Тарзи иҷрои амалҳои арифметикӣ ва мантиқӣ дар реҷаи барномасоз

Ба дигарон равон намоед

Ҳисобкунак дар реҷаи барномасоз. Айнан ба мисли реҷаҳои дигар, барои «Ҳисобкунак»-ро ба реҷаи корбарии «Барномасоз» гузаронидан, аз афзори = -и равзанаи он ё аз тугмаҳои «Ак+3»-и сафҳакалид истифода бурдан лозим аст.

Реҷаи мазкур барои он «Барномасоз» ном гирифтааст, ки «Ҳисобкунак» дар ин реҷаи корбарӣ ба ғайр аз доштани як қисми имкониятҳои реҷаи

муҳандисӣ, инчунин дорои

имконияти ҳисобкунии қимати ифодаҳои мантиқӣ, баргардони ададҳо аз як системаи ҳисоб ба дигар системаҳо ва муҳимтар аз ҳама, дорои функсияҳои дохилкунӣ, таҳриркунӣ ва иҷрои барномаҳои одӣ

мебошад. Вай дар реҷаи мазкур метавонад пайдарпайии

ҳисоббарориҳои як маротиба тасвиршударо барои дигар

додаҳои ададӣ такроран якчанд маротиба иҷро кунад.

Ҳисобкунак дар ин реҷа низ, ба мисли реҷаҳои маъмулӣ ва муқандисӣ, дорои имкониятҳои ҳисоббарориҳои одӣ бо истифода аз амалҳои арифметикии ҷамъ, тарҳ, зарб ва тақсим буда, иловатан дорои имконияти барномасозӣ намудани ин гуна ҳисоббарориҳо ва иҷро намудани амалҳои мантиқӣ (битӣ)-и AND, OR, NOT, XOR мебошад.

Дар реҷаи барномасоз вобаста ба андозаи калимаи мошинии интихобшуда саҳеҳии ҳисобкунак метавонад то 64 бит (разряд)-ро ташкил диҳад. Ҳангоми иҷрои ҳисоббарориҳо дар ин реҷа низ, ба монанди реҷаи муҳандисӣ, авлавияти амалҳо ба хдсоб гирифта мешавад. Аммо, дар реҷаи мазкур танҳо ададҳои бутун мавриди истифода қарор дода шуда, қисми касрии ададҳо ба эътибор гирифта намешаванд.

Ҳисобкунак дар реҷаи мазкур дорои афзорҳое мебошад, ки онҳо дохилкунии ададҳоро дар системаҳои гуногуни ҳисоб, иҷрои амалҳои арифметикӣ, мантиқӣ ва ҳисобкунии қимати функсияҳои математикиву мантиқиро таъмин менамоянд. Афзорҳои рақамии он, дар ин маврид, барои воридкунии қимати рақамҳои 0, 1,2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, A, В, С, D, Е, Ғ пешбинӣ шудаанд. Ҳарфҳои алифбои лотинӣ — A, В, С, D, Е, Ғ, мувофиқан, рақамҳои зерини системаи ҳисоби шонздаҳӣ — 10,11,12,13, 14 ва 15-ро ифода менамоянд.

Аломатҳои амалҳои арифметикии «+» (ҷамъ), «-» (тарҳ), «х» (зарб), «-» (тақсим) ва аломатҳои амалҳои мантиқии OR (ҷамъи мантиқӣ), XOR (ҷамъи оҳанрабой, магнитӣ), NOT (инкори мантикӣ), AND (зарби мантиқӣ) мувофиқан афзорҳои иҷрои ҳамин амалҳо мебошанд.

Номгӯи афзорҳои ҳисобкунак дар реҷаи барномасоз ва тугмаҳои ба онҳо мувофиқи сафҳакалид дар ҷадвали зерин оварда шудаанд.

