Физика бунёди табиатшиносӣ мебошад

Ба дигарон равон намоед

Физика чист ва чиро меомӯзад?

Ба ин пурсиш ҳар кас, вобаста ба ин ки физикаро чӣ андоза медонад, ҳар хел посух медиҳад. Баъзеҳо миёни физика ва техникаву технология (фанну фановарӣ) чандон фарқ дида наметавонанд, ҳол он ки илми физика бо олатҳову мошинҳо маҳдуд намешавад ва домани басе фарох дорад.

Дар даврони қадим қисми бо табиат алоқаманди донишро физика меномиданд. Ин калимаро (дар лотинӣ ta physika) донишманди Юнони қадим Арасту (с.384-322 то милод) дар асоси вожаи юнонии physis, ки маънии табиъат дорад, ба майдони истеъмол овардааст. Ҳамин аст, ки гуфтаанд:

Физика табиатро меомӯзад.

Ба гуфти дигар, физика бо пажӯҳиши хусусиятҳои одитарин ва, дар айни ҳол, умумитарини ҳама чизҳову падидаҳои табиъат сарукор мегирад.

Ин ҷо одитарин гуфтани мо НА он гуна маънӣ дорад, ки гӯё физика илми одӣ, илми сода бошад ва гӯё ҳар як чиз ё падидаро ба як-ду-се дидан аз ҷиҳати физикӣ фаҳм кардан осон бошад. Басе мешавад, ки ҷӯйиши сабаби рӯйдоди ин ё он ҳодиса солҳову даҳсолаҳо тӯл мекашад.

Хуб, физика бо пажӯҳиши чӣ гуна падидаҳо сарукор мегирад ва бо шохаҳои дигари табиатшиносӣ чӣ ҳамбастагӣ дорад? Барои ба ин пурсишҳо посух додан, биёед бинем, ки физика чӣ ҳадафҳо дорад.

Дар рафти омӯзиши физика аввалтар аз ҳама мо бояд нур (рӯшноӣ)-ро бишносем, зеро мо қариб 90 дарсади ахборро маҳз ба василаи нур мегирем;

  • нур аст, ки ҳама ҷо ва ҳама чизҳоро равшан месозад ва мо он ҷойҳо ва чизҳоро мебинем;
  • нур аст, ки ҷараёнҳои барои нумӯ ва инкишофи набототу мавҷудоти зинда ҳаётан муҳимро неру мебахшад;
  • нур аст, ки…

Худи шумо, бачаҳо, аз ин гуна мисолҳо бояд бисёр оварда тавонед. Агар натавонед, пас, бидонед, ки дониши физикии шумо кам аст — онро то ҷойе, ки метавонед, пурратар гардонед. Дидед, ки яке аз ҳадафҳои физика чӣ будаасту ҳаст?

Дуюм. Чизи дигаре, ки бояд дар пеши назари шумо омада бошад, садо аст. Садо низ яке аз воситаҳои расондани ахбори физикӣ мебошад. Пас, илми физика ба пажӯҳиши ин падида низ бояд машғул шавад.

Сеюм. Чи ҷисмҳои гирду атрофи мо ва чи мавҷудоти зинда гарм ё сард мебошанд, яъне дорои ин ё он ҳароратанд ва ҳарорати онҳову ҳарорати бадани шумо, каму зиёд шуда, тағйир ёфта метавонад ва, умуман, қариб ҳама падидаҳои дар муҳити атроф рӯйдиҳанда бо тағйироти ҳарорат алоқамандӣ доранд. Пас, таҳқиқи падидаҳои ҳароратӣ (ё худ падидаҳои гармоӣ) низ бояд ҳадафи пажӯҳишҳои физикӣ бошад ва ҳаст.

Чорум. Ҳаёти мо, ҳама ҷабҳаҳои зиндагонии мо пур аз ҳаракат аст: донаи гард, донаи барф, молекулаи об дар рагҳои мову рагҳои дарахт, ситораву сайёра дар фазои Коинот, хулоса ҳама чизҳо дарҳаракатанд — дар ҳаракати доимӣ.

Дар ҳаракат будан — яъне чӣ?

Яъне ин ки ҳама зарраҳову ҷисмҳо ва кулли ҷонзоди дунё бо мурури замон мавқеъи худро дар фазо тағйир дода метавонанд. Пас, ҳаракат низ “чизест”, ки бояд мавриди пажӯҳиши донандаҳои физика қарор бигирад ва ғ.

