Нусхабардории парвандаҳо. Барои нусхабардории парвандаҳо фармони cp (copy) хизмат мерасонад. Дар фармони cp ду аргумент — номи парванда ва номи нусхаи парванда истифода мешавад. Ҳангоми аз як ҷузвдон ба ҷузвдони дигар нусхабардорӣ намудани парванда ҳам аз хатсайри мутлақ ва ҳам нисбӣ истифода бурдан мумкин аст. Масалан, бо ёрии фармони cp gurez harif/nodir нусхаи парвандаи gurez бо номи nodir дар ҷузвдони harif пайдо мешавад.
Агар пас аз номи фармон калиди -r оварда шавад, он гоҳ кулли дарахти парвандаҳои як ҷузвдон бо ҷумлаи зерҷузв- донҳояш ба дигар ҷузвдон нусхабардорӣ карда мешавад. Масалан, фармони cp -r letter oldletter дар ҷузвдони oldletter нусхаи ҷузвдони letter -ро месозад.
Агар ҳангоми нусхабардорӣ, ҷойгузин ва ҳазфи парвандаҳо ё сохтани ҷузвдонҳо дар экран ягон иттилооти фаврӣ пайдо шавад, он гоҳ бидонед, ки он бонги ба хато роҳ додан аст. Хатои маъмул — нодуруст нишон додани номи парванда мебошад. Ин хато, одатан, ҳангоми пахш накардани тугмаи Tab
руй медиҳад.
Масалан, дар ҳамин гуна маврид дар экран метавонад сатри cp: ja dfh: No uch file or directory пайдо шавад.
Хатои дигари зуд-зуд рӯйдиҳанда — ин кӯшиши нусхабардорӣ кардани парванда дар он қисми системаи парвандаӣ аст, ки истифодабаранда дар он ҳуқуқи сабт карданро надорад. Дар ин маврид дар экран ибораи Permi ion denied пайдо мегардад.
Барои иҷрои амалҳои нусхабардорӣ, ҷойгузин ва ҳазф дар номи парвандаву ҷузвдонҳо қолабҳои бо ёрии аломатҳои * ва ? сохташударо мавриди истифода қарор додан мумкин аст. Аломати * барои ивазкунии комбинатсияи дилхоҳи аломатҳои дигар ва ? барои ивазкунии танҳо як аломати дилхоҳи дигар истифода бурда мешавад. Масалан, барои нусхабардории ҳамаи парвандаҳои ҷузвдони ҷорӣ ба ҷузвдони Kor, ки қисми иловагии номашон .gif аст, аз фармони cp *.gif Kor истифода бурдан мумкин аст.
Сохтан ва ҳазфи ҷузвдонҳо. Ҷузвдони нав бо ёрии фармони mkdir сохта мешавад. Масалан, тавассути фармони mkdir Kor ҷузвдоне сохта мешавад, ки номаш Kor аст. Агар ҳангоми сохтани ҷузвдони нав номе дохил карда шавад, ки вай аллакай вуҷуд дошта бошад, он гоҳ дар экран оид ба содир шудани хато иттилооти mkdir: cannot make directory ’Kor’: File exi t намудор мешавад.
Ҳазфи ҷузвдонҳо тавассути фармони rmdir амалӣ гардонида мешавад. Бояд қайд намуд, ки танҳо ҷузвдонҳои холӣ, яъне ягон парвандаву зерҷузвдон надоштаро ҳазф кардан мумкин аст. Ҳангоми кӯшиши ҳазфи ҷузвдони ғайрихолӣ дар экран иттилооти rmdir: ’номи ҷузвдони соқитшаванда’: Directory not empty пайдо мешавад.
Ҳангоми сохтан ва ҳазфи ҷузвдонҳо низ аз хатсайрҳои мутлақ ва нисбӣ истифода мебаранд. Хотиррасон менамоем, ки барои иҷрои ин амалҳо истифодабаранда бояд ҳуқуқи w-ро дошта бошад. Дар ҳолати акс дар экран тақрибан иттилооти намуди mkdir: cannot create directory ‘/Text : Permi ion denied пайдо мешавад.
