Таҷҳизоти асосии компютери фардӣ.

Ба дигарон равон намоед

Тавре маълум аст, компютери фардии IBM PC дар ду

намуд — рӯйимизӣ ва ҳамроҳ истеҳсол карда мешавад. Ба таҷҳизоти асосии намуди рӯйимизии ин КФ блоки системавй, монитор (экран), сафҳака- лид ва муш дохил мешаванд. Алоқамандии ин ҷизҳозҳо дар нақшаи зерин оварда шудааст:

Тавре аз нақша ва расм дида мешавад, компютери фардии рӯйимизӣ ҳамчун таҷҳизоти ягона сохта нашуда, балки аз қисмҳои алоҳидаи мустақил иборат аст. Ин усул имконият медиҳад, ки қисми алоҳидаи компютер дар вақти дилхоҳ такмил ёфта, ҳатто бо таҷҳизоти нав иваз карда шавад. Ин усули пайвастани қисмҳои компютерро, ки бо номи сабки кушодасохт (принсипи архитектураи кушода ё ошкор) шуҳратёр гаштааст, ширкати IBM дастраси озоди ҳамагон гардонид. Бинобар ин ҳоло таҳти номи IBM PC дар тамоми гӯшаву канори олам компютерҳои фардӣ истеҳсол карда мешавад.

Гарчанде дар назари аввал блоки системавӣ қисми аз ҳама камаҳамият намояд ҳам, вале дар асл маҳз ҳамин қисм қисми асоситарини компютери фардӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин қисм тамоми таҷҳизоти марказии компютер маҳфуз аст:

  • микропротсессор;
  • хотираи фаврй;
  • платаи асосй;
  • нозирони (controller) электронй;
  • блоки таъминоти барқ;
  • дисқцонҳо (CD-ROM, DVD-RW);
  • кортҳои садой;
  • модем, факс-модем ва ғайра.

Нозир схемаи электрониест, ки кори сахтафзори компютерро идора мекунад. Ҳар як таҷҳизоти компютерӣ усули махсуси бо нозири худ пайваст шуданро дорад.

Ба блоки системавй, инчунин, таҷҳизоти гуногуни воридот ва содироти иттилоотро пайваст ё илова кардан мумкин аст, ки онҳо имкониятҳои вазифавии компютерро васеъ мегардонанд. Қисми зиёди чунин сахтафзорҳо ба блоки системавӣ аз берун пайваст карда мешаванд. Бинобар ин онҳо мувофиқан таҷҳизоти беруна ном гирифтаанд.

Монитор таҷҳизотест, ки раванди интиқоли иттилоотро аз компютер дар экрани худ инъикос менамояд ва мавқеи иттилооти ба воситаи сафҳакалид ё муш ба компютер воридшуда- истодаро дар экран нишон ме- диҳад. Иттилооти дар экран инъикосшаванда ба монитор аз видеокорти компютер интиқол

дода мешавад. Мониторҳо дар намудҳои гуногун, масалан найчаи электронй-нурӣ (CRT), кристали моеъ (LCD), плазмавӣ (PDP) ва ғайра истеҳсол карда мешаванд. Имрӯзҳо аз ҳама бештар монитори LCD мавриди истифода қарор дорад.

Сафҳакалид таҷ- ҳизотест, ки аз маҷмӯи тугмакалидҳо иборат буда, барои ба ком- пютер ворид кардани иттилоот ва идора кар- дани раванди иҷрои барномаҳо пешбинй

шудааст. Аз сафҳакалид бештар ҳангоми ҳуруфчинии матнҳо, навиштани барномаҳо, пур кардани ҷадвалҳои ададй, идора

кардани матн дар экрани монитор ва ғайра истифода мебаранд. Сафҳакалид дар намудҳои гуногун истеҳсол карда мешавад.

Муш низ таҷҳизотест, ки асосан барои ба компютер ворид кардани иттилоот ва идора кардани раванди кори компютер пешбинӣ шудааст. Тарзи корбарӣ бо муш нисбат ба

сафҳакалид хеле осон буда, раванди иҷрои ин ё он амалро дар экран аз рӯйи ҳаракати мавзуни мушнамо идора мекунанд. Муш дар интихоби нишонаҳо, кушодани равзанаи барномаву санадҳо, корбарӣ бо объектҳои графикӣ ва амалиёти гуногун афзори беҳамтост.

Саволҳо:

  1. Компютери фардии IBM PC дар чанд намуд истеҳсол карда мешавад? Онҳо аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
  2. Ба таҷҳизоти асосии намуди рӯйимизии КФ IBM PC кадом сахтафзорҳо дохил мешаванд?
  3. Сабки кушодасохти компютер чӣ маъно дорад?
  4. Блоки системавии компютер чӣ вазифа дорад? Кадом таҷҳизоти дохили онро номбар карда метавонед?
  5. Вазифаи монитори компютер аз чӣ иборат аст? Вазифаи сафҳакалид ва муш чй?

Супоришҳо:

  1. Вазифаҳои он таҷҳизоти компютериро, ки пас аз омӯзиши мавзӯъ дар хотир гирифтаед, номбар кунед.
  2. Дар синфхонаи компютерӣ бо тарзи кори таҷҳизоти асосии КФ шинос шавед ва бевосита худатон ягон амалро иҷро кунед.

Маводҳои ҳамсон