Технологияи корбурди объектҳо

Ба дигарон равон намоед

Ҳангоми ҳалли ин ё он масъала дар компютер ҳатман лозим меояд, ки бо объектҳои СА амалҳои зарурӣ иҷро карда шавад. Маъмулан, аз ҳама бештар бо объектҳои навъи парванда ва ҷузвдон гузаронидани амалиёт рост меояд. Дар системаи амалиётии Microsoft Windows бо парвандаҳо ва ҷузвдонҳои компютерӣ амалҳои гуногунро анҷом додан

мумкин аст. Амалҳои маъмултарини корбарӣ бо парвандаву ҷузвдонҳо — ин амалҳои сохтан, номгузорӣ ва аз нав номгузорӣ кардан, нусхабардорй, ҳазф кардан ва аз як ҷузвдон ба ҷузвдони дигар ҷойгузин кардани объектҳо ба ҳисоб мераванд. Тарзи иҷрои мақсадноки ин ё он амалро бо объекти СА — технологияи корбурди объект мегӯянд.

Технологияи корбурди объекти системаи амалиёти тарзи иҷрои мақсадноки ягон амал бо объект мебошад.

Одатан пеш аз корбурди парвандаву ҷузвдонҳо, барои нигаҳдории парвандаҳои сохташаванда сохтори ҷузвдонҳоро дар компютер муайян мекунанд. Ҷузвдон ҳамеша дар равзанаи ҷузвдоне сохта мешавад, ки бояд дар он ҷо нигоҳ дошта шавад.

Технологияи ҷузвдонсозй:

  1. Равзанаи ҷузвдонеро кушодан лозим аст, ки дар он ҷузвдони нав сохта мешавад.
  2. Дар дилхоҳ мавқеи холии равзанаи кушодашуда тугмаи рости мушро пахш кардан лозим аст.
  3. Дар менюи матнии пайдошуда силсилафармонҳои компю- терии Сохтан (Создать) ► Ҷузвдон (Папку)-ро иҷро кардан лозим аст.
  4. Бо ёрии сафҳакалид номи аслии ҷузвдони сохташударо ҳарфчинӣ кардан лозим аст.
  5. Мушнаморо ба болои нишонаи ҷузвдони нав гузошта, тугмаи чапи мушро ду маротиба зуд-зуд пахш кардан лозим аст.
  6. Дар равзанаи кушодашудаи ҷузвдони нав ягон амалро иҷро кардан ё накардан мумкин аст.

Технологияи парвандасозӣ бо технологияи ҷузвдонсозӣ хеле шабоҳат дорад. Парванда дар равзанаи ҷузвдоне сохта мешавад, ки бояд дар он нигоҳ дошта шавад. Маъмулан парвандаҳо бо ёрии барномаҳои татбиқй, аз қабили NotePad, WordPad, Paint, MS Word, MS Excel ва ғайра сохта мешаванд. Технологияи парвандасозй:

  1. Равзанаи ҷузвдонеро кушодан лозим аст, ки дар он парвандаи нав сохта мешавад.
  2. Дар дилхоҳ мавқеи холии равзанаи кушодашуда тугмаи рости мушро пахш кардан лозим аст.
  3. Дар менюи матнии пайдошуда силсилафармонҳои Сохтан ► (интихоб намудани навъи барномае, ки бо ёрии он парвандаи нав сохта мешавад)-ро иҷро кардан лозим аст.
  4. Бо ёрии сафҳакалид номи аслии парвандаи сохташударо ҳарфчинӣ кардан лозим аст.
  5. Мушнаморо ба болои нишонаи парвандаи нав гузошта, тугмаи чапи мушро ду маротиба зуд-зуд пахш кардан лозим аст.
  6. Дар равзанаи кушодашудаи парвандаи нав амалиёти заруриро иҷро кардан лозим аст.

 Иҷрои амалҳои боқимонда низ бо объектҳо (ҷузвдону парвандаҳо) тақрибан ҳамин тавр амалӣ гардонида мешаванд. Масалан, номи ҷузвдонҳо ва парвандаҳоро бо хартиби зерин иваз кардан мумкин аст:

  1. Равзанаи ҷузвдонеро кушодан лозим аст, ки дар он объекти номивазкунанда ҷойгир аст.
  2. Мушнаморо ба болои нишонаи объект гузошта, тугмаи рости мушро пахш кардан лозим аст.
  3. Дар менюи матнии пайдошуда фармони Ном иваз карда шавад (Переименовать)-ро иҷро кардан лозим аст.
  4. Бо ёрии сафҳакалид номи нави объектро ҳарфчинӣ карда, тугмаи «Enter»-po пахш кардан кифоя аст.

Сохтан ва номивазкунии объектҳоро бо усулҳои гуногун амалӣ гардонидан мумкин аст. Аммо дар ин ҷо мо ҳамин усули овардашударо басанда шуморида, тарзи иҷрои амалҳои дигарро бо объектҳо пешкаш менамоем.

