Тақвим

Ба дигарон равон намоед

            Системаи ҳисоби фосилаҳои дарозмуддати вақтро тақвим меноманд. Дар таърихи инсоният тақвимҳои бисёр гуногун сохта ва истифода шудааст, ки онҳоро ба се шакл ҷудо намудан мумкин аст: шамсӣ, қамарӣ ва қамарӣ-шамсӣ. Асоси тақвими шамсиро давомнокии соли тропикӣ, асоси тақвими қамариро давомнокии моҳи синодӣ мебозад. Тақвими қамарӣ-шамсӣ бошад ба ҳар ду давомнокиҳои вақт асоснок шудааст.

           

Тақвими шамсӣ ҳоло дар бисёр давлатҳо истифода бурда мешавад. Мисоли тақвими қамарӣ  — тақвими мусулмонӣ аст, ки аз 12 моҳ ва 354 ё 355 шабонарӯз иборат аст. Дар тақвими яҳудии қамарӣ-шамсӣ сол аз 12 моҳ ва 354 шабонарӯз ва ё аз 13 моҳу 384 шабонарӯз иборат аст. Боз солҳои “нопурра” (353 ва 383 шабонарӯз) ва “барзиёдӣ” (355 ва 385  шабонарӯз) низ доранд.

            Тақвими шамсӣ. Асоси тақвими шамсӣ давомнокии соли тропикӣ буда қиммати миёнаи шабонарӯзии он ба 265,2422 (365d5h48m46s) баробар аст.

            Ҳангоми тартиб додани тақвим ду шарти зерин бояд иҷро шавад.

            1) давомнокии соли тақвимӣ дар якчанд сол ба ҳисоби  миёна ба давомнокии миёнаи соли тропикӣ наздик бошад;

            2) соли тақвимӣ шумораи бутуни шабонарӯзӣ дошта бошад?

            Дар тақвими юлианӣ (тақвими кӯҳна), ки аз тарафи астроном Созиген тартиб дода шуда ва соли 46 то милод аз тарафи Юлий Сезар ба истифода дода шуд қоидаи зерини оддӣ истифода шудааст.

       давомнокии соли тақвимӣ се сол паиҳам 365 шабонарӯзи миёнаи офтобӣ буда соли чорӯм аз 366 шабонарӯз иборат аст.

            Солҳои 365 рӯза солҳои оддӣ буда солҳои 366 шабонарӯза солҳои кабисавӣ ҳисобида мешавад. Солҳои кабисавӣ гуфта солҳоеро меноманд, ки ададашон ба 4 бебақия тақсим мешавад ва моҳи феврал аз 29 шабонарӯз иборат аст.

            Фарқи соли тақвимӣ аз соли миёнаи тропикӣ 365,25 — 365,2422 =0:0078 шабонарӯз аст, ки он дар давоми 128 сол қариб 1 шабонарӯз ва дар давоми тақрибан 400 сол 3 шабонарӯзро ташкил медиҳад. Ин тақвимро давлатҳои аврупоӣ 16 аср истифода бурданд.

       Тақвими григорӣ (тақвими нав) дар натиҷаи реформаи тақвими юлианӣ, ки онро соли 1582 папаи Рим Григорий XIII дар натиҷаи мулоҳизаҳои динӣ гузаронид, пайдо шуд. Ду нуқта махсус қайд карда шуд.

            1) баъд аз 4 октябри соли 1582 рӯзи 5 набуда рӯзи 15 октябр ҳисобида шавад;

       2) дар оянда садсолаҳое, ки ба 4 бо бақия тақсим мешавад солҳои кабисавӣ ҳисобида нашавад (1700: 1800: 1900: 2100 ва ҳоказҳо).

            Реформаи тақвим аз тарафи лоиҳаи математик ва духтури италянӣ Лилио бо мақсади бар гардонидани 21 март ба рӯзи эътидоли баҳорӣ ва даровардани тағйирот дар ҳисоби солҳои оддӣ ва кабиса гузаронида шуд.

            Чунин тақвим имконият медод, ки идҳо дар давоми солҳо дар як рӯз биёяд ва давомнокии соли миёнаи тропикӣ ба соли тақвимӣ наздик бошад. Давомнокии соли тақвимӣ дар давоми ҳар як 400 сол ба 365,2425 шабонарӯз баробар шуд ва фарқи байни онҳо 365,2425 – 365,2425 = 0,0003 шабонарӯзро ташкил медиҳад. Хатогии чунин тақвим дар 3300 сол 1 шабонарӯз аст.

            Барои ба тартиб даровардани тақвими пешинаи яздигурдӣ Маликшоҳ соли 1076 гурӯҳи корӣ аз ҳисоби астроном ва риёзидонҳои машҳур, бо сардории Хайём ташкил мекунад.Мақсади асосии ин гурӯҳ мувофиқ овардани рӯзи аввали сол — Наврӯз бо эътидоли баҳорӣ буд.

            Асоси тақвими Хайёмро таносуби 8~33 ташкил мекунад. Даври 33 сола 25 соли оддӣ ва 8 соли кабиса дорад. Тақвими сохтаи ӯ аниқии калон дошта хатогии он 1 шабонарӯз дар 4500 сол аст. Мувофиқи ҳаракати солонаи Замин шаш моҳи аввали сол 31 шабонарӯзӣ ва шаш моҳӣ боқимонда аз 30 шабонарӯзӣ иборат аст. Дар тақвим номи моҳҳо ба номи бурҷҳое мувофиқ оварда шудааст, ки Офтоб дар он моҳ аз он мегузарад.

            Дар тақвими шамсии мардуми форсзабон оғози сол аз бурҷи Ҳамал сар шуда минбаъд Офтоб аз бурҷҳои Савр, Ҷавзо, Саратон, Асад, Сунбула, Мизон, Ақраб, Қавс, Ҷадӣ, Далв ва Ҳут мегузарад.

            Тақвими исломӣ. Тақвими исломӣ танҳо дар асоси тағйирёбии фазаҳои Моҳ сохта шудааст ва аз ин сабаб ҳам он тақвими қамарӣ аст. Бисёр мардумони қадим – бобулиён, яҳудиён, юнониҳо, чиниҳо аввал тақвими қамариро истифода мебурданд ва баъдан системаи тақвими қамарӣ-шамсиро истифода мебаранд.

NМоҳтоҷикӣРӯзNМоҳтоҷикӣРӯз
1Муҳаррамзар307Раҷабқуръони шариф30
2Сафароина298Шаъбонгиёҳи сабз29
3Рабеъ-ул-аввалоби рабон309Рамазоншамшер30
4Рабеъ-ус-сонӣбайза2910Шавволҷомаи сабз29
5Ҷимод-ул-аввалсим3011Зулқаъдакӯдак30
6Ҷимод-ус-сонӣпири бузург2912Зулҳиҷҷадухтар29
Моҳҳои тақвими исломӣ