иттилоот ба онҳо аз берун ворид мегардад ва дар ягон қисми муайяни хотираашон нигоҳ дошта мешавад. Баъд итти-

лооти мавҷуда коркард шуда, тағйир меёбад ё бо дигар иттилоот муқоиса карда мешавад. Натиҷаҳои ҳосилшуда дар шакли иттилооти нав боз ба берун интиқол дода мешаванд.

Дар байни майнаи инсон ва компютер ба ғайр аз монандӣ тафовут низ вуҷуд дорад. Майнаи инсон чун узви олитарини организми зинда хосиятҳои биологиеро соҳиб аст, ки онҳо ба мошинҳо хос нестанд. Муҳимтарин қобилияти майна дар он аст, ки вай метавонад масъалаҳои гузошташударо бо тарзҳои нав ҳал намояд. Компютер бошад, ҳамчун таҷҳизоти электронӣ барои иҷрои ин ё он вазифа дастуру супоришҳои махсусро талаб менамояд. Супориши компютерӣ бояд ҳамаи марҳалаҳои ҳалли масъаларо аниқ ва қатъӣ дар бар гирад. Танҳо ҳангоми иҷрои ҳамин шарт компютер метавонад ягон вазифаи мушаххасро иҷро намояд. Ана ҳамин гуна супоришҳои компютериро одатан барнома мегӯянд. Барномаи компютерӣ аз маҷмӯи фармонҳо (дастурҳо) иборат аст. Компютер фармонҳои барномаро пай дар пай иҷро намуда, вазифаи ба уҳдааш гузошташударо ҳал менамояд.

Маҷмӯи барномаҳои дар компютер истифодашавандаро таъминоти барномавии компютер ё нармафзор меноманд.

Нармафзорҳои муосир миллионҳо барномаҳои гуногунро дар бар мегиранд. Баъзеи ин барномаҳоро барномаҳои системавӣ, қисми дигарашонро барномаҳои татбиқӣ, сеюминашонро забонҳои барномарезӣ ва ҳоказо номгузорӣ кардаанд.

Истифодабарандаи компютер метавонад ё аз барномаҳои тайёр баҳра бардорад ё худаш чунин барномаҳоро созад. То имрӯз маҷмӯи (дастаи, пакети) бениҳоят калони барномаҳои гуногуне сохта шудаанд, ки онҳо дар ҳалли масъалаҳои мухталиф мавриди истифода қарор гирифтаанд. Бо ёрии барномаҳо ҳам бозиҳои ҷанги кайҳониро идора кардан ва ҳам масъалаҳои душвортарини математикиро ҳал намудан мумкин аст. Онҳо дар гузаронидани амалиёти бонкӣ, молиявӣ, тайёркунии санадҳо, намойишномаҳо ва ғайра ба таври васеъ истифода мешаванд. Хулоса, ҳоло чунин соҳаеро ном бурдан душвор аст, ки дар он барномаҳои компютерӣ татбиқ наёфта бошанд.

Вобаста ба вазифаҳои дар назди компютер гузошташуда фармонҳои барномаҳо метавонанд хеле сода ё хеле мураккаб бошанд. Масалан, барои он ки дар экрани компютер калимаи «Тоҷик» пайдо шавад, кифоя аст, ки ду-се фармон истифода

бурда шавад. Вале барои сохтани ақаллан ягон бозии электронии одитарин истифодаи ҳазорон фармон лозим меояд. Хушбахтона, барои он ки шумо ҳар дафъа бо бозии дӯстдоштаи худ машғул шуда тавонед, ба шумо лозим намеояд, ки ҳамаи он фармонҳоро аз нав ба компютер дохил кунед. Барномаҳоро дар дискҳои магнитӣ ё дигар барандагони иттилоот як маротиба сабт намуда, аз онҳо якчанд маротиба истифода бурдан мумкин аст.

Маҷмӯи барномаҳои компютериро таъминоти барномавӣ ё нармафзор меноманд.

Идораи компютер бо ёрии барнома. Компютер аз маҷмӯи қисмҳои бо ҳам алоқаманди техникӣ (сахтафзор — hardware) ва барномавӣ (нармафзор —  oftware) иборат буда, барои иҷро намудани амалҳои одитарини арифметикӣ, мантиқӣ ва дигар амалҳои табиати гуногундошта пешбинӣ шудааст. Ба чунин амалҳо, масалан ҷамъ ё зарб намудани ду адад, муқоиса намудани қимати ду бузургӣ, аз як ҷойи хотираи компютер ба ҷойи дигари он равон кардани иттилоот, воридсозӣ, таҳрир ё форматбандии матнҳо, кашидан ё ороиш додани расму графикҳо ва умуман коркарди ҳама гуна иттилооте, ки имрӯз инсон дар ин ё он соҳаи фаъолияти худ истифода мебарад, дохил мешаванд. Компютер як амалро иҷро намуда, ба таври худкор ба иҷрои амали дигар шурӯъ менамояд. Ва ҳамин тариқ, вай метавонад пайдарпайии хеле дарози амалҳоро бе дахолати инсон иҷро кунад.

