Таҷриба меъёри ҳақиқат аст

Ба дигарон равон намоед

Оре, таҷриба меъёри ҳақиқат аст. Чаро чунин гуфтаанд ва мо ҳам ба ин бовар дорему онро пайгирӣ мекунем? Меъёри ҳақиқат будани таҷриба аз он ҷост, ки натиҷаи таҷриба ба ҷойи анҷом додани он, ба майлу хоҳиши каси таҷрибакунанда ва одами машҳуру номашҳур будани ӯ бастагӣ надорад.

Аммо дарёфти ҳақиқат аз рӯйи натиҷаи таҷриба малака мехоҳад, зеро роҳи пажӯҳиш, роҳи илм роҳи росту ҳамвор нест, норавшану номуъайян аст. Барои дар ин роҳ гом бардоштан аввал ба хубӣ донистан зарур аст, ки шумо чӣ масъаларо ҳал карданӣ ҳастед ва он ҳал ба чиҳо бастагӣ дорад. Баъд дар қадами аввал шумо бояд ин ё он тахмин ба миён биёред. Ин гуна тахмин фарзия ном гирифтааст. Содатар гӯем, ҳар як фарзия як навъ пурсишест, ки дар пеши табиат гузошта мешавад.

Талаби нахустин аз шахси таҷрибагузор ин аст, ки ҳамин пурсишро дар як шакли барои табиат фаҳмо ба миён биёрад. Ин заруратро ҳанӯз Г.Галилей дарёфта, гуфта буд:

Фалсафа дар Китоби мӯҳташаме сабт аст, ки он дар пеши назари мо ҳамеша боз аст (ман Коинотро дар назар дорам), вале агар мо пешакӣ забони онро ёд нагирем, ҳарфҳову навиштаҷоташро нафаҳмем, фалсафаро дарк карда наметавонем. Забони фалсафа забони риёзиёт аст (Дар замони Галилей фалсафа гуфта физикаро мефаҳмиданд).

Ба гуфти дигар, таҷрибакорону табиатшиносон бо табиат бояд бо забони ӯ, ба воситаи ҳамон ҳарфҳову навиштаҷоти номбурдаи Галилей гуфтугӯ (суолу ҷавоб) кунанд. Ин ҳарфҳову навиштаҷот ҷисмҳоеанд, ки дар муҳити атрофи мо ҳастанд ва падидаҳоеанд, ки дар ин муҳит рух медиҳанд.

Шахси таҷрибакунанда бояд камубеш тасаввур кунад, ки таҷриба чӣ тавр сурат мегирад ва чӣ гуна сабабу сабабчаҳо ба ҳам омада, падидаи пажӯҳиданиро воқеӣ мегардонанд.

Натиҷаи таҷриба ҳар хел буда метавонад. Лек ин ҷо мо на ҳама гуногуниҳои он натиҷаро муҳокима мекунем. Шумо ба ду чиз таваҷҷӯҳ кунед:

а) Бигзор таҷриба тахмину пешгӯии шуморо ба куллӣ тасдиқ кунад. Дар ин маврид шумо ҳақ доред шодмонӣ кунед, ба ин маънӣ шодмонӣ кунед, ки Худованд шуморо аз ақл бенасиб нагардондааст ва шумо фикр ронда, ба моҳияти падидаҳои табиӣ расидагӣ гирифта метавонед. Зинда бод ақли гиро! Чунин натиҷа шуморо фараҳманд месозад, шоҳроҳи пажуҳишҳои баъдинаи шуморо равшантар мегардонад, шавқи ҷустуҷӯҳои нави шуморо зиёд мекунад.

б) Бигзор таҷрибаи шумо натиҷаи ғайричашмдошт диҳад. Дар ин сурат шумо бояд беш аз мавриди аввал шодмонӣ кунед, зеро агар натиҷа ғайричашмдошт бошад, имкон дорад, ки дар паси он қонунияти ҳанӯз ошкорношудае ниҳон бошад (кӣ медонад, шояд кашфи он дар оянда танҳо ба шумо муяссар гардад).

Дигар ин ки натиҷаи ғайричашмдошт ҳам натиҷа аст, маънии муайян дорад ва ин ё он ҷиҳати ин ё он рӯйдоди табиъиро зоҳир мегардонад. Чунончи, борҳо мушоҳида кардаед, ки санг, кулӯх ё чӯберо хеле дур партофта метавонед, аммо варақи кушодаи коғазро ҳатто ба масофаи 1-2 м дур андохтан муяссар намешавад. Вале агар варақро ғичим ку­нед, онро дуртар партофта метавонед.

Чӣ хулоса мегиред шумо аз ин ҷо? Фикр кунед. Чӣ чизи ноаён аст ин ҷо, ки монеъи парвози коғаз мегардад?

Баъд шумо дар сари ин масъала боз фикр ронда, дарк мекунед, ки ҳамон чизи ноаён на танҳо парвози варақи кушода, балки парвози варақи ғиҷимшударо низ монеъ мегардад. Ин шуморо водор месозад, ки хулосаи худро шакли қадре умумитар диҳед ва онро чунин баён кунед:

Ин ҷо чизи дар чашм ноаёне вуҷуд дорад, ки парвози варақи коғаз, варақи гиҷимшудаи коғаз ва чизҳои дигари партофтшавандаро камубеш монеъ мешавад.

