Тасмаи абзори виростори матнӣ

Ба дигарон равон намоед

Тавре қайд гардид, менюи виростори матнии WordPad аз 3 банд — Парванда, Асосӣ ва Намо иборат аст, ки ба ҳар кадоми онҳо миқцори муайяни афзорҳои корбарӣ вобаста карда шудааст. Афзорҳои ҳар як банди меню бевосита дар зери сатри меню намудор мешаванд.

Маҷмӯи афзорҳои бандҳои менюро тасмаи абзор гуфтан одат шудааст. Тасмаи (лентаи, навори) абзор барои тағйир додани формата санади матнӣ хизмат мерасонад.

 Дар мавриди пахши банди дилхоҳ намуди тасмаи абзори поёни меню тағйир меёбад ва дар тасма он афзорҳое рӯйи кор  меоянд, ки барои гузаронидани амалиёти навъи мушаххас (маҷмӯи амалҳои синфи муайян) қодиранд.

 Ҳангоми фаъол будани банди Acocии меню тасмаи абзор дар шакли зерин ба чашм мерасад:

      Ба воситаи афзорҳои банди Acocuи менюи барнома амалҳои нусха бардоштан, буридан, ҷогузорӣ кардан, интихоб намудани ҳуруфи дилхоҳ, тағйир додани андоза ва ранги онро ба осонӣ анҷом додан мумкин аст. Радифбандии матни санад нисбат ба саҳифаи қоғаз низ бо ёрии афзорҳои ҳамин банд анҷом дода мешавад. Барои донистани вазифаи ҳар як афзор (тугма) кифоя аст, ки мушнаморо ба болои онҳо гузорем ва маълумоти лаҳзавии пайдошударо зуд хонем. Муҳим он аст, ки пеш аз истифодаи ин ё он афзор қитъаи матни форматшаванда бояд ҳатман ҷудо карда шавад.

        Барои ба матни санад ҷогузорӣ кардани санаи рӯз, тасвирҳо ва объектҳои тавассути дигар барномаҳо сохташуда, кифоя аст, ки дар тасмаи абзор тугмаи мувофиқ пахш шуда, аз лавҳаи пайдошуда мавзӯи муносиб интихоб карда шавад. Тавассути афзорҳои дигари тасма абзатсҳои матнро ба таври худкор рақам ё нишонагузорӣ кардан мумкин аст.

     Ҳангоми интихоби банди Намоӣ менюи барнома шакли тасмаи абзор ва миқдори воситаҳои он тагйир меёбад. Бо ёрии ин афзорҳо асосан намуди зоҳирии равзанаи барнома ва миқдори ҷузъҳои онро тагйир додан мумкин аст. Ҳамчунин афзорҳои тасма дар ин маврид барои кӯчониши матн аз як сатр ба сатри дигари санад, миқёсгирии матни саҳифаҳо нисбат ба равзанаи барнома ва ғайра хизмат мекунанд.

Ҳангоми фаъол бу- дани банди Парвандаи меню шакли равзанаи WordPad ба куллӣ тағйир меёбад ва тавассути афзорҳои он иҷрои амалҳои асосии корбарӣ бо пар- вандаи санади матнӣ им- конпазир мегардад. Macaлан, афзори Сохтан (Соз- дать) барои сохтани са- нади нави матнӣ ва афзори Кушодан (Открыть) барои кушодани санади мавҷудаи матнӣ, ки дар ягон чузвдони диски комютер махфуз аст, хизмат мерасонанд. Афзори Сабт кардан (Сохранить), одатан, барои азнавсабткунии (нигаҳдории) санади матнии ҷорӣ ва афзори Нигаҳдорӣ ҳамчун (Сохранить как) барои бо ягон номи нав сабт кардани санади мавҷуда пешбинӣ шудаанд. Ҳамин тариқ, афзори Чоп (Печать) барои ба чоп додани матнӣ санад ба чопгар, афзори Параметрҳои саҳифа (Параметры страницы) барои тағйир додани интихобҳои (параметрҳои, нишон- диҳандаҳои) саҳифаи чопии санад, афзори Бо почтаи электронӣ равон кардан (Отправить по электронноӣ почте)  барои тавассути почтаи электронӣ ба дигарон интиқол додани матни санади матнӣ, афзори Доир ба барнома (О программе) барои маълумотгирӣ дар бораи барномаи WordPad ва афзори Хориҷшавӣ (Выход) барои беруноӣ аз виростори матнии WordPad хизмат мерасонанд.

Барои аз равзанаи виростори матнии WordPad ҳазф кардан (нопадид гардонидан) ё ба он ҳамроҳ намудани хаткашҳои идорӣ банди Намои меню хизмат мекунад. Тасмаи абзор бошад, бо ёрии тугмаи амрии — Тасмағундор муваққатан аз экран нопадид гардонида мешавад. Барои бозгардони тасмаи

абзор, ин тугмаро — 0 такроран пахш кардан лозим аст. Аслан тасмаву хаткашҳои равзанаро вақте аз он ҳазф менамоянд, ки агар барои корбарӣ бо матн майдони васеътари корӣ зарур бошад.

Маводҳои ҳамсон