Физика чиро меомӯзад

Ба дигарон равон намоед

Хонандагони азиз! Шумо ба омӯзиши фанни нав – физика шурӯъ менамоед. Фанни физикаро то хатм намудани мактаб меомӯзед. Новобаста ба интихоби касбатон дар ҳаёти ҳамарӯзатон дониш аз ин  фан хеле зарур мебошад.

Маҳз тавассути илми физика инсон бештар боақлу бохирад ва тафаккураш баланд мегардад, ӯ дар назди ҳодисаҳои фавқулоддаи табиат бе ёрӣ намонда, онҳоро меомӯзад, қонунҳои табиатро муқаррар мекунад ва онро ба манфиати худ истифода мебарад.

Бо донистани илми физика кашидани лоиҳа, сохтани иншоотҳо, заводу фабрикаҳо, мошинҳою нерӯгоҳҳои электрикӣ имкон-пазир мегардад.

Барои бунёди синамою ҳавопаймо, ҳама гуна техника, таҷҳизотҳои кайҳонӣ, офаридани матою маҳсулотҳои хӯрока ва ғайраҳо донистани физика зарур аст.

Физика аз калимаи юнонии  «фюзис» гирифта шуда, маънояш табиат мебошад. Мафҳуми физикаро аввалин маротиба дар асарҳои худ олими Юнони қадим Аристотел, ки дар асрҳои IV пеш аз мелод умр ба сар бурдааст, истифода кардааст.

Дар забони русӣ калимаи «физика»-ро аввалин маротиба М.В. Ломоносов дар асри  XVIII, ҳангоми тарҷума ва чопи китоби дарсии физика аз забони олмонӣ дохил намудааст.

Физика яке аз илмҳои асосӣ дар бораи табиат ба  шумор меравад. Зиёда аз 80 %-и ҳодисаҳои табиатро физика маънидод менамояд.

Яке аз вазифаҳои асосии физика маънидоди сохти олами моро иҳотакунанда ва протсессҳои дар он гузаранда, инчунин фаҳмидани ҳодисаҳои мушоҳидашуда ба шумор меравад. Инчунин вазифаи муҳими ин фан аз муқаррар намудан ва донистани қонунҳое, ки олами иҳотакунанда ба он итоат мекунад, иборат аст. Масалан, хосияти зарраҳои элементарӣ ва қонунҳои ҳамтаъсири онҳоро дониста олимон сохт ва хосияти ҳамаи атомҳоро маънидод ва дар асоси сохт ва қонунҳои таъсири мутақобили атомҳо хосиятҳои моддаҳоро дар табиат муайян менамоянд.

Олимон олами иҳотакунандаро омӯхта қонунҳои табиатро кашф мекунанд. Ҳамаи техникаи муосир ба татбиқи қонунҳое, ки олимон дар соҳаҳои гуногуни физика кашф кардаанд, асос карда шудааст.

Дар натиҷаи омӯзиши хосияти атомҳо манбаъҳои сунъии афканишот таъсис дода шуданд. Ин манбаъҳо як қатор хосиятҳоеро дороанд, ки бештари проблемаҳои соҳаҳои алоқа, технология, тиб ва ғайраҳоро ҳаллу фасл менамоянд.

Илмҳое, ки қонуниятҳои умумитарини табиатро меомӯзанд, илмҳои фундаменталӣ (аз лотинӣ fundamentum – асос ) номида мешаванд.

Физика яке аз муҳимтарин илмҳои фундаменталӣ ба шумор меравад.

Физика сабабҳои ба амал омадани ҳодисаҳоро маънидод намуда, робитаи байни онҳоро муқаррар менамояд. Масалан, муқаррар карда шудааст, ки сабаби ба Замин афтидани ҷисмҳои гуногун  қувваи ҷозибаи Замин ба шумор меравад.

Ивазшавии шабу рӯз бо он фаҳмонида мешавад, ки  Замин дар атрофи тири худ чарх мезанад. Яке аз сабабҳои баамалоии  шамол, ин нобаробар гармшавии ҷойҳои гуногуни ҳаво мебошад.

Дар баробари физика, дигар илмҳо – биология,  кимиё, география, астрономия низ ба омӯзиши ҳодисаҳои табиат машғуланд. Ҳамаи ин илмҳо барои маънидод намудани ҳодисаҳо аз қонунҳои физика истифода мебаранд ва физика бо ин фанҳо робитаи зич дорад. Масалан, дар география барои фаҳмонидани боду ҳаво, ҷоришавии дарёҳо, ба вуҷудоии шамол ва дигар ҳодисаҳо аз қонунҳои физика истифода мебаранд.  Дар астрономия аз қонунҳои физика истифода бурда устувории системаҳои кайҳонӣ, ҳаракати сайёраҳо, сохти ҷирмҳои кайҳонӣ маънидод карда мешавад.

Омӯзиши ҳодисаҳои табиат ҳанӯз аз давраҳои Юнони қадим сар шуда то ҳол давом дорад. Мутафаккирони мо низ дар фаҳмондадиҳии ҳодисаҳои табиат саҳми босазо гузоштанд. Масалан, Абӯалӣ ибни Сино дар асарҳои худ, аз он ҷумла дар  «Қурозаи табииёт» оид ба аксари ҳодисаҳои гуногуни табиат фикрҳои ҷолиб пешниҳод намудааст.

