Таҳриргари формулаҳои ҶЭ KSpread

Ба дигарон равон намоед

Ҷадвалҳои электронӣ на танҳо барои нигаҳдории додаҳо, балки пеш аз ҳама барои иҷрои ҳисоббарориҳо пешбинӣ шудаанд. Бинобар ин барномаҳои мазкур бо воситаҳои пуриқтидори ҳисоббарор муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Яке аз усулҳои асосии ҳисоббарориҳо истифодаи формулаҳо ба ҳисоб меравад. Формула — ифодаи ададие мебошад, ки дар он истинод ба катакҳои ҷадвал, функсияҳо ва амалҳо оварда шуда, бо аломати = оғоз шудааст.

Мисол:

Фарз мекунем, ки дар катаки C1 ҳосили зарби қимати бузургиҳои дар катакҳои A1 ва B1 маҳфузро ҳисоб кардан лозим бошад. Барои ин, пас аз дохилкунии аломати =, бояд катаки A1 пахш карда шавад. Дар катаки C1 ва сатри формулаҳо суроғаи ин катак, яъне A1 пайдо мешавад. Пас аз ин бояд аломати зарб (*) дохил ва катаки B1 пахш карда шавад. Иҷрои ин амалҳо ба воридкунии формула (= A1*B1) ҳусни анҷом мебахшанд ва дар катаки C1 қимати ҳосили зарби катакҳои А1 ва B1 пайдо мешавад. Ҳангоми иваз намудани қимати ин катакҳо қимати катаки C1 низ ба таври худкор тағйир меёбад.

Ҳангоми корбарӣ бо формулаҳо донистани усули нусха- бардории онҳо хеле муфид аст. Нусхабардории формула ба катакҳои ҳамсоя ба мисли амали давомдиҳии худкор иҷро мегардад. Масалан, ҳангоми формулаи болоии катаки С1-ро ба катаки С2 нусхабардорӣ кардан он намуди = А2*В2-ро мегирад. Агар нусхаи формуларо ба катаки ғайриҳамсоя бардоштан лозим бошад, он гоҳ катаки формулавиро ҷудо намуда, аз менюи зерматнӣ банди Нусха бардоштан (Копировать)-ро интихоб кардан лозим аст. Пас аз муайянкунии катаки зарурӣ боз тавассути менюи зерматнӣ ва банди Гузоштан (Вставить)-и он амали нусхабардориро ба анҷом расонидан мумкин аст.

Мутаассифона, дар барномаи KSpread раванди табдилдиҳии (гузоштани аломати $) муроҷиаткунии нисбии суроғаи катакҳо ба мутлақ на ба таври худкор, балки дастӣ амалӣ мегардад.

Агар дар ягон катак суммаи қимати якчанд катаки ҳамсояро ҳисоб кардан лозим

ояд, он гоҳ аз тугмаи ^-и лавҳаи афзорҳо истифода мебаранд. Дар ин маврид аломати «=»-ро дохил намекунанд. Дар катаки

мазкур формулаи суммиронӣ пайдо ‘ ‘

мешавад, ки аргументаш диапазони катакҳои болои он мебошад. Диапазон бо ёрии суроғаҳои катакҳои ибтидоӣ ва интиҳоии аз ҳамдигар бо аломати : ҷудокардашуда сохта мешавад.

KSpread бо ёрии таҳриргари формулаҳояш имконияти истифодаи теъдоди зиёди функсияҳои (дар варианти 1.0 қариб 80-то, дар варианти 1.1.1 — 140-то) гуногунро дорад. Таҳрир-

гари формулҳо тавассути пахши тугмаи р(х)|-и лавҳаи афзорҳо ба кор шурӯъ менамояд. Вай имконият медиҳад, ки номи функсияҳоро ба хотир нагирифта, онҳоро аз бандҳои мувофиқи равзанаи таҳриргар дарёфт кунем. Ҳангоми интихоб кардани ягон банди зарурӣ дар қисми чапи равзана номгӯи функсияҳои категорияи додашуда инъикос мегардад. Агар аз байни онҳо яке

аз функсияҳоро интихоб ва тугмаи қабатии Ёрӣ (Помощь)-ро пахш на- моем, он гоҳ дар қисми рости равзана ба таври худкор ном ва вазифаҳои функсияи мазкур пайдо мешаванд.

