Таъсири мутақобилаи ҷараёнҳо

Ба дигарон равон намоед

Зарраҳои электрикии қарор дар атрофии худ майдони электрикӣ ба вуҷуд меоранд. Зарраҳои ҳаракаткунанда дар баробари ин майдони магнитӣ низ ба вуҷуд меоранд. Зарраҳои ҳаракаткунанда ҷараёни электрики ҳосил мекунанд. Пас майдони магнитӣ майдонест, ки онро ҷараёни электрикӣ ба вуҷуд меорад.

Дар байни зарраҳои электрноки қарор қувваҳои кулонӣ амал мекунанд. Бузургии онҳо аз руи қонуни Кулон ёфта мешавад. Мувофиқи назарияи таъсири наздик таъсири мутақобилаи зарядҳои электрики ин тавр сурат мегирад: ҳар яке аз зарядҳо майдони электрикие ҳосил мекунад, ки он ба заряди дигар таъсир меорад ва баръакс.

Аммо дар байни зарядҳои электрики қувваҳои дигар низ амал мекунанд. Онҳоро дар таҷрибаи зерин ошкор намудан мумкин аст: ду ноқили нармро гирифта. онҳоро дар ҳолати амудӣ маҳкам мекунем ва баъд нугҳои поёнашонро ба кутбҳои манбаи ҷараён менайвандем (расми 1). Дар ин маврид суи якдигар кашида шудан ё аз якдигар тела хурдани ноқилҳо мушоҳида намегардад, чунки дар ин маврид гарчанде

ноқилҳо элекгрнок шаванд ҳам аммо заряди ноқилҳо ҳангоми чанд волт будани шиддати байни онҳо ба дараҷаи назарногир кам мебошад. Вале агар нугҳои дигари ноқилҳоро тавре пайваст намоем, ки дар онҳо ҷараёнҳо ба самти муқобили якдигар чорӣ шаванд, он гоҳ мебинем, ки

нокилҳо аз якдигар тела мехуранд (расми 2). Лекин агар ҷараёнҳо ҳамсамт бошанд, ноқилҳо ҳамдигарро ҷазб мекунанд (расми 3).

Таъсири мутақобилаи ноқилҳои ҷараёндор, яъне таъсири мутақобилаи зарядҳои электрикии ҳаракаткунанда таъсири мутақобилаи магнитӣ ном дорад. Қувваҳоеро ки ноқилҳои ҷараёндор бо онҳо ба якдигар таъсир мебахшанд, қувваҳои магнитӣ меноманд.

Майдони магнитӣ. Мисли он ки, дар фазои атрофи ҷисмҳои элекгрнок майдони электрикӣ ба вуҷуд меояд, дар фазои атрофи ноқили ҷараённок низ майдоне ба вуҷуд меояд, ки онро майдони магнитӣ меноманд.

Ҷараёни электрикии ҳар яке аз ноқилҳо дар атрофи худ майдони магнитӣ ба вуҷуд меорад ва он майдон ба ҷараёни дар ноқили дигар ҷоришаванда таъсир мекунад.

Майдони магнитӣ шакли махсуси материя мебошад, ки таъсири мутақобили зарраҳои электрноки ҳаракаткунандаро вокеъ мегардонад.

Ҳосиятҳои асосии майдони магнитӣ инҳо мебошанд:

1) майдони магнитӣ зодаи майдони электрикӣ мебошад;

2 ) майдони магнитӣ аз руи таъсири ба ҷараёни электрикӣ расондааш ошкор мегардад.

Контури сарбасти ҷараёндор дар майдони магнитӣ.

Барои омӯзиши майдони магнитӣ ягон контури андозаашхурдеро. чунончӣ рамкаи симини ҳамвори хурдеро истифодабурдан мумкин аст. ки шакли росткунҷа ё доираро доштабошад (расми 4).

Рамкаҳои ҷараёндорро ба якдигар наздик ҷой додан ёонҳоро баҳам тобидан лозим аст, то ки қувваи натиҷавии азтарафи майдони магнитӣ ба ин рамкаҳо таъсиркунандасифрӣ бошанд.

Ба контури ҷараёндор таъсир расонидани майдонимагнитиро аз руи таҷрибаи зерин мушоҳида намудан осонacт. Рамкаи хамвореро, ки аз чанд печи симин иборатмебошад. дар нугҳои ду сими борики ба ҳам бофта меовеземва аз он дар масофаи назар ба андозаи рамка зиёдтар симеродар ҳолати амудӣ ҷой медиҳем (расми 5.а).

Дар мавриди аз сими амудӣ ва рамка чорӣ гардиданиҷараён рамка каму беш тоб хурда, тавре ҷойгир мешавад, киноқил дар ҳамвории контур мехобад (расми 5. б).

Дар мавриди тағйир додани самти ҷараён рамка 180° тоб мехурад. Чуноне, ки маълум аст майдони магнитиро на танҳо ҷараёни электрикӣ, балки магнитҳои доимӣ низ ба вуҷуд оварда метавонанд. Агар рамкаи ҷараёндор бо симҳои борики нарм дар байни кутбҳои магнит овезон намоем, рамка то даме тоб мехурад, ки ҳамвории он нисбат ба хати пайвасткунандаи қутбҳои магнит мавқеи амудӣ нагирад (расми 6 ).

Ҳамин тариқ, майдони магнитӣ қудрати рамкаро гардиш додан дорад.

  1. Чӣ гуна таъсироти мутақобилро тиъсироти мутақобили магнитӣ меноманд?
  2. Майдони магнитӣ чӣ гуна хосиятҳо дорад?

Маводҳои ҳамсон