Пайдарпайии дастурҳои барои компютер фаҳморо барнома мегӯянд. Моҳияти принсипи идоракунии барномавии компютер аз он иборат аст, ки вай бо ёрии барнома кор мекунад. Раванди навиштани барномаҳои компютериро барномасозӣ мегӯянд.

Компютер аслан аз рӯйи барномаҳои дар забони мошинӣ навишташуда (рамзҳои дуӣ) кор мекунад. Ин гуна барномаҳо хеле якранг ва дилгиркунандаанд. Бинобар ин имрӯз барномасозон қариб тамоми барномаҳои худро бо ёрии забонҳои алгоритмӣ тайёр мекунанд. Дар таркиби нармафзори компютер бошад, барнома-тарҷумонҳо ҷой дода шудаанд, ки онҳо ба таври худкор барномаҳоро аз забонҳои алгоритмӣ ба забони мошинӣ тарҷума менамоянд ва матни барномаю натиҷаҳоро аз нав ба забони муқаррарӣ (алгоритмӣ) бармегардонанд. Чунин барномаҳоро транслятор (tran lator — тарҷумон) низ мегӯянд.

Табодули иттилоот дар компютер. Тавре аллакай медонем, компютер қодир аст, ки иттилооти табиати дилхоҳдоштаро кор карда барояд. Иттилоот метавонад ададӣ, матнӣ, тасвирӣ,

садоӣ ва ғайра бошад. Аз тарафи дигар, инчунин медонем, ки компютер танҳо бо рақамҳои дуӣ кор карда метавонад. Пас, саволе ба миён меояд, ки чӣ тавр компютер иттилооти табиати гуногундоштаро коркард менамояд?

Гап дар он аст, ки дар компютер ҳар гуна иттилоот бо ёрии ададҳо рамзгузорӣ карда мешавад. Компютер ҳангоми иҷрои дастурҳо танҳо бо рамзи иттилоот сару кор дорад. Мо дар ҳаёти муқаррарии ҳаррӯзаамон аз системаи ҳисобе истифода мебарем, ки онро системаи ҳисоби даҳӣ мегӯянд. Ҳар гуна адад дар ин система ба воситаи даҳ рақам — 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9 ифода карда мешавад. Донистани қонуну қоидаҳои иҷрои амалҳо дар ин система кифоя аст, ки ҳар гуна масъалаи ҳаётии дар наздамон гузошташударо ҳал намоем. Мо ба ин система чунон одат кардаем, ки ҳатто дар бораи вуҷуд доштани дигар системаҳои ҳисоб фикр ҳам намекунем. Дар асл бошад, дар ҳаёт системаҳои зиёди ҳисоб мавриди истифода қарор доранд. Бале, ҳайрон нашавед! Худи ҳозир шумо дар раванди азхудкунии

тарзи кори компютер бо яке аз чунин системаҳои ҳисоб аз наздик шинос хоҳед шуд.

Аслан протсессори компютер иттилооти воридшударо дар шакли сигналҳои барқӣ қабул ва коркард менамояд. Аз нуқтаи назари физика вай иттилоотро бо ёрии ду вазъ (ҳолат) рамзгузорӣ мекунад:

  шиддат ҳаст — сигнали барқӣ мавҷуд аст;

  шиддат нест — сигнали барқӣ мавҷуд нест.

Агар мо мавҷудияти шиддати сигнали барқиро ба воситаи рақами 1 ва мавҷуд набудани онро ба воситаи рақами 0 ишорат кунем, он гоҳ маълум мегардад, ки протсессор ҳар гуна иттилоотро бо ёрии танҳо ду рақам (1 ва 0), яъне аломатҳои алифбои системаи ҳисоби дуӣ рамзгузорӣ мекардааст. Доир ба ин системаи ҳисоб мо ҳангоми омӯзиши тарзҳои рамзсозии иттилоот маълумот дода будем.

