Технологияҳои корбарӣ бо ҷузвдони системавии «лавҳаи идорӣ»

Ба дигарон равон намоед

Бояд зикр намуд, ки системаи амалиётии Windows, ҳамчун барномаи асосии компютер, нақши миёнарави байни таҷҳизоти компютерӣ ва истифодабарандагонро мебозад. Системаи амалиётӣ, инчунин, воситаи асосии насби дигар барномаҳо, таъминкунандаи шароити кории ин барномаҳо ва замимаҳои система мебошад. Вазифаҳои СА гуногунҷабҳа буда, амалан тамоми соҳаҳои истифодаи компютерро дар бар мегирад.

Вале, агар мо ба ҷузъиёти СА Windows назар афканем, он гоҳ мебинем, ки он на аз як барнома, балки аз маҷмӯи калони барномаҳо иборат будааст. Ин барномаҳо имконият медиҳанд, ки истифодабарандагон бо парвандаҳо кор карда тавонанд, шабакаҳои компютерӣ сохта шаванд, ба Интернет роҳ кушода шавад, дастрасии истифодабарандагон ба компютер қдора карда шавад, амнияти иттилоотии компютер таъмин карда шавад ва дигар масъалаҳои мухталиф ҳалли худро ёбанд.

Дар ҳақиқат СА масъалаҳои зиёдеро ҳал менамояд. Ammo, мо бояд як нуктаро ба инобат гирем, ки барои ҳалли масъалаҳои алоҳида, маъмулан, барномаҳои алоҳидаи утилит номидашаванда ҷавобгар мебошанд. Утилитҳо барномаҳои начандон калон буда, қисми таркибии системаи амалиётиро ташкил медиҳанд.

Утилит — барномаи начандон калони таркибии CA
буда, барои танзим намудани ягон параметри
мушаххаси компютер пешбинӣ шудааст.

Барои танзим намудани ягон параметри компютер бо ёрии ягон утилити мушаххас, аввал ин утилитро ба кор

омода сохтан лозим аст. Барои осонии кор тамоми танзимоти асосии системаи амалиётӣ ва мувофиқан утилитҳои онҳо дар як ҷузвдон гирд оварда шуда, ба он Лавҳаи идорӣ (Панель управления)-и Windows ном гузошта шудааст.

Тарзи кушодани ҷузвдони «Лавҳаи идорӣ». Барои кушодани равзанаи ҷузвдони системавии «Лавҳаи идорӣ» аз сислсилафармонҳои менюи «Оғоз»-и СА — Ҳамаи замимаҳо (Все приложения) -Хидматӣ — Windows (Служебные — Windows) -Лавҳаи идорӣ (Панель управления) истифода бурдан лозим аст. Дар натиҷа, равзанаи ҷузвдон дар шакли расми зерин дар экрани компютер намудор мегардад.

Афзорҳои ҷузвдони «Лавҳаи идорӣ». Аз рӯйи пешфарз афзорҳои танзимотии параметрҳои компютер дар ҷузвдони системавии «Лавҳаи идорӣ» аз рӯйи категорияҳо гурӯҳбандӣ карда шудаанд:

  • Система ва амният (Система и безопасность);
  • Шабака ва Интернет (Сеть и Интернет);
  • Таҷҳизот ва садо (Оборудование и звук);
  • Барномҳо (Программы);
  • Қайдҳои истифодабарандагон (Учетные записи пользователей);
  • Ороиш ва фардикунонӣ (Оформление и персонализация);
  • Вақт, забон ва минтақа (Часы, язык и регион);
  • Имкониятҳои махсус (Специальные возможности).

Реҷа ва тарзи инъикоси афзорҳои ҷузвдони «Лавҳаи идорӣ»-ро мувофиқи хоҳиши истифодабаранда тағйир додан

мумкин аст. Масалан, агар мо хоҳиши инъикос намудани кулли афзорҳои танзимотии компютерро дошта бошем, он гоҳ кифоя аст, ки банди Азназаргузаронӣ (Просмотр)-и равзанаи ҷузвдонро пахш намоем. Система инъикоси афзорҳоро бо се тарз — Категория, Нишонҳои бузург ва Нишонаҳои хурд пешниҳод менамояд. Тарзи якуми инъикоси афзорҳо дар расми қаблӣ ва ду тарзи боқимонда — дар расми баъдӣ тасвир ёфтаанд.

Ҳамин тариқ, дар Лавҳаи идорӣ тамоми афзорҳои

танзимотии системаи амалиётиро вохӯрдан мумкин аст. Масалан, барои тағйир додани танзимҳои забонии СА аз афзорҳои категорияи Вақт, забон ва минтақа истифода бурдан лозим аст. Бо ёрии афзорҳои ин категория, инчунин, санаи рӯз, вақти ҷории маҳаллӣ, формати инъикоси онҳоро тағйир додан ва дигар амалҳоро иҷро кардан имконпазир мебошад.

Афзорҳои дигари лавҳа барои иваз намудани намуди зоҳирии равзанаҳои объектҳо ва менюи «Оғоз», тағйир додани шакл ва тасвири мизи кории СА, ба компютер илова намудани истифодабарандаи нав ва дигар танзимот хизмат мерасонанд.

Ба ғайр аз утилитҳои стандартӣ дар Лавҳаи идорӣ метавонанд баъзе афзорҳои дигаре инъикос гарданд, ки онҳо ба ин ҷо ҳангоми насби барномаҳои мувофиқ илова гардидаанд. Маъмулан ин барномаҳо иловаҳо ба барномаҳои мавҷуда мебошанд ва барои васеъ гардонидани имкониятҳои функсионалии ин гуна барномаҳо пешбинӣ шудаанд.

Саволҳо:

  1. Вазифаҳои ҷузвдони системавии «Лавҳаи идорӣ» аз чӣ иборат аст? Равзанаи ҷузвдони мазкурро чӣ тавр дар экран инъикос намудан мумкин аст?
  2. Кадом категорияҳои афзорҳои танзимотии параметрҳои компютерро аз ҷузвдони «Лавҳаи идорӣ» номбар карда метавонед?
  3. Утилит чист?

Супоришҳо:

  1. Равзанаи ҷузвдони системавии «Лавҳаи идорӣ»-ро кушода, дарунмояи онро бодиққат мушоҳида намоед.

Бо истифода аз банди азназаргузаронии равзанаи ҷузвдони «Лавҳаи идорӣ» афзорҳои танзимотии системаро аз рӯйи категорияҳо, бо ёрии нишонаҳои бузург ва нишонаҳои хурд дар экран инъикос намоед.

Маводҳои ҳамсон