Тасмаи абзори виростори матнӣ

Ба дигарон равон намоед

Тавре қайд гардид, менюи виростори матнии WordPad аз 3 банд — Парванда, Асосӣ ва Намо иборат аст, ки ба ҳар кадоми онҳо миқдори муайяни афзорҳои корбарӣ вобаста карда шудааст. Афзорҳои ҳар як банди меню бевосита дар зери сатри меню намудор мешаванд. Маҷмӯи афзорҳои бандҳои менюро тасмаи абзор гуфтан одат шудааст. Тасмаи (лентаи, навори) абзор барои тағйир додани формати санади матнӣ хизмат мерасонад.

Дар мавриди пахши банди дилхоҳ намуди тасмаи абзори поёни меню тағйир меёбад ва дар тасма он афзорҳое рӯйи кор

меоянд, ки барои гузаронидани амалиёти навъи мушаххас (маҷмӯи амалҳои синфи муайян) қодиранд.

Ҳангоми фаъол будани банди Асосия меню тасмаи абзор дар шакли зерин ба чашм мерасад:

Ба воситаи афзорҳои банди Асосии менюи барнома амалҳои нусха бардоштан, буридан, ҷогузорӣ кардан, интихоб намудани ҳуруфи дилхоҳ, тағйир додани андоза ва ранги онро ба осонӣ анҷом додан мумкин аст. Радифбандии матни санад нисбат ба саҳифаи коғаз низ бо ёрии афзорҳои ҳамин банд анҷом дода мешавад. Барои донистани вазифаи ҳар як афзор (тугма) кифоя аст, ки мушнаморо ба болои онҳо гузорем ва маълумоти лаҳзавии пайдошударо зуд хонем. Муҳим он аст, ки пеш аз истифодаи ин ё он афзор қитъаи матни форматшаванда бояд ҳатман ҷудо карда шавад.

Барои ба матни санад ҷогузорӣ кардани санаи рӯз, тасвирҳо ва объектҳои тавассути дигар барномаҳо сохташуда, кифоя аст, ки дар тасмаи абзор тугмаи мувофиқ пахш шуда, аз лавҳаи пайдошуда мавзӯи муносиб интихоб карда шавад. Тавассути афзорҳои дигари тасма абзатсҳои матнро ба таври худкор рақам ё нишонагузорӣ кардан мумкин аст.

Ҳангоми интихоби банди Намои менюи барнома шакли тасмаи абзор ва миқдори воситаҳои он тағйир меёбад. Бо ёрии ин афзорҳо асосан намуди зоҳирии равзанаи барнома ва микдори ҷузъҳои онро тағйир додан мумкин аст. Ҳамчунин афзорҳои тасма дар ин маврид барои кӯчониши матн аз як сатр ба сатри дигари санад, миқёсгирии матни саҳифаҳо нисбат ба равзанаи барнома ва ғайра хизмат мекунанд.

Ҳангоми фаъол бу- дани банди Парвандап меню шакли равзанаи WordPad ба куллӣ тағйир меёбад ва тавассути аф- зорҳои он иҷрои амалҳои асосии корбарӣ бо пар- вандаи санади матнӣ им- конпазир мегардад. Маса- лан, афзори Сохтан (Соз- дать) барои сохтани са- нади нави матнӣ ва аф- зори Кушодан (Открыть) барои кушодани санади мавҷудаи матнй, ки дар ягон ҷузвдони диски ком- пютер маҳфуз аст, хизмат мерасонанд. Афзори Сабт кардан (Сохра- нить), одатан, барои

азнавсабткунии (нигаҳдории) санади матнии ҷорӣ ва афзори Нигаҳдорӣ ҳамчун (Сохранить как) барои бо ягон номи нав сабт кардани санади мавҷуда пешбинӣ шудаанд. Ҳамин тариқ, афзори Чоп (Печать) барои ба чоп додани матни санад ба чопгар, афзори Параметрҳои саҳифа (Параметры страницы) барои тағйир додани интихобҳои (параметрҳои, нишон- диҳандаҳои) саҳифаи чопии санад, афзори Бо почтаи электронӣ равон кардан (Отправить по электронноӣ почте)

барои тавассути почтаи электронӣ ба дигарон интиқол додани матни санади матнй, афзори Доир ба барнома (О программе) барои маълумотгирӣ дар бораи барномаи WordPad ва афзори Хориҷшавӣ (Выход) барои беруноӣ аз виростори матнии WordPad хизмат мерасонанд.

Барои аз равзанаи виростори матнии WordPad ҳазф кардан (нопадид гардонидан) ё ба он ҳамроҳ намудани хаткашҳои идорӣ банди Намои меню хизмат мекунад. Тасмаи абзор бошад, бо ёрии тугмаи амрии — Тасмагундор муваққатан аз экран нопадид гардонида мешавад. Барои бозгардони тасмаи

абзор, ин тугмаро — такроран пахш кардан лозим аст. Аслан тасмаву хаткашҳои равзанаро вақте аз он ҳазф менамоянд, ки агар барои корбарӣ бо матн майдони васеътари корӣ зарур бошад.

Саволҳо:

  1. Тасмаи абзор гуфта, чӣ гуна ҷузъи идорӣ дар назар дошта шудааст? Вазифаи тасмаи абзор аз чӣ иборат аст?
  2. Афзорҳои тасмаи абзори банди Асосии менюи барномаи WordPad барои иҷрои кадом амалҳо пешбинӣ шудаанд?
  3. Амалҳои нусхабардорй, буридан, ҷогузорӣ кардан, интихоб кардани навъи ҳуруф, тағйир додани андоза ва ранги он ва инчунин радифбандӣ кардани матни санад нисбат ба саҳифаи коғаз бо ёрии кадом афзорҳои банди Асосии меню анҷом дода мешаванд? Тавзеҳ диҳед.
  4. Намуди зоҳирии равзанаи барномаи WordPad-po бо ёрии афзорҳои тасмаи абзори кадом банди менюи барнома тағйир додан мумкин аст? Чӣ тавр?
  5. Афзорҳои банди Парвандаи менюи барнома барои иҷрои кадом амалҳо хизмат мерасонанд? Маълумот диҳед.

Супоришҳо:

  1. Виростори матнии WordPad-po ба кор омода созед ва бо ёрии имкониятҳои тасмаҳои абзори бандҳои менюи он дар дохили равзанаи ҷузвдони хусусии худ як парвандаи матнӣ созед.
  2. Ба парвандаи матнии сохташуда номи нав гузоред ва яке аз нақлҳои хаттии тайёркардаи худро бо ёрии он ҳарфчинӣ кунед.
  3. Бо матни парвандаи худ амалҳои нусхабардорй, буридан, ҷогузорӣ кардан, интихоб намудани навъи ҳуруф, тағйир додани андоза, ранги он ва радифбандӣ кардани матни санади парванда нисбат ба саҳифаи коғазро машқ кунед.

Намуди зоҳирии равзанаи санади матнии парвандаи худро тағйир диҳед.

Маводҳои ҳамсон