Тағйирдиҳии андозаи тасвир ё қисми он

Ба дигарон равон намоед

Доир ба усулҳои тағйир додани андозаи қисми тасвир мо дар мавзӯьҳои гузашта қисман маълумот пайдо намуда будем. Ҳоло ба таври муфассал бо технологияҳои тағйирдиҳии андозаи тамоми тасвир, соҳаи расмкашӣ ва

таҳти ягон кунҷ тоб додани тасвир шинос Аз блоки Шаклҳои (Фигуры) банди Асосии (Главная) тасмаи абзори менюи барномаи Paint шакли (афзори) ғайристандартии Дил (Сердце)-ро

интихоб мекунем ва аз рӯйи технологияҳои маълуми расмкашӣ дар майдони кории виростор онро инъикос менамоем.

Тавре медонем, росткунҷаи шикастахати шашмураб- баъчадори атрофи шакли мазкур барои тағйир додани андозаи объект хизмат мерасонад (расми чапи болоӣ). Андозаи объектро то пахши тугмаи чапи муш бо ёрии яке аз мураббаъчаҳои росткунҷа каму зиёд намудан мумкин аст. Пас аз иҷрои амали пахшкунии муш, росткунҷаи атрофи объект нопадид гашта, тасвир бо усули зикршуда тағйирнопазир мегардад (расми рости болой).

Аммо, бо истифода аз усули ҷудокунӣ росткунҷаи тағйирдиҳии андозаи объектро аз нав дар атрофи тасвир намудор кардан мумкин аст.

Виростори Paint ду тарзи ҷудокуниро пешниҳод мекунад: Росткунҷасоҳа (Прямоугольная область) ва Дилхоҳсоҳа (Произвольная область). Агар бо ёрии афзори Росткунҷасоҳа

танҳо соҳаи росткунҷаро ҷудо кардан мумкин бошад, он гоҳ афзори Дидхоҳсоҳа имконият медиҳад, соҳаи шаюга дилхоҳдошта ҷудо карда шавад.

Андозаи объект ва хамии онро бо ёрии афзори Андозагирак (Изменить размер)-и блоки Тасвир (Изображение)-и тасмаи абзори барнома низ тағйир додан имконпазир аст. Пас аз пахши афзори мазкур, дар экран

равзанаи робитавии «Тағйирдиҳии андоза ва ҳамӣ» (Изменение размеров и наклона) пайдо мешавад, ки он аз ду қисм иборат аст: Андозагирак (Изменить размер) ва Хамкунак (Наклон: градусы).

Дар расмҳои поёнӣ амалкарди афзорҳои Андозагирак ва Хамкунак ҳангоми нигоҳ доштани таносуби андозаҳои уфуқӣ ва амудии тасвири объект пешкаш гардидааст. Аз ҷумла, дар расми якуми он (аз тарафи рост) технолошяи бо ёрии афзори Андозагирак ба самгҳои уфуқӣ ва амудӣ ба 300% афзошп додани андозаи обьекти Дил нишон дода шудааст. Дар тарафи рости расми дуюм бошад, натиҷаи татбиқи технологияи бо ёрии афзори Хамкунак ба самти уфуқӣ ба миқдори 25° хам кардани объекти Дил оварда шудааст.

Технологияи тағйирдиҳии андозаи қисми тасвир аз технологияи тағйирдиҳии андозаи тамоми тасвир кам фарқ мекунад. Бо ин технология мо дар мавзӯи гузашта шиносоӣ пайдо карда будем. Бинобар он, ҳоло бо технологияи тағйирдих,ии андозаи соҳаи расмкашии виростори Paint шинос хоҳем шуд.

Соҳаи расмкашии Paint дар майдони кории он ҷойгир буда, шакли росткунҷаи шашмураббаъчадорро дорад. Вай метавонад як қисм ё тамоми майдони кориро фаро гирад. Мураббаъчаҳои росткунҷа, ба мисли пешин, вазифаи каму зиёдкунии соҳаи расмкаширо ба уҳда доранд. Вале, ба таври пурра ва бо рохдои гуногун тағйир додани соҳаи расмкашӣ, аз тариқи афзорҳои тасмаи абзори банди Намо (Вид)-и менюи барнома амалӣ гардонида мешавад.

Афзорҳои банди Намо дар се блок — Миқёс (Масштаб), «Инъикос ё пиҳон» (Показать или скрыть) ва Инъикос (Показать) муттаҳид гардонида шудаанд.

Афзорҳои Зиёдкунӣ (Увеличить) ва Камкунӣ (Уменьшить)-и блоки Миқёс, мувофиқан, барои дар дохили майдони кории виростори графикӣ зиёд ва кам кардани андозаи соҳаи расмкашӣ хизмат мерасонанд. Расмҳои якум ва дуюми поёнӣ натиҷаи амалкарди ҳамин афзорҳо мебошанд. Агар андозаи соҳаи расмкаширо якбора ба андозаи майдони кории виростор мусовӣ кардан лозим бошад, он гоҳ аз афзори «100%»-и ҳамин блок истифода бурдан созгортар аст.

Натиҷаи амалкарди афзорҳои Хаткашҳо (Линейки), «Хатҳои тӯр» (Линии сетки) ва «Сатри ҳолатнамо» (Строка состояния)-и блоки «Инъикос ё пинҳон»-и банди Намо дар расмҳои сеюм ва чоруми болоӣ оварда шудаанд.

Афзорҳои «Бо паҳнои экран» (Во весь экран) ва Ангора (Эскиз)-и блоки «Инъикос»-и банди Намо, мувофиқан, барои бидуни майдони кории равзанаи виростори Paint, якбора дар экран, инъикос намудани мусаввара (расми чапи поёнӣ) ва инъикоси ангораи мусаввара дар равзанаи виростор графикӣ (расми рости поёнӣ) хизмат мерасонанд.

Саволҳо:

  1. Технологияи тағйирдиҳии андозаи тамоми тасвир аз қисми тасвир чӣ фарқ дорад?
  2. Оё шумо бо технологияи таҳти ягон кунҷ тоб додани тасвир шинос ҳастед? Тавзеҳ диҳед.
  3. Вазифаи афзорҳои Андозагирак шХамкунак дар чист?
  4. Кадом усулҳои тағйирдиҳии андозаи соҳаи расмкашии виростори графикии «Paint»-po медонед?
  5. Андозаи тасвирро бо ёрии росткунҷаи шикастахати шашмураббаъчадори атрофи он тағйир додан осон аст ё дигар афзорҳо? Шарҳ диҳед.
  6. Вазифаи афзори «100%» аз чӣ иборат аст? Афзорҳои Хаткагҳо, «Хапцои тӯр» ва «Бо паҳнои экран» чй?

Супоришҳо:

  1. Равзанаи барномаи графикии «Paint»-po кушоед ва бо тарзи корбарии афзорҳои тағйирдиҳии андозаи тамоми тасвир ва қисми он, соҳаи расмкашӣ ва таҳти ягон кунҷ тоб додани тасвир аз наздик шинос шавед.
  2. Бо истифода аз афзорҳои дар мавзӯъ зикршуда тамоми амалҳои бо объекти Дил иҷрошударо бо тарзи эҷодӣ барои объекти Ромб такрор кунед.
  3. Натиҷаҳои графикии ҳосилшударо бо номи «Расмҳои панҷуми ман дар Paint» дар хотираи компютер сабт кунед.

Маводҳои ҳамсон