Табдилдиҳии қимати бузургиҳо aз як воҳиди ченак ба дигар воҳид

Ба дигарон равон намоед

Бо ёрии «Ҳисобкунак» қимати ададии бузургиҳои ченшавандаро аз як воҳид ба дигар намуди воҳидҳо табдил додан мумкин аст. Табдилдиҳии қимати ададии ченаки бузургиҳо тавассути афзори «Табдилдиҳак» (Конвертер)-и барномаи «Ҳисобкунак» амалӣ гардонида мешавад. Намуди умумии «Ҳисобкунак» ҳангоми интихоби бандҳои афзори «Табдилдиҳак» дар расми зерин (бо сабаби зиёд будани бандҳои «Табдилдиҳак» онҳо дар расм ба ду қисм ҷудо карда шудаанд: чап, рост) инъикос ёфтааст.

«Табдилдиҳак» (Конвертер)-и «Ҳисобкунак» бе муболиға афзори беҳамтои мубодилаи ченакҳои унсурҳои геометрӣ, физикӣ ва иттилоотӣ ба ҳисоб меравад. Бо ёрии ин афзор қимати ададии ченакҳои «Ҳаҷм» (Объём), «Дарозӣ» (Длина), «Вазн ва масса» (Вес и масса), «Ҳарорат» (Температура), «Энергия» (Энергия), «Масоҳат» (Площадь),

«Суръат» (Скорость), «Вақт» (Время), «Тавоноӣ»

(Мощность), «Додаҳо» (Данные), «Фишор» (Давление) ва «Кунҷ» (Угол)-ро аз як воҳид ба воҳиди дигар ба осонӣ табдил додан мумкин аст.

Барои қимати ададии бузургии додашударо аз як ченак ба ченаки дигар баргардонидан кифоя аст, ки аввал аз номгӯи бандҳои бузургиҳо номи унсури заруриро интихоб кунем. Пас аз интихоби унсури мушаххас майдони ченакҳои ҳисобкунак (нимаи аввали равзана) ба ду ҳисса тақсим мешавад. Дар қисми якуми он ченаки мавҷудаи унсур ва дар қисми дуюм — ченаки натиҷавӣ (чашмдошт) намудор мегардад.

Агар ба воситаи афзорҳои майдони рақамии ҳисобкунак (нимаи дуюми равзана) қимати ададии бузургӣ дохил карда шавад, он гоҳ қимати воридшуда дар болои номи ченаки мавҷуда ва қимати натиҷавии бузургӣ дар болои номи ченаки натиҷавӣ (баъдӣ) пайдо мешаванд. Бо ёрии тугмаи пахдӯии тарафи рости ченакҳои унсур — ҳамеша як ченакро ба дигар ченак иваз намудан имконпазир аст.

Дар расми болоӣ намудҳои ҳисобкунак пас аз интихоб намудани унсури «Суръат» (Скорость) (аз чап), гузариш ба номгӯи ченакҳои «Суръат» (дар мобайн) ва натиҷаи табдилдиҳии қимати ададии суръат аз ченаки мил/соат ба ченаки км/соат (аз рост) тасвир ёфтаанд. Тавре дида

мешавад, қимату ченаки аввалаи суръат — 78 мил/соат ва қимату ченаки табдилёфтаи он — 125,5176 км/соат

мебошанд.

Раванди табдилдиҳии қимати ададии унсурҳои дигар низ аз як ченак ба ченакҳои дигар айнан ба мисли унсури суръат амалӣ гардонида мешаванд. Масалан, расми поёнӣ ифодагари табдилдиҳии ченакҳои иттилооти ададӣ мебошад.

  1. Табдилдиҳии қимати ададии ченаки бузургиҳо тавассути кадом афзори «Ҳисобкунак» амалӣ гардонида мешавад.
  2. Кадом бандҳои «Табдилдиҳак»-ро медонед?
  3. Чӣ тавр бо ёрии «Ҳисобкунак» қимати ададии бузургиҳоро аз як воҳид ба дигар воҳид табдил додан мумкин аст?

Супоришҳо:

  1. Тарзи корбарии афзорҳои «Табдилдиҳак»-ро омӯзед.
  2. Бо ёрии «Табдилдиҳак» қимати ададии унсурҳои «Ҳаҷм», «Дарозӣ», «Ҳарорат» ва «Масоҳат»-ро аз як ченак ба ченакҳои дигар баргардонед.

Маводҳои ҳамсон