Амалҳои ҷойгузин ва нусхагирии объектҳоро бо усулҳои аз ҳамдигар фарқи ҷиддидошта (кашолакунии нишонаи объект ва истифодаи буфери мубодила) мефаҳмонем.

а)        Усули кашолакунии нишонаи объекти ҷойивазку- нанда ё нусхадиҳанда бо истифода аз тугмаи чапи муш:

  1. Равзанаи ҷузвдонеро кушодан лозим аст, ки дар он объекти ҷойивазкунанда ё нусхадиҳанда ҷойгир аст.
  2. Равзанаи ҷузвдонеро кушодан лозим аст, ки ба он объект ҷойгузин мешавад ё нусхаи он кучонида хоҳад шуд.
  3. Андозаҳои равзанаҳоро тавре танзим кардан лозим аст, ки ҳарду дар экрани монитори компютер намудор бошанд.
  4. Барои ҷойгузин кардани объект мушнаморо ба болои нишонаи он гузошта, тугмаи чапи мушро пахшкунон нишонаро аз ҷузвдони якум ба ҷузвдони дуюм кашола карда овардан лозим аст.
  5. Барои нусхагирии намудани объект мушнаморо ба болои нишонаи он гузошта, тугмаи чапи мушро якҷоя бо тугмаи

«Ctrl»-n сафҳакалид пахшкунон нишонаро аз ҷузвдони якум ба ҷузвдони дуюм кашола карда овардан лозим аст.

б)        Усули кашолакунии нишонаи объекти ҷойивазку- нанда ё нусхадиҳанда бо истифода аз тугмаи рости муш.

Усули мазкур (истифодаи тугмаи рости муш) аз усули болоӣ (истифодаи тугмаи чапи муш) танҳо бо он фарқ мекунад, ки ҳангоми интиҳои амалиёт дар менюи матнии пайдошаванда мувофиқан фармони «Ҷойгузин» ё «Нусхагирй»-ро интихоб кардан лозим аст.

в)        Усули ҷойгузин ва нусхагирии объект аз як ҷузвдон ба ҷузвдони дигар бо истифода аз буфери мубодила:

  1. Равзанаи ҷузвдонеро кушодан лозим аст, ки дар он объекти ҷойивазкунанда ё нусхадиҳанда ҷойгир аст.
  2. Барои ҷойгузин ба дигар ҷузвдон объекти

ҷойивазкунандаро интихоб карда, афзори “У (Буридан)-и тасмаи абзорро пахш карда, объектро муваққатан ба буфери мубодила ҷойгир намудан лозим аст.

Барои нусхабардорӣ ба дигар ҷузвдон объекти

{Нусхагири)-и

нусхадиҳандаро интихоб карда, афзори

тасмаи абзорро пахш карда, нусхаи объектро муваққатан ба буфери мубодила ҷойгир намудан лозим аст.

Равзанаи ҷузвдонеро кушодан лозим аст, ки ба он объект

ҷойгузин мешавад (ё нусхаи он мскӯчад) ва афзори * (Гузоштан)-п тасмаи абзорро пахш карда, объект (нусхаи объект)-ро аз буфери мубодила ба ҷузвдони дуюм интиқол додан кифоя аст.

Айнан ҳамин пайдарпайии амалҳои усули зикршударо бо ёрии фармонҳои «Буридан», «Нусхагирӣ» ва «Гузоштан»-и менюи матнӣ (истифодаи тугмаи рости муш) иҷро кардан мумкин аст. Барои ҳазфи объект бошад, нишонаи онро интихоб карда, тугмаи Delete-и сафҳакалидро пахш карда, дар

равзанаи робитавии пайдошуда тугмаи амрии Ҳа|-ро пахш

намудан лозим аст. Амали ҳазфи объектро бо истифода аз фармони Ҳазфги менюи матнӣ ва усули кашолакунии нишонаи объект ба ҷузвдони системавии «Сабад» низ иҷро кардан имконпазир аст.

Саволҳо:

  1. Технологияи корбурди объект гуфта, чиро мефаҳмед?
  2. Амалҳои маъмултарини корбарӣ бо парвандаву ҷузвдонҳо кадомҳоянд? Технологияҳои сохтани онҳоро чӣ тавр роҳандозӣ кардан мумкин аст?
  3. Оё шумо номи парвандаву ҷузвдонҳоро иваз карда метавонед? Чӣ тавр?
  4. Барои ҷойгузин ва нусхагирии намудани объект кадом амалҳоро иҷро кардан лозим аст? Барои ҳазфи он чй? Бо чанд усул ин амалҳоро иҷро карда метавонед?

Супориш: Равзанаи ҷузвдони хусусии худро кушоед ва бо парвандаву зерҷузвдонҳои он амалҳои маъмултарини корбарӣ — сохтан, номгузорӣ ва аз нав номгузорӣ кардан, нусхабардорӣ, ҳазф кардан ва аз як ҷузвдон ба ҷузвдони дигар ҷойгузин намудани объектҳоро ду-се маротибагӣ машқ кунед.

Маводҳои ҳамсон