Фарҳанги иттилоотӣ

Ба дигарон равон намоед

Одамон дар ибтидои тамаддун низ оид ба тарзҳои идора кардани объектҳои муҳити атрофи худ дониши муайяне доштаанд. Баъдтар, вобаста ба сатҳи рушди ҷомеа, меъёри иштирок дар идораи равандҳои гуногун муттасилан аз донишу малакаҳои фардӣ ба донишу таҷрибаҳои сарҷамъӣ табдил ёфтааст. Тавассути ин донишҳо коркарди иттилоот ва қабули қарорҳои дахлдор низ қадам ба қадам беҳтар роҳандозӣ шуда, ба фарҳанги башарӣ табдил ёфтааст.

Марҳалаҳои технологиеро, ки восита ва усулҳои коркарди иттилоотии онҳо боиси тағйироти қатъӣ ва куллии ҷомеа гаштаанд, инцилобҳои иттилоотӣ мегӯянд. Инқилоби якуми иттилоотӣ ба ихтирои хат марбут буда, тарзи захирасозӣ ва расонидани донишро куллан тағйир додааст. Инқилоби дуюмро (нимаи асри XVI), ки бо технологияи китобчопкунӣ алоқаманд аст, яке аз аввалин технологияҳои иттилоотӣ меҳисобанд.

Инқилоби сеюми иттилоохӣ (охири асри XIX) ба ихтирои барқ вобастагӣ дошта, ҳамчун давраи зуҳури воситаҳои иртиботи иттилоотӣ машҳур гардидааст. Инқилоби чорум (солҳои 70-уми асри XX) ба технологияи микропротсессорӣ ва ихтирои компютерҳои фардӣ марбут аст. Ин инқилоб тамаддуни башариро ба ҳолати гузариш аз марҳалаи рушди саноатӣ ба марҳалаи иттилоотӣ қарор додааст.

Ҷомеаи саноатӣ ба рушди саноат, такмили воситаҳои истеҳсолот, тақвияти низоми захирасозӣ ва назорати сармоя равона гардидааст. Дар ин ҷомеа нақши асосиро раванди навсозии истеҳсолот (инноватсия) мебозад.

Ҷомеаи саноатӣ ҷомеаест, ки сатҳи рушди он аз рӯйи сатҳи тараққиёти саноат ва пойгоҳи техникии он муайян карда мешавад.

Дар ҷомеаи иттилоотӣ бошад, фаъолияти чи шахси алоҳида ва чи гурӯҳи одамон ба самаранок истифода бурда тавонистани иттилоот равона гардидааст. Дар ҷомеаи мазкур иҷрои ҳар гуна амал ба ҷамъоварй ва коркарди иттилоот, тахдили натиҷаҳо ва қабули қарор вобаста гардонида мешавад.

Истифодаи компютер дар тамоми соҳаҳо дастрасӣ ба манбаъҳои боэътимоди иттилоотро таъмин менамояд. Дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ раванди корбарӣ худкор гардонида мешавад. Рушди ҷомеаро на истеҳсоли маҳсулоти моддӣ, балки маҳсулоти иттилоотӣ муайян мекунад. Дар ҷомеаи иттилоотӣ на танҳо тарзи истеҳсолот тағйир меёбад, балки системаи арзишҳо дигаргун мешавад, талабот ба дониш меафзояд.

Асоси моддӣ-техникии ҷомеаи иттилоотиро системаҳои бар пояи техника ва шабакаҳои компютерӣ гузошташуда ва низомҳои алоқавии телекоммуникатсионӣ ташкил медиҳанд.

Ҷомеаи иттилоотӣ ҷомеаест, ки аксар аъзои он ба истеҳсол, нигаҳдорӣ, коркард, фурӯш ва табодули иттилоот машғуланд.

Иттилоотонӣ раванди қонунии инкишофи ҷомеа буда, танҳо ба иттилоот ва дониш асос ёфтааст. Раванди иттилоотонии ҷомеа қисми пойгоҳии инқилоби панҷуми иттилоотиро ташкил медиҳад. Натиҷаи ниҳоии раванди иттилоотонӣ бунёди ҷомеаи иттилоотӣ мебошад.

Иттилоотонӣ равандест, ки дар он талаботи шахси дилхоҳ барои дарёфти иттилооти зарурӣ қонеъ гардонида мешавад.

