Тарзи нигаҳдории иттилоот дар компютер

Ба дигарон равон намоед

Донистани тарзи ташкили нигаҳдории иттилоот дар таҷҳизоти электронӣ барои навомӯзони техникаи компютерӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Дар ин мавзӯъ диққати асосӣ ба он равона карда мешавад, ки дар кадом қисм ва дар кадом шакл додаҳои хусусии истифодабарандагон, барномаҳои компютерӣ ва дигар иттилооти зарурӣ нигоҳ дошта мешавад.

Дискҳо. Тамоми иттилооти истифодабарандаи компютери фардй, аз ҷумла системаи амалиётй, барномаҳои татбиқӣ, хидматй, забонҳои барномасозй, бозиҳои компютерй, санадҳои

хусусӣ ва дигар намуди додаҳо дар барандагони махсуси иттилоот нигоҳ дошта мешаванд, ки онҳо диск ном доранд. Дар дохили блоки систе- мавии компютер диски сахти маг- нитӣ (винчестер) ҷойгир шудааст, ки маҳз дар он қисми зиёди иттилооти

истифодабаранда нигаҳдорӣ мешавад. Як қисми иттилоот (додаҳо)-и истифодабаранда метавонад дар барандагони мухталифи беруна нигаҳдорӣ шавад. Ба ин гуна барандагони иттилоот дискҳои магнитии чандирй, дискҳои нурӣ (оптикӣ — CD, DVD, Blu-Ray), кортҳои хотира (барандагони иттилоот, ки дар таҷҳизоти рақамй, ба мисли дастгоҳи аккосй, плеер ва ғайра, истифода бурда мешаванд), флэшкортҳо ва дигар барандагонро дохил кардан мумкин аст. Ҳамаи барандагони

иттилооти зикршуда барои нигаҳдории дуру дарози иттилоот пешбинӣ шудаанд.

Тарзи корбарӣ бо тамоми барандагони иттилооти номбаршуда амалан якхела аст. Системаи амалиётӣ ба ҳар як барандаи иттилоот ё таҷҳизоти нигаҳдории додаҳо номи нодиреро вобаста менамояд, ки он аз ягон ҳарфи аввали алифбои лотинӣ ва аломати дунуқта «:» иборат аст. Масалан, таҷҳизоти корбарӣ бо дискҳои магнитии чандирӣ ба воситаи «А:» ва «В:» номгузорӣ шудаанд. Аз номи «С:» cap карда, номҳои дискҳои сахти компютерӣ оғоз меёбанд. Онҳо метавонанд якчандто бошанд. Пас аз номҳои дискҳои сахт навбат, аз рӯйи алифбо, ба номҳои дискҳои нурӣ дода мешавад. Ва ниҳоят, пас аз номҳои дискҳои нурӣ номҳои дискҳои шабакавӣ ва флэшкортҳо шурӯъ мешаванд.

Тавре аз мавзӯъҳои пешин медонем, иттилооте, ки дар компютер нигаҳдорӣ шудааст, бо байтҳо чен карда мешавад. Як байт аз 8 бит иборат аст. Бит воҳиди ченаки хурдтарини иттилоот ба ҳисоб меравад. Барномаҳои муосир ва додаҳои истифодабарандагон андозаҳое доранд, ки онҳо бо ёрии даҳҳо ва ҳатто садҳо ҳазор байт чен карда мешаванд. Аз ин рӯ, дар шароити воқеӣ иттилоот бо ченакҳои хеле бузургтар — килобайт, мегабайт, гигабайт, терабайт ва ғайра чен карда мешавад.

Масалан, саҳифаи китоби дарсй, ки шумо ҳоло хонда истодаед, дар диски винчестр ҳамагӣ як килобайт ҷойро ишғол менамояд. Худи дискҳои сахти компютер бошанд, аз 80 гигабайт то 3 терабайт ғунҷоиш дошта метавонанд. Ҳаҷми миёнаи хотираи фаврии компютерҳои муосир аз 2 то 4 гигабайтро ташкил медиҳад. Дискҳои нурй, вобаста ба

навъашон, аз 700 мегабайт то 50 гигабайт ва флэшкортҳо — аз 512 мегабайт то 128 гигабайт иттилоотро ғунҷонида метавонанд.