Физика хосиятҳои асосии материя, сохти он, намудҳои гуногуни ҳаракати ҷисмҳо, энергия, таъсири мутақобилаи ҷисмҳоро омӯхта , қонунҳои умумии табиатро муқаррар мекунад. Ҳамаи он чизе, ки моро иҳота кардааст, дунёи материалӣ ё материяро ташкил мекунад.

Масалан, Замин, Офтоб, ситораҳо, сайёраҳо, кӯҳҳо, дарёҳо, баҳрҳо, ҷисмҳо, электрик, рӯшноӣ ва ғайраҳо материя мебошанд. Яке аз хусусиятҳои асосии материя ҳаракат ба шумор меравад. Материя бе ҳаракат ва ҳаракат бе материя мавҷуд буда наметавонад. Оромиҳое, ки дар рӯи Замин ба назар мерасанд, оромиҳои нисбӣ мебошанд.

Панҷ намуди ҳаракати материяро аз ҳамдигар фарқ мекунанд:

Ҳаракати механикии материя;

Ҳаракати ҳароратии материя;

Ҳаракати электрикии материя;

Ҳаракати рӯшноигии материя;

Ҳаракати дохили атомии материя.

Вобаста ба омӯзиши намудҳои ҳаракати материя физика ба 5 қисм тақсим мешавад: механика, физикаи молекулӣ ва асосҳои термодинамика, электрик ва магнитизм, оптика ва физикаи квантӣ (физикаи атомӣ ва ядроӣ ).

Дар байни намудҳои ҳаракати материя робитаи зич мавҷуд буда аз як намуд ба намуди дигар табдил меёбанд.

Масалан, ҳаракати механикӣ ба ҳароратӣ, ҳаракати ҳароратӣ ба механикӣ, электрикӣ, рӯшноигӣ ва ғайра мубаддал мегардад. Ҳаракати материя дар фазо ва вақт ба амал меояд. Фазо ва вақт шакли мавҷудияти материя ба шумор мераванд. Хусусияти асосии фазо се ченака ( қад, бар, баландӣ ) будани он ба шумор меравад.

Хусусияти асосии вақт аз он иборат аст, ки такрорнашаванда мебошад. Нисбат ба вақт ҳамаи воқеаҳо ва ҳодисаҳо фақат ба пеш иҷро мешаванд, вақт қафо намегардад.

Дар инкишофи физика олимони рус саҳми арзанда гузоштаанд. Назарияи кинетикии гармӣ, қонуни бақои ҳаракат ва материяро Ломоносов, машинаи буғиро Ползунов, лампаи электрикиро Лодигин ва Яблочков, камони электрикиро Петров, қонунҳои фотоэффектро Столетов, фишори рӯшноиро Лебедев, радиоро Попов, асосҳои аэродинамика ва назарияи авиатсияро Жуковский, гидродинамикаро Бернулӣ кашф ва пешниҳод кардаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ илми физика ба комёбиҳои беназир соҳиб гардидааст. Дар назди Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон пажуҳишгоҳҳои физикаю техникаи ба номи С. Умаров ва Астрофизика фаъолият менамоянд, ки дар онҳо як қатор олимони машҳури ҷумҳурӣ доир ба соҳаҳои гуногуни физика, астрономия ва техника корҳои тадқиқотӣ бурда истодаанд ва ба тарбияи кадрҳои илмӣ-педагогӣ машғуланд. Дар  ҷумҳурӣ ба тарбияи физикони ватанӣ аҳамияти зарурӣ дода мешавад. Дар факултаҳои физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров, Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб, Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Н. Хусрав ҳар сол садҳо мутахассисони соҳаҳои физика тайёр карда мешаванд. Дар факултаи физикаи Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон шӯрои диссертатсионӣ доир ба дифои рисолаҳои докторӣ фаъолият менамояд, ки ҳар сол даҳҳо физикони ватанӣ рисолаи докторию номзадӣ дифоъ намуда, ба гирифтани дараҷаҳои илмии доктори илмҳои физикаю математика ва номзади илмҳои физикаю математика мушарраф мегарданд.

Физикдонҳою астрономҳои ҳамватани мо ба монанди С. Умаров, А.Адҳамов, Б. Нарзуллоев, П. Бобоҷонов ва ғайраҳо бо тадқиқоту кашфиётҳои худ шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардаанд. Сайёраҳои хурде, ки олимони Амрико кашф карданд, ба номи астрофизикони тоҷик академик П. Бобоҷонов, академик Доброволский О.В., Узви вобастаи АИ ҶТ Ибодинов Х. ва ғайраҳо номгузорӣ намудаанд. Ин бошад, шӯҳрати ҷаҳонӣ доштани олимони физикдону астрономҳои тоҷикро тасдиқ менамояд.

Саволҳо барои такрор

  1. Доир ба ҳодисаҳои физикӣ мисолҳо биёред.
  2. Барои чӣ физикаро ба қатори илмҳои фундаменталӣ дохил менамоянд?
  3. Вазифаи асосии физика аз чӣ иборат аст?
  4. Физика ба кадом фанҳо робитаи зич дорад?  
  5. Материя гуфта чиро меноманд?
  6. Намудҳои ҳаракати материяро номбар намоед?
  7. Доир ба пажуҳишгоҳҳо ва донишгоҳҳое, ки дар Тоҷикистон ба тайёр кардани мутахассисони соҳаи физика машғуланд, маълумот диҳед?

Маводҳои ҳамсон