Ин ҷо панҷуму шашум, даҳуму бистум гуфта, вазифаҳои дигари физикаро ном бурдан мумкин аст. Сипас, агар ин вазифаҳоро аз нигоҳи илмӣ таҳлил кунем, мебинем, ки муҳимтарини онҳо ҷустуҷӯи посухи ин пурсиш аст:

“Чӣ аз чӣ иборат аст?”

Дарвоқеъ, санг, чӯб, лола, донаи хурмо ва ҳазорҳо чизи дигар аз чӣ таркиб ёфтаанд?

Посухи ин пурсиш на танҳо барои физика, балки барои илми кимиё, зистшиносӣ (биология), Заминшиносӣ (геология), уқёнусшиносӣ (океанология) ва шохаҳои дигари “дарахти” табиатшиносӣ басе муҳим аст ва пажӯҳишгарони соҳаҳои дигари илм дар боби фаҳмидани ин, ки чӣ аз чӣ иборат аст, ба натиҷаҳои пажӯҳишҳои физикӣ такя мекунанд.

Ҳар як риштаи илмӣ бо омӯзиши гурӯҳи муайяни рӯйдодҳои табиӣ сарукор мегирад. Физика, чунон ки гуфтем, умумитарин хосиятҳои ҳама чизҳову падидаҳоро меомӯзад. Ҳамин фарохии домани физика ва фарогир будани қонунҳои физикӣ аст, ки ин риштаи илмӣ ба маънои томи калима заминаи аксари илмҳои табиъатшиносӣ гардидааст (ниг. ҳамон дарахти донишро дар рӯяи дарунии муқоваи китоб). Чӣ хуб гуфтааст дар ин хусус олими рус М.Ломоносов (с.1711-65):

“Кимиёшиносе, ки физикаро намедонад,монанди нобиноест, ки ҳама чизро ба тарзи соп-соп ёфтанӣ мешавад”.

Донишҳои физикӣ дар кимиё барои шарҳ додани сохтори моддаҳову пайвастагиҳои иборат аз чанд модда, дар заминшиносӣ барои муъайян кардани таркиби хоку сангу ҷамодот (минералҳо), дар кайҳоншиносӣ барои пажӯҳиши ҳаракати ситораҳову сайёраҳо ва ғ. истифода мешаванд.

Ҳеч илми дигар, ба ҷуз физика, наметавонад бигӯяд, ки тобиши Офтоб, гармои Офтоб аз куҷо, дар натиҷаи чӣ гуна падидаҳо ба вуҷуд меояд. Кори тамоми олатҳои техникӣ, ҳаракати киштиҳои зериобиву кайҳонӣ, кори радиову телевизион, навъҳои гуногуни алоқа ва воситаҳои м.ин. маҳз дар заминаи қонуниятҳои физикӣ сурат мегирад.

Бино бар ин, хонандаи азиз, ин ҳақиқати зиндагисозро дар ягон гӯшаи хотири худ, балки дар миёнҷойи он ҷо кунед: шумо дар ҳар ҷойе, ки кору фаъолият кунед, бо ҳар коре, ки машғул шавед, агар он кор бо масъалаҳои табиъатшиносӣ алоқаманд бошад, бидонед, ки кори шумо бе корбурди донишҳои физикӣ самари зиёд намедиҳад, яъне, бори дигар мегӯем, ки физикаро донистан зарур аст. Бисёр зарур аст.

  1. Физика чиро меомузад?
  2. Оё физикаро нодониста, табиатро шинохтан имкон дорад?
  3. Алломаи Машриқзамин Муҳаммад Иқбол (с.1877-1938) чунин гуфта дорад:

Наргис он сад пардаро бармедарад, То насибе аз шуоъи ту барад. Ин ҷо таҳти ибораи “шуоъи ту” чӣ дар назар аст?

4. Оё шумо медонед, ки духтури нигаҳдори тандурустии шумову падару модари шумо барои санҷиши ҳарорати бадан ва фишори хун ё барои доругузаронӣ чӣ асбобҳои физикиро ба кор мебарад?

5. Оё шумо ягон бозичаи техникӣ, ягон олати техникиро ном бурда метавонед, ки берун аз конунҳои физика “кор кунад”?

Маводҳои ҳамсон