Фикри шумо ба ҳамин чиз банд мешавад. Шабу рӯз, гоҳи бозӣ, пагоҳу бегоҳ, вақти мактаб рафтан фикри шуморо ҳамин масъала банд мекунад. Назди пири худ — омӯзгори физи­ка меравед ва моҳияти масъалаеро, ки фикри шуморо банд кардааст, арз мекунед. Он кас аз пажӯҳишҳои шумо шод мешавад, албатта. Баъд каме ба фикр фурӯ рафта, роҳи шуморо қадре равшан месозад:

Ҳама ҳодисаҳо, ҷони ман, дар ин ё он муҳит руй медҳанд. Дар муойиноти худ ҳамин чизро низ ба назар бигир. Лек, агар ба хулосаи дуруст расида натавонӣ, таҷрибаи дигар бикун. Ман ба ту танҳо лавозимоти яке аз ин гуна таҷрибаҳоро мегуям: як порчаи начандон фарохи матоъи тунук ва як чубе, ки матоъро бар он баста, парчам (байрақ) сохтан мумкин бошад. Давоми нек роҳатро!

Шумо аз пеши устоди худ берун омадед. Табъи шумо боли­да хоҳад буд, зеро муъаллим таҷрибаи якуми шумо ва, умуман қисми аввали ҷӯйишҳои шуморо маъқул ёфт, шуморо ҷони ман гуфта, рӯҳбаланд кард. Ин амали падаронаву устодонаи муаллим дере нагузашта шуморо ба мурод мерасонад, хусусан, вақте ки шумо парчами ба гуфтаи ӯ сохтаи худро ин сӯ-он сӯ алвонҷ диҳед, мебинед, ки ҳамон чизи ноаён матоъи байрақро ба парпар кардану мавҷ задан водор мекунад ва буди худро низ то дараҷае ошкор месозад.

Вале ҳар як «зарра»-и дониши нав, ҳар ҷиҳати асрори табиати саркаш танҳо барои касе ошкор мегардад, ки чашму гӯшу ҳуши ӯ барои дарк кардани навиҳо омода шуда бошад, яъне ӯ ба қадри кофӣ дониши табиатшиносанда андӯхта бошад. Агар шумо ин гуна дониш андӯхта бошед, дар яке аз лаҳзаҳои кушоиши кор дар заминаи гуфтаи устоди худ дармеёбед, ки ҳамон чизи ноаёни монеъшавандаи парвози ко­ғазу чисмҳои дигари партофтшаванда ҳаво аст — ин ҳамон муҳитест, ки дар бораи мавҷудияти он муъаллим гоҳи раҳнамоӣ кардани шумо ишорат карда буд.

Тамоми фазои атрофи мо пури ҳавост. Ҳаво моддаи газии сабуку шаффофе мебошад, ки, метавон гуфт, ҳеч гоҳ қарорӣ надорад, ҷунб мехӯрад, ҳаракат мекунад. Ҳаракати ҳаворо шамол мегӯянд. Шамоли суст (шамолак) барги дарахтонро алвонҷ медиҳад, сатҳи оби кӯлро водор месозад, ки оҳиста-оҳиста мавҷ занад. Агар ҳаракати ҳаво қавитар бошад, лолазору гандумзорро ба ҳоли мавҷ задан меоварад, дарахтҳоро ин сӯ — он сӯ меҷунбонад ва ғ. Ҳаво дар сурати бо суръати боз ҳам баландтар ҳаракат кардан (шамоли сахт) метавонад, ки кулоҳи шуморо аз саратон рабуда, ким-куҷо бубарад, боми биноҳоро барканад, дарахтҳои бузургро ба Замин хобонад ва ғ.

Ҳаво дар баробари ин ҳама харобкориҳо амалҳои савоб низ дорад: агар ҳаво намебуд, мо нафас гирифта ё садоеро шунида наметавонистем; маҳз ҳаво аст, ки парвози гулпараку паррандаҳо, парвози чархболу ҳавопаймоҳоро имконпазир мегардонад ва ғ.

Ҳамин тариқ, хонандаи азиз, аз як-ду таҷрибаи одӣ хеле дониш гирифтан ва малака ҳосил кардан мумкин аст.

Таҷриба на танҳо меъёри ҳақиқат аст, балки воситаи муҳими ба даст овардани дониши нав низ мебошад.

Машқ

Аз рас. 1.2 бармеояд, ки гӯё об аз шишаи вожгун муддати дурударозе намерехта бошад. Шумо чӣ мегӯед? Агар ба фикри шумо чунин набошад, он гоҳ (ҳамин гуна дастгоҳ сохта) таҷриба кунед ва бинед, ки гуфтаи боло рост аст ё не. (Шарҳи хаттӣ тайёр кунед).

Маводҳои ҳамсон