Табдили энергияи механики ба энергияи дохилӣ

Ба дигарон равон намоед

Шумо мисоли аз як навъ ба навъи дигар табдилёбии энергияи механикиро дар синфи 7-ум омӯхта будед.

Боз як мисоли табдилёбии энергияро дида мебароем. Акнун мебинем, ки энергияи механикӣ чӣ тавр ба энергияи дохилӣ табдил меёбад. Дар болои лавҳаи сурбӣ саққои сурбӣ истодааст. Саққоро боло бардошта, баъд онро сар медиҳем (расми 6).

Саққои аз сатҳи Замин боло бардошташуда дорои энергияи потенсиалӣ мешавад. Ҳангоми афтиши саққо энергияи потенсиалии он кам мешавад, зеро саққо торафт поён мефарояд.

Баръакс, дар ин маврид энергияи кинетикии саққо тадриҷан меафзояд, зеро суръати он зиёд мешавад. Дар ин ҳолат, энергияи потенсиалии ҷисм ба энергияи кинетикӣ табдил меёбад. Саққо ба лавҳаи сурбӣ бархӯрда меистад (расми 7). Энергияи кинетикӣ ва энергияи потенсиалии саққо дар ин лаҳза нисбат ба лавҳаи сурбӣ ба сифр баробар мешаванд.

Ин гӯвоҳи он аст, ки гӯё энергияи механикии саққо бенишон гум шудааст, вале дар асл ин тавр нест. Мувофиқи қонуни бақои энергия -энергия нест намешавад, он аз як навъ ба навъи дигараш табдил меёбад. Пас, дар ин таҷриба энергияи механикии саққо ба кадом навъи энергия табдил ёфт? Барои ба ин савол ҷавоб додан баъди зарба саққо ва лавҳаи сурбиро аз назар мегузаронем. Мебинем, ки саққо каме пачақ ва дар лавҳа чуқураки хурде пайдо шудааст, яъне ҳам саққо ва ҳам лавҳа ҳангоми зарба деформатсия шудаанд. Ҳангоми зарба суръати ҳаракати молекулаҳои ҳам саққо ва ҳам лавҳа зиёд мешавад, яъне энергияи кинетикии онҳо меафзояд. Ҳангоми деформатсия шудани саққо ва лавҳа бошад, энергияи потенсиалии молекулаҳои онҳо меафзояд. Ин гувоҳи он аст, ки энергияи дохилии ҳам саққо ва ҳам лавҳа афзудааст.

Баъди зарба ҳарорати саққо ва лавҳаи сурбиро ҳамоно чен карда, ошкор мекунем, ки онҳо гарм шудаанд. Аз таҷрибаи мазкур ба хулосае омадан мумкин аст, ки энергияи механикии саққо ба энергияи дохилӣ табдил ёфтааст.

Табдилёбии энергияи механикиро ба энергияи дохилӣ дар ҳаёти ҳаррӯза бисёр мушоҳида кардан мумкин аст. Ҳангоми қату рост кардани сим ҷойи қатшудаи он гарм мешавад ё вақте ки мехро дар болои сангдон гузошта, бо болға кӯбем, дар натиҷа ҷойи кӯфтагиамон гарм мешавад.

Ҳангоми бо сӯҳон тез кардани ягон асбоб, мавриди бо арра-арра кардани чӯб онҳо гарм мешаванд. Дар ин мавридҳо энергияи механикӣ ба энергияи дохилӣ табдил меёбад.

Энергияи дохилӣ ба энергияи механикӣ табдил ёфта метавонад. Масалан, дар муҳаррикҳои дарунсӯз энергияи дохилии сӯзишворӣ ба энергияи механикӣ табдил меёбад.

Саволҳо

  1. Ҳангоми ба боло партофтан ва ба поён афтидани саққо чӣ гуна табдилёбии энергия рӯй медиҳад.
  2. Дар натиҷаи ба лавҳаи сурбӣ бархӯрдани саққои сурбӣ ҳолати ин ҷисмҳо чӣ гуна тағйир меёбад?
  3. Энергияи механикии саққо ҳангоми ба лавҳа бархӯрдан ба кадом навъи энергия табдил меёбад?
  4. Доир ба табдилёбиии энергияи механикӣ ба энергияи дохилӣ мисолҳо биёред.
  5. Оё энергияи дохилӣ ба энергияи механикӣ табдил ёфта метавонад?

Озмойиш дар хона

Мушоҳида кунед: ҳангоми бо сӯҳон тез кардани ягон асбоб (корд, теги қайчй, искана ва г.) он гарм мешавад. Чаро?

Мушоҳида кунед: сабаб чист, ки арра ҳангоми бо он арра кашидан гарм мешавад?

Ба ягон мехи оҳанин тавассути болга зарба занед. Мех гарм мешавад. Чаро?

Маводҳои ҳамсон