Агар функсияи тасвир- шуда воқеан ҳам функсияи зарурӣ бошад, он гоҳ

пахши тугмаи ± -и қисми поёнии равзана номи

функсияро ба майдончаи таҳриркунии формулаҳо нусхабардорӣ мекунад. Дар қисми рости равзана бошад, тугмаи қабатии Виройиш (Правка) идоракуниро ба зиммаи худ мегирад. Тавассути ин тугма имконияти дохилкунии қимати аргументҳои функсия муҳайё мегардад. Агар ба сифати аргумент қимати ягон катакро истифода бурдан лозим ояд, он гоҳ кифоя аст, ки бо ёрии мушнамо онро пахш кунем. Суроғаи катак ба таври худкор ба формула ҳамроҳ карда мешавад.

Мисол:

Барои дидани тарзи кори KSpread бо ададҳои калон, бо ёрии он факториали пайдарпайии ададҳои натуралиро ҳисоб мекунем. Аввал дар сутуни A бо ёрии амали давомдиҳии худкор ададҳои аз 1 то 15-ро ҷойгир мекунем. Баъд дар катаки B1 формула месозем. Барои ин катаки Б1-ро ҷудо карда, таҳриргари формулаҳоро фаъол мегардонем ва аз банди функсияҳои таҳлилӣ (ана- литикӣ)-и он функсияи fact-ро интихоб мекунем.

Пахши катаки A1 суроғаи пурраи онро (Лист1!А1) ба майдончаи дохилкунии қимати аргумент бармегардонад. Аз формула номи ҷадвал — Лист1!-ро ҳазф намуда, тугмаи OK-ро пахш мекунем. Равзанаи таҳриргар пӯшида мешавад ва формула дар катаки Б1 ва сатри формулаҳо инъикос мегардад. Формуларо ба катакҳои поёнӣ нусхабардорӣ мекунем. Барои ин бари сутуни Б-ро кушодтар мекунем, то ки дар катаки B15 қимати ҳосилшуда инъикос ёфта тавонад. Аз расм дида мешавад, ки қисми ҳазорӣ ва миллионии ададҳои калон ба таври худкор бо ёрии нуқта ҷудо карда мешаванд.

Аз байни функсияҳои таҳриргари формулаҳо се функсия — currentTime (вақти ҷорӣ), currentDate (санаи ҷорӣ) ва

currentDateTime (сана ва вақти ҷори)-ро махсус қайд менамоем. Ҳангоми табдилдиҳии катакИ қимати ин функсияҳо ба таври

худкор иваз намешавад. Агар тугмаи Ғ9-ро пахш намоем, он гоҳ

на танҳо кимати ин функсияҳо, балки тамоми ҷадвал аз нав ба

қайд гирифта мешавад.

Саволҳо:

  1. Формула гуфта, дар ҶЭ чиро мефаҳмед?
  2. Ғояи усули нусхабардории формулаҳо аз чӣ иборат аст?
  3. Нусхабардории формулаҳо ба катаки ҳамсоя аз ғайриҳамсоя ягон фарқи ҷиддие дорад?
  4. Камбудии асосии раванди табодули муроҷиаткунии нисбии суроғаи катакҳо ба мутлақ дар ҶЭ KSpread аз чӣ иборат аст?
  5. Чӣ тавр таҳриргари формулаҳои KSpread-ро омодаи кор кардан мумкин аст?

Супориш:

1. Дар се катаки ҷадвали электронии KSpread функсияҳои currentTime, currentDate ва currentDateTime-ро дохил кунед ва тарзи кори онҳоро шарҳ диҳед.

2. Ҷадвале созед, ки ба ҷадвали тарафи рост монанд бошад. Ба сифати тавзеҳи катаке, ки курси евроро муайян мекунад, ному насаби худро дохил кунед. Парвандаи онро дар форматҳои KSpread ва GNUmeric сабт намоед.

Маводҳои ҳамсон