Пешдиди мазмуни парвандаҳо. Барои азназаргузаронии мазмуни парвандаҳо фармонҳои more, le ва cat хизмат мерасонанд. Ҳар се фармон ба сифати параметр номи парвандаи таҳқиқшавандаро истифода мебаранд. Масалан, бо ёрии фармони cat data.txt мазмуни парвандаи data.txt-ро аз назар гузаронидан мумкин аст.
Фармони cat (concatenate) фармони мураккаб, вале умумӣ ба ҳисоб меравад. Татбиқи одитарини вай — ин ба экран баровардани мазмуни парванда аст. Аз ин фармон вақте истифода бурдан беҳтар аст, ки мазмуни (матни) парванда аз як экран зиёд набошад. Дар акси ҳол қисми аз экран барзиёди матн аз соҳаи дидашаванда нопадид мегардад.
Барои пешдиди парвандаҳои калонҳаҷм истифодаи яке аз фармонҳои more ё le беҳтар аст. Ҳар ду фармон низ иттилоотро ба экран қисм ба қисм мебароранд. Пахши тугмаи инъикоси экрани пешин ва пахши тугмаи |q| — иҷрои қатъии фармонро таъмин мекунанд.
Ҷойгузин ва тағйири ном. Бо ёрии фармони mv (move) ҳам ном ва ҳам мавқеи парвандаву ҷузвдонҳоро тағйир додан мумкин аст. Барои тағйир додани ном ба сифати аргументи дуюми фармон номи навро нишон додан — mv номи_ҷорӣ номи_нав лозим аст. Масалан, бо ёрии фармони mv doc1.txt pace (пробел) — инъикоси экрани навбатӣ, пахши тугмаи b —
doc old.txt номи парвандаи doc1.txt ба doc old.txt иваз карда мешавад. Фармони mv Kor Kori nav бошад, номи ҷузвдони Kor- ро ба Kori nav иваз мекунад. Барои парвандаро аз як ҷузвдон ба ҷузвдони дигар (нав) кӯчонидан ба сифати аргументи дуюми фармон номи ҷузвдони навро нишон додан лозим аст: mv номи_парванда номи_ҷузвдон. Масалан, фармони mv doc1.txt Kori nav парвандаи docLtxt-ро аз ҷузвдони ҷорӣ ба ҷузвдони дигари Kori nav мекӯчонад. Фармони mv doc2. txt Kori nav/doc old.txt бошад, парвандаи дсе2.Ш>ро аз ҷузвдони ҷорӣ бо номи нави doc old.txt ба ҷузвдони Kori nav мекӯчонад.
Ҳазфи парвандаҳо. Барои ҳазфи парвандаҳо фармони rm пешбинӣ шудааст. Ҳангоми ба фармон ҳамроҳ кардани калиди -r вай ҷузвдонро бо тамоми парвандаву зерҷузвдонҳояш нобуд месозад. Масалан, фармони rm file парвандаи номаш file ва rm -r catalog ҷузвдони номаш catalog-ро бо тамоми объектҳои дохилиаш ҳазф менамояд.
Дар хотир доред, ки шумо танҳо парвандаву ҷузвдонҳои худро ҳазф карда метавонед. Ин амалро хеле боэҳтиёт иҷро кунед, чунки объектҳои ҳазфшударо барқарор кардан душвор аст. Ҳеҷ гоҳ парвандаҳои номашон бо аломати нуқта саршавандаро ҳазф накунед. Онҳо парвандаҳои хидматианд!