Олимон бар он ақидаанд, ки бунёди системаи ҳисоби даҳиро даҳ ангушти дастони инсон ташкил додааст. Шояд ҳамин тавр ҳам бошад. Лекин биёед лаҳзае тасаввур кунем, ки мо дар ихтиёрамон танҳо ду рақам — 0 ва 1-ро дорем. Оё метавонем ҳамаи ададҳоро бо ёрии танҳо ҳамин ду рақам ифода кунем? Албатта метавонем. Барои мисол якчанд адади аввалаи бутуни мусбати системаи ҳисоби даҳӣ ва мувофиқати онҳоро бо ададҳои системаи ҳисоби дуӣ меорем:

Даҳӣ0123456789
Дуӣ01101110010111011110001001
Даҳӣ1011121314151617
Дуӣ1010101111001101111011111000010001

Тарзи аз як системаи ҳисоб ба дигар система гузаштанро дар мисоли адади даҳии 13, ки дар системаи ҳисоби дуӣ ҳамчун 1101 тасвир карда мешавад, нишон медиҳем. Дар нақшаи поёнӣ

ададҳои додашуда ба разрядҳо ҷудо карда шудаанд — адади даҳии 13 ду разряд ва адади дуии 1101 — чор разряд дорад.

Протсессори аллакай кӯҳнашудаи Pentium, ки дар он барои интиқол додани иттилоот 32 сим хизмат мерасонад, якбора метавонад адади дуии 32-разрядаро кор карда барояд. Азбаски протсессори аз он ҳам кӯҳнатари Intel-80286 дорои 16 сим аст, бинобар ин вай аз Pentium дида иттилоотро ду маротиба сусттар интиқол медиҳад. Протсессори муосири Intel CORE i7 бошад, барои интиқоли иттилоот аз 64 сим истифода мебарад. Ин маънои онро дорад, ки вай якбора метавонад адади дуии 64- разрядаро кор карда барояд, яъне суръати интиқолдиҳии он нисбат ба протсессори Pentium ду маротиба ва нисбат ба Intel- 80286 чор маротиба зиёдтар аст.

Тавре аллакай медонем, разрядҳои дуиро бит ва маҷмӯи 8 битро байт меноманд. Ченакҳои калонтари ҳаҷми хотира килобайт, мегабайт, гигабайт ва ғайра мебошанд. Масалан, диски 3,5-дюймагӣ 1457664 байт иттилоот ғунҷонида метавонад, ки онро пас аз яклухткунӣ 1,4 Мбайт мегӯянд. Ин микдор

зиёд аст ё кам? Агар ба ҳисоб гирем, ки як аломати матнӣ ба воситаи як байт ифода карда мешавад, он гоҳ гуфта метавонем, ки дар чунин диск тақрибан 1,5 миллион аломат ё тақрибан 100 саҳифа китоб меғунҷад.

Мутаассифона, ин миқдор иттилоот имрӯз хеле кам ҳисобида мешавад. Агар ин ададро ба иттилооти шакли садоӣ табдил диҳем, он гоҳ дар диск ҳамагӣ 17 сония стереоовози сифатнокро ғунҷонидан мумкин асту халос. Расми рангаи формати А4

(варақи чопии андозааш 210×297 мм) аз 20 Мбайт зиёдтар ҳаҷмро талаб менамояд. Албатта, дар ин мавридҳо на аз дискҳои ҳаҷман хурд, балки аз дискҳои компактӣ (CD) истифода мебаранд, ки ғунҷойиши онҳо аз 600 Мбайт зиёдтар аст.

Дар диски асосии компютер (винчестер) иттилооти гуногун: барномаҳо, матни санадҳо, тасвирҳои графикӣ, видеоклипҳо, суруду мусиқӣ ва ғайра маҳфузанд, ки ҳамаи онҳо маҳз бо ёрии ҳамон ду вазъи мантиқӣ — ҳаст ё нест, 1 ё 0, фурӯзон ё хомӯш ва ғайра рамзсозӣ карда мешаванд.

Саволҳо:

  1. Байни компютер ва майнаи инсон чӣ умумият ва чӣ тафовут аст?
  2. Барнома чист? Таъминоти барномавӣ чӣ?
  3. Кадом намудҳои барномаҳоро медонед? Транслятор чист?
  4. Компютер кадом намуди амалҳоро иҷро карда метавонад?
  5. Моҳияти тарзи идоракунии барномавии компютер дар чист?
  6. Кадом намудҳои иттилоотро медонед?
  7. Протсессор иттилоотро чӣ гуна рамзгузорӣ менамояд?
  8. Барои чӣ протсессори Pentium нисбат ба протсессори Intel-80286 иттилоотро ду маротиба тезтар интиқол медиҳад?
  9. Диски 3,5-дюйма чанд байт иттилоотро ғунҷонида метавонад?

Супориш:

  1. Мавзӯъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Амалиётеро номбар кунед, ки онҳоро компютер иҷро карда метавонад.
  3. Оид ба имкониятҳои компютер, барномаҳои компютерӣ ва тарзи коркарди иттилоот дар ҳаҷми ду саҳифа ҳикоя нависед.

Маводҳои ҳамсон