Таҷҳизоти иловагии компютер

Ба дигарон равон намоед

Ба таҷҳизоти иловагии компютери фардӣ сахтабзори гуногуни воридотӣ ва содиротии иттилоотро дохил кардан мумкин аст. Миқдор, намуд ва сифати ин гуна таҷҳизот ба шакли фаъолият ва имкониятҳои молиявии корбари компютер вобаста аст. Истифодабарандагон бештар дастгоҳҳои чопгар, ҷойстик, сканер, плоттер, дигитайзер, вебкамера, фотокамераи рақамӣ, системаи акустикӣ ва модемро истифода мебаранд.

Чопгари компютерӣ (printer) таҷҳизотест, ки иттилооти матнӣ ё графикии рақамии аз компютер содиршавандаро дар коғаз чоп мекунад. Раванди чопи иттилоотро хориҷкунӣ ва санади чопшударо нусхаи сахти иттилооти электронӣ мегӯянд. Чопгарҳо дар намудҳои гуногун истеҳсол карда мешаванд. Онҳоро аз рӯйи технологияи чопкунии иттилоот ба чор навъи асосӣ ҷудо мекунанд: матритсавӣ, рангпошанда, лазерӣ ва

сублиматсионӣ.

Аввалин чопгари матритсавӣ соли 1964 дар ширкати Seiko Epson истеҳсол шудааст. Дар ин чопгарҳо тасвири аломатҳо бо ёрии маҷмӯи (матритсаи) сӯзанчаҳои зарбазан ташаккул дода мешавад. Ҳангоми зарбазании сӯзанчаҳо дар коғаз маҷмӯи нуқтаҳое ҳосил мешавад, ки он тасвири аломат ё графики зарурӣ мебошад. Азбаски суръати кори ин гуна чопгарҳо бисёр суст ва садояшон баланд мебошад, бинобар ин имрӯзҳо аз онҳо кам истифода мебаранд.

Тарзи кори чопгари рангпошанда ба чопгари матритсавӣ монанд аст, яъне дар ин ҷо низ тасвири аломат бо ёрии нуқтаҳо сохта мешавад. Фарқи ин чопгарҳо танҳо дар он аст, ки ба ҷойи маҷмӯи сӯзанчаҳои зарбазан маҷмӯи микронайчаҳои рангпошанда истифода мешаванд. Сифати чопи чопгарҳои рангпошанда аз чопгарҳои матритсавӣ беҳтар аст. Ширкатҳои Hewlett-Packard, Lexmark, Epson ва Canon истеҳсолкунандагони асосии ин навъи чопгарҳо мебошанд.

Чопгари лазерӣ аз рӯйи технологияи чопи ксерографӣ кор мекунад, ки онро чопи лазерӣ низ меноманд. Аввалин чопгари лазерӣ EARS ном доштааст, ки он соли 1971 рӯйи кор омадааст. Баъдтар чопгари лазерии Xerox 9700 истеҳсол карда шудааст. Чопгари Laser Jet бошад, ҳамчун аввалин чопгари хонагии лазерӣ соли 1985 аз тарафи ширкати Apple Computer сохта шудааст. Чопгарони лазерӣ нисбат ба дигар навъи чопгарҳо суръат ва сифати баландтари чопкунӣ доранд. Чопи онҳо ба намӣ тобовар мебошад.

Чопгари сублиматсионӣ аз рӯйи технологияи термо- сублиматсия кор мекунад. Тибқи ин технология таҳти таъсири гармии фавқулода баланд рангҳо якбора аз ҳолати сахтӣ ба ҳолати буғӣ гузашта, ба воситаи тасмаҳои тунуки лавсанӣ тасвири заруриро дар коғаз ҳосил мекунанд. Чопгарҳои сублиматсионӣ бештар дар тайёр кардани расмҳои бо ёрии фотокамераҳои рақамӣ гирифташуда истифода мешаванд. Масалан, чопгарҳои Sony DPP-SV77 ва Canon Selphy CP-510 мисоли ҳамин гуна чопгарҳо шуда метавонанд. Истеҳсол- кунандагони асосии ин навъ чопгарҳо ширкатҳои Mitsubishi Electric, Canon ва Sony ба ҳисоб мераванд.

Ҷойстики (joystick) компютерӣ таҷҳизотест, ки асосан барои идора кардани бозиҳои компютерӣ истифода мешавад. Ҷойстикро манипулятор низ мегӯянд. Он ба истифодабаранда имконият медиҳад, ки дар бозиҳои компютерӣ тарзи идораи нақлиёти ҳавой, обӣ ва хушкӣ — ҳавопаймо, чархбол, киштиҳои кайҳонй, киштиҳои обӣ ва ҳар гуна мошинҳои ҳарбии хушкигардро азхуд намояд. Ҷойстикҳо низ ба мисли дигар таҷҳизоти компютерӣ дар намудҳои мухталиф истеҳсол карда мешаванд.

Сканер (scanner) таҷҳизотест, ки ба таври худкор иттилооти матниву графикиро аз коғаз ба компютер дохил мекунадд. Компютер бо ёрии системаи барномаҳои махсус аломатҳои матн ва ҷузъҳои расму графикҳои тавассути сканер воридшударо кор карда мебарояд. Сканерҳо ҳам ба мисли дигар таҷҳизот дар намудҳои мухталиф офарида мешаванд: дастӣ, рӯйимизӣ, планшетӣ, барабанӣ, ранга, сиёҳу сафед ва ғайра. Аксбардорӣ дар сканер ба таври худкор бо ёрии нури рӯшноӣ амалӣ гардонида мешавад.