Корбарӣ бо дискҳои MS DOS ва MS Windows . Диски магнитии чандирӣ яке аз воситаҳои интиқоли миқдори на чандон калони иттилоот аз як компютер ба компютери дигар мебошад. Маҷмӯи утилитҳои Linux — mtool истифодаи дискҳои формати СА MS DOS ва MS Windows -ро таъмин менамоянд. Барои кор бо чунин дискҳо кифоя аст, ки онҳо ба дискдон гузошта шаванд ва яке аз утилитҳо мавриди истифода қарор гирад. Ишорати диск дар MS DOS a: (дискдони A) мебошад.
Барои нусхабардории парвандаҳо фармони mcopy хизмат мерасонад. Масалан, фармони mcopy mydata a: нусхаи парвандаи mydata-ро ба диски MS DOS сабт мекунад. Фармони mcopy a:title бошад, парвандаи title-ро аз диски MS DOS ба ҷузвдони ҷории (.) истифодабаранда нусхабардорӣ менамояд.
Дар ин маврид низ, ҳангоми нусхабардории гурӯҳи парвандаҳо аз қолабҳои * ва ? истифода бурдан мумкин аст. Масалан, фармони mcopy *. doc a: ҳамаи парвандаҳои қисми иловагии номашон doc-бударо аз ҷузвдони ҷорӣ ба диск нусхабардорӣ менамояд.
Фармони mdir барои ба экран баровардани рӯйхати парвандаву ҷузвдонҳои диски MS DOS ва фармони mcd барои гузаштан аз як ҷузвдон ба ҷузвдони дигари диск хизмат мерасонанд. Масалан, фармони mdir a: дар экран номгӯи парвандаҳои дискро инъикос менамояд. Фармони mcd a:tmp бошад, гузаришро ба ҷузвдони tmp таъмин мекунад.
Фармонҳои боқимондаи маҷмӯи утилитҳои mtool -ро дар шакли ҷадвали зерин меорем:
Фармони Linux | Вазифаи фармон |
Mdel | Ҳазфи парвандаи MS DOS |
Mmd | Сохтани ҷузвдони MS DOS |
Mrd | Ҳазфи ҷузвдони MS DOS |
Mren | Номивазкунии парвандаи MS DOS |
Mtype | Пешдиди парвандаи MS DOS |
Mformat | Дар диск сохтани парвандаии MS DOS |
Маълумотномаи мухтасари фармонҳои Linux:
Агар пас аз фармон рамзи & нишон дода шавад, он гоҳ вай дар реҷаи заминавӣ иҷро мегардад.
Полойишгарҳо (филтрҳо) — фармонҳоеанд, ки иттилоотро дохил мекунанд, бо онҳо амалиёт мегузаронанд ва натиҷаҳоро ба содири стандартӣ равона месозанд.
Утилити man доир ба фармони додашуда маълумоти муфассал пешкаш мекунад.
ЭЗОҲ: Маълумотномаи фармонҳои Linux дар шакли ҷадвал дар поён оварда шудааст.
