Табиъат ва инсон

Ба дигарон равон намоед

Замину Осмон ва, умуман, ҳама мавҷудот — аз резтарин зарра то сангу хасу долу дарахт, Офтобу ситораҳову фазои фарогирандаи онҳо, аз хурдтарин ҷонзоди рӯйи Замин то наҳанги дарёӣ — ҳамаи инҳо дар маҷмӯъ ТАБИАТро ташкил медиҳанд. Худи одам низ як ҷузъи табиат аст.

Калимаҳои Коинот, Кайҳон, дунё, гетӣ, олам низ гоҳо ба ҳамин маънӣ (ба маънои табиъат) корбаст мешаванд. Аммо дар гуфтугузори ҳаррӯза табиъат гуфта маъмулан қисми қобили мушоҳидаи олам ё ҳатто муҳити атрофро мефаҳманд.

Дар табиъат доимо тағйирот (рӯйдодҳо)-и гуногун рух медиҳад: наботот нумӯ мекунад, гулҳои рангобаранг мерӯяд, ҳайвонот инкишоф меёбад, як навъи модда ба навъи дигар мубаддал мешавад, шамол ба вуҷуд меояд, барфу борон меборад, гоҳо тирукамон пайдо мешавад, гоҳи сард гаштани ҳаво об ях мебандад, гоҳи гарм шудани ҳаво барфҳову яхҳо об мешаванд, об бухор шуда, дар табиъат гардиш мехӯрад.

Инсон аз даврони қадим ба ин сӯ табиъатро мушоҳида мекунад ва дар ҷараёни ин мушоҳидаҳову омӯзишҳо дониш меандӯзад. Ҳанӯз қадимиён медонистанд, ки ду чизи сойишхӯранда гарм мешаванд ва дар натиҷаи сойиш баъзе навъҳои чӯб оташ мегирад. Инро худи шумо низ санҷида метавонед.

Хонандаи азиз! Дидед, дар як-ду мисоле, ки овардем, чӣ қадар донаи дониш ниҳон будааст. Гумон аст, ки одамони даврони қадим ҷӯёи сабаби даргирифтани ду пора чӯби сойишхӯранда ё ҷӯёи сабаби иваз шудани шабу рӯз гардида бошанд. Вале ба яқин метавон гуфт, ки онҳо занд ном чӯбҳои зуддаргиранда ва роҳҳои нигаҳдошти оташро ҷустуҷӯ мекарданд. Онҳо бо мурури замон истифодаи гуногуни оташ (пухтани хӯрок, гарм кардани ҷойҳои зист, рамондани даррандаҳо ва ғ.)-ро ёд гирифта буданд. Он одамон аз зарурати шикор истифодаи калтак, бар сари он барбастани санг, яъне тарзи сохтани як навъ гурзро дарёфтанд. Вақте ки онон шикор кардану шикам сер карданро ёд гирифтанд, камубеш вақти холӣ ёфтанд, фикр кардан ва кор фармудани ақли зотии худро ёд гирифтанд. Ин корбаст карданҳо, такмил доданҳо, боз фикр карданҳову пеш рафтанҳо зарурати шинохтани муҳит, зарурати шинохтани табиъат ва, аз ин рӯ, зарурати донистани физикаро ба миён овард.

Маводҳои ҳамсон