Тарзҳои рамзбандии иттилоот

Ба дигарон равон намоед

Рамзбандии рақамии иттилоот. Раванди шаклгирии тарзи муайяни тасвиркунии иттилоотро рамзбандии (рамзсозӣ, кодиронӣ) иттилоот мегӯянд. Одатан зери мафҳуми рамзбандӣ гузаштан аз як

тарзи тасвиркунӣ ба дигар тарзро мефаҳманд, ки вай барои нигаҳдорӣ, интиқол, ҳифз ва коркарди созгортари иттилоот равона гардидааст.

Компютер танҳо намуди иттилоотеро кор карда баромада метавонад, ки вай дар шакли рақамӣ тасвир шуда бошад. Ҳар гуна намудҳои дигари иттилоот — садо, наво, матн, график, расм, нишондоди афзорҳо ва ғайра пеш аз коркарди компютериашон ба шакли рақамӣ табдил дода мешаванд. Масалан, барои мусиқиро ба шакли рақамӣ табдил додан, кифоя аст, ки дар фосилаҳои хурди вақт динамикаи (шиддати, баланду пастшавии) садои онро барои зудиҳои муайян чен кунем ва натиҷаҳои ченкуниро дар шакли рақамӣ ба қайд гирем. Иттилооти мазкури рамзбандишударо (табдилдо- дашударо) бо ёрии барномаҳои мувофиқи компютерӣ аз нав дар шакли садои мусиқӣ барқарор намуда, тавассути таҷҳизоти садоии компютер шунидан мумкин аст.

Айнан ҳамин тавр бо ёрии компютер иттилооти матниро низ кор карда баромадан мумкин аст. Ҳангоми ба компютер дохил намудани аломатҳо (ҳарфҳо, рақамҳо, рамзҳои китобат ва ғайра) онҳо таҳти ягон адади муайян (пақдарпайии рақамҳои

дуӣ) рамзбандӣ карда (ба қайд гирифта) мешаванд. Дар вақти тавассути қисмҳои беруна (экран, принтер ва ғайра) хориҷ намудан бошад, баръакс, аз рӯйи рамзи аломатҳо тасвири худи онҳо сохта мешавад. Ана ҳамин мувофиқатгузории байни рамзҳову ададҳоро рамзсозӣ мегӯянд.

Аслан раванди дохилкунӣ ва хориҷкунии ададҳо бо ёрии компютер дар шакли муқаррарӣ (маъмулӣ) иҷро карда мешавад. Вале онҳо низ дар компютер бо ёрии рақамҳои сифр ва як (0, 1) тасвир карда мешаванд. Ин рақамҳо пойгоҳи системаи ҳисоби дуӣ ба ҳисоб мераванд. Яъне компютер асосан дар заминаи системаи ҳисоби дуӣ кор мекунад. Сабаби асосии истифодаи системаи ҳисоби дуӣ дар он аст, ки дар ин маврид таҷҳизоти коркарди иттилоот ба худ намуди хеле содаро қабул менамояд. Тамоми табдилдиҳиҳои (рамзбандӣ ва рамзкушоии) ададҳоро барномаҳои мувофиқи компютерӣ ба зиммаи худ мегиранд.

Андозагирии иттилоот ва ченакҳои он. Одамон ҳангоми ҳалли масъалаҳои мухталиф бештар аз иттилооти доир ба муҳити атроф доштаашон истифода мебаранд. Агар ин ё он рӯйдод ё ҳодиса хубтар ва пурратар омӯхта шуда бошад, он гоҳ ҳалли масъалаи ба он мувофиқ низ ҳамон қадар осонтар ёфта мешавад. Масалан, донистани қонунҳои физика имконият медиҳад, ки асбобҳои мураккаби техникӣ сохта шаванд. Барои тарҷума кардани матн аз як забон ба забони дигар бошад, донистани қоидаҳои мушаххаси грамматикӣ ва миқдори муайяни калимаҳои ин забонҳо зарур аст.

Ҳар кадоми мо бисёр вақт ба худ гуфтаем, ки аз ин ё он хабари аз тариқи телевизион ё радио пахшшуда ман барои худ иттилооти кам ё, баръакс, зиёд гирифта тавонистам. Дар ҳақиқат ҳамин тавр ҳам ҳаст. Масалан, аз хондани мақолаи дар рӯзномаи имрӯза чопшуда як шахс метавонад миқдори зиёди иттилоот ба даст биёрад, шахси дигар бошад, ҳеҷ. Яъне шахси дуюм аз мутолиаи мақолаи мазкур ба маълумоти мавҷудаи хеш

ягон зарра иттилооти нав зам карда натавонистааст. Барои чӣ ин тавр аст? Сабаб дар он аст, ки дониши (маълумоти) ин ду нафар нисбат ба иттилооти (ахбори, ҳодисаи) дар мақола баёнгашта, то чопшавиаш дар сатҳҳои гуногун қарор доштааст.

Аз тарафи дигар, баъзан ҳолатҳое рӯй медиҳанд, ки шахс аз шунидани маълумоти бисёр (масалан, дарси нав), барои худ амалан ягон миқдор иттилоот гирифта наметавонад. Сабаб дар он аст, ки маълумоти овардашуда (мавзӯъ) барои шунавандааш шавқовар набудааст, яъне завқи ӯро бедор карда натавонистааст.