ҲисобкунакСафҳакалидНатиҷаи иҷрои амал
MSCtrl+MНигахдорӣ дар хотира
м»Инъикоси рӯйхати қиматҳои хотира
мсCtrl+LТозакунии хотира
м+Ctrl+PИловакунӣ ба хотира
м-Ctrl+QКамкунӣ аз хотира
СЕDeleteҲазфи додаҳои ҷорӣ
СEscҲазфи кулли додаҳо
±F9Иҷрои амали баръакс
Lsh< Пахши тугмаи Lsh
Rsh> Пахши тугмаи Rsh
Mod%Пахши тугмаи Mod
QwordF12Гузариш ба калимаи чорчанда (8 байт)
DwordF2Гузариш ба калимаи дучанда (4 байт)
WordF3Гузариш ба як калима (2 байт)
ByteF4Гузариш ба ним калима (1 байт)
HexF5Гузариш ба системаи ҳисоби 16-й
DecF6Гузариш ба системаи ҳисоби 10-й
OctF7Гузариш ба системаи ҳисоби 8-й
BinF8Гузариш ба системаи ҳисоби 2-й
OriИҷрои амали ҷамъи мантиқӣ
XorAИҷрои амали ҷамъи магнитӣ
Not~Иҷрои амали инкори мантиқӣ
And&Иҷрои амали зарби мантиқӣ

Тарзи иҷрои амалҳои арифметикӣ ва мантицӣ дар реҷаи барномасоз. Ҳисобкунак дар реҷаи барномасоз низ, ба мисли реҷаи муҳандиеӣ, ҳисоббарориҳоро аз рӯйи мантиқи алгебравӣ амалӣ мегардонад. Тарзи иҷрои амалҳои арифметикӣ дар системаҳои ҳисоби ғайридаҳӣ (16-й, 8-ӣ, 2-й) аз системаи ҳисоби 10-ӣ ягон фарқе надорад: интихоби системаи ҳисоби зарурӣ, дохилкунии адади якум, пахши аломати амали зарурӣ, дохилкунии адади дуюм ва пахши аломати баробарӣ. Масалан, дар расми поёнӣ раванди ҳисобкунии 48BFx5FA3=lB2D329D дар системаи 16~й? 11000111101-10101=1001100 дар системаи ҳисоби 2-ӣ ва 74523-361=74142 дар системаи ҳисоби 8-ӣ нишон дода шудааст.

Ифодаҳои мантщӣ бо ёрии ададҳо, амалҳои қиёсии «<», «>», «=», амалқои мантиқии «not», «and», «ог», «хог» ва қавсҳои одӣ сохта мешаванд. Қимати ифодаи мантиқӣ метавонад танҳо «дуруст» (true) ё «нодуруст» (false) бошад. Қимати «дуруст» бо ёрии 1 (як) ва «нодуруст» бо 0 (сифр) ишора карда мешавад. Авлавияти амалҳои мантиқӣ чунин муайян карда шудааст: аввал «not», баъд «and», сипас «ог» ва дар охир «хог». Тарзи иҷрои амалҳои мантиқӣ дар ҷадвали зерин оварда шудааст:

Масалан, тибқи ҷадвали мазкур барои х=1, а=2 ва в=3 қимати ифодаи мантиқии «not (х>а) and (х<в)» ба 1 (дуруст) баробар аст.

Бо ёрии реҷаи барномасози ҳисобкунак тарзи иҷрои амалҳои мантиқиро дар мисоли «15 And 6» дида мебароем:

Таҷрибаи мазкурро барои «51 And 60» такрор менамоем:

Бо ададҳои 51 ва 60 амалҳои ҷамъи мантиқи (51 Or 60) ва ҷамъи магнитӣ (51 Хог 60)-ро татбиқ мекунем:

Саволҳо:

  1. Тарзи иҷрои амалҳои арифметикӣ дар реҷаи барномасози ҳисобкунак аз реҷаи муҳандисии он чӣ фарқ дорад?
  2. Сабаби барномасоз ном гирифтани реҷаи мазкур аз чӣ иборат аст?
  3. Кадом амалҳои мантиқиро медонед? Онҳо бо ёрии «Ҳисобкунак» чигуна иҷро мешаванд?

Супоришҳо:

  1. Бо истифода аз ҷадвали амалҳои мантиқӣ қимати ифодаҳои зеринро дастӣ ҳисоб кунед:
  2. «NOT х>3 AND д:<4»-ро барои хғ=3;
  3. «t<-5 OR NOT f>5»-po барои t=-3;
  4. «у>2 AND у<9»-ро барои у=7;
  5. «d<3 XOR d>7»-po барои d= 8.
  6. Дар реҷаи барномасози ҳисобкунак амалҳои мантиқии «18 And 5», «18 Or 5», «18 Хог 5»-ро иҷро кунед.

Маводҳои ҳамсон