Фармон | Вазифаи фармон |
РАВАНДҲО | |
fg | Супоришро аз реҷаи заминавӣ (background) ба афзалиятӣ (foreground) бармегардонад |
bg | Супоришро аз реҷаи афзалиятӣ ба заминавӣ бармегардонад |
Ctrl+z | Иҷрои барномаро то иҷозати навбатии истифодабаранда муваққатан бозмедорад |
kill | Супориши ба рақами нишондодашудаи раванд муво- фиқро бекор менамояд |
P | Рӯйхати равандҳои иҷрошаванда, аз ҷумла замина- виҳоро, ба экран мебарорад |
КОРБАРӢ БО ПАРВАНДАВУ ҶУЗВДОНҲО | |
l | Рӯйхати парвандаву ҷузвдонҳоро ба экран мебарорад |
more | Матни парвандаро саҳифа ба саҳифа ба экран мебарорад |
le | Ба мисли more матни парвандаро ба экран мебарорад |
mkdir | Ҷузвдон месозад |
rmdir | Ҷузвдони холиро ҳазф менамояд |
pwd | Хатсайри ҷузвдони ҷориро нишон медиҳад |
cd | Ба ҷузвдони нишондодашуда мегузарад |
cp | Парвандаву ҷузвдонҳоро нусхабардорӣ мекунад |
mv | Ҷойи (ё номи) парвандаву ҷузвдонҳоро тағйир медихад |
rm | Парвандаву ҷузвдонҳоро ҳазф месозад |
find | Дар асоси меъёрҳои ҷустуҷӯӣ парвандаҳоро мекобад |
chmod | Ҳуқуқҳои дастрасии парвандаҳоро тағйир медиҳад |
tar | Дар парвандаи бойгонӣ нусхаи эҳтиётии парвандаҳоро месозад |
zip | Парвандаҳоро мефишурад ва баръакс мекушояд |
ПОЛОЙИШГАРҲО | |
cat | Парвандаро ба экран мебарорад |
wc | Миқдори сатрҳо, калимаҳо ва аломатҳои парвандаро ҳи- соб мекунад ва қимати онҳоро ба экран мебарорад |
pell | Дурустии калимаҳои парвандаро месанҷад ва калимаҳои саҳвдоштаро ба экран мебарорад |
ort | Сатрҳоеро ба тартиб меорад, ки онҳо ҳамчун додаҳо ба қайд гирифта шудаанд |
diff | Сатрҳои фарқкунандаи ду парвандаи муқоисавиро ба экран мебарорад |
cmp | Ду парвандаи дуиро аз рӯйи байтҳояшон муқоиса мекунад |
grep | Он сатрҳои парвандаро, ки дар онҳо намунаи додашуда мавҷуд аст, ба экран мебарорад |
cut | Майдонҳо ё сутунҳои нишондодашудаи парвандаро ҳазф мекунад |
ДИГАР ФАРМОНҲОИ МУФИД | |
whoami | Номи бақайдгирифташудаи истифодабарандаро ба экран мебарорад |
date | Санаи рӯз ва вақтро ба экран мебарорад |
cal | Тақвими моҳи (моҳу сол ё танҳо сол) ҷориро ба экран мебарорад |
who | Рӯйхати истифодабарандагони компютерро ба экран мебарорад |
top | Рӯйхати равандҳои интерактивии ҷориро ба экран мебарорад |
xkill | Иҷро равандеро, ки курсор ба равзанаи он равона карда шудааст, қатъ мегардонад |
df | Дар хусуси фазои холӣ ва истифодашудаи диск ҳисобот медиҳад |
du | Дар хусуси фазои бо парвандаву ҷузвдонҳо банди диск ҳисобот медиҳад |
mcopy | Нусхабардории парвандаҳо ҳангоми кор бо системаи парвандаии MS DOS |
- Кадом фармонҳои корбариро бо парвандаву ҷузвдонҳо медонед?
- Оё шумо фармонҳои сохтан ва ҳазф кардани парвандаву ҷузвдонҳоро дар Linux медонед?
- Вазифаи фармонҳои more, le ва cat аз чӣ иборат аст?
- Натиҷаи кори фармони cp -r letter oldletter -ро маънидод кунед.
- Ҷузвдоне бо номи public html созед. Акнун ин ҷузвдонро ҳамчун истифодабарандаи бегона ҳазф кунед.
- Парвандаи /var/log/dme g-ро ба ҷузвдони хонагии худ нусхабардорӣ намоед. Матни парвандаи dme g-ро аввал бо ёрии фармонҳои more ва le ва баъд — cat аз назар гузаронед. Фарқи кори ин фармонҳоро маънидод кунед.
- Бо ёрии фармони l -la муайян кунед, ки дар ҷузвдони хонагиатон парвандаҳои бо аломатҳои . ave ё .nf саршаванда мавҷуданд ё на. Агар мавҷуд бошанд, онҳоро ҳазф кунед.
Тарзи иҷрои фармони mv doc2.txt Kori nav/doc old.txt-ро фаҳмонед.