Ҷомеаи иттилоотӣ дар бунёди худ ба тафаккур — ҳамчун ба афзори идрок, ба иттилоот — ҳамчун ба натиҷаи идрок такя мекунад. Шароити нав вобастагии иттилоотии як нафарро аз иттилооти бадастовардаи нафарони дигар ба вуҷуд меорад. Ин далели он аст, ки инсон бояд дорои сатҳи муайяни фарҳанги корбарӣ бо иттилоот, дорои фарҳанги иттилоотӣ бошад.

Фарҳанги иттилоотӣ маҳорати мувофиқи мақсад истифода бурда тавонистани иттилоот ва дар равандҳои дарёфт, коркард ва интиқоли иттилоот татбиқ карда тавонистани технологияҳои иттилоотӣ мебошад.

Фарҳанги иттилоотӣ бо табиати иҷтимоии инсон

алоқаманд аст. Ваӣ маҳсули эҷодии истеъдодҳои гуногуни

инсон буда, дар ҷанбаҳои зерин зоҳир мегардад:

  • малакаи истифодаи дурусти таҷҳизоти техникӣ: аз телефони ҳамроҳ то компютери фардӣ ва шабакаҳои компютерй;
  • қобилияти истифода бурда тавонистани технологияи иттилоотӣ;
  • маҳорати аз манбаъҳо ҷудо карда тавонистани иттилооти зарурй;
  • пешниҳод карда тавонистани иттилоот дар шакли зарурй;
  • донистани асосҳои тахдилии коркарди иттилоот.

Омили асосии инкишофи фарҳанги иттилоотӣ системаи маориф буда, нишондиҳандаи муҳимми он барои муҳити иттилоотии Тоҷикистон донистани забонҳои англисй, русӣ ва хитойӣ ба ҳисоб меравад. Барои дар ҷомеаи иттилоотӣ фаъолона ва пурсамар зиндагӣ кардан бо фарҳанги иттилоотӣ аз хурдсолӣ шинос шудан зарур аст: аввал бо ёрии бозичаҳои электронй, баъд планшет, компютери фардӣ ва технологияҳои иттилоотии муосир.

Фарҳанги муоширати шабакавӣ. Муҳимтарин пахлуи фарҳанги иттилоотӣ муошират дар шабакаҳои компютерӣ мебошад. Ин тарзи нави муошират бо пайдоиши Интернет рӯйи кор омада, дар байни тамоми табақаҳои аҳолии сайёра, хусусан наврасон ва ҷавонон, хеле маъмул ва машҳур гаштааст. Шаклҳои паҳнгаштаи муоширати шабакавӣ муошират дар реҷаи вақти воқеӣ (муоширати «зинда», чат, онлайн — online — дар хатти алоқа), телеконфронс ва мукотибот бо почтаи электронӣ ба ҳисоб меравад. Масалан, дар телеконфронс мубодилаи иттилооти байни корбарони шабака одатан дар мавзӯи муайян баргузор мегардад. Дар он сарҳадҳои ҷуғрофӣ ва забонӣ вуҷуд надоранд, ҳайат ва миқцори иштирокчиёни он низ ихтиёрӣ мебошад. Аз ин рӯ ҳангоми муошират дар телеконфронс риоя кардани меъёрҳои нонавиштаи ахлоқӣ хеле муҳим буда, сатҳи фарҳанги умумии шахсро нишон медиҳад.

Умуман, одобу ахлоқ аз зумраи он хусусиятҳои шахсӣ мебошанд, ки онҳо ҳанӯз аз овони тифлй, бо алаи модар оғоз ёфта, дар муҳити оилавӣ тадриҷан ташаккул меёбанд. Агар

ҳангоми муошират меъёрҳои одитарини суҳбати байни- ҳамдигарӣ риоя гардад, он гоҳ хулосаи ҳамсуҳбат ин аст, ки рақиби ӯ дорои ахлоқи ҳамида будааст. Дар ҳолахи риоя нагардидани онҳо, ҳамсуҳбат мекӯшад, ки ҳар чӣ зудтар суҳбатро анҷом диҳад.

Тарзи муошират дар оила, кӯча, мактаб, байни ҳамсолон, ҳаммаслакон, дӯстон ва ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ҳамдигар фарқ доранд. Агар ҳангоми муошират бо наздикону пайвандон ва дӯстону ҳамсолон мо каме фориғбол ва озод бошем, пас дар суҳбати меҳмонону калонсолон ва ношиносон бояд эҳтиёткор бошем.