Ҳамин тариқ, миқдори иттилооти дар ахбор (маълумот) маҳфузбуда ба дараҷаи навӣ ва шавқоварии вай барои қабулкунандааш вобаста аст. Бо гирифтани иттилооти зарурӣ номуайянӣ (нопуррагии дониш) дар масъалаи барои мо шавқовар кам мешавад. Агар дар натиҷаи қабули маълумоти нав ҳалли масъалаи омӯхташаванда пурра равшан гардад (яъне номуайянӣ гум шавад), он гоҳ мегӯянд, ки дар ин хусус иттилооти мукаммал гирифта шудааст ва зарурат ба дарёфти иттилооти иловагӣ вуҷуд надорад. Баръакс, агар пас аз гирифтани маълумот нисбат ба масъалаи тадқиқшаванда номуайянӣ боқӣ монад (маълумот нав набошад ё ба масъала дахл надошта бошад), он гоҳ мегӯянд, ки ягон миқдор иттилоот гирифта нашудааст.

Мисоли зеринро дида мебароем. Агар ҳангоми партофтани танга аҳамият диҳем, ки вай бо кадом тарафаш ба замин меафтад, он гоҳ мо ҳатман соҳиби иттилооти муайян мегардем. Азбаски ҳар ду тарафи танга низ имконияти афтидани якхела доранд, бинобар ин эҳтимолияти ба боло хобидани ҳам ин тараф ва ҳам он тарафи танга баробар аст. Дар ин маврид мегӯянд, ки ҳодиса як бит иттилоот дорад.

Айнан ҳамин тавр, ҳангоми аз байни ду саққои рангҳои гуногундоштаи дар қуттӣ пинҳонбуда надида гирифтани яке аз

онҳо низ мо соҳиби иттилооти (оид ба ранги саққо) ба 1 бит баробар мешавем.

Бит (bit) ҳамчун воҳиди ченаки иттилоот қабул шудааст. Вай аз калимаҳои кӯтоҳшудаи англисии binary digit гирифта шуда, дар забони тоҷикӣ маънои рақами дуиро дорад. Дар техникаи электронӣ бит ба вазъи физикии ҷузъҳои пойгоҳии компютерӣ (барандагон ва табдилдиҳандагони иттилоот) мувофиқат мекунад. Масалан, магнит мекашад — магнит тела медиҳад, фитта сӯрох аст — фитта сӯрох нест, чароғ (лампа) фурӯзон аст — чароғ хомӯш аст. Яке аз вазъҳои ин ҷузъҳоро ба воситаи рақами 1 ва дигарашро бо 0 ишорат кардан одат шудааст. Ана ҳамин усули бо битҳо тасвиркунии иттилоотро усули рамзбандии дуӣ (binary encoding) мегӯянд.

Дар информатика бештар аз бузургии калонтар — байт (byte) истифода мебаранд, ки вай ба 8 бит баробар аст. Агар бит имконияти аз ду варианти имконпазир интихоб намудани якеро фароҳам оварад, он гоҳ байт, мувофиқан, яке аз 256 варианти имконпазирро (28) пешкаш менамояд. Аксар компютерҳо ҳангоми рамзбандии аломатҳо пайдарпайии аз 8 яку сифрҳо (як байт) иборатбударо истифода мебаранд. Мувофиқати байни байтҳо ва аломатҳо бо ёрии ҷадвалҳои махсус ба танзим дароварда мешаванд.

Масалан, мувофиқи ҷадвали махсуси рамзбандии Koi8-R рамзи ҳарфи М ба 11101101, рамзи ҳарфи И ба 11101001 ва рамзи аломати «мавқеи холӣ» (пробел) ба 00100000 баробар аст.

Барои ченкунии миқдори иттилоот дар баробари байтҳо аз ченакҳои боз ҳам калонтар истифода мебаранд:

1 байт (як байт) = 21 * 3 бит = 8 бит;

1 Кбайт (як килобайт) = 210 байт = 1024 байт;

1 Мбайт (як мегабайт) = 220 байт = 1024 Кбайт;

1 Гбайт (як гигабайт) = 230 байт = 1024 Мбайт;

1 Тбайт (терабайт) = 240 байт = 1024 Гбайт;

1 Пбайт (петабайт) = 250 байт = 1024 Тбайт;

1 Эбайт (эксабайт) = 260 байт = 1024 Пбайт;

1 Сбайт (секстибайт) = 270 байт = 1024 Эбайт.

Масалан, миқцори иттилооти китоби 100 саҳифадоштаро, ки ҳар як саҳифааш 35 сатр ва ҳар як сатраш 50-рамзӣ дорад, чунин ҳисоб кардан мумкин аст: як саҳифаи китоб 35-50 = 1750 байт иттилоот дорад, ҳаҷми иттилооти пурраи китоб бошад, ба 1750-100 = 175000 байт ё 175000:1024=170,8984 Кбайт ва ё 170,8984:1024=0,166893 Мбайт баробар аст.

Саволҳо:

  1. Рамзбандии иттилоот чист? Рамзсозии рақамӣ чӣ?
  2. Системаи ҳисоби дуӣ чӣ гуна система аст?
  3. Миқдори иттилоотро чӣ тавр чен мекунанд?
  4. Бит ва байт гуфта чиро мефаҳмед? Боз кадом ченакҳоро медонед?
  5. Ахбори аз 12288 бит иборатбуда чанд Кбайт иттилоот дорад?

Супориш:

  1. Мавзӯъро бодиққат хонед ва доир ба тарзҳои рамзбандии иттилоот маълумот диҳед.

Мактуб аз 2 саҳифаи 25-сатра иборат аст. Дар ҳар як сатри мактуб 40 аломат ҷой дода шудааст. Ҳаҷми иттилооти мактубро ҳисоб кунед.

Маводҳои ҳамсон