Тарзҳои амалиётгузаронӣ бо катакҳо ва сатру сутунҳои ҶЭ MS Excel

Ба дигарон равон намоед

Бо дарунмояи катакҳо амалиёти зеринро гузаронидан мумкин аст:

  • ҳазф кардан;
  • ба дигар катак кӯчонидан;
  • ба дигар катак нусхабардорӣ кардан;
  • таҳрир ва иваз намудан;
  • шакли иттилоотро тағйир додан.
  • Амали ҳазфкунии иттилооти катак:
  • катаки лозимиро ҷудо кардан;
  • Амали ба дигар катак кӯчонидани иттилоот:
  • ҷудо намудани катаке, ки дарунмояи онро кӯчонидан лозим аст;
  • пахш намудани тугмаи » Буридан (Вырезать)-и банди Асосии менюи барнома;
  • ҷудо намудани катаке, ки иттилоот ба он кӯчонида мешавад;
  • пахш намудани тугмаи Гузоштан (Вставить)-и банди Асосии менюи барнома.

Амали ба дигар катак нусхабардорӣ кардани иттилоот:

ҷудо намудани катаке, ки дарунмояи онро нусхабардорӣ кардан лозим аст;

  пахш намудани тугмаи Нусхабардорй (Копировать)-и

банди Асосии менюи барнома;

  ҷудо намудани катаке, ки иттилоот ба он нусхабардорӣ карда мешавад;

  пахш намудани тугмаи Гузоштан (Вставить)-и банди Асосии менюи барнома.

Амали таҳриркунии иттилооти катак:

  ҷудо намудани катаке, ки дарунмояи онро таҳрир кардан лозим аст;

  пахш кардани тугмаи функсионалии [Ғ2]-и сафҳакалид;

  тағйирдиҳии дарунмояи катак;

  пахш намудани тугмаи Enter-и сафҳакалид

Амалиёти номбаршударо бо ёрии тугмаи рости муш низ иҷро кардан мумкин аст. Барои ин мушнаморо ба катаки лозимӣ гузошта, тугмаи рости онро пахш мекунем. Дар экран менюи матнии ёрирасон пайдо мешавад. Аз ин меню банди лозимиро интихоб мекунем ва амали заруриро иҷро менамоем.

Барои кӯчонидани иттилоот мушнаморо ба чорчӯбаи катаки лозимӣ чунон мегузорем, ки он

шакли   -ро гирад. Баъд тугмаи

чапи мушро пахшкунон онро то катаке мелағжонем, ки иттилоот бояд дар он ҷойгир карда шавад. Бо сардиҳии тугмаи чапи муш иттилоот ба ин катак мекӯчад.

Барои нусхабардорӣ намудани иттилоот бошад, айнан ҳамин

амалро якҷоя бо пахши тугмаи Ctrl иҷро кардан лозим аст. Ин

амалҳоро на танҳо бо як катак, балки бо диапазони катакҳо низ

гузаронидан мумкин аст. Барои ин пеш аз ҳама диапазони катакҳоро бо ёрии муш ё сафҳакалид ҷудо кардан лозим аст.

Ҷудокунии диапазони катакҳо бо ёрии муш хеле одӣ иҷро карда мешавад: мушнаморо ба катаки якум мегузорем ва тугмаи чапи онро пахшкунон ҳамаи катакҳои боқимондаи диапазонро фаро мегирем. Барои лағви (бекор кардани) амали ҷудокунӣ берун аз соҳаи диапазон тугмаи чапи мушро, ё дар сафҳакалид тугмаи E c-ро пахш мекунем.

Бо ёрии сафҳакалид низ диапазони катакҳоро ҷудо кардан он қадар мушкил нест. Курсорро ба катаки аввали диапазон мегузорем ва тугмаи функсионалии Ғ8-ро пахшкунон бо ёрии тугмаҳои идоракунии курсор диапазонро ҷудо менамоем.

Тағйирдиҳии шакли дарунмояи катак Иттилооти катак- ҳоро бо тарзҳои гуногун ҷойгир кардан, ранги замина ва хатҳои сарҳадии онҳоро тағйир додан, намудҳои гуногуни ҳарфҳо, андозаҳо ва шаклҳои зоҳиршавии онҳоро истифода бурдан, онҳоро аз корбарони тасодуфӣ ҳифз намудан ва ғайра аз ҷумлаи

он амалиётест, ки ба форматбандии катакҳои ҷадвал дохил мешаванд.