Парвандаҳо. Воҳиди асосии иттилоот дар компютер парванда мебошад. Бо мафҳуми парванда низ мо аллакаӣ шинос ҳастем. Парванда контейнереро мемонад, ки дар дохили он як миқдор иттилооти аз рӯйи мазмун муттаҳидгардида нигоҳ дошта шудааст. Парванда метавонад ҷадвал, матн, барнома, рӯнамо, расм, видеоролик, композитсияи мусиқй, суруд ва ғайра бошад.

Навъи иттилооти дохили парванда, яъне бо ёрии кадом барнома сохта шудани он, харзи сохтан ва таъйиноти парванда ба воситаи қисми иловагии номаш муайян карда мешавад:

  •  ехе, bat, com, msi — парвандаҳои барномавӣ ва иҷрошаванда;
  • sys, dll — парвандаҳои системавӣ ва китобхонавй;
  • txt — парвандаҳои матнй;
  • doc, docx — парвандаҳои бо ёрии виростори MS Word сохташуда;
  • xls, xlsx — парвандаҳои бо ёрии ҷадвали электронии MS Excel сохташуда;
  • jpg, tif, bmp, gif, png — парвандаҳои графикӣ (расмҳо, тасвираҳо).
  •  avi, mov, wmv, mkv — парвандаҳои видеоӣ (филмҳо, роликҳо).
  • mp3, wav, wma — парвандаҳои садоӣ (композитсияҳои мусиқй, сурудҳо).

Ҷузвдонҳо. Маълум аст, ки парвандаҳо дар дискҳои компютер на ба таври ихтиёрӣ, балки дар ҷузвдощо муттаҳид гадонида шуда, дар шакли сохтори парвандаӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Меъёри муттаҳидгардонии парвандаҳо дар ҷузвдонқо ба мақсаду мароми истифодабарандагон вобаста аст. Шарти ягонае, ки онро истифодабаранда бояд ба ҳисоб гирад, аз он иборат аст, ки парвандаҳои дохили як ҷузвдон бояд номҳои гуногун дошта бошанд.

Дар дохили як ҷузвдон миқдори дилхоҳи ҷузвдонҳои дигарро ҷой додан мумкин аст. Ҷузвдонҳои дохили ҳамдигар сохтореро ташкил медиҳанд, ки он дарахти ҷузвдонҳо номида мешавад. Намунаи дарахти ҷузвдоҳо дар расми зерин тасвир ёфтааст.

Акнун мо медонем, ки чӣ тавр иттилооти электронӣ (барномаҳо, санадҳо, расмҳо, суруду мусиқй, ҷадвалҳо ва ғайра) дар шакли парвандаҳо дар барандагони махсуси иттилоот — дискҳо ва кортҳои хотира нигоҳ дошта мешудааст. Барои ҷустуҷӯи созгор ва танзими додаҳои истифода- барандагон парвандаҳо аз рӯйи аломатҳои муайян ба гурӯҳҳое муттаҳид карда мешудаанд, ки онҳоро ҷузвдонҳо мегуфтаанд.

Савол:

  1. Додаҳои хусусӣ ва барномаҳо дар кадом қисмҳои компютер ва дар кадом шакл нигоҳ дошта мешаванд?

Супориш: 1. Ҷузвдони хусусиеро, ки дар дарсҳои пешин сохта будед, бо зерҷузвдонҳо ва парвандаҳои нав пурра гардонида, аз нав онро дар диски «Б:»-и компютер ба қайд гиред ва бо номҳои гуногун ба флэшкорт ва CD нусхабардорӣ кунед.

Маводҳои ҳамсон