Муоширати шабакавии байни наврасону ҷавонон дар сатҳҳои гуногун амалӣ мешавад. Агар як қисми ками онҳоро хуб арзёбӣ кунем, пас қисми зиёди онҳо ба талаботи меъёрии муошират дар шабака ҷавобгӯ нестанд. Ҷавонон, хусусан баъзе наврасони мактабхон, ҳангоми муошират дар Интернет ба дағалӣ ва беодобӣ роҳ медиҳанд. Аммо ин тарзи муошират мақбул нест. Онҳо бояд хуб дар ёд дошта бошанд, ки шабака моли омма ва дастраси умум аст.

Муошират дар чат як тарзи озод ва демократии суҳбат дар шабака аст. Ҳамсуҳбатон бояд қоидаҳои зерини муоширатро риоя намоянд:

  • истифодаи забони гуфтугӯйие, ки аксар бо он суҳбат мекунанд;
  • ба иззати нафси ҳамсуҳбат нарасидан;
  • пайғомҳои одӣ ва фаҳмо равон кардан;
  • аз мавзӯи суҳбат беҳуда берун нарафтан;
  • аз истифодаи забони кӯчагӣ ва ибораҳои қабеҳ худдорӣ кардан;
  • дар мавриди писанд наомадани ҳамсуҳбат муоширатро қатъ гардондан.

Ҳангоми баргузории телеконфронсҳо муошират дар шаклҳои корӣ, илмй, тарбиявй, фароғатӣ ва дӯстона амалӣ гашта, муҳити ташкилии онҳо метавонанд аз ҳамдигар ба куллӣ фарқ дошта бошанд. Дар ҳар гуна ҳолат қоидаҳои зерини муоширатро риоя бояд кард:

  • ба андешаи ҳамсуҳбатон эҳтиром гузоштан, ҳатто агар он бо ақидаи шумо номувофиқ бошад;
  • андешаи худро кӯтоҳ баён кардан;
  • аз мавзӯи суҳбат берун нарафтан;
  • ба ғалатҳои содиркардаи худ иқрор шудан;
  • дурустии фикри худро исбот кардан;
  • худнамоӣ накардан;
  • ҳамсуҳбатонро таҳқир накардан;
  • аз суҳбати ногувор сари вақт берун шудан.

Мукотиба дар почтаи электронӣ метавонад тамоюли корӣ ё хусусӣ дошта бошад. Услуби навишти мактубҳои хусусӣ ба муносибатҳои байнишахсӣ вобастагӣ дорад. Таҳияи мактубҳои корӣ бошад, тибқи услубҳои расмӣ амалӣ гардонида мешавад. Қоидаҳои мукотибот:

  • мақсадро мухтасар баён кардан;
  • танҳо дар доираи мавзӯи муайяншуда пайғом навиштан;
  • пайғомро бе ғалат навиштан;
  • ба иззати нафси гирандаи мактуб нарасидан;
  • нисбат ба гирандаи мактуб хайрхоҳ будан;
  • дар баргардонидани ҷавоби мактуб даранг (таъхир) накардан;
  • парвандаҳои ҳаҷман калонро пас аз бойгонисозӣ замима гардондан;
  • дар интиҳои мактуб ному насаби худро (имзо) қайд кардан.

Ҳангоми мукотиботи электронӣ ба ҷойи баъзе калимаҳо ё ибораҳои эҳсосотӣ аз аломатҳои махсуси смайл (smile — табассум) истифода мебаранд. Бо ёрии смайлҳо ҳолатҳои рӯҳии инсон, яъне © — хурсандй, © — ҳайронӣ ва ғайра хеле хуб тасвир карда мешаванд. Барои ҳосил намудани смайлҳо пайдарпайии аломатҳои зерин хизмат мерасонад: аломати баён — ифодагари чашм, тире — бинй, қавс — даҳон. Масалан, 🙂 — табассум, :)))) — ханда, 😉 — табассуми айёрона, 🙁 — нороҳатй, :(((( — таассуф, :-0 — ҳайронй.

Саволҳо:

  1. Инқилоби иттилоотӣ чист? Кадом инқилобҳои иттилоо- тиро медонед?
  2. Ҷомеаи саноатӣ чӣ гуна ҷомеа аст? Ҷомеаи иттилоотӣ чй?
  3. Оё мафҳуми «иттилоотонй»-ро шарҳ дода метавонед?
  4. Фарҳанги иттилоотӣ доштан чӣ маъно дорад?
  5. Кадом қоидаҳои муошират дар шабакаро медонед?

Супориш:

  1. Матни мавзӯъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.

Қоидаҳои муошират дар чат ва почтаи электрониро дар шакли ҷадвал ва нақша тасвир кунед.

Маводҳои ҳамсон