Барои иваз намудани шакли иттилооти катак мушнаморо ба он мегузорем ва тугмаи рости мушро пахш карда, тавассути менюи зерматнӣ равзанаи робитавии Формати катакҳо (Формат ячеек)-ро ба экран мебарорем. Равзанаи мазкур дорои тугмаҳои қабатии зерин аст:

  • Адад (Число — Number). Аз ин тугмаи қабатӣ вақте истифода мебаранд, ки агар формати адади дохили катакро иваз намудан зарур бошад. Ададҳо дар форматҳои умумӣ, ададӣ, пулӣ, молиявӣ ва ғайра дода мешаванд.
  • Радифбандӣ (Выравнивание — Alignment). Аз имкониятҳои ин тугмаи қабатӣ ҳангоми иттилоотро бо усулҳои гуногун — ба таври уфуқӣ (аз чап, дар марказ, аз рост, муттасил нисбат ба бари катак), амудӣ (аз боло, аз поён, муттасил нисбат ба баландии катак), таҳти ягон кунҷ ва ғайра ҷойгир намудан истифода мебаранд.
  • Ҳуруф (Шрифт — Font). Афзорҳои ин
  • тугмаи қабатӣ имконият медиҳанд, ки ранг, замина, намуд, андоза ва тарзҳои зоҳиршавии ҳарфҳои катак тағйир дода шавад.
  •  Ҳифз (Защита — Protect). Аз имкониятҳои ин тугмаи қабатӣ истифода бурда иттило-
  • оти катакро аз дахолатҳои тасодуфӣ ҳифз намудан ё формулаи дар он ҷойгирифтаро ноаён гардонидан мумкин аст. Иттилооти катак бо роҳи рамзгузории махфӣ (парол)
  • ҳифз карда мешавад. Бе донистани рамз иваз намудани
  • иттилооти катак ғайриимкон мегардад.
  • Ҳудуд (Граница — Border). Аз имкониятҳои ин тугмаи қабатӣ истифода бурда ранг, шакл ва дараҷаи ғафсии хатҳои сарҳадии катакро иваз намудан мумкин аст.
  • Рангпуркунӣ (Заливка — Potting). Аз ин тугмаи қабатӣ истифода бурда ранги заминаи катак ва нақшу нигорҳои онро тағйир додан мумкин аст.
  • Бо сатру сутунҳои ҷадвал амалиёти зеринро гузаронидан мумкин аст:
  • ҷудо намудани сатр ё сутун;
  • ҳазф сохтани иттилооти сатр ё сутуни ҷудокардашуда;
  • ба дигар сатр (сутун) кӯчонидан ё нусхабардорӣ намудани иттилооти сатри (сутуни) ҷудокардашуда.
  • Амали ҷудокунии сатр:
  • гузоштани мушнамо ба яке аз катакҳои сатри лозимӣ ва пахш кардани тугмаи чапи муш;
  • дар сафҳакалид тугмаҳои  hift ва Пробел-ро якҷоя пахш карда сар додан.
  • Амали ҷудокунии сутун:
  • гузоштани мушнамо ба яке аз катакҳои сутуни лозимӣ ва пахш кардани тугмаи чапи муш;
  • дар сафҳакалид тугмаҳои Ctrl ва Пробел-ро якҷоя пахш карда сар додан.
  • Амали ба дигар сатр (сутун) кӯчонидани иттилооти сатри (сутуни) ҷудокардашуда:
  • ҷудо намудани сатре (сутуне), ки дарунмояи онро кӯчонидан лозим аст;
  • ■  пахш намудани тугмаи » Буридан (Вырезать)-и банди Асосии менюи барнома;
  • ҷудо намудани сатре (сутуне), ки иттилоот ба он кӯчонида мешавад;
  • пахш намудани тугмаи Гузоштан (Вставить)-и банди Асосии менюи барнома.
  • Амали ба дигар сатр (сутун) нусхабардорӣ кардани иттилооти сатри (сутуни) ҷудокардашуда:
  • ҷудо намудани сатре (сутуне), ки дарунмояи онро
  • нусхабардорӣ кардан лозим аст;
  • пахш намудани тугмаи Нусхабардорй (Копировать)-и банди Асосии менюи барнома;
  • ҷудо намудани сатре (сутуне), ки иттилоот ба он
  • нусхабардорӣ карда мешавад;
  •  пахш намудани тугмаи Гузоштан (Вставить)-и банди Асосии менюи барнома.

