Барномаи хатти гуфта, навишти алгоритми хаттиро дар ягон забони барномасозии ме- номанд. Барои ташкили барномаҳои хатти аз операторҳои до- хилкуни, азчопбарори, инҷунин амалҳои эълонкуни ва муайян- кунии тағйирёбандаҳо ва амалҳо бо онҳо истифода мешаванд. Бо оператори азчопбарори (<<) мо аллакай шинос ҳастем. Барои дохилкунии қимати тағйирёбанда оператори дохилкунии >> истифода бурда мешавад, ки намудаш чунин аст:
сели_маълумот >> номи_тағйирёбанда;
Дар ин ҷо, номи_тағйирёбанда — идентификатор; сели_маълумот — сарчашмаи қимати дохилшаванда мебошад. Барои дохилкунии қимат аз сели стандартии дохилкуни,
яъне аз клавиатура, аз калимаи cin (си-ин хонда мешавад — сели стандартии дохилкуни), ки дар файли iostream (ин маънои онро дорад, ки агар дар барнома зарурати дохилкунии қимат аз клавиатура бошад, он гоҳ файли iostream дар аввали барнома бо директиваи #include<iostream> бояд ҳамроҳ карда шавад) муайян шудааст, бояд истифода бурд.
Гуфтаҳои болоиро якҷоя намуда, барномаи масъалаи зерин- ро тартиб медиҳем.
Масъала. Тарафи квадрат ба а баробар аст. Периметр ва масоҳати квадратро ёбед.
Ҳал. Периметри квадрат P ва масоҳати квадрат S аз руи формулаҳои зерин ёфта мешаванд:
Р = 4a, S = а * а.
Барнома намуди зеринро дорад:
//kvadrat.cpp #include<iostream> using namespace std; int main()
{
float a, P, S;
cout<<«Тарафи квадратро дохил кунед: a = «;
cin>>a;
P = 4.0 * a;
S = a * a;
cout<<«Периметри квадрат = «<<P<<«\n»;
cout<<«Масохати квадрат = «<<S<<«\n»;
return 0;
}