Плоттер (plotter) таҷҳизоти графиксоз буда, барои дар коғаз ва лӯлаҳои полиэтиленӣ содир намудани тасвири расм, навиштаҷот ва графику нақшаҳои компютерӣ хизмат мерасонад. Плоттерро бештар дар системаҳои худкори лоиҳакашӣ (СХЛ) истифода мебаранд. Вақтҳои охир он дар муассисаҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ба яке аз сахтафзорҳои асосӣ табдил ёфтааст. Плоттер дар ду намуд — барабанӣ (барои дар коғази лӯлапеч ё лӯлаи полиэтиленӣ содир намудани тасвир) ва планшетӣ (барои содиркунӣ дар варақи ватман) истеҳсол карда мешавад. Плоттерҳо ба мисли чопгарҳо дар шаклҳои рангпошанда ва лазерӣ истеҳсол карда мешаванд.

Дигитайзер (digitizer) низ таҷҳизоти графиксоз аст, вале он барои ба компютер дохил кардани тасвири эҷодшудаистода хизмат мерасонад. Дигитайзерро планшети графикӣ низ мегӯянд. Ин сахтафзор ҳам ба мисли плоттер бештар дар СХЛ мавриди истифода қарор дода шудааст. Аз он рассомон низ ҳангоми кашидани тасвири манзараҳои табиат (пейзажҳо) васеъ истифода мебаранд. Яке аз хусусиятҳои дигитайзер он аст, ки ҳангоми бо ёрии он кашидани тасвир координатҳои нуқтаи ҷорӣ ба таври худкор ба компютер дохил мегарданд.

Вебкамера таҷҳизотест, ки барои дар вақти воқеӣ ба қайд гирифтани тасвир ва ба шабакаи Интернет интиқол додани он пешбинӣ шудааст. Аксар вебкамераҳо вазифаи ҳам дастгоҳи расмгирӣ (фотоаппарат) ва ҳам видеокамераро иҷро карда метавонанд. Аз чунин вебкамераҳо дар системаҳои амниятӣ ва назорати роҳ ба таври васеъ истифода мебаранд. Ҳоло қариб тамоми ноутбук, нетбук ва планшетҳои муосир бо вебкамераи насбшуда муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Чунин вебкамераҳо имконият медиҳанд, ки бо истифода аз барномаҳои махсус (масалан, Skype) дар масофаҳои хеле дур низ бо ҳамсуҳбатони худ рӯ ба рӯ суҳбат кунед.

Фотокамераи рақамӣ аз дастгоҳи аккосии муқаррарӣ бо он фарқ мекунад, ки тасвир на дар навори аккосӣ (усули химиявӣ), балки дар флэшкорти хотираи он ба қайд гирифта

мешавад. Ин имконият медиҳад, ки тасвирҳо ба осони аз фотокамера ба компютер интиқол дода шаванд.

Системаи акустикӣ барои ворид ва содир кардани иттилооти садоӣ пешбинӣ шудааст. Ба ин система микрофон, гӯшмонак ва баландгӯяк (sound speaker) дохил мешаванд. Микрофон таҷҳизотест, ки бо ёрии он ба компютер иттилооти садоӣ ворид карда мешавад. Гӯшмонак ва баландгӯяк барои ҳосил кардан ва расонидани иттилооти аз корти садоии компютер интиқолёфта хизмат мерасонанд.

Модем (modem) таҷҳизоти дохилӣ ё берунии компютер буда, барои ба дигар компютерҳо интиқол додан ё аз дигар компютерҳо қабул кардани иттилоот аз хатҳои теле- коммуникатсионӣ истифода мебарад. Ҳангоми бо ёрии хатҳои телефонӣ интиқол додани иттилоот модем ба таври худкор сигналҳои рақамиро ба аналогӣ ва ҳангоми қабули иттилоот сигналҳои аналогиро ба рақамӣ табдил медиҳад. Бо ёрии модемҳои муосир компютер ба шабакаи ҷаҳонии Интернет пайваст мегардад. Модемҳоро аз рӯйи тарзи корашон (дастгоҳӣ ё барномавй) ва навъи шабакае, ки компютер бояд ба он пайваст шавад, ба синфҳо тақсим мекунанд: телефонӣ, симӣ, радиоӣ, барцӣ, маҳвораӣ ва ғайра. Баъзе модемҳо дорои имкониятҳои садоӣ буда, метавонанд ба сифати ҷавобдиҳаки худкор хизмат расонанд.

 Саволҳо:

  1. Кадом таҷҳизоти иловагии компютери фардиро номбар карда метавонед? Барои чӣ онҳоро таҷҳизоти иловагӣ мегӯянд? Онҳо аз таҷҳизоти асосии КФ чӣ фарқ доранд?
  2. Вазифаи чопгари компютерӣ аз чӣ иборат аст? Чопгарҳо дар кадом намудҳо истеҳсол карда мешаванд?
  3. Ҷойстик чист? Сканер чй?
  4. Дар бораи вазифаҳои плоттер, дигитайзер, вебкамера, фотокамераи рақамй, системаи акустикӣ ва модем чӣ гуфта метавонед?

Супоришҳо:

  1. Вазифаҳои он таҷҳизоти иловагии компютериро, ки пас аз омӯзиши мавзӯъ дар хотир гирифтаед, бори дигар номбар кунед.
  2. Дар синфхонаи компютерӣ бо тарзи кори таҷҳизоти иловагии мавҷудаи КФ шинос шавед ва бевосита худатон ягон амалро иҷро кунед.

Маводҳои ҳамсон