Сатр ва сутунҳои ҷадвалро бо ёрии муш низ ҷудо кардан мумкин аст. Барои ин мушнаморо ба рақами сатр ё ишорати сутун гузошта, тугмаи чапи онро пахш намудан кифоя аст.

Кӯчонидан ё нусхабардорӣи иттилоот бо ёрии муш хеле осон аст. Масалан, пас аз ҷудо намудани сутун мушнаморо ба

сарҳади чап е рости он чунон мегузорем, ки курсор шакли ро гирад. Баъд тугмаи чапи мушро пахшкунон мушнаморо то сутуни лозимӣ мелағжонем ва тугмаро сар медиҳем. Дар натиҷа иттилоот ба сутуни нав мекӯчад. Барои нусхабардорӣ бошад, тугмаи чапи мушро якҷоя бо тугмаи Ctrl пахш карда, амалиёти болоиро такрор намудан лозим аст.

Амалиёти номбаршударо бо гурӯҳи сутуну сатрҳои ҷудокардашуда низ иҷро намудан мумкин аст. Барои ҷудо намудани якчанд сатри пай дар пайи ҷадвал мушнаморо ба

рақами сатри аввал гузошта, тугмаи чапи онро пахш менамоем. Баъд мушнаморо ба рақами сатри охирон гузошта, тугмаи чапи мушро якҷоя бо тугмаи  hift пахш менамоем. Айнан ҳамин тавр якчанд сутуни ҷадвалро низ ҷудо кардан мумкин аст.

Барои ҷудо намудани якчанд сатри (сутуни) ғайри ҳамсояи ҷадвал бошад, амалиёти баёншударо бо ёрии тугмаи Ctrl иҷро кардан лозим аст.

Саволҳо:

  1. Кадом амалиётро бо сатру сутунҳо, катакҳо ва диапазонҳои ҷадвал гузаронидан мумкин аст?
  2. Ба фикри шумо иҷрои амалиёт ба воситаи сафҳакалид осонтар аст ё муш ва ё менюи барнома?
  3. Кадом амалҳо ба форматбандии катакҳои Excel дохил мешаванд?
  4. Равзанаи робитавии форматбандии катакҳо чӣ ном дорад? Онро чӣ тавр мекушоянд?
  5. Вазифаи тугмаи қабатии Ҳифзи равзанаи робитавии Формати катакҳо аз чӣ иборат аст?

Супориш:

  1. Парвандаи «Дарси машқ»-ро кушоед ва ба воситаи имкониятҳои меню бо сатру сутунҳои варақи кории «Мисолҳо» амалҳои ҷудокунӣ, ҳазфкунӣ, нусхабардорӣ ва кӯчонидани иттилоотро гузаронед.
  2. Амалиёти болоиро ба воситаи муш такрор намоед. Кадом тарз ба фикри шумо осонтар аст?
  3. Равзанаи робитавии Формати катакҳоро кушоед ва онро муоина намоед. Бо навбат ҳар як тугмаи қабатии онро пахш кунед ва бинед, ки шакли равзана чӣ тавр тағйир меёбад.
  4. Вазифаи тугмаҳои қабатии Адад, Радифбандӣ, Ҳуруф, Ҳудуд, Рангпуркунӣ ва Ҳифзи равзанаи робитавии Формати катакҳоро шарҳ диҳед.

Бо ёрии равзанаи Формати катакҳо иттилооти катакҳои ҷадвали «Мисолҳо»-ро бо тарзҳои гуногун ҷойгир кунед, ранги замина ва хатҳои сарҳадии онҳоро тағйир диҳед, намуди гуногуни ҳарфҳо, андозаҳо ва шаклҳои зоҳиршавии онҳоро истифода бурда, шакли иттилооти дохили катакҳои онро тағйир диҳед.

